Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№1) 2012

АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(№1) 2012
 
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ
дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)
АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷаллаи илмию иттилоотӣ
Сармуҳаррир:
Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Ҳайати таҳририя:
Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади
илмҳои сиёсӣ
Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи
давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори
илмҳои ҳуқуқ, профессор
© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012.

 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 20 АПРЕЛИ СОЛИ 2012
Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
 
 
Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли таҷлили ду санаи бузургу тақдирсози давлати Тоҷикистон, яъне бистсолагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва понздаҳсолагии Рўзи ваҳдати миллӣ пешниҳод мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.
Маҳз ба шарофати ин рўйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонис- тем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.
Ба шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз соли 2000-ум инҷониб доир ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ пайваста чораҷўӣ намояд.
Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2000-ум то ба имрўз маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 2,3 баробар афзуда, рушди солонаи он ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоизро ташкил намуд, ки дар натиҷа маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 5,3 баробар зиёд гардид.
Аз соли 2000-ум то соли 2011-ум истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2,5 баробар, молҳои саноатӣ 2 баробар, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,5 баробар ва гардиши савдои хориҷӣ 3 баробар афзудааст. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2011 нисбат ба соли 2010 8 фоиз, молҳои саноатӣ 6, гардиши савдои чакана 9 ва савдои хориҷӣ 15,5 фоиз зиёд шудааст.
Муҳимтар аз ҳама, ҳаҷми даромадҳои аҳолӣ тадриҷан афзоиш ёфта, аз як миллиард сомонии соли 2000-ум то ба 16,2 миллиард сомонӣ дар соли 2011 расидааст, яъне даромадҳои аҳолӣ беш аз 16 баробар зиёд гардидаанд.
Ҳамин тавр, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 42 фоиз дар соли 2011 кам карда шуд.
Ҳамзамон бо ин, дар давоми ин солҳо мо тавонистем нишонди­ҳандаҳои солонаи таваррум ва қурби пули миллиро дар сатҳи барномавӣ ба эътидол дарорем.
Бояд гуфт, ки ҳарчанд иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусиятҳои иқтисоди давраи гузаришро ба пуррагӣ таҷассум менамояд, вале дар навбати худ ҳамчун иқтисоди кушод ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои беруна ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани ўҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешад.
Бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ ислоҳот дар идоракунии молияи давлатӣ идома ёфта, сиёсати андозу буҷет дар сатҳи нисбатан устувор амалӣ гардида истодааст.
Ҳарчанд буҷети давлатӣ дар соли 2011 бо касри як фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ тасдиқ гардида буд, тавозуни воқеии буҷети давлатӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот дар ҳаҷми 0,7 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҷамъбаст гардид.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2012 ба маблағи 10 миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011-ум беш аз 22 фоиз зиёд мебошад.
Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Махсусан ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми миёнаи музди меҳнат дар кишвар 32 баробар афзоиш ёфтааст.
Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардида, ба ин соҳаҳо дар солҳои минбаъда низ афзалият дода мешавад.
Соли гузашта барои соҳаҳои иҷтимоӣ 330 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо гардиданд. Маблағгузории ин соҳаҳо дар маҷмўъ 4,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин ба 52,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ баробар мебошад.
Имсол барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 5,1 миллиард сомонӣ ё 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ равона мегардад, ки танҳо 3,4 миллиард сомонии онро музди меҳнат, нафақа ва дигар кўмакпулиҳо ба аҳолӣ ташкил медиҳанд.
Дар Паёми охир ба Маҷлиси Олии мамлакат мо дар назди худ вазифа гузошта будем, ки дар давоми се соли наздик музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоиро то ду баробар зиёд намоем.
Соли гузашта дар доираи марҳалаи аввали татбиқи ин ҳадаф музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф ва илми соҳавӣ – 30 фоиз, илмҳои академӣ аз 100 фоиз то 3,3 баробар, фарҳангу варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиву тандурустӣ – 40 фоиз ва ҳамаи намуди стипендияҳо – 40 фоиз зиёд карда, музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ баланд бардошта шуд.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва зиёдшавии имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли равон марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъ­юбон – 60 фоиз, соҳаи фарҳанг – 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф – 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ – 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамзамон бо ин, стипендияҳои донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия – 50 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад.
 
Дар баробари ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, аз 150 сомонӣ кам мебошанд, ба 150 сомонӣ баробар карда мешаванд.
Яъне аз 1-уми сентябри соли равон дар мамлакат нафақаи қариб 380 ҳазор нафар нафақагирон зиёд шуда, ба 150 сомонӣ расонида мешавад.
Барои маблағгузории ин чорабиниҳо дар соли ҷорӣ беш аз 350 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона мегарданд.
Ҳамин тариқ, мо дар ду соли сипаригардида тавонистем музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумиву томактабиро беш аз ду баробар ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фарҳангу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро то ду баробар зиёд намоем, ҳол он, ки ин чорабинӣ бояд дар муддати се сол, яъне то соли 2014 амалӣ мегардид.
Соли 2001 музди меҳнати муаллим ҳамагӣ 7 сомонӣ, духтур 5, кормандони соҳаҳои фарҳангу иҷтимоӣ 8-10 ва илм 27 сомонӣ буд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодиву молиявӣ мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва ин имконият дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоиро дар солҳои 2002-2004 90 фоиз, 2005-2007 дуюним баробар, 2008-2010 ду баробар, соли 2009, новобаста аз таъсири бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ 30 фоиз ва дар соли 2011 қариб ду баробар зиёд намоем.
Вале ҳамаи ин ҳоло ҳам талаботи имрўзаро қонеъ карда наметавонад ва вобаста ба рушди иқтисодии мамлакат мо ин равандро солҳои оянда низ идома медиҳем.
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки доир ба татбиқи чорабинии мазкур, яъне минбаъд низ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақа таҳлилҳои асоснок гузаронида, якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар хусуси таъмини маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа чораҳои мушаххас андешанд ва дар буҷети давлатӣ барои соли 2013 ба ин мақсад маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.
Инчунин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки маблағҳои озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллиро, пеш аз ҳама, барои маблағгузории зиёдшавии музди меҳнат равона намоянд.
Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки сари вақт, сифатнок ва барзиёд иҷро намудани буҷети давлатиро аз рўи ҳамаи намудҳои андоз ва пардохтҳои давлатӣ таъмин кунанд.
Бо мақсади такмили сохтор ва кам кардани хароҷоти мақомоти идоракунии давлатӣ ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то 15 фоиз ихтисор кардани кормандони мақомоти идораи давлатӣ гурўҳи корӣ таъсис дода, сохтору ҷадвали воҳидҳои кории ҳар як вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо дарназардошти пешгирӣ кардани такроршавии вазифаҳои хизматӣ то моҳи июли соли ҷорӣ ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ намояд.
Маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашавандаро барои таъминоти иҷтимоиву ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддиву техникии сохтору мақомоти зикршуда равона созад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъмини шаффофияти сарфи маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи дурусти захираҳои моддиву молиявӣ пешниҳод мегардад, ки мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Барои сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҳангоми хариди давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ин самт зарур аст, ки низоми хариди электронии молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад.
Чанде пештар бо мақсади боз ҳам пурзўр намудани назорати истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб таъсис дода шуд.
Бинобар ин, Палатаи навтаъсиси ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки барномаҳои давлатӣ, риояи қатъии интизоми давлатӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва ҳисоботу баҳисобгирии муҳосибии ҷавобгў ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавони соҳибкасбу поквиҷдон чораҳои муассир андешанд.
Дар баробари ин, Бонки миллӣ якҷо бо мақомоти дахлдор бо мақсади эмин нигоҳ доштани низоми молиявии кишвар, аз ҷумла қурби пули миллӣ аз таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ва боз ҳам устувор гардонидани фаъолияти он бояд чораҷўӣ намояд.
Дар ин самт дастгирии ҳамаи бахшҳои истеҳсолӣ бо маблағ­гузории дарозмўҳлат, дарёфти сарчашмаҳои гуногун ва васеъ намудани тарзу усулҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муҳим дорои аҳамияти хос мебошад.
Масъалаи мазкур ҳалли мушкилотро дар низоми бонкӣ талаб намуда, пеш аз ҳама, баланд бардоштани эътимоди мардумро барои нигаҳдории маблағҳои худ дар бонкҳои ватанӣ ва таъмини пурраи ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандонро тақозо дорад.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати таъмини рушди устувори низоми бонкӣ тавассути зиёд намудани пасандозҳо ва ҷалби бештари мизо­ҷон тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
Аз ҷумла, маҷмўи чорабиниҳои барномавӣ, қабули силсилаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, ки кафолати давлатиро ба пасандозҳои шахсони воқеӣ дар назар дорад, мустақиман ба ин ҳадафҳо равона гардидаанд.
Ин аст, ки дар тўли даҳ соли охир бақияи ҳаҷми умумии пасан­дозҳо дар ташкилоту сохторҳои қарзии кишвар зиёда аз 45 баробар, шумораи мизоҷон, ки аз хизматрасонии бонкӣ истифода мебаранд, беш аз 25 баробар ва ҳаҷми қарзҳои додашуда 21 баробар зиёд гардидааст.
Дар баробари ин, аз соли 2005 инҷониб барои дастгирии рушди минтақаҳои кўҳистон барномаи махсуси қарздиҳии хурд ба соҳибкорони хурду миёна оғоз гардида, танҳо дар маҳалҳои кўҳистон маблағи умумии он дар ин давра зиёда аз 2,3 миллиард сомониро ташкил додааст. Ҳамин тавр, дар тўли 10 соли охир қарздиҳии хурд дар мамлакат беш аз 100 баробар афзудааст.
Вале нишондиҳандаҳои мазкур ҷиҳати тақвияти рушди устувори кишвар моро ҳанўз ҳам қонеъ карда наметавонанд.
Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ, Бонки давлатии “Амонатбонк”, бонк­ҳои саҳҳомӣ ва ташкилоту сохторҳои маблағгузории хурд қарздиҳиро ба фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон ва занони соҳибкор афзоиш дода, дар давраи миёнамўҳлат ҳамасола на камтар аз 20 фоиз зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои истеҳсолиро таъмин намоянд.
 
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ ва ҷалби ҳарчи бештари захираҳои қарзӣ зарур аст, ки шабакаҳои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода сифати хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардошта, оид ба танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чораҷўӣ карда шавад.
Инчунин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳифзи пасандозҳо ва боз ҳам мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Вобаста ба ин, тамоми мардуми бонангу номуси Тоҷикистон, соҳибкорон ва шаҳрвандони мамлакатро даъват менамоям, ки маблағҳои озоди худро дар бонкҳои ватанӣ нигоҳ доранд ва итминон дошта бошанд, ки кафолати пасандозҳои онҳо таъмин карда мешавад.
Амали мазкур имкон медиҳад, ки шаҳрвандони мо аз пасандозҳои худ дар бонкҳои мамлакат даромади муайян гирифта, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд ва дар айни замон тавассути ин сарчашма дар рушду тараққиёти иқтисоди Ватанамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дўстони азиз!
Рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини сатҳи сазовори зиндагии мардум маҳз ба татбиқи самараноку саривақтии афзалиятҳои миллии кишвар, таъмини раванди рушди устувори мамлакат тибқи Стратегияи миллии рушд, стратегияҳои миёнамўҳлат ва барномаҳои соҳавию маҳаллӣ вобастагии мустақим дорад.
Аз ин рў, ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки барои амалӣ намудани Стратегияи миёна­мўҳ­лати ҷорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Инчунин, бо ҷалби шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таҳияи стратегияи миёнамўҳлати навбатӣ барои солҳои 2013-2015 ва таҳкими афзалиятҳои миллӣ чораҷўӣ карда шавад.
Марҳалаи кунунии инкишофи иқтисодии кишвар, ки ба рушди дарозмуддат нигаронида шудааст, аз мақомоти давлатӣ ҳамкории фаъолонаро бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо менамояд.
Таҳияи механизмҳои ҳамшарикии бахшҳои давлативу хусусӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёт ва ба шарики боэътимод табдил додани он заминаи воқеии рушди босуботро муҳайё месозад.
Рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумати кишвар ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд ва солҳои охир як силсила ислоҳотеро, ки ба соддагардонии раванди бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва кам намудани номгўи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда равона шудаанд, амалӣ гардонид.
Агар теъдоди иҷозат барои фаъолияти соҳибкорӣ то ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ 650 номгўйро ташкил карда бошад, пас он ҳоло ҳамагӣ аз 86 номгўй иборат аст ва зарур аст, ки ислоҳот дар ин самт идома дода шавад.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар давоми як сол ҷиҳати боз то 50 фоиз ихтисор намудани теъдоди иҷозатдиҳӣ ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи иҷозатдиҳиро таъмин намояд.
Саҳми соҳибкорон ва ширкатҳои ватанӣ дар иҷрои ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ тавассути ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои ҳозиразамон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин сохтмону азнавсозии иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас мебошад ва ин раванд ҳаматарафа дастгирӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки танҳо дар соли 2011 аз ҷониби соҳибкорон қариб 1000 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Аз ҷумла 100 корхонаи саноатӣ ба истифода супорида, дар онҳо беш аз 12 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шудааст.
Аз ин рў, ба ҳамаи он соҳибкорони бонангу номуси кишвар, ки дар раванди созандагиву бунёдкорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва хайру эҳсонкорӣ саҳмгузор мебошанд, миннатдории самимии худро баён менамоям.
Аз ҷониби худ давлат барои дастгирии рушди соҳибкорӣ бо дарёфти захираву имкониятҳо пайваста чораҷўӣ карда истодааст. Танҳо дар соли ҷорӣ имтиёзҳои андозӣ ва пардохтҳои гумрукии ба соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ муқарраргардида 3,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин, пеш аз ҳама, барои рушди истеҳсолот мусоидат мекунад.
Илова бар ин, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ тавассути бонкҳо ба маблағи умумии беш аз 680 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки бозори дохилӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузории мустақим бояд ҷалбкунанда бошад ва дар он истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи молу маҳсулот озодона фаъолият намуда, ба ҳар гуна монеаҳои сунъиву бюрократӣ ва фишори назорату тафтишоти маъмурӣ дучор нагарданд.
Дар ин самт тамоми сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки дар масъалаи хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти худ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ чораҳои бетаъхир андешанд.
Зеро ин амал шаффофият, дастрасӣ ва самаранокии хизматрасо­ниҳои давлатиро баланд бардошта, муҳимтар аз ҳама, ба рафъи омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, Агентии оморро зарур аст, ки ҷиҳати кам кардани шумораи ҳисоботи оморӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани он чораҳои амалӣ андешад.
Қобили рақобат будани иқтисод аз суръати гузаштани корхонаҳои истеҳсолии мо ба стандартҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад.
Бо ин мақсад вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки доир ба рушди минбаъдаи низоми миллии стандартизатсия ва сертификатсиякунонӣ корҳои заруриро ҷиҳати татбиқи ислоҳоти сохтории он амалӣ намоянд ва дар мўҳлати кўтоҳ гузаришро ба низоми танзими техникии дар арсаи байналмилалӣ қабулшуда анҷом диҳанд.
Аз ҷумла, бояд шумораи молҳои ҳатман сертификатсияшаванда аз 7100 номгўи кунунӣ ба андозаи ду – се баробар кам карда, ҷорӣ намудани низоми “равзанаи ягона” оид ба расмиёти соддагардонидашудаи воридоту содирот суръат бахшида шавад.
Ҳамчунин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Мақомоти зикршуда вазифадоранд ба соҳибкорон ва ширкатҳое, ки азми таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву фарҳангиро доранд, бо истифода аз имконият ва имтиёзҳои муқарраргардида ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Махсус таъкид месозам, ки амалҳои созандаи соҳибкорон ва шах­сони алоҳидаи хайрхоҳ, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иншооти заруриро бунёд намуда, ба таври ройгон ба моликияти мақомоти дахлдори давлатӣ месупоранд, бояд аз андозбандӣ озод бошанд.
Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки оид ба ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа дар соли 2012 лоиҳаи Қонун “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми соли гузашта баёнгардида дар самти ҳавасмандсозии соҳибкорон ба рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои муосир бо Фармони Президенти мамлакат ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои се сол мораторий эълон гардид.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки қонуни амалкунандаи мамлакат “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ба талаботи муосир пурра ҷавобгў нест ва шумораи зиёди мақомоти назоратӣ ва санҷишҳои беасос, ки мушоҳида мегарданд, ҳанўз ҳам боиси ташвиши соҳибкорон мебошад.
Бинобар ин, ба мақомоти назоратӣ супориш дода мешавад, ки аз ҳама намудҳои санҷиши беасос, инчунин аз санҷишҳои мутақобилаи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ худдорӣ намоянд.
Инчунин, ҷиҳати ба шароити муосири танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, аз ҷум­ла кам намудани шумораи мақомоти назоративу санҷишҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар соли 2012 Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Дар Паёми соли сипаригардида ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳот дар бахши андоз ба хотири ҳарчи содда гардонидани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо, афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо супориш дода будам, ки имсол, яъне соли 2012 лоиҳаи Кодекси андози мамлакат дар таҳрири нав омода карда шавад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагон ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дар лоиҳаи Кодекси андоз номгўи андозҳо то 50 фоиз кам карда, аз ҷумла андоз аз фурўши чакана пурра ихтисор ва воридоти тамоми номгўи таҷҳизоти технологии ҳозиразамон аз ҳамаи намудҳои андоз ва пардохти гумрукӣ озод карда шавад.
Дар баробари ин, ҷиҳати такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути содда ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ шумораи эъломияҳо аз рўи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 40 фоиз, ҳисобҳои андозӣ то 60 фоиз, инчунин миқдори ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ то 30 фоиз кам карда шавад.
Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки таҳия ва такмили лоиҳаи Кодекси андозро бо дарназардошти супоришҳои имрўза ва пешниҳоду мулоҳизоти аз соҳибкорону шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ воридгардида дар муддати се моҳ ба анҷом расонад.
Бо мақсади таъмини ҳадафҳои гузоштаамон дар иҷрои буҷети давлатӣ ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони кишвар муроҷиат менамоям, ки фарҳанги андозсупориро риоя карда, бо амри дилу виҷдони пок ўҳдадориҳои худро дар назди буҷети давлатӣ сари вақт иҷро намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми солҳои 2012-2014 ҷиҳати зина ба зина ноил шудан ба ҳадафҳои асосии рушди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кишвар беш аз 100 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 13 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад.
Ҷиҳати устувор гардонидани пешрафти иқтисодӣ дар шароити таҳдиду хавфҳои глобалии торафт афзоянда, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсир мерасонанд, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба соҳаҳои гуногун нақши муҳим мебозад.
Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, аз ҷумла гидроэнергетика, соҳаҳои саноати маъдан, сабук ва хўрокворӣ, инчунин кишоварзӣ, истифодаи қаъри замин ва туризм имкониятҳои кофӣ мавҷуданд ва истифодаи самараноки онҳо аз афзоиши сармоягузории мустақими дохиливу хориҷӣ ва воридоти техникаву технологияҳои муосир вобастагии калон дорад.
Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ҳам­кориҳои мустақимро бо сармоягузорон васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои афзалиятноке, ки бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мегарданд, чораҳои судманд андешад.
Инчунин, якҷо бо вазорату идораҳо бо мақсади суръат бахшидани диверсификатсияи иқтисодиёт ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузории мамлакат, таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва ҷорӣ намудани механизми пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорӣ Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузориро таҳия карда, то охири сол ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Илова бар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тавассути таъмини ка­фолатҳои ҳуқуқи молумулкӣ, эътирофи конвенсияҳо ва дигар санад­ҳои байналмилалӣ, ки ба ҳимояи сармоягузорон равона шудаанд, инчунин ҷорӣ намудани низоми беҳтари андозбандӣ ва имтиёзҳои қобили рақобат чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар радифи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии кишвар доир ба таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат ба рушди бахши воқеӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки дар ояндаи миёнамўҳлат ислоҳоти оғозёфта ва афзалиятҳои муқар­рар­гардидаро тадриҷан амалӣ намояд.
Дар се соли оянда суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои воқеии иқти­содиёт, бахусус саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, инчунин истифода аз ташаббусҳои соҳибкориву имкониятҳои бахши хусусӣ ва дар ин асос боз ҳам афзун намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва таъмини беҳтари ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодии давлат мебошад.
Бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон, яъне ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа татбиқи маҷмўи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷода баланд бардоштани қобилияти рақобати комплекси сўзишвориву энергетикӣ аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаҷўӣ ва самаранок истифода бурдани энергия, инчунин кам кардани талафоти он вобаста мебошад.
Дар ин асос ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти кишвар ба нерўи барқ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои қабул­шуда чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Танҳо дар панҷ соли охир барои пешрафти соҳа беш аз 7,5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо километр хатти интиқоли барқ ва садҳо нерўгоҳи барқи обии хурду миёна бо иқтидори зиёда аз ҳазор мегаватт сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар давраи миёнамўҳлат сохтмони боз 70 нерўгоҳи хурд дар назар аст ва мо ният дорем, ки солҳои наздик эҳтиёҷоти мамлакатро бо нерўи барқи худӣ пурра таъмин намоем.
Дар ин самт Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаи энергетика чораҳои зарурӣ андешад.
Соли ҷорӣ корҳои сохтмон дар нерўгоҳи барқи обии Сангтўда-2 ба охир расида, ин иншооти энергетикӣ пурра ба кор медарояд. Корҳо дар бунёди нерўгоҳи барқи обии Роғун тибқи нақша идома дода мешаванд.
Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки иҷрои саривақтии барномаву нақшаҳои рушди соҳаро таъмин намояд.
Зарур аст, ки дар масъалаи таъмини сарфаҷўии энергия, кам кардани талафоти он ва доир ба рушди манбаҳои алтернативии энергия чораҳои муассир андешида шаванд.
Боиси хушнудист, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид “Энергияи устувор барои ҳама” Тоҷи­кистон дар қатори панҷ мамлакати дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шудааст. Ба вазорату идораҳои марбута лозим аст, ки бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории созандаро ба роҳ монда, аз имкониятҳои ин барнома ба шакли беҳтарин истифода намоянд.
Илова бар ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳа­ти таъмини талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар бо сў­зиш­ворӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ корҳои ҷустуҷўиву икти­шофиро дар майдонҳои ояндадори нафту газ вусъат бахшанд.
Ҳоло дар мамлакат дар самти кашф, пармакунӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ 11 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар баробари ин, дар соҳаи истихроҷи ангишт дар қаламрави кишвар 12 корхонаҳои гуногун фаъолият доранд.
Дар марҳалаи кунунӣ ҳалли масъалаи норасоии нафту гази истеҳ­соли ватанӣ ва таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо сўзишворӣ бояд тавассути ҳарчи зиёдтар истихроҷ намудани ангишт ва истифодаи он ҳамчун манбаи алтернативии энергетикӣ дар саноат ҳал карда шавад. Зеро дар қаламрави мамлакати мо захираҳои зиёди ангишт мавҷуданд.
Бинобар ин, бо мақсади зиёд намудани истихроҷи ангишт ва ба роҳ мондани истифодаи васеи саноатии он ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҳарчи зудтар амалӣ намудани барномаи дахлдори давлатиро таъмин намояд.
Дар назди соҳаи саноат ва корхонаҳои истеҳсолӣ тавлиди бештари арзиши иловакардашуда бо роҳи баланд бардоштани дараҷаи коркарди ашё, истеҳсоли молҳои тайёр, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори дохиливу хориҷӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа гузошта мешавад.
Дар баробари ин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди саноати кишвар мебошад.
Тибқи нақшаҳои пешбинишуда танҳо дар давоми ду соли оянда, яъне имсол ва соли 2013 дар қаламрави мамлакат 324 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ бунёд карда мешавад, ки аз ин ҳисоб 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил мегардад.
Бо мақсади суръатбахшӣ ба рушди саноати мамлакат ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки то охири соли ҷорӣ оид ба стратегияи рушди дарозмуддати соҳа ҳуҷҷати барномавиро таҳия ва қабул намояд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат вазифадор аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти қобили рақобат ва воридотивазкунанда, инчунин тақвият бахшидани нерўи содиротии мамлакат татбиқи чорабиниҳои мушаххаси дигаргунсозии сохториро амалӣ гардонад.
Ба ин хотир, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар самти ҳарчи васеътар ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, инчунин оби тозаи ошомидании Тоҷикистон ва содироти он, воридоти технологияҳои ҳозиразамони истеҳсолӣ ва таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, ҷиҳати бартарафсозии монеаву мушкилоти маъмуриву сунъӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Вазорати нақлиёт, Хадамоти гумрук, корхонаҳои воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ сохт­мону таъмири роҳҳои мошингарду оҳан, аз ҷумла қитъаи роҳи оҳани “Ваҳдат – Ёвон”-ро тезонида, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои гумрукӣ, инчунин ташкили марказҳои логистикӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Илова бар ин, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикис­тон” дар самти бартараф намудани монеаҳои сунъии бюрократӣ ҳангоми воридоту содироти молу маҳсулоти соҳибкорону тоҷирон чораҷўӣ намояд.
Дўстони азиз!
Дар шароити Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин, дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа мо метавонем худро бо маҳсулоти ғалладонагиҳо, меваю сабзавот, гўшту шир ва дигар намудҳои озуқа пурра таъмин намоем.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар 17 барномаи давлатӣ қабул гардида, ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва рушди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ мавриди чораҷўӣ қарор дорад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ то ба имрўз 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ амалӣ гардида, танҳо дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо бо дарназардошти қарзҳои имтиёзноки додашуда 2 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағҳо равона шудаанд. Айни ҳол боз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Барои таъмини амнияти озуқавории кишвар татбиқи чорабиниҳои мушаххас доир ба истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, инчунин ҷорӣ намудани шаклҳои муосири ташкиливу ҳуқуқии хоҷагидорӣ зарур аст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз он вобастагӣ дорад, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав мебошад.
Бо ин мақсад дар давоми 10 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб як миллиард сомонӣ маблағҳо азхуд шуда, дар натиҷа ҳолати мелиоративии 83 ҳазор гектар замин беҳтар гардидааст ва 7 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ шудаанд.
Таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буда, дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ бояд чун яке аз самтҳои асосии фаъолият қарор дода шавад.
Зарур аст, ки ҷиҳати дар панҷ соли оянда бо гўшт ва шири истеҳсоли дохилӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ гарданд.
Бо ин мақсад, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоти чорвои хушзот аз хориҷи кишвар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро дар мўҳлати кўтоҳтарин ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, дар баробари инкишоф додани истеҳсоли маҳсу­лоти кишоварзӣ бояд коркарди он низ дар дохили мамлакат тадриҷан афзоиш дода шавад.
Бояд гуфт, ки дар 10 соли охир дар соҳаи саноати хўрокворӣ беш аз 400 корхонаи нав ташкил шудааст, ки онҳо асосан бо коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд.
Вале ин ҳанўз кифоя нест, зеро то имрўз қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолшаванда коркард нашуда, ҳамчун ашёи хом содирот мегардад ё талаф меёбад.
Бинобар ин, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкоронро зарур аст, ки ҷиҳати пурра ва самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои нав дар ин самти истеҳсолот ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосир чораҳои судманд андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмўъ нерўи эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли нерўҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад.
Суръати густариши онҳо ба ҳаддест, ки имрўз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аён мегардад.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳр­вандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.
Таърихи тўлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки маънавиёт ва фарҳангу маърифат сифатҳои фитрии инсон буда, густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷриба ва мероси бузургони гузаштаи мо, бидуни шак, таҷаллии барҷастаи ин рисолати наҷиб ва таърихӣ буда, корномаи онҳо саҳми бузурге дар раванди бепоёни инсонсозӣ ва маънависозии ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад.
Ниёгони тамаддунофари мо доимо таъкид доштаанд, ки инсон падидаи тарбиятӣ мебошад. Ташаккул ва такомули ҳақиқии инсон раванди пайгир ва огоҳонаи рушди маънавӣ ва ахлоқии ў дар робита бо такмили мазмуни инсонгароии низоми иҷтимоист.
Ҳаёт тақозо мекунад, ки мо имрўз қудрати шинохти мазмуни аслии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоиро доро ва ба кушодани гиреҳ­ҳои печида, мушкилоти умдаи рўз ва равшансозии роҳи ояндаи худ қодир бошем. Чунин шинохт дар асл омили асосии таъмини сатҳи матлуби худшиносиву худогоҳӣ ва муҳити солими иҷтимоӣ мебошад.
Бидуни чунин худшиносӣ ва худогоҳӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерўҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувият ва сирати миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад.
Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чи дар сатҳи саросарии миллӣ ва чи дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо, пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари сиёсиву ҳизбӣ, гурўҳӣ ва табақавию хусусӣ бартару болотар мебошанд.
Қабл аз ҳама, бояд тамоми афроди ҷомеа равшан ва амиқан дарк намоянд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард.
Мо ҳадафу вазифаҳои ҷорӣ ва дарозмуддати миллиамонро дар Конститутсия, силсилаи қонунҳо ва барномаҳои стратегии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дақиқ муайян намудаем.
Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад. Таъмини рушди матлуб ва сатҳи муосири фаъолияти сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ шарти ниҳоят муҳим ва зарурӣ дар ин самт ба шумор меравад.
 
Бинобар ин, зарур аст, ки ба хотири татбиқи муваффақонаи ин вазифаҳои тақдирсоз нерўи созанда ва эҷодгари сохтору мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои мухталифи иҷтимоӣ ва афроди фаъоли ҷомеа сафарбар гарданд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи шеваҳои кўҳна дигар самараи дилхоҳ намедиҳад.
Аз ин рў, давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳад.
Маҳз дар ҳамин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кории олимону омўзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд.
Вале бо вуҷуди ин, дастовардҳои соҳаи маориф ҳанўз ҳам моро қонеъ карда наметавонанд, зеро дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ мушкилоти ҳалношуда хеле зиёданд.
Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳолати таълим ва тарбия дар мактабҳои миёна беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.
Имрўз соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар тамоми ҷаҳон яке аз зинаҳои асосӣ ва афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин муассисаҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони соҳаҳои гуногунро омода месозанд.
Мутаассифона, фаъолияти низоми мазкур дар кишвари мо ҳанўз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Бинобар ин, вобаста ба талаботи бозори меҳнати ватанӣ ва ҷаҳонӣ омода намудани кадрҳои коргарӣ барои кишвари мо амри зарурӣ буда, масъалаи васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба миён омадааст.
Аз ин рў, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки вазъи имрўзаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ҳаматарафа омўхта, пешниҳодоти худро ба Ҳукумат манзур намояд.
Рў овардан ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеи онҳо дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои дигари замони ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад.
Аз ин рў, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад.
Кишварҳое, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуни­катсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, рушди инфрасохтори иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар Ҳукумати мамлакат ба наздикӣ «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ»-ро қабул намуд.
Ин имкон медиҳад, ки номгўи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ба таври электронӣ сари вақт ва босифат расонида шуда, зуҳуроти номатлубе чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан аз байн бурда шаванд. Дар баробари ин, муносибати мутақобилаи ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ таҳким меёбад, ки ин яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
Аз ин рў, ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Хадамоти алоқа супориш дода мешавад, ки барои давра ба давра татбиқ намудани «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» аз буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои заруриро ҷалб намоянд.
Вазорати маорифро зарур аст, ки бо мақсади мусоидат дар татбиқи саривақтии консепсияи мазкур тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин намояд.
Дўстони азиз!
Фарҳанг дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ дошта бошад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ низ беш аз пеш таваҷҷўҳ зоҳир менамояд.
Солҳои охир дар ин соҳа як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ва ҳамзамон бо ин, шиносонидани кишвари соҳибистиқлоли мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд.
Қобили зикр аст, ки имрўз аҳли фарҳанги тоҷик чи дар офариниши асарҳои саҳнавӣ ва чи дар филмофарӣ бо ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ қадр гардида, фарҳангу ҳунари миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Бахусус ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф ва таҷлил гардидани Наврўз – ҷашни миллӣ ва суннатии тоҷикон бори дигар мардуми моро ҳамчун миллати фарҳангсоз ва дорои таърих, анъана ва тамаддуни қадима ба ҷаҳониён шиносонид, ки барои ҳар як фарди худогоҳ мояи ифтихор ва сарфарозист.
Қобили зикр аст, ки дар баробари рушди босуръати ҷаҳони имрўза нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи донишу тамаддун ва таҳаввулоти фарҳангиву маънавӣ пайваста боло меравад.
Таи чанд соли охир татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ имкон доданд, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рў ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар қонеъ гардонида шавад.
Ин аст, ки имрўз дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1300 китоб­хонаи оммавӣ ва 120 мағозаи фурўши китоб фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав ва дар соли гузашта 20 фурўшгоҳи нави китоб мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки суннати китобдўстӣ ва фарҳангпарварӣ, ки ба мо аз гузаштагони тамаддунсозамон ба мерос мондааст, имрўз ҳам ба таври ибратбахш идома дорад.
Маҳз ба хотири эҳёи тамаддуни таърихӣ ва пайвастан ба раванд­ҳои илмию фарҳангии муосир ба наздикӣ Китобхонаи миллӣ ба истифода дода шуд, ки метавонад дар ҷамъоварӣ, ҳифзи китобу дастхатҳои нодир ва дар маҷмўъ дар рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа нақши бориз дошта бошад.
Сиёсати иҷтимоии давлат чун солҳои пешин ба таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари рушд равона карда шудааст.
Бо вуҷуди он, ки бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири манфии худро ба татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат расонида истодааст, мо кўшиш дорем, ки сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи рушди устувори иқтисодии кишвар марҳала ба марҳала баланд бардорем.
Дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди касбомўзӣ барои бекорон низ мо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем. Дар ин замина тайи панҷ соли охир дар кишвар зиёда аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, раванди афзоиши бекорӣ бо таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ то ҳадде кам гардид.
Барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор таъсиси курсҳои тайёрӣ ва бозомўзии касбӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Вале дар ин самти муҳими иҷтимоӣ боз тадбирҳои зиёдеро анҷом доданамон лозим меояд.
Зеро ин масъала ҳамоно муҳим боқӣ монда, ҳамеша мавриди таваҷҷўҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф супориш дода мешавад, ки ҳар сол ҷиҳати ба касбомўзӣ, такмили ихтисос ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ҷалб намудани то сад ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ чораҷўӣ намуда, бо ин мақсад дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон, омўзиши хизматрасонӣ ва соҳибкориро ташкил намояд.
Ҳамзамон бо ин, ба тамоми сохторҳои давлатӣ ва дар нав­бати аввал вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоки­мияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо ҷалби имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави истеҳ­солӣ, муҳайё намудани шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва сатҳи хизматрасонӣ, инчунин азхудкунии заминҳои нав чораҳои қатъӣ андешанд.
Амалӣ намудани тамоми чорабиниҳои зарурӣ доир ба беҳтар кардани шароити хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.
Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби сармоягузорону соҳибкорон бояд дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, махсусан дар байни ҷавонон, таъмири муассисаҳои тиббии мавҷуда ва бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав, инчунин таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.
Ҳозирини мўҳтарам!
Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрўзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад.
Бо вуҷуди ин, имрўзҳо вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон ташвишовар аст. Яке аз омилҳои асосии ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “фарзанд азиз – одобаш аз вай азизтар аст”. Равандҳои пуртазоди вақтҳои охир низ тақозо менамоянд, ки масъулияти омўзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон баланд бардошта шавад.
Бо ин мақсад мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем. Вале мутаассифона, ҷараёни иҷрои қонуни мазкур моро қаноатманд карда наметавонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад.
Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва роҳҳои амалӣ гардонидани қонуни мазкурро омўхта, дар муддати ду моҳ доир ба ҳалли ин масъала пешниҳоди мушаххас омода намояд.
Бо ин мақсад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷараёни иҷрои қонуни мазкурро зери назорати қатъӣ қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷомеа вусъат бахшанд.
Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хеле назаррас мебошад. Раванди ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва минтақаҳои мухталифи олам ба вуқўъ меоянд, баҳои воқеӣ дода, мавқеи худ ва манфиати ватанамонро ҳимоя карда тавонем.
Аз ин рў, зарур аст, ки Вазорати маориф ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия кардани насли ҷавон барномаҳои алоҳидаи давлатиро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Бори дигар мехоҳам таъкид созам, ки ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ташкили инфрасохтори зарурӣ вобастагии калон дорад.
Бо ин мақсад Ҳукумат масъалаи то соли 2015 бунёд намудани маҷмааҳои варзишиву солимгардониро дар ҳар як шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳоти кишварамон мавриди омўзиш қарор дода, нақшаи сохтмони иншооти варзиширо дар кишвар таҳия кардааст.
Дар ин замина дар давоми чанд соли охир барои рушди соҳаи варзиш дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо иншооти варзишӣ бунёду барқарор гардида, айни ҳол дар ҳудуди кишварамон беш аз сад варзишгоҳ, чор ҳазору ҳафтод майдончаи варзишӣ ва зиёда аз ҳазор толори варзишӣ дар ҳоли истифода мебошанд.
Танҳо соли гузашта дар қаламрави мамлакат зиёда аз ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳу маҷмааҳо ва толору майдончаҳои гуногуни варзишӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.
Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 чораҳои мушаххас андешанд.
Агар гуфтаҳои ба соҳаи иҷтимоиёт марбутро хулоса кунем, бори дигар собит мегардад, ки рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ҳамзамон бо ин, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар шароити қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон танҳо миллатҳое пойдор мемонанд ва ҳувияти худ­ро маҳфуз медоранд, ки дар баробари азхуд кардани дастовардҳои навини илму технология, ҳамчунин парчами истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллиашон ҳамеша побарҷо ва сарафроз бошад.
Бо тамоми масъулият гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон барои сарбаландона муваффақ шудан ба ин ҳадафҳои тақдирсоз омода аст, зеро дар зарфи бист соли истиқлолият асосҳои халалнопазири давлатдории тоҷикон гузошта шудаанд ва роҳу равишҳои пешгирифтаи он дар арсаи сиёсии ҷаҳон муқаррар гардидаанд.
Ҳамватанони азиз!
Амалан ду даҳсола аст, ки мо бо шумо давлати нав, давлати демокративу ҳуқуқбунёд месозем, ки дар он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад ва дар ин замина сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ торафт баланд мегардад.
Қонун бояд, пеш аз ҳама, ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озо­диҳои ў равона карда шавад, мавқеи шахсро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намуда, ташкили фазои мўътадили соҳибкорӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо замина гузорад.
Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷўҳ зоҳир менамояд.
Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад.
Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд.
Ҳарчанд ки давлат доираи салоҳияти судҳоро васеъ гардонида, ҳамаи шароити заруриро барои мустақилияти онҳо фароҳам овардааст, лекин дар амалӣ гардидани ин тадбирҳо сатҳи касбӣ ва муносибати онҳо ба ҳалли масъалаҳои ба зиммаашон вогузоршуда беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро барои солҳои 2011- 2013 таъмин намоянд ва ҷиҳати ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи донишу тахассуси онҳо, пешбарӣ кардани ҳуқуқшиносони пуртаҷриба ба мансаби судягӣ, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар фаъолияти судяҳо, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Омўзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба унвони Президенти кишвар сол ба сол меафзояд.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳар як хизматчии давлатӣ бояд муносибати худро ба ин масъала куллан тағйир диҳанд ва барои такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд.
Корро дар ин самт тавре бояд ташкил кард, ки ягон ариза, шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон бе таваҷҷўҳ намонад.
Мо доим таъкид мекунем, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз суботу оромӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад.
Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайри­қонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон, муқовимат бо коррупсия ва дар маҷмўъ ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошанд.
Яке аз масъалаҳои мубрами рўз, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст.
Дар кишвар зидди ин зуҳуроти номатлуб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаи беамон бурда мешавад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, вале то ба ҳол моро қонеъ намегардонанд ва ин фаъолият ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, чунонки борҳо гуфтаем, яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади пурзўр намудани фаъолият дар ин самт зарур мешуморам, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2013 – 2020 таҳия карда шавад.
Дар масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва тарбияи ахлоқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон барои риоя ва эҳтироми қонун ба қайд гирифтани ҳар як ҷинояти содиршуда, ба ҷавобгарии қонунӣ кашидани шахси онро содиркарда ва таъмини принсипи ногузирии ҷавобгарӣ нақши муҳим мебозад.
Вазъи воқеии ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва арзу шикоятҳои зиёди шаҳрвандон гувоҳи он аст, ки кор дар ин самтҳо ҳанўз ҳам қаноатбахш нест. Ҳолатҳои нокушода мондани ҷиноятҳо, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои беҳтар нишон додани натиҷаҳои корӣ аз қайд пинҳон кардани ҷиноятҳо ҳоло ҳам ҷой доранд.
Мутаассифона, ҳолатҳои содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла ширкати онҳо дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ, ҷой доштани усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2011-ум 167 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва сохторҳои дигар вазифадоранд, ки доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, риояи савганди ҳарбӣ, сатҳи касбӣ, омодагиии ҷисмонӣ ва рўҳию равонии хизматчиёни ҳарбӣ, интизоми ҳайати шахсӣ, риояи ойинномаҳои ҳарбӣ ва волоияти қонун, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишварамон ва давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ чораҳои иловагии доимӣ андешанд.
Илова бар ин, барои омода намудани мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва пок нигоҳ доштани сафҳои худ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд.
Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад.
Дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Вале татбиқи онҳо ҳанўз ҳам қаноатбахш нест.
Бинобар ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаро бар зидди амалҳои коррупсионӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонун ва паст кардани шиддати коррупсия дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, дар ҷомеа фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Ҳамзамон бо ин, фаъолияти Шўрои миллии муқовимат бо коррупсияро, ки соли гузашта таъсис дода шуд, ҷоннок кардан лозим аст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки бо дарназардошти проблемаву мушкилоти мавҷуда Стратегияи мубориза бо коррупсияро барои солҳои 2013- 2020 таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар робита ба ин, зарур мешуморам, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин наздик намудани фаъолияти мақомот бо ҷомеа «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони
Маҷлиси намояндагон!
Бист сол муқаддам Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳиб­истиқлол ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ин иқдом ҳарчанд тибқи қоидаву суннатҳои созмонҳои байналмилалӣ як амали мантиқӣ ва як амри оддиву маъмулӣ маҳсуб мегардад, вале барои мардуми соҳибтамаддун ва соҳибдевон, вале асрҳои аср аз давлати миллии худ маҳруми тоҷик рўйдоди гаронбаҳотарин ва арзишмандтарин буд, зеро ҳақиқати таърихӣ баъд аз садсолаҳо пирўзӣ ёфт ва дар радифи мардумони зиёди сайёра манзалати соҳибдавлативу соҳибтақдирии халқи тоҷикро исбот кард.
Табиист, ки ин амр раванди шинохти давлати тозабунёди моро аз ҷониби аъзои дигари ҷомеаи байналмилалӣ суръат бахшид ва барои ҳарчи зудтар чун давлати озоду мустақил дар арсаи дунё ба фаъолият оғоз кардани он заминаи мусоид гузошт.
Лекин бо вуҷуди он, ки каме баъд ба иллати оғоз ёфтани ихтилофоти дохилӣ, шиддат ёфтани он ва ниҳоят, забона задану доман паҳн кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раванди шаклгирӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии мо бо мушкилоти зиёди мухталиф рў ба рў шуд, истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем.
Дар ин раванд ҳамзамон ба мо муяссар шуд, ки асосҳои сиёсати хориҷии мустақили кишварро шакл бахшем, усули пойдор ва анъанаҳои арзишманди онро муайян кунем ва асли «ҳамкорӣ бо ҳамаи мардуми ба мо некхоҳ»-ро шиори кори худ намоем.
Идомаи мантиқии ин сиёсат, ки мо онро бо номи «дарҳои кушода» муаррифӣ кардем, ҳам ба эҳёи равобити қадимаи фаромўшшуда ва ҳам ба дарёфти ҳамшарикону ҳамёрони ҷадиди ғайримаъмул дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, ҷиҳати рушди кишвар имкониятҳои нав ба вуҷуд овард.
Вале дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад.
Раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрўз тамоюли ҳоким бар равобити байналмилалист, аз ҳамаи мо ҷустуҷўи эҷодгарона ва дарёфти дақиқи василаву воситаҳои татбиқи ин манфиатҳои миллиро тақозо дорад.
Таърих гувоҳ аст ва ҳамаи мо шоҳидем, ки вазъи олам дар оғози истиқлоли кишвар ва ҳолати имрўзаи он аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд.
Аз истиқрори зоҳирии олами дуқутба то шўру ғавғои ҷаҳони имрўза, аз раванди ғолибан ором ва бетағйири асри гузашта то таҳав­вулоти босуръат ва баъзан ғайричашмдошти олами муосир, аз мавқеъҳои ғайри қобили тағйир то ҷойивазкунии марказҳои қудрат дар арсаи дунё, рақобати онҳо барои манбаъҳои ашёи хом ва сарватҳои табиӣ – ҳамаи ин равандҳои зудтағйирёбанда ва мутазод муайян намудани стратегияи сиёсати хориҷиро ҷиҳати рушд ва василаҳои тактикии татбиқи он барои кишваре мисли Тоҷикистон ба андозае душвор ва мушкил мегардонад.
Вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумост, ки дар ин замина заҳмат кашем ва беҳтарин роҳу тариқаҳои рушди устувори кишварро дақиқ муайян намоем ва имконоти сиёсати хориҷии кишварро ба он равона созем.
Дар доираи ин мавзўъ агар раванди минтақагароӣ ва ё аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ба ҳам омадани як идда кишварҳои минтақаи муайянро, ки имрўз як хислати фарқкунандаи ҷаҳонишавист, ба назар гирем, пеш аз ҳама, фазои пасошўравӣ ба назар меояд.
Ва ин мантиқист, чунки мо бо кишварҳои марбути ин минтақа ду даҳсола қабл зиндагии муштарак доштем ва бо риштаҳои ноаён ҳоло ҳам бо якдигар пайванд дорем.
Равобити наздики низомиву сиёсӣ ва амниятӣ, фазои тақрибан ягонаи гуманитарӣ, ҳамкории васеъ ва ба ҳам вобастаи иқтисодӣ имрўз низ омилҳои асосии зиндагии умумии мо мебошанд.
Рафтуои озодонаи одамон, ба истиснои кишварҳои алоҳида, дурнамои гардиши бемамониати молу маҳсулот ва нерўи корӣ аз мо тақозо дорад, ки ин омилҳоро дар фаъолияти хориҷии худ, алалхусус дар бахши иқтисоди хориҷӣ ҳамеша дар назар дошта бошем.
Аз ин рў, мо узвияти худро дар созмону ниҳодҳои дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалкунанда таҳким бахшида, ба хотири инкишофи равобити худ чи бо ин сохторҳо ва чи кишварҳои аъзои он саъю талош хоҳем кард.
 
Дар саргаҳи ин равобит, албатта, масоили рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи мо бо шарики боэътимоди стратегиамон – Федератсияи Россия қарор хоҳад гирифт.
Минтақаи дигаре, ки мо ба он тааллуқ ва ҳамкорӣ дорем, Осиёи Марказист, ки аз лиҳози ҳар гуна қаробат ба мо наздиктарин аст. Мардумони ҳамаи кишварҳои моро умумиятҳои зиёду гуногун, аз қабили таърихи муштарак, зиндагии монанд, анъанаҳои таърихиву фарҳангу омилҳои мухталифи иҷтимоиву инсонӣ ба ҳам меоранд.
Агар ба таҳлили вазъи иқтисодии минтақа назар андозем, мебинем, ки имконияту иқтидорҳои мавҷудаи минтақа дар сурати корбурди муштараки онҳо на танҳо барои комилан таъмин намудани эҳтиёҷоти худи кишварҳои он, балки барои зуд боло бурдани нерўи содиротиаш кофӣ мебошанд ва агар возеҳтар гўем, минтақаро амалан худкифо мекунанд.
Барои татбиқи ин ҳадаф танҳо нияти нек, иродаи сиёсӣ, талоши пайваста ва ҳамоҳангии фаъолият лозим аст.
Мо аз ҷониби худ тарафдори самимии чунин ҳамкории минта­қавӣ, истифодаи муштараки имконот ва ҳаллу фасли мушкилот аз тариқи гуфтушунидҳои созанда ҳастем.
Ҳар яки шумо хуб медонед, ки мо се мақсадро ҳамчун ҳадафҳои стратегии кишвар эълон доштаем: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон.
Агар бо таваҷҷўҳ нигаред, магар ягонтои ин ниятҳо зидди ман­фиатҳои минтақавӣ ҳастанд? Магар татбиқи ин ҳадафҳо имкониятҳои муштараки моро ба маротиб боло намебаранд?
Агар Тоҷикистон барқи зиёд ва арзону аз лиҳози экологӣ тоза тавлид кунад ва эҳтиёҷоти кулли минтақаро қонеъ гардонад, магар ин бад аст?
Агар имкониятҳои транзитиву коммуникатсионии Тоҷикистон ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа истифода шаванд, магар аз ин ҳама фоида намебинанд?
Ва ё баръакс, агар мо аз василаву воситаҳои дар ихтиёри ҳамсоя­ҳобуда истифода бурда тавонем, касе аз ин зарар мебинад? Не, мо ин тавр фикр намекунем.
Ҳама нияту ҳадафҳои мо на танҳо ба нафъи кишвари худамон, балки ба манфиати ҳамаи ҳамсоягон, ҳамаи шарикони минтақавии мо мебошанд ва бо нақшаву мақсадҳои минтақавӣ ҳамоҳангиву соз­гории комил доранд.
Мо танҳо ба манфиати худ ва бар зарари касе кор карданӣ нес­тем, балки сидқан тарафдори ҳамкориву ҳамшарикии баробарнафъи минтақавӣ ҳастем.
Ҳамин мавқеъ ба масоили обу энергетикӣ низ, ки ҳоло вирди забонҳост, дахл дорад. Аз рўи омори Созмони Милали Муттаҳид им­рўз дар дунё 300 низову ихтилофоте вуҷуд доранд, ки ба масоили об марбутанд.
Аз ин назар агар ба масъала нигарем, аз оғози истиқлолият то имрўз кишвари мо, ки қариб 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад ва дар саргаҳи об қарор дорад, барои ягон давлате мушкил эҷод накардааст.
Сарфи назар аз он, ки тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як мамлакат соҳиби боигариҳои табиии дар қаламраваш ҷойгирифта мебошад, мо ҳеҷ гоҳ дар ин мавзўъ дар фикри халалдор сохтани манфиати касе нестем, балки ҷонибдори бо маслиҳату машварат амал кардан ҳастем.
Сиёсати ҳамарўзаи мо гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳарчанд мо ақида дорем, ки ин масъалаҳо ба таври сунъӣ тобиши сиёсӣ гирифта, ба дараҷаи ихтилофот бардошта шудаанд, вале омодаем онҳоро дар фазои дўстонаву созанда муштаракан баррасӣ намоем ва роҳи ҳаллу фасли онҳоро дарёбем.
Замоне, ки қисматҳои мухталифи дунё ба ҳам меоянд, созмонҳои минтақавӣ ва фаромиллӣ ташкил медиҳанд, то зиндагии якдигарро осон намоянд, дар минтақаи мо аз ҳам гусастани робитаҳо, бастан ва шикастани роҳҳо, паси ҳам барои якдигар эҷод намудани монеаҳо аз рўи инсоф нест. Мо бошем, умедворем, ки ҳикмати анъанавии аҷдоди барўмандамон, ки асрҳо ҳамзистии дўстонаву бародарона доштанд, ғолиб хоҳад омад!
Тоҷикистон дар муносиботи худ бо дигар кишварҳо ва минтақаҳои дунё айни ҳамин усулҳо ва ҳадафҳоро пеш гирифтааст. Шумо медонед, ки кишвари мо узви чандин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Ҷанубу Шарқ ё Ҷанубу Ғарби Осиёи Марказист.
Дар байни онҳо, албатта, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мав­қеи хоса дорад, чунки ҳар яки шумо дар бораи лоиҳаҳое, ки дар чаҳорчўби ҳамкорӣ бо ин созмон татбиқ мешаванд, иттилоъ доред.
Ҳам дар ин ҷода ва ҳам дар масоили амниятиву сиёсӣ мо ҳамко­риҳои худро бо аъзои он ва қабл аз ҳама, Ҷумҳурии Мардумии Чин рушду густариши тоза хоҳем бахшид.
Нисбат ба дигар ниҳоду созмонҳо, ки зикрашон дар боло рафт, мо ҳамеша бо аъзои онҳо низ дар бораи ҳадафҳои созанда, ки мақ­сади ниҳоияшон беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аст, сўҳбат мекунем.
Бунёд намудани роҳҳои нави оҳану мошингард, қубурҳои нафту газ, хатҳои нави барқ натиҷаи ҷустуҷўҳо ва дарёфтҳое ҳастанд, ки болотар ман дар бораи онҳо ёдовар шудам. Ҳадафи татбиқи чунин нақшаҳои созанда ғайр аз муҳайё намудани зиндагии орому осуда ва беҳтару хубтар барои мардумони мо чизи дигаре нест.
Рўзномаи мулоқоту вохўриҳои дуҷониба, сегонаву чоргона, ки шумо дар рўзҳои таҷлили Наврўзи байналмилалӣ шоҳидашон будед, маҳз аз чунин масоил иборат буд. Мо минбаъд низ барои таҳкиму густариши равобити худ бо ин созмонҳои минтақавӣ ва кишварҳои аъзои онҳо саъю талош ба харҷ хоҳем дод.
Чун сухан дар бораи минтақаи ҳамҷавор рафт, мо наметавонем масоили марбут ба Афғонистони ҳамсояро баррасӣ накунем, зеро ҳамеша таъкид бар он дорем, ки амнияти Осиёи Марказиро бидуни таъмини амният дар Афғонистон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Равандҳои мусбати инкишофи вазъ дар ин кишвари дўсту бародар, албатта, боиси қаноатмандии мо ҳастанд.
Вале бояд гуфт, ки онҳо ҳанўз комилан ба тамоюлоти ғайри қобили баргашт мубаддал нагаштаанд ва дар ин ҷода ҳанўз саъю талоши зиёде бояд кард.
Дар ин замина ҳамкориҳои созандаи мо бо эътилофи байнал­милалӣ, ки ҳамеша хуб буданд ва бо кишварҳои Ғарб, ки шомили он ҳастанд, идома хоҳанд ёфт. Равобити гуногунҷанбаи мо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин самт омили муҳиме хоҳад буд.
Вале хуруҷи эълоншудаи ин нерўҳо дар соли 2014 масъулияти моро, ки чун кишвари буферӣ бо сарҳади тўлонии қариб 1400 – километра дар рў ба рўи таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорем, дучанд зиёд хоҳад кард.
Ҳарчанд кишварҳои эътилоф эълом кардаанд, ки ин ҳамкориҳои онҳо ҷиҳати тақвияти амният дар Афғонистон давом меёбанд, мусаллам аст, ки баъди он таърих мо бо воқеияти наве рў ба рў хоҳем шуд.
Аз ин рў, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сиёсиву иқтисодии мо, аз ҷумла ҳамкории амниятии мо чи бо созмонҳои марбута, ки узвашон ҳастем ва чи бо худи Афғонистони бародар тақвият ва таҳким хоҳанд ёфт.
Муносибатҳои ҳасанаи мо бо кишварҳои мусулмон ва олами араб, ки дар сатҳи матлуб қарор доранд, фаъолияти боз ҳам густурдатар ва фарохтарро тақозо доранд, то аз имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории ин кишварҳо беҳтар истифода шавад.
Робитаҳои густурда ва серҷанбаи мо бо Созмони Милали Мут­таҳид ва ниҳодҳои мухталифи он мисли пештара аз таваҷҷўҳи хос бархурдор хоҳад буд.
Зеро мо аз аъзои фаъоли Созмони Милал ҳастем ва ҳамкориҳои худро бо ин ниҳоди муҳими ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ мекунем.
Дар як муддати кўтоҳи таърихӣ аз ҷониби он пазируфта шудани се ташаббуси мо – эълони соли байналмилалии оби тоза, тасдиқи даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 мавқеи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидани сарварии Тоҷикистонро дар ин раванд собит сохт ва таҳким бахшид.
Бо ҳамкориву кўмакҳои ин созмонҳо теъдоди зиёди лоиҳаҳо дар кишвар мавриди татбиқ қарор доранд ва мо равобити худро дар оянда бо онҳо тавсеа ва густариш хоҳем дод.
Тоҷикистон ҷонибдори инкишофи муносибатҳои ҳамаҷонибаи худ бо созмонҳои байналмилалии молиявист. Бо ибрози сипос ба ин созмонҳо барои татбиқи лоиҳаҳое, ки дар кишвар бо мадади онҳо амалӣ шудаанд, мо бояд бештар саъй намоем, ки истифодаи ҳарчи васеътари ин имконот ҷиҳати рушди мамлакат ба амал ояд.
Дар ин робита мехоҳам бори дигар аҳамияти дипломатияи иқти­содиро таъкид намоям, чунки солҳои охир дар радифи истифодаи тарзу усулҳои дипломатияи анъанавию классикӣ аҳамияти тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ба маротиб боло рафтааст.
Ҳарчанд дар боло ишорае ба ин мавзўъ рафт, мо бояд ин амалияро амиқтар омўзем ва аз беҳтарин намунаҳои он пурсамар истифода кунем. Ин агар, аз як ҷониб, дастури бевоситаву мушаххасе барои Вазорати корҳои хориҷӣ бошад, аз ҷониби дигар, ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар ин ҷода бояд бо дарки масъулияти бештар дар сатҳи ин талабот амал намоянд.
Сиёсати хориҷии созанда ва ба ҳамкории густурдаву васеъ равонагардидаи мо дар маҷмўъ бояд вазифаи анъанавии худ – мусоидати ҳамаҷониба ба рушди устувори кишвар, таъмини амнияту оромии мамлакат ва сатҳи шоистаи зиндагии мардуми онро ба тариқаи беҳтарин иҷро намуда, фардои ободи Тоҷикистонро таъмин намояд.
Ҳамватанони азиз!
Дар баробари комёбиву муваффақиятҳои дар замони истиқлолият бадастовардаамон имрўз дар назди давлату миллати мо вазифаҳои боз ҳам бузургтару ояндасоз истодаанд.
Итминони комил дорам, ки маҳз хираду дониши мардуми куҳан­бунёди мо ва ваҳдати миллии халқи Тоҷикистон имкон медиҳад, то мо ҳадафҳои стратегиамонро зина ба зина амалӣ намуда, дар давраи миёнамўҳлат сатҳи рушди босуботи кишварро таъмин намоем.
Таъмини иҷрои вазифаҳои имрўз баёнгардида аз ҳар яки мову шумо – аз коргари одӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии мустақим дорад.
Агар ҳамаи мову шумо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа, мушкилоти мавҷуда дар як муддати кўтоҳ бартараф ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад.
Дар ин давраи тақдирсози рушди миллиамон мо бояд сарҷамъона ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷударо барои амалисозии барномаҳои рушди миллиамон равона намоем.
Асри XXI даврони рушди илму технология буда, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва технологияҳои муосир, ташаккули нерўи солиму созандаи ҷомеа шарти асосии рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мебошад.
Фаромўш набояд кард, ки дар ҳама давру замон нерўи инсонӣ бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад.
Бо истифодаи ҳарчи пурраву пурсамар аз ин нерўи бузург, хусусан мардуми солору заҳматкаш ва бонангу номусамон мо вазифадорем, ки пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, волоияти қонун, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ, тараққиёти илму маориф ва адабу ҳунар, вусъати корҳои ободониву созандагии сарзамини муқаддасамон ва тавсеаи тафаккуру андешаи ватандўстона ва инсонгароёнаро, ки хислати азалии миллати ватанпарвари мо мебошад, таъмин намоем.
Тавре ки дар оғози сухан гуфтам, соли равон барои мардуми шарифи тоҷик соли ҷашнҳои бузурги таърихӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин сол ду ҷашни муҳим ва барои миллати мо сарнавиштсоз, яъне 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ ва 15-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем.
Иҷлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард.
Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем.
Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем. Ин исботи воқеии он хоҳад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем.
Дар марҳалаи кунунӣ ҳамаи мову шумо – фарзандони Тоҷикис­тони соҳибистиқлол бояд хуб дарк намоем, ки эъмори Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҳадафҳои тақдирсози халқу давлати мутамаддинро бар дўш дорем ва сарзамини аҷдодиамонро бо заҳмати шабонарўзӣ ва саъю талоши сарҷамъонаву ватандўстона худамон обод мекунем.
Дарвоқеъ, устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кўшишу талоши пайваста дошта бошад.
Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки мо чӣ рўзҳои сахту сангин ва чӣ мушкилоту маҳрумиятҳои гаронро паси сар кардем ва бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрўзаро низ бо ғайрату заҳмати созанда ва нангу номуси ватандўстона паси сар мекунем.
Ман бо итминон изҳор медорам, ки бо такя ба нерўи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилона дар ояндаи наздиктарин Ватанамонро ободу зебо ва нерўманду пешрафта гардонида, мақоми шоиставу арзандаи онро дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ таъмин месозем ва барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу давлати пешрафтаву нерўмандро ба мерос мегузорем
Дар амри амалӣ гардонидани ин нияту нақшаҳои неку созанда ва ин рисолати пурифтихори миллӣ ба ҳамаи шумо саломатӣ, барори кор ва ба мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол рўзгори босаодат орзумандам.
Ҳамеша саломату хонаобод бошед!
Р.Ш. Сотиволдиев – мудири кафедраи назария ва таърихи
давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА
Санҷиши судии конститутсионӣ аввалин маротиба дар ИМА ҷорӣ гардид. Гарчанде санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА соли 1803 ҷорӣ шуда бошад ҳам, вале шароити кофӣ барои санҷиши конститутсионии қонунҳо қаблан, аз ҷумла зимни баррасии лоиҳаи Конститутсияи ИМА омода шуда буд. Муаллифони Конститутсияи ИМА соли 1787 зарурати ҷорӣ намудани санҷиши судии конститутсиониро борҳо таъкид намуда буданд. Аз ҷумла, А. Гамелтон таъкид ба он дошт, ки «беэътибор эълон намудани ҳамаи санадҳои мухолифи маънии Конститутсия» вазифаи судҳост[1]. Аммо принсипи санҷиши судии конститутсионӣ дар Конститутсияи ИМА инъикос намегардад.
Ба ин нигоҳ накарда, дар амалияи судӣ санҷиши судии консти­тутсионӣ истифода мешавад. Аз ҷумла, солҳои 1776-1787, яъне то қабули Конститутсияи ИМА, судҳои олии Вирджиния, Пенсилвания, Массучусетс як қатор санадҳои меъёриро зиддиконститутсионӣ эълон мекунанд. Чунончи, суди штати Ню-Ҷерси қонуни маҳаллиро, ки суди ҳакамиро иборат аз 6 нафар (ба ҷои 12 нафар) таъсис медод, бекор мекунад[2]. Ба истифодаи санҷиши судии конститутсионӣ ҳамчунин таҷрибаи Британияи Кабир низ, ки он ҷо санҷиши санадҳои қонунгузорӣ амалӣ мегашт, таъсири худро мерасонад.
Санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА аввалин маротиба соли 1803 дар рафти баррасии парвандаи Марбори муқобили Мэдисон (Marbury v. Madison) дар Суди Олии ИМА ҷорӣ мегардад. Зимни барасии ин парванда, ки дар асоси даъвои судя Марбори оғоз шуда буд, м. 13 Санади сохтори судӣ аз соли 1789 зиддиконститутсионӣ эълон мегардад. Дар парвандаи мазкур ҳуқуқи судҳои ИМА доир ба зиддиконститутсионӣ эълон намудани қонунҳо ва тафсири ҳатмии Конститутсияи ИМА мустаҳкам мешавад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи ИМА салоҳияти Суди Олии ИМА-ро дар бахши санҷиши судии конститутсионӣ пешбинӣ намекунад. Аммо дар амалияи судии судҳои ИМА қабл аз қабули Конститутсияи ИМА ва алалхусус пас аз соли 1803 санҷиши судии конститутсионӣ истифода мешавад. Ба ибораи дигар, санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА на дар асоси Конститутсияи ИМА, балки зимни инкишофи назарияи илмии ҳуқуқӣ, чун натиҷаи тафакури назариявӣ ташаккул меёбад. Муаллифи андешаи санҷиши судии конститутсионӣ судяи Суди Олии ИМА Ҷ. Маршал эътироф мешавад.
Дар Аврупо низ санҷиши судии конститутсионӣ дар заминаи на конститутсияҳои аврупоӣ, балки зимни ақида ва назарияи ҳуқуқшиноси машҳури Австрия Ганс Келзен ташаккул меёбад. Аз ин хотир, аъзои судҳои олии ИМА, Аврупо ва кишварҳои дигар олимони ҳуқуқшинос мебошанд. Худи санҷиши судии конс­титутсионӣ низ чун як навъи назарияи илмӣ ташаккул ёфта, минбаъд дар заминаи фаъолияти доктриналии судҳои олӣ ва ё судҳои махсуси конститутсионӣ такмил меёбад. Айни ҳол санҷиши судии конститутсионӣ мисли солҳои қаблӣ фаъолияти бештар доктриналӣ мебошад ва аз ҷониби аъзои судҳои конститутсионӣ, шўроҳои конститутсионӣ ё судҳои олӣ (аз ҷумла Суди Олии ИМА), ки намояндагони илми ҳуқуқӣ маҳсуб мешаванд, амалӣ мегардад. Яъне таърихан санҷиши судии конститутсионӣ чун ҷузъи фаъолияти доктриналӣ ташаккул ёфта, то имрўз ҳамин хусусият ва мазмуни илмияшро нигоҳ медорад. Аз ин ҷост, ки аъзои Суди Олии ИМА, судҳои конститутсионии аврупоӣ ва кишварҳои дигар олимони ҳуқуқшинос мебошанд.
Ташаккулу инкишофи санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА якчанд давраҳои таърихиро аз сар гузаронидааст. Дар давраи аввал, ки то солҳои 1840 идома ёфтааст, Суди Олии ИМА салоҳияти санҷиши судии конститутсионии хешро баҳри мустаҳкам намудани вазъи мақомоти федеролӣ, аз ҷумла дар соҳаи санҷиши қарорҳои судҳои штатҳо амалӣ месозад. Дар ин давра назарияи «салоҳияти эҳтимолӣ» роҳандозӣ мешавад. Дар давраи минбаъда назарияи «федерализми дуалистӣ» амалӣ мешавад. Тибқи ин назария, салоҳияти мустақили мақомоти федеролӣ ва мақомоти штатҳо эътироф мешавад. Сипас, дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861 – 1865 Суди Олии ИМА як қатор салоҳияти штатҳоро эътироф мекунад. Дар давраи дигар, ки ба солхои 1870-ум рост меояд, назарияи В. Уиллоби ва Й. Маттеран истифода мешавад. Тибқи ин назария, хусусияти вазъи давлатӣ доштани штатҳо инкор карда мешавад. Дар давраҳои минбаъда масъалаи салоҳияти мақомоти федеролӣ ва штатҳо аз байн рафта, проблемаи асоснок намудани салоҳияти санҷиши судии конститутсионии Суди Олии ИМА ба мадди аввал мебарояд [3].
Хусусиятҳои санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА аз он бармеояд, ки дар ИМА ду низоми судӣ – федеролӣ ва штатҳо – амал мекунанд. Суди Олии ИМА инстансияи болоӣ барои ҳамаи судҳои федеролӣ маҳсуб мешавад. Агар суди штат ба баррасии масъалаҳои федеролии конститутсионӣ дахолат намояд, пас дар ҳолати шикоят овардан аз болои чунин қарорҳо, масъала дар Суди Олии ИМА ҳал мешавад. Дар ИМА ҳам судҳои федеролӣ ва ҳам судҳои штатҳо масъалаи мувофиқати санадҳоро ба Конститутсияи ИМА баррасӣ мекунанд [4].
Хусусияти муҳими фарқкунандаи модели амрикоии санҷиши судии конститутсионӣ ин аст, ки мақоми махсус (ба мисли судҳои конститутсионӣ, шўроҳои конститутсионӣ ва м.и.) ташкил нагашта, салоҳияти санҷиши мутобиқати санадҳо ба Конститутсия ба зиммаи ҳамаи судҳо гузошта мешавад. Намунаи модели мазкур таҷрибаи санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, дар ИМА салоҳияти санҷиши судии конститутсионӣ ба ҳамаи судҳо (судҳои федеролӣ ва судҳои штатҳо) тааллуқ дорад. Суди Олии ИМА, судҳои федеролии апеллятсионӣ, судҳои федеролии округӣ, судҳои махсус (дар бахши андоз, иддао ва диг.) аз ҷумлаи судҳои федеролӣ мебошанд. Ба судҳои штатҳо мансубанд: Суди олии штат, суди апеллятсионии штат, суди инстансияи якуми штат, судҳои махсус. Ҳамаи судҳои зикршуда салоҳияти санҷиши судии конститутсионӣ доранд. Ҳамзамон нақши Суди Олии ИМА дар ин соҳа назаррас аст.
Бояд гуфт, ки Суди Олии ИМА, судҳои федеролии округӣ, судҳои федеролии апеллятсионӣ «судҳои конститутсионӣ» («constitutional courts») номида мешаванд, чунки тибқи м. III Конститутсияи ИМА ташкил шудаанд. Судҳое, ки тибқи салоҳияти Конгресс ташкил шудаанд, пеш аз ҳама судҳои махсус, «судҳои қонунгузорӣ» («legislatively courts») номида мешаванд. Бо қарори Суди Олии ИМА ва санадҳои Конгресс «судҳои қонунгузорӣ» мумкин аст «судҳои конститутсионӣ» номида шаванд. Чунончи, тибқи санади Когресс суди округи Пуэрто-Рико мақоми «суди конститутсионии округиро» соҳиб шудааст [5].
Дар ҳар сурат «судҳои конститутсионӣ» («constitutional courts») судҳои махсусгаштаи конститутсионӣ нестанд. Онҳо ба хотири ин, ки тибқи Конститутсия ташкил шудаанд, ҳамин тавр номгузорӣ шудаанд. Дар ИМА суди махсусгаштаи конститутсионӣ вуҷуд надорад. Аз ин рў, дар ИМА салоҳияти санҷиши судии конститутсиониро ҳамаи судҳо амалӣ мекунанд.
Дар Конститутсияи ИМА ташкили Суди Олии ИМА (м.м. 2 ва 3) пешбинӣ мешавад. Конгресс низ салоҳияти ташкили судҳоро дорад. Тибқи Қонуни сохтори судии соли 1789, ки то ҳол амал мекунад, Суди Олии ИМА (2 феврали соли 1790), судҳои апеллятсионӣ, судҳои округӣ ташкил мешаванд. Суди Олии ИМА ба низоми федеролии судӣ сарварӣ мекунад. Суди Олии ИМА дар ибтидои ташкилшавиаш аз Сарсудяи ИМА ва панҷ судя иборат буд. Сипас, шумораи аъзои Суди Олии ИМА 8 – 9 нафар буд. Аз соли 1869 инҷониб шумораи аъзои Суди Олии ИМА 9 нафар аст [6]. Аъзои Суди Олии ИМА аз ҷониби Президент тибқи ризояти Сенат таъин мешаванд. Онҳо салоҳияти хешро то лаҳзаи «бенуқсон будани фаъолияташон» иҷро мекунанд. Воқеан ин маънои онро дорад, ки онҳо якумра таъин мешаванд.
Суди Олии ИМА тибқи «Қоидаҳои Суди Олии ИМА», ки мутобиқ ба санадҳои Конгресс мебошанд, амал мекунад. Қоидаҳои нави Суди Олии ИМА, ки моҳи январи соли 2003 қабул шудаанд, масъалаҳои ташкилӣ, тартиби баррасии мурофиавии парвандаҳо, иштироки адвокатҳо, маълумоти иттилоотӣ, аз ҷумла суроғаи электронии ин мақоми судиро муайян мекунанд. Аз ҷумла, тибқи «Қоидаҳои Суди Олии ИМА» сессияи ҳамасола рўзи душанбеи аввали моҳи октябр бо иштироки на камтар аз 6 судя оғоз мегардад. Парвандаҳо ба тариқи коллегиалӣ баррасӣ мешаванд.
Судҳои федеролии апеллятсионӣ, ки ҳанўз соли 1891 ташкил шуда буданд, дар ҳудуди округҳои федеролӣ фаъолият доранд. Ҳудуди ИМА ба 12 округи федеролии судӣ, аз он ҷумла округи умумифедеролии Колумбия ҷудо мешавад. Як округи федеролии судӣ ҳудуди якчанд штатҳоро фаро мегирад. Судҳои апеллятсионӣ дар ҳайати аз 6 то 28 судя ташкил мешаванд. Судяҳоро Президент бо розигии Сенат таъин мекунад. Суди апеллятсинии Колумбия дар тамоми қаламрави ИМА, судҳои дигари апелятсионӣ бошанд, дар ҳудуди дахлдор салоҳияти хешро амалӣ мекунанд. Сарсудяи ИМА ва аъзои Суди Олии ИМА банавбат тибқи амри Суди Олӣ ба вазифаи суд­яи суди апеллятсионӣ таъин мешаванд. Ҳар як суди апеллятсионӣ аз якчанд судҳои округӣ иборат аст. Судяи округӣ, ки синнаш аз 64 кам набуда, беш аз як сол дар ин вазифа кор карда, қаблан вазифаи Сарсудяро адо накардааст, Сарсудяи округ маҳсуб мешавад.
Звенои дигари низоми судии ИМА-ро судҳои округӣ ташкил медиҳанд. Дар ИМА 94 округҳои судии федеролӣ ташкил шудаанд. Дар аксари штатҳо як ё якчанд округҳо таъсис шудаанд. Судяҳои судҳои округиро Президент бо розигии Сенат таъин мекунад. Шумораи судяҳои судҳои округӣ аз як то 28 нафар аст. Судҳои округӣ парвандаҳои марбут ба салоҳияти федеролиро, ба истиснои парвандаҳои мутааллиқ ба салоҳияти Суди Олии ИМА, судҳои апеллеятсионӣ ва судҳои федеролии махсус баррасӣ мекунанд.
Дар низоми судии ИМА судҳои федеролии махсус, аз қабили Суди ҳарбии апеллятсионӣ, Суди андоз, Суди иддао, судҳо оид ба муфлисшавӣ ва диг. амал мекунанд. Судҳои федеролии махсус дар баробари баррасии парвандаҳои марбут ба салоҳияташон, инчунин тафтиши судии мувофиқати қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқиро ба Конститусияи ИМА амалӣ мекунанд [7].
Нисбат ба судяҳои федеролии ИМА дар Конститутсия ва қонунҳо талаботи махсус пешниҳод намешавад. Талаботи дахлдор дар таҷрибаи судӣ муайян шудаанд. Аз ҷумла, судяҳо чун қоида бояд маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошанд, дорои таҷрибаи кории ҳуқуқӣ бошанд. Вале таҷрибаи кории судягӣ шарт нест. Ҳамзамон қоидаҳои ҷиддии иштироки адвокат дар фаъолияти Суди Олии ИМА пешбинӣ мешаванд.
Яке аз роҳҳои маъмули сабукдўш намудани судяҳои ИМА импичмент мебошад. Тибқи маълмоти В.Б. Евдакимов, дар тўли таърихи ИМА импичмент муқобили 11 судяҳои федеролӣ оғоз гардида, 8 судя зимни таҳдиди оғози импичмент ба истеъфо рафтанд. Аз ҳазор судя (пас аз соли 1789) танҳо 4 нафар ба тариқи импичмент аз вазифа сабукдўш гардиданд [8].
Дар ҳар як штат низоми судии мустақил амал мекунад. Муайян намудани номгўй ва теъдоди судҳо салоҳияти штат мебошад. Дар як қатор штатҳо низоми дузинагӣ ва дар штатҳои дигар низоми сезинагии судҳо ташкил шудаанд. Аз ҷумла, дар штатҳои Калифорния, Вирджиния ва дигарҳо низоми судии сезинагӣ ташкил шудааст, ки ба он Суди олии штат (иборат аз 5 то 9 нафар) роҳбарӣ мекунад. Пас аз он мақоми дуюмро суди апеллятсионӣ ташкил дода, звенои поёнӣ судҳои инстансияи якум ё судҳои округӣ (дар як қатор штатҳо судҳои «калон» ё «ноҳиявӣ») маҳсуб мешаванд. Дар низоми судии дузинагӣ судҳои апеллятсионӣ пешбинӣ намешаванд. Судҳои апеллятсионӣ дар 38 штат, дар ҳайати аз 10 то 28 нафар ташкил шуда, ба таври коллегиалӣ (дар ҳайати 3 судя) кор мекунанд. Дар як қатор штатҳо, чунончи, Калифорния якчанд судҳои апеллятсионӣ ташкил шудаанд [9].

[1] Ниг.: Федералист. Политическое эссе А. Гамильтона, Дж. Мэдисона и Дж. Джея / Пер. с англ. М., 1974. С. 504.
[2] Ниг.: Евдокимов В.Б. Конституционное судопроизводство в США. Екатеринбург, 1996. С. 11.
[3] Дар хусуси хусусиятҳои санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА муфассал ниг.: Ломцева М.Л. Российская и американская системы конституционного судебного контроля: сравнительно-правовое исследование. Дисс. … канд. юрид. наук. Екатеринбург, 2004. С. 77 – 78.
[4] Оид ба низоми судии ИМА ниг.: Мишин А.А., Власихин В.А. Конституция США. Политико-правовой комментарий. М.: Международные отношения, 1985. С. 115 – 116; Чудаков М.Ф. Конституционное право Соединенных Штатов Америки. Основные институты. Мн.: Тесей, 1999. С. 98.
[5] Оид ба низоми судии ИМА ниг.: Супян Б.В. Соединенные Штаты Америки в начале XXI века. США. Канада. Экономика-Политика-Культура. 2003. № 5; Судебная система России. М., 2000; Чудаков М.Ф. Ас. иш. С. 98.
[6] Ниг.: Евдокимов В.Б. Ас. иш. С. 48.
[7] Ниг.: Соединенные Штаты Америки: Конституция и законодательные акты. М., 1993. С. 207 – 208.
[8] Ниг.: Ломцева М.Л. Ас. иш. С. 139.
[9] Маркушин А.Г. Оперативно-розыскная деятельность-необходимость и законность. 2-е изд., перераб. и доп. Нижний Новгород, 1997. С. 22.
 
Дар штатҳо якҷоя бо судҳои поёнӣ ё инстансияи якум, инчунин судҳои дорои салоҳияти маҳдуд ё судҳои махсус, аз қабили судҳо оид ба баҳсҳои замин, оид ба мерос, судҳо оид ба баррасии парвандаҳои оилавӣ, судҳо оид ба парвандаҳои ноболиғон ва диг. фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки низомҳои судии штатҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Чунончи, дар штати Небраска Суди олии штат (дар ҳайати Сарсудя ва 6 коллегия), 21 судҳои округӣ, 28 судҳои графигарӣ, судҳои махсус (дар бахшҳои ситонидани зарар, парвандаҳои ноболиғон ва диг.) фаъолият доранд. Дар штатҳо судяҳо интихоб ё таъин мешаванд. Дар як қатор штатҳо тартиби ҳам интихоб ва ҳам таъини судяҳо истифода мешавад. Талабот ба судяҳо низ гуногун аст, аз қабили мўҳлати ақали зист дар штат, шаҳрвандии ИМА, доштани маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, доштани таҷрибаи корӣ. Тибқи Конс­титутсияи Мичиган пас аз расидан ба синни 70 ишғоли вазифаи судя мумкин нест [1].
Ҳамаи судҳои ИМА салоҳияти санҷиши мутобиқати қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқиро ба Конститутсия доранд. Ин салоҳият ҳангоми баррасии парвандаҳо дар инстансияи якум ва ба тариқи апеллятсионӣ истифода мешавад. Дар ИМА судҳои штатҳо аз салоҳияти санҷиши судии конститутсионӣ васеъ истифода мекунанд.
Ба ин нигоҳ накарда, мавқеи Суди Олии ИМА дар ин соҳа асосӣ аст. Санҷиши судии конститутсионӣ салоҳияти асосии Суди Олии ИМА мебошад. Суди Олии ИМА парвандаҳоро чун инстансияи якум ва зимни мурофиаи апеллятсионӣ баррасӣ мекунад. Апеллятсияҳо ба бевосита ва ба тариқи талаби парванда ҷудо мешаванд. Апеллятсияҳои бевосита инҳо мебошанд: ба қарорҳои марбут ба беэътибор будани санадҳои Конгресс; ба қарори суд дар ҳайати 3 судя. Апеллятсияҳое, ки талаби парвандаро талаб мекунанд, аз инҳо иборатанд: нисбат ба қарорҳои судҳои апелятсионии федеролӣ; нисбат ба қарорҳои судҳои штатҳо [2].
Суди Олии ИМА қарорҳои қатъӣ қабул мекунад. Суди Олии ИМА ўҳдадор нест, ки сабабҳои рад гардидани баррасии парвандаро нишон диҳад. Чунончи, солҳои 1997 – 1998 аз 7692 парвандаҳои воридшуда танҳо 94 парвандаҳо баррасӣ шудаанд.[3]
Суди Олии ИМА аз лаҳзаи ташкилшавияш (соли 1789) то соли 1998 143 санадҳои меъёрии федеролӣ, 1237 санадҳои минтақавӣ ва маҳаллиро зиддиконститутсионӣ эълон намудааст. Пас аз баррасии парвандаи нахустини Марбори муқобили Мэдисон (Marbury v. Madison) то соли 1857 Суди Олии ИМА ягон қарор оид ба мутобиқ набудани санади қонунгузории федеролӣ ба Конститутсия қабул накардааст. Аз соли 1789 то соли 1859 танҳо 2 санади меъёрии федеролӣ ва 35 санадҳои маҳаллӣ зиддиконститутсионӣ эълон шудаанд. Аз соли 1860 то соли 1869 аллакай 4 санадҳои федеролӣ зиддиконститутсионӣ эълон мешаванд. Суди Олии ИМА дар давраи солҳои 1920 – 1929 фаъол буд. Дар ин давра 15 санадҳои федеролӣ зиддиконститутсионӣ эълон мешаванд. Солҳои 1960 – 1969 ҳамагӣ 16 санад, солҳои 1980 – 1989 – 16 санад, солҳои 1990 – 1998 бошад, 19 санад зиддиконститутсионӣ эълон мешаванд. Солҳои 1970 – 1979 шумораи бештари санадҳо (20 санади федеролӣ ва 193 санадҳои маҳаллӣ) зиддиконститутсионӣ эълон мешаванд.
Саҳми Суди Олии ИМА дар тамили қонунгузорӣ калон аст. Чунончи, Суди Олии ИМА меъёрҳои зиёди қонунгузории танзимкунандаи муносибати байни федератсия ва штатҳо, қонунгузории итихобот, андоз, савдо, ҷиноӣ, мурофиаи ҷиноиро чун зиддиконститутсионӣ бекор намудааст. Аз ҷумла, Суди Олии ИМА соли 1961 истифодаи далелҳоеро, ки дар натиҷаи кофтуков ва датстгиркунии беасос ба даст омадаанд, аз тарафи ҳамаи судҳои ИМА манъ намудааст. Соли 1972 иштироки ҳатмии адокат дар парвандаҳои ҷиноӣ, ки эҳтимоли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунанд, зарур дониста мешавад. Соли 1986 аз тарафи Суди Олии ИМА татбиқи ҷазои қатл ба шахсони дорои бемории руҳӣ манъ карда мешавад. Қисми бештари қарорҳои Суди Олии ИМА, аз ҷумла оид ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ, баробарҳуқуқӣ, озодии баёни андеша, озодии эътиқоди динӣ, озодии мусофират ва диг. ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудаанд. Суди Олии ИМА салоҳияти тафсири Конститутсиро дошта, онро бо дарназардошти дигаргуниҳои ҷомеа тафсир намуда, ҳамзамон ҳуқуқу озодиҳои инсонро мушаххас мегардонад.
Бояд гуфт, ки дар ИМА салоҳияти тафсири Конститутсия ба Суди Олӣ ва судҳои ИМА мансуб аст. Салоҳияти Суди Олии ИМА оид ба тафсири Конститутсияи ИМА аз ҷониби судяи Суди Олӣ Ҷон Маршал зимни баррасии парвандаи Марбори муқобили Мэдисон асоснок карда мешавад. Ба ақидаи ў Конститутсия қонун аст ва ба мисли ҳама гуна қонуни дигар бояд тафсир гардад. Дар ҳолати ихтилофи байни қонун ва Конститутсия афзалият бояд ба Конститутсия дода шавад.
Ба ақидаи аксари муаллифон, салоҳияти Суди Олии ИМА дар бахши тафсири Конститутсия боис гаштааст, ки ба Конститутсияи ИМА тағйироти кам ворид гаштааст. Мебояд зикр намуд, ки дар ИМА судҳо вазифадоранд Конститутсияро тафсир намоянд, зеро дар ин ҳолат имкони баррасии парванда мутобиқи Конститутсия фароҳам мегардад.
Дар ИМА назарияи «конститутсияи зинда» истифода мешавад, ки устуворӣ ва ба мўҳлати дароз мутобиқ будани Конститутсияро дар назар дорад. Дар рафти тафсири Конститутсия аз тарафи Суди Олии ИМА меъёрҳои он вобаста ба шароити нави ҳаёт тафсир гашта, ба талаботи ҷомеа мутобиқ карда мешаванд. Ба туфайли ҳамин фаъолияти тафсирии Суди Олии ИМА меъёрҳои ҷудогонаи Конститутсияи ИМА ба муносибатҳои нави ҷомеа, ки доимо дар ҳолати инкишоф қарор доранд, омода карда мешаванд. Бар замми ин, Суди Олии ИМА бо нуқтаҳои назари қаблӣ, ки зимни тафсири Конститутсия пешбарӣ шуда буданд, вобаста нест. Ин имкон медиҳад, ки доир ба меъёрҳои Конститутсия дар шароити нави таърихӣ нуқтаи назари нав пешбарӣ гардад.
Дар ИМА ҳар шахсе, ки ҳуқуқи муроҷиат ба суд дорад, ҳақ дорад дар аризаи хеш тафсири Конститутсияро талаб намояд. Тафсири Конститутсия дар ИМА хусусияти абстрактӣ надошта, зимни баррасии парвандаи мушаххас амалӣ мешавад, ки боиси ба шароити мушаххаси ҳаётӣ мутобиқ гаштани меъёри Конститутсия мегардад.
Хуллас, маҳз ба туфайли фаъолияти тафсирии Суди Олии ИМА Конститутсияи ИМА чун «конститутсияи зинда» амал мекунад.
Объекти санҷиши судии конститутсиониро қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ ва амрҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд. Ҳамаи санадҳои Президенти ИМА объекти санҷиши судии конститутсионӣ мебошанд. Хусусияти фарқкунандаи санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА аз дигар кишварҳо, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки на танҳо санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, балки амали шахсони мансабдори мақомоти давлат низ объекти ин фаъолиятро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон судҳои ИМА, салоҳияти санҷиши конститутсионии созишномаҳои ба эътибор соҳибнашудаи ИМА-ро надоранд. Дар ИМА иштироки ҳатмии Суди Олӣ дар баррасии масъалаи аз вазифа барканор намудани Президенти ИМА пешбинӣ намешавад.
Судҳои федеролӣ ва судҳои штатҳо санҷиши судии конститутсиониро дар робита бо баррасии парвандаи мушаххас амалӣ мекунанд. Дар ИМА тартиби махсуси мурофиавии баррасии парвандаҳои конститутсионӣ вуҷуд надорад. Масъалаи мутобиқати меъёр ба Конститутсия зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, маъмурӣ ҳал мешавад. Ба ибораи дигар, мурофиаи судии конститутсионии ало­ҳида вуҷуд надорад, санҷиши мутобиқати меъёр ё санад ба Конс­ти­тутсия ҷузъи таркибии мурофиаи судии гражданӣ, ҷиноӣ, маъмурӣ мебошад.
В статье «Конституционный судебный контроль в США» исследуются зарождение и этапы исторического развития судебного конституционного контроля в США, особенности американской модели судебного конституционного контроля на примере США, специфика судебной системы США, объекты судебного конституционного контроля, роль Верховного Суда США в развитии законодательства и правовой системы, в частности, значение толкования Конституции Верховным судом США в реализации доктрины «живой конституции».
In article «Constitutional judicial checking in USA» are researched generation and stages of the history development judicial constitutional checking in USA, particularities to american model of the judicial constitutional checking on example USA, specifics of the judicial system USA, objects of the judicial constitutional checking, role of the SUPREME JUDICIAL COURT USA in legislation and legal system development, in particular, importance of the interpretation to Constitutions by SUPREME JUDICIAL COURTS USA in realization of the doctrine «alive constitution»
Адабиёти истифодашуда

  1. Евдокимов В.Б. Конституционное судопроизводство в США. Екатеринбург, 1996.
  2. Ломцева М.Л. Российская и американская системы конституционного судебного контроля: сравнительно-правовое исследование. Дисс. … канд. юрид. наук. Екатеринбург, 2004.
  3. Мишин А.А., Власихин В.А. Конституция США. Политико-правовой комментарий. М.: Международные отношения, 1985.
  4. Мидор Д.Дж. Американские суды Сент-Пол, Миннесота. Уэст Паблишинг Компани, 1991.
  5. Супян Б.В. Соединенные Штаты Америки в начале XXI века. США. Канада. Экономика-Политика-Культура. 2003. № 5.
  6. Судебная система России. М., 2000.
  7. Соединенные Штаты Америки: Конституция и законодательные акты. М., 1993.
  8. Федералист. Политическое эссе А. Гамильтона, Дж. Мэдисона и Дж. Джея / Пер. С англ. М., 1974. С. 504.
  9. Чудаков М.Ф. Конституционное право Соединенных Штатов Америки. Основные институты. Мн.: Тесей, 1999.
    Маҳмудов И.Т. – муовини аввали декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим, номзади илмҳои ҳуқуқ,
    дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
    Назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар
    фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ
    Дар шароити бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва созмон додани ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамояд. Тибқи талаботи моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шуда, давлат эътироф, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат додааст. Ҳамзамон бояд ёдрас намуд, ки тибқи муқаррароти банди 3-и моддаи 14-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Бо назардошти он ки қисман фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба таври ғайриошкоро амалӣ карда мешавад, то андозае имконияти маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ҷой дорад. Дар иртибот ба ин масъала зарур аст, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсӣ (м. 18), ҳимояи судӣ (м. 19), дахлнопазирии манзил (м. 22), маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс (м. 23) ба таври дахлдор дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ таъмин карда шаванд.
    Воқеан фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўи яке аз усулҳои муҳими мубориза бо ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад[4]. Ба назари М.А. Шматов, инсоният то ҳанўз аз фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дида, усули самарабахши мубориза бо ҷинояткориро кашф накардааст.[5] Ҳамасола тавассути амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар ҷаҳон зиёда аз 80-85 фисади ҷиноятҳо кушода мешаванд. Аз тарафи дигар тавре, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ, гузашта ва имрўзи давлатдорӣ нишон медиҳанд, он воқеан ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳдид мекунад[6].
    Аз ин рў, бо назардошти эҳтимолияти калони маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар фаъолияти опера­тивӣ-ҷустуҷўӣ зарур аст, ки аз ҷониби фишангҳои муайян масъалаи қонунӣ, асоснокӣ ва мақсаднокии амалӣ шудани ин намуди фаъолият мавриди назорат қарор дода шаванд. Яке аз кафолатҳои муҳими таъмини қонуният ва риояи ҳуқуку озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти оперативӣ-ҷустўҷуӣ ин ба амал баровардани назорати прокурорист. Назорати прокурорӣ дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўи ҳамқадами истиқлолияти давлатӣ ва фаъолияти мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар тўли 20-соли даврони соҳибихтиёрӣ аст. Аввалин маротиба меъёр дар хусуси ба роҳ мондани назорати прокурорӣ дар модаи 30-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1992 «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мустаҳкам шуда буд. Маҳз аз ҳамин санади ҳуқуқӣ таърихи пайдоиш ва ташаккули ин соҳаи назорати прокурорӣ сарчашма мегирад. Бояд қайд намуд ки аз ҷониби мақомоти прокуратура дар самти таъмини қонуният, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар зарфи 20-соли истиқлолияти давлатӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд.

[1] Шматов М.А. Теория оперативно-розыскной деятельности в системе уголовно-правовых наук. Волгоград, 2001. С. 79.
[2] Смирнов М.П. Оперативно-розыскная деятельность полиции зарубежных стран. М.: Центр юридической литературы «Щит», 2001. С. 240.
[3] Раҳимов Р.Ҳ. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ. Қисми умумӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе: «Эр-граф», 2012. С.458.
[4] Маркушин А.Г. Оперативно-розыскная деятельность-необходимость и законность. 2-е изд., перераб. и доп. Нижний Новгород, 1997. С. 22.
[5] Шматов М.А. Теория оперативно-розыскной деятельности в системе уголовно-правовых наук. Волгоград, 2001. С. 79.
[6] Смирнов М.П. Оперативно-розыскная деятельность полиции зарубежных стран. М.: Центр юридической литературы «Щит», 2001. С. 240.
Прокуратура аз сохторҳои муҳими давлатиест, ки ба шаҳрвандон дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин, бо сифати баланд ва бо тариқи ройгон хизмат мерасонад. Маҳз бо назардошти ҳамин ҳолат боварию эътимоди шаҳрвандони кишвар сол аз сол ба мақомоти прокуратура афзун гашта, натиҷаи омўзишу таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба ин мақомот тамоюли рў ба болоравиро дорад. Хусусан саҳми назорати прокурорӣ дар ҷодаи таъмини қонуният ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ беназир аст. Ин нуқта ҳамчунин дар китоби дарсии тозанашри «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» низ таъкид шудааст.[1] Мувофиқи муқаррароти моддаи 5-уми Қонуни амалкунандаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикиситон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура – назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мебошад. Ваколатҳои прокурорро дар ин самт моддаҳои 31-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикиситон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 21-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» танзим менамоянд. Мувофиқи Фармони Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили назорати прокурорӣ оид ба иҷрои аниқ ва якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2008, № 16 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ», назорат дар ин самт ба зиммаи муовини аввал, муовинони Прокурори Генералӣ, сардорони Раёсату шўъбаҳои дахлдори Прокуратураи Генералӣ оид ба назорати тафтишоти пешакӣ, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо, прокурори гарнизони ҳарбӣ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва муовинони онҳо вогузошта шудааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 30-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз мавзў­ҳои асосии предмети назорати прокурорӣ дар соҳаи фаъолияти опе­ративӣ-ҷустуҷўӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи таҳлил ва омўзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» нишон медиҳад, ки дар он меъёрҳои мушаххас дар хусуси аз ҷониби прокурорҳо мусоидат намудан ба таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мустаҳкам шудааст. Аз ҷумла, чунин муқаррарот дар қисмҳои 2, 3, 4, 5, 8-и моддаи 5-и Қонун пешбинӣ шудаанд. Тибқи муқаррароти қисми 8 ҳамин модда, дар сурати аз тарафи мақомоти (шахси мансабдори) амаликунандаи фаъ­олияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ вайрон намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мақомоти (шахси мансабдори) болоии амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, прокурор ё суд (судя) вазифадоранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани ин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ ва (ё) ҷуброни зарари расонидашуда чораҳо андешанд.
Воқеан бояд эътироф намуд, ки яке аз воситаҳои муҳим ва самарабахши пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ин мақсаднок ба роҳ мондани чорабиниҳо оперативӣ-ҷустуҷўист. Муссалам аст, ки бе истифодаи дастовардҳои ин намуди фаъолият дар шароити кунунӣ ошкор намудани як қатор ҷиноятҳо назири одамкушӣ дар ҳолати номуайянӣ, ғасби гаравгон, одамрабоӣ, ҷиноятҳои мутташакил ва хусусияти коррупсионидошта, хариду фурўши одамон, бандитизм, роҳзанӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва яроқи оташфишон имконнопазир аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ содир намудани терроризми байналмилалӣ, чиноятҳои трансмиллӣ аз ҷониби равия ва гурўҳҳои ифротгарову моҷароҷў ва муташаккили ҷиноятпеша, ки ба амнияти давлату асосҳои сохтори конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишвар таҳдид мекунанд, ба ҳукми анъана даромадааст. Мутаассифона, на дар ҳама ҳолат аз имконот ва дастовардҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо таври дахлдор истифода мешавад. Тавре ки Прзиденти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 қайд намудаанд: «Вазъи воқеии ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва арзу шикоятҳои зиёди шаҳрвандон гувоҳи он аст, ки кор дар ин самтҳо ҳанўз ҳам қаноатбахш нест. Ҳолатҳои нокушода мондани ҷиноятҳо, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои беҳтар нишон додани натиҷаҳои корӣ аз қайд пинҳон кардани ҷиноятҳо ҳоло ҳам ҷой дорад»[2]. Аз ин рў, танҳо дар натиҷаи мақсаднок ба роҳ мондани назорати прокурорӣ дар ин соҳа мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин муваффақ гардем. Назорати прокурорӣ яке аз омилҳои муҳими қонунӣ ба даст овардани вазифаҳои оперативӣ-ҷўстуҷўӣ баромад намуда, шахсони мансабдори мақомоти амалисозандаи фаъолияти оперативӣ-чустуҷўиро аз истифодаи усулу амалҳои ғайриқонунӣ ва пешгирии суйистифодаи ваколатҳои хизматӣ боз медорад.
Ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки чанд таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили танзими ҳуқуқии назорати прокурорӣ дар фаъолияти опееративӣ-ҷустуҷўӣ ва беҳдошти риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон пешниҳод намоем:

  1. Моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъ­олияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» 16 номгўйи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўиро пешбинӣ намудааст. Мувофиқи муқаррароти моддаи 8-и Қонуни мазкур, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро ба махфияти мукотиба, гуфтугўҳои телефонӣ, муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, ҳамчунин ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро маҳдуд мекунанд, тибқи қарори асосноки мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо дархости прокурори ваколатдор ва иҷозати судя амалӣ карда мешаванд. Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки танҳо чор намуди чорабиниҳои оперативӣ-ҷўстуҷўи бо розигии прокурори ваколатдор гузаронида мешаванд. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ нуқтаҳои назари танқидонаи олимон оид ба масъалаи мазкур баён шудаанд. Агар воқеан масъалаи қонунӣ сурат гирифтани фаъолияти оперативӣ-чўстуҷўӣ мавзўи назорати прокурорӣ бошад, пас ба назари мо тамоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки дар заминаи қабули қарорҳои дахлдор ба роҳ монда мешаванд, набояд ки аз мадди назари прокурорҳои ваколатдор дур монанд.
    Ба андешаи В.Н.Осипкин, чорабиниҳои мураккаби оперативӣ-ҷустучўӣ, ки мавриди гузаронидани онҳо таҳдиди поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ба миён меоянд, бояд танҳо бо розигии прокурор (харидории санҷишии оперативӣ ва ё таҳвили назоратшавандаи ашё, мавод ва маҳсулоте, ки муомилоти озоди онҳо манъ аст ё гардиши онҳо маҳдуд аст, ҳамчунин эксперименти оперативӣ ё воридсозии оперативии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин шахсоне, ки ба онҳо мусоидат мекунанд) ва ё ин ки бо розигии прокурору иҷозати судя гузаронида шаванд[3]. Воқеан чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўие, ки бо қарори роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти опративӣ-ҷустуҷўӣ гузаронида мешаванд (харидории санҷишии оперативӣ ва ё таҳвили назоратшавандаи ашё, мавод ва маҳсулоте, ки муомилоти озоди онҳо манъ аст ё гардиши онҳо маҳдуд аст, ҳамчунин эксперименти оперативӣ ё воридсозии оперативии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин шахсоне, ки ба онҳо мусоидат мекунанд), то андозае ба поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид менамоянд. Масъалаи мазкурро А.Ф. Козусев мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳод менамояд, ки: «шахсони мансабдори амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ўхдадоранд, ки дар давоми 24 соат ба прокурори ваколатдор дар хусуси оғоз, боздоштан ва қатъ намудани парвандаи баҳисобгирии оперативӣ, ва ҳамчунин дар хусуси аз ҷониби кормандони оперативӣ-ҷусутуҷўӣ содир намудани кирдоре, ки аломатҳои ҷиноятро дорад, ахбор манзур намоянд»[4]. Ба назари мо, бо ҳамин мазмун ҳал намудани масъала дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат боиси пурзўр намудани назорати прокурорӣ ва баланд бардоштани самаранокиву таъсирнокии назорати прокурорӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мегардад.
  2. Мувофиқи муқаррароти моддаи 21 (қисми 3)-и Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» маълумот дар бораи шахсони ба гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ воридкардашуда ва дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин дар бораи шахсони ба ин мақомот ба таври махфӣ мусоидаткунанда ба прокурор танҳо бо розигии хаттии ин шахсон, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят дода мешавад. Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои амалӣ гардонидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба мавзўи назорати прокурорӣ дохил намешаванд.
    Воқеан прокурор аз нуқтаи назари қонун наметавонад, ки тактика ва усулҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўиро муайян намояд. Вале ба назари мо прокурор метавонад, ки барои гузаронидани доираи муайяни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дастур диҳад. Ба андешаи А.Ф. Козусев, агар истифодаи тактика, восита ва усулҳои муайян дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гарданд, прокурор на танҳо ҳуқуқ дорад, балки ўҳдадор аст, ки ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта дахолат намояд[5]. Ба назари И.Л. Петрухин бошад: «Чунин маълумотро ҳеҷ гоҳ аз прокурор пинҳон кардан лозим нест, агар ў воқеан хостори амалӣ намудани назорати ҳақиқӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бошад, на ин ки назорати рўякӣ»[6]. Амалияи мақомоти тафтишоти пешакӣ ва фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгўи онанд, ки дар аксарияти маврид маҳз дар натиҷаи ба роҳ мондани тактика ва усулҳои ғайриқонунӣ кормандони амалисозандаи фаъ­олияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Мисолҳои мушаххас дар ин хусус дар амалияи судӣ кам настанд. Масъалаи ҷалби шахсони ба ин мақомот ба таври махфӣ мусоидаткунанда низ бояд мавриди назорати доимии прокурорҳо қарор дошта бошад. Мувофиқи муқаррароти моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ метавонанд бо шахсони ба балоғатрасидаи қобили амал оид ба мусоидат дар тайёр намудан ё гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ қарордод банданд. Ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мутобиқи қарордод истифода бурдани мусоидати махфии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судя, прокурор ва адвокат манъ аст.
    Агар прокурорҳо маълумот дошта бошанд, ки бо чунин намуди ҳам­корӣ шахсони ноболиғ ва ё дигар шахсоне, ки тибқи қонун барои ҳамкории пинҳонӣ ҳуқуқ надоранд, ҷалб шуда бошанд, ҳатман чораҳои таъсиррасонӣ бояд андешанд. Пешниҳод менамоем, ки аз қисми 3-и моддаи 21 Қонуни мазкур ибораи: «Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои амалӣ гардонидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба мавзўи назорати прокурорӣ дохил намешаванд» бардошта шуда, ба ҳамин қисм ибораи зайл илова карда шавад: «Прокурор ҳуқуқ дорад нисбати шахсоне, ки дар асосҳои пинҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд, маълумот талаб намояд, агар муайян намояд, ки ба чунин намуди ҳамкорӣ нафароне ҷалб шудаанд, ки тибқи қонун ҳуқуқ надоранд».
  3. Тибқи муқаррароти моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба воҳидҳои оперативии зерин дода мешавад:1) мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2) мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 3) мақомоти мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 5) мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 6) мақомоти назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон; 7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 8) мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. Натиҷаи таҳлили моддаи мазкур нишон медиҳад, ки ҳашт (8) мақомоти мустақили давлатӣ (ва ё сохторҳои ҷудогона) ҳуқуқи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўиро доранд. Аз ин рў, ба мақсад мувофиқ аст, ки аз ҷониби воҳидҳои сохтории алоҳида ва мустақили мақомоти прокуратура масъалаи қонунӣ гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷўстуҷўӣ мавриди назорати доимӣ қарор дода шавад. Мавҷуд набудани раёсат ва ё шўъбаи мустақили дахлдор оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ шояд то андозае барои таъсирбахш гардонидани назорати прокурорӣ дар ин ҷода монеа эҷод намояд. Ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки аз ҳисоби ихтисори штатҳои кории дигар воҳидҳои сохторӣ дар Прокуратураи Генералӣ раёсат ва ё шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти амалисозандаи фаъолияти оперативӣ-ҷўстуҷўӣ таъсис дода шавад.
  4. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз лиҳози субъект, мўҳлат, асосҳои ҳуқуқӣ, мавзўи батанзимдарорӣ ва кафолатҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ фарқ мекунад. Аз ин рў, дар боби алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (боби 4) мустаҳкам намудани соҳаи назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти опративӣ-ҷустуҷўӣ бо таҳқиқу татиши пешакӣ чандон мувофиқи мақсад нест. Таклиф менамоем, ки дар Қонуни зикршуда боби алоҳида ба соҳаи назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бахшида шуда, дар дои­­раи моддаҳои муайян мавзўи назорат ва ваколати прокурор муайян карда шавад.
  5. Ба хотири баланд бардоштани масъулияти роҳбарони мақо­моти амалисозандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷиҳати саривақт ва сифатнок иҷро намудани талаби прокурор пешниҳод менамоем, ки ба моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» қисми алоҳида ба масъалаи ҷавобгарии роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти амалисозандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ барои иҷро накардани талаби прокурор илова карда шавад.
  6. Ба мақсади таҳкими минбаъдаи қонуният дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаанд, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби алоҳида ба соҳаи «Назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» бахшида шавад.
    Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ба мақсад мувофиқ аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил роҳу усулҳои такмили фаъолияти самарабахши прокуратураро бо назардошти воқеияти имрўзи низоми қонунгузорӣ ва саҳми назарраси он дар ҷодаи таъмини фазои ягонаи хуқуқии кишвар интихоб намояд. Аз ин рў, фурсате фаро расидааст, ки бо назардошти муайян намудани мавқеъ ва нақши мақомоти прокуратура дар ҷодаи таъмини волоияти қонун ва таъмини қонуният дар кишвар, тобиши миллӣ додан ба он ба мақсад мувофиқ аст, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ барномаи давлатии ислоҳот ва ё консепсияи инкишофи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад. Аз лиҳози дурнамо, он бояд чун мақомоти назорати иҷрои қонунҳо дар давлат нигоҳ дошта шуда, фунсияҳои ҳуқуқмуҳофизавии он бояд густариш дода шавад.

[1] Рахимов Р.Х. Фаъолияти оперативйчустуҷўй. Қисми умумй. Китоби дарсй. Душанбе: «Эр-граф», 2012. С.458.
[2] Осипкин В.Н. Теоретические и организационно-методические проблемы прокурорского надзора за оперативно-розыскной деятельностью: Дис. …канд. юрид. наук. М., 1998. С. 179.
[3] Козусев А.Ф. Проблемы прокурорского надзора за исполнением зконов в оперативно-розыскной деятельности. М., 2001. С.108.
[4] См.: Козусев А. Надзор за исполнением законов в оперативно-розыскной деятельности // Законность. 1997. № 2. С. 19.
[5] Минковский Г.М. Пределы доказывания в советском уголовном процессе М., 1956. С.38.
[6] Корнеева Л.М. Об уточнения обстоятельств, входящих в предмет доказывания по уголовному делу // Советская юстиция. 1968. № 24.

Хоҷаева Н.Б. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ,
унвонҷўи Академияи Прокуратураи
Генералии Федератсияи Руссия
 
Предмет ва ҳудуди исботкунӣ
ДАР МУРОФИАИ ҶИНОЯТЇ
 
Дар адабиётҳои мурофиавӣ андешаҳои гуногун оид ба масъалаҳои мафҳуми предмети исботкунӣ баён шудаанд.
Мувофиқи нуқтаи назари М.С. Строгович ба предмети исботкунӣ «Факт ва ҳолатҳои мансубанд, ки ба воситаи далелҳо муқаррар карда мешаванд»[1].
Г.М. Минковский бошад, таҳти мафҳуми предмети исботкунӣ «Маҷмўи ҳолатҳоеро дар назар дошт, ки оид ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ бояд муайян карда шаванд».[2]
Ба назари Л.М. Корнеева бошад, предмети исботкунӣ маҷмўи ҳолатҳои воқеиро ташкил медиҳад, ки муқаррар намудани онҳо ҷиҳати қабули қарори асоснок оид ба парвандаи ҷиноятӣ заруранд.[3]
Бояд қайд намуд, ки андешаҳои олимони ҳуқуқшинос дар шароити муосир аз нуқтаи назари олимони қаблан изҳордошта кам дар кам фарқият доранд. Шояд ин масъала то андозае ба монанд будани танзими ҳуқуқии КМҶ ҶТ соли 1961 ва КМҶ ҶТ (амалкунанда) иртибот дошта бошад.
Зарур мешуморем, ки мазмуни онҳоро низ то андозае шарҳ диҳем. П.А. Лупинская ба он назар аст, ки «Ҳолатҳое, ки бояд оид ба парвандаи ҷиноятӣ исбот карда шаванд, аз маҷмўи ҳолатҳои воқеӣ иборатанд, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд».[4]
И.Б. Михайловская бошад, дар зери мафҳуми предмети исботкунӣ «Номгўи ҳолатҳоеро мефаҳмад, ки дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ дар суд бояд исбот карда шаванд».[5]
Предмети исботкунӣ бояд ҳолатҳоеро дар бар гирад, ки рафти содир кардани ҷиноятро ҳамроҳӣ карда, ҳамзамон воқеъияти ҳодисаи рухдодаро инъикос намоянд. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ мафҳуми «предмети исботкуниро бо «ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд», монанд мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки тамоми ҳолатҳое, ки ба предмети исботкунӣ оид ба ҳар парвандаи ҷиноятӣ дохил мешаванд, аҳамияти ҳуқуқи – ҷиноятӣ ва ё ин ки мурофиавии ҷиноятӣ дошта, барои ҳалли дурусти парванда дар маҷмуъ мусоидат менамоянд.
Вале на ҳама ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ таҳқиқ мешаванд, чунини хусусиятҳоро дороанд.
Предмети исботкунӣ – ин институти махсусе мебошад, ки бояд имконияти барқарор намудани ҳодисаи дар гузашта содиршударо дошта барои қабули қарори дахлдор мусоидат менамояд.
Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ қайд карда мешавад, ки предметҳои зиёди исботкунӣ ҷой доранд: Ҳангоми дастгир кардан, интихоби чораи пешгирӣ, ҳангоми баррасии дархости тарафҳо дар хусуси истифодаи далелҳои мушахас, ҳангоми қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ.[6]
Ҳатто баъзан дар хусуси предмети исботкунии муфаттиш, прокурор, суд ва ҳимоячӣ сухан меронанд.[7]
Предмети исботкунӣ ягона мебошад. Ҳеч гоҳ предмети исботкунӣ дар маҷмўъ буда наметавонад. Ба предмети исботкунӣ ҳолатҳое дохил мешаванд, ки дар гузашта ҷой доштанд.
Ин маънои онро дорад, ки тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ он вақт ба роҳ монда мешавад, ки ҷиноят аллакай содир шудааст.
Аз ин рў, хусусияти предмети исботкунӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҳодисаи замони гузашта тавассусти далелҳо бояд муқаррар карда шавад. Ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд, метавонанд ҳам дар лаҳзаи содир шудани ҷиноят ба миён оянд ва ҳам баъдтар: айбдоршаванда рафтори худро ислоҳ намуда, аз ҷоий кор мусбӣ тавсиф карда мешавад ё ин ки вазъи саломатиаш баъди содир кардани ҷиноят бадтар шудааст. Дар чунин маврид ин ҳолатҳо аллакай то лаҳзаи тафтиш ва баррасии парванда содир шудаанд ва аз ҷониби суд ҳангоми таъини ҷазо ба гунаҳкор ва ё ин ки банду басти кирдори содиршуда ба инобат гирифта мешаванд.
Баъзан дар рафти тафтиш зарурияти муайян намудани ҳолатҳои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба созиши тарафҳо ва сидқан пушаймон шудан ба миён меояд.
Бо назардошти он, ки дар рафти тафтиши пешакӣ ва ё муҳокимаи судӣ ҳолатҳое, ки баъди содир шудани ҷиноят содир шудаанд, онҳо ҳатман бо тавассути далелҳо бояд тасдиқ карда шаванд.
Қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ки ҳолатҳои кор дар рафти истеҳсолоти парванда муқаррар карда мешаванд. Вобаста ба шарҳи мафҳуми «Истеҳсолот оид ба парванда» андешаҳои гуногун дар мавриди лаҳза ва замони предмети исботкунӣ ҷой доранд. Баъзе аз мурофиачиён бар он назаранд, ки предмети исботкунӣ дар тамоми давраҳои мурофиаи ҷиноятӣ ба роҳ монда мешавад.[8]
Гурўҳи дигари олимон ба он андешаанд, ки предмети исботкуни дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ ба роҳ монда мешавад.[9]
Гурўҳи сеюм бошад, ба роҳ мондани предмети исботкуниро дар давраҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ ва иҷрои ҳукм инкор менамоянд. Зеро ба назари онҳо дар давраи оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳанўз қарори дахлдор қабул нашудааст ва дар давраи иҷрои ҳукм бошад, истеҳсолот бинобар сабаби ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм ба итмом расидааст.
Ба андешаи Кузнецов, истеҳсолот оид ба парвандаи ҷиноятӣ ҳанўз бо оғози парвандаи ҷиноятӣ ба миён меояд. Истеҳсолот оид ба парвандаи ҷиноятӣ бо баровардани ҳукми суд ба итмом намерасад. Истеҳсолот баръакс идома карда, дар мурофиаи кассатсионӣ, назоратӣ ва мурофиа аз руйи ҳолатҳои нав ошкоршуда махсусияти хосро пайдо мекунанд.
Дар давраи иҷрои ҳукм дар назди судя вазифаи муқаррар намудани ҳодисаи ҷиноят, муқаррар намудани гунаҳгории шахс ва татбиқи ҷазои нисбати он наистода, балки суд ҳукмро барои иҷро таъин менамояд.
Дар адабиётҳои ҳукуқӣ чунин ақида ҷой дорад, ки оид ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ бояд далели асосӣ исбот карда шавад.
Ба андешаи М.С. Строгович вазифаи асосии исботкунӣ – ин муқаррар намудани факти асосӣ аст ва то он лаҳзае, ки факти асоси исбот нашавад, парвандаи ба таври дахлдор ҳалли дурусти худ­ро намеёбад.
Мувофиқи нуқтаи назари аксари кулли олимони соҳа факти асосӣ- ин муайян намудани ҳодисаи ҷиноят ва шахси онро содиркунанда аст. Вале ин нуқтаи назар низ на ҳама вақт ҷонибдорони худро пайдо мекунад.
Ба андешаи Ульянова, ҷудо намудани предмети исботкунӣ ба факти асосӣ ва дигар ҳолатҳо, ки гуё хусусияти дуюмдараҷа дошта бошанд, аз мантиқ орӣ аст.
Танҳо бо назардошти муайян кардани тамоми ҳолатҳои кор метавон ба ҳалли дурусти парванда муваффақ шуд.
Дар зери мафҳуми предмети иботкунӣ – маҷмўи ҳолатҳое фаҳмида мешавад, ки аҳамияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ дош­та, оид ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ ҳатман бояд муқаррар карда шаванд.
Ҳангоми тафтиши ҷиноят ва баррасии он дар суд муфаттишон ва судяҳоро зарурат пеш меояд, ки доираи ҳолатҳои муайянро оид ба ҷинояти муайян ва банду басти он муқаррар намоянд.
Бояд қайд намуд, ки ҷиноят дар ҳар як ҳолати муайяни содир шуданаш такрорнашаванда аст ва хусусияти худро дорад.
Ба ҳар як ҷинояти содиршуда хусусиятҳои ҷудогона хосанд. Вале бо назардошти гуногун будани доираи ҳолатҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ муқарраршаванда то андозае онҳо дорои нишонаҳои умумии зеринанд: ҷиноят кирдори ба ҷамъият хафнок аст; ҷиноят кирдори зидди ҳуқуқӣ аст ва он аз ҷониби шахси муайян содир карда шудааст.
Аз тамоми ҳолатҳои имконпазире, ки бояд оид ба ҳар як ҷинояти содиршуда муайян карда шаванд, қонунгузорӣ танҳо ҳолатҳои умумии объективиро, ки оид ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ ба миён меоянд, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додаст.
Ҳолатҳое, ки дар моддаи 85 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд ба ҳолатҳои умумии исботкунӣ дохил мешаванд. Вале бояд гуфт, ки муқаррароти моддаи мазкур наметавонад, ки ба таври дахлдор тамоми нишонаҳо, ҳолатҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи ҳар як ҷинояти содиршударо дар бар гирад. Бояд қайд намуд, ки тафтиши ҳар як парвандаи ҷиноятӣ ба муқаррар намудани ҳолатҳои мушаххаси хос ба ҳамин парванда алоқаманд аст.
Предмети исботкунӣ оид ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ такрор нашаванда, ҷудогона ва ба худ хос мебошад. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки оид ба парвандаҳои ҷиноятии алоҳида доираи дигари масъалаҳои хос бояд исбот карда шаванд: масалан, ҳангоми тафтиши ҷиноятҳои ноболиғон ва татбиқ намудани чораҳои маҷбуркунии хусусияти тибби дошта.
Оид ба ин парвандаҳо қонунгузорӣ исбот намудани ҳолатҳои алоҳидаро пешбинӣ намудааст.

[1] Уголовно-процессуалное право Российской Федераций /Под ред. П.А. Лупинская М., 2004. С.222.
[2] Михайловская И.Б. Настольная книга судьи по доказыванию в уголовном проецссе М., 2006. С.77.
[3] Ларин А.М. Расследования по уголовному делу М., 1970. С.61-62.
[4] Нокербеков Н.А. К вопросу о предмете доказывания в советском уголовном процессе //Труды института философии и права Т.7. Алма-Ата, 1963. С.173.
[5] Борисов А.Б. Комментарий к УПК РФ 2-е изд. С.113.
[6] Михайловская И.Б. Настольная книга судьи по доказыванию в уголовном процессе. С.77.
[7] Строгович М.С. Курс советского уголовного процесса М., 1968 Т.1. С.365.
[8] Ульянова Л.Т. Предмет доказывания и доказательства в уголовном процессе России. М., «Городец», 2008. С.47.
[9] Хамон хо. С.47.

 
ҚАРОРҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Одинаев Ёқубҷон Додхудоевич «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 17 феврали соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,
тарафҳо:
Одинаев Ё.Д. бо намояндаи қонунияш Юнусов Х.Б. – тарафе, ки дар асоси дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;
Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ ва Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ – намояндагони тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул, ҷонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;
даъватшудагон:
Қодиров А.- муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фатҳудинов М.- муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Гулматшоев Р.К. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Оймаҳмадов М.- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сабкалов К.В. – муовини Сардори КВД Роҳи Оҳани Тоҷикистон ва ҳуқуқшиноси ҳамин корхона Худоёров О.Ф.;
Одинаев Д.Д.- падари дархосткунанда Одинаев Ё.Д. шахси манфиатдор ба ҷонибдории дархост,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Одинаев Ё.Д. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши муовини Раис Назаров М., баёноту хулосаи тарафҳо, фикру андешаи даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Одинаев Ё.Д. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 28 январи соли 2009 иҷрочиёни Суди ноҳияи Ҳисор ба базаи истеҳсолии дар моликияти хусусии ў қарор дошта, ки дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор воқеъ мебошад, ҳабс гузоштанд. Онҳо санади ҳабси молу мулки қарздор тартибдодаи худро ба ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2007, ки тибқи он ба зиммаи падари ў – Одинаев Д.Д. барқарор намудани зарари ба КВД Роҳи Оҳани Тоҷикистон ба маблағи 375735, 89 доллари ИМА расонидааш вогузор карда шудааст ва муқаррароти моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» асоснок намуданд, ки тибқи он:
«1. Дар ҳама ҳолатҳое, ки нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор ба пурра қонеъ гардонидани талаботи ситонанда оварда нарасонидааст, ситониш метавонад ба молу мулке, ки қарздор бо нияти расонидани зарар ба қарздиҳандагон бегона кардааст, ба шарте ки шахси сеюм ҳангоми ба даст овардани чунин молу мулк оид ба нияти қарздор медонист ва ё бояд медонист ё ин ки молу мулкро ройгон ё ин ки дидаю дониста бо нархи паст (камтар аз нархи бозорӣ дар ҳолати бегонакунӣ) ба даст овардааст, нигаронида шавад…
…5. Ба молу мулке, ки аз ҷониби қарздор ба фоидаи ҳамсар, хешу табор ва ё хешу табори ҳамсари худ ба расмият дароварда шудааст ва ё бегона карда шудааст, нигаронидани ситониш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур амалӣ карда мешавад».
Тибқи ваҷҳҳои иҷрочиёни суд, падари ў- Одинаев Д. гўё бо мақсади дар оянда раҳоӣ ёфтан аз пардохти зарари ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳан расонидааш, базаи истеҳсолиро ба писари калониаш Одинаев Х. бегона намуда, охирин бошад онро ба амакаш Донаёров Х. фурўхта бошад. 16 ноябри соли 2007 Донаёров Х. онро дар асоси шартномаи ҳадя, ки дар идораи нотариалии ноҳияи Ҳисор таҳти реестри №6 ШД-186 ба қайд гирифта шудааст, ба ў ҳадя кардааст.
Одинаев Ё.Д. чунин мешуморад, ки иҷрочиёни суд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро нисбат ба кирдорҳое, ки падараш Одинаев Д. то қабули Қонуни зикршуда содир карда, барои онҳо ҷазои ҷиноятӣ гирифтааст, татбиқ кардаанд. Ин амали онҳо ба муқаррароти моддаи 101 Қонун дар бораи истеҳсолоти иҷро, ки тибқи он – қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад, мухолифат дорад.
Ба андешаи ў, татбиқи Қонуни зикршуда нисбат ба ҳукми ба қувваи конунӣ даромадаи Суди ноҳияи Шоҳмансур ба талаботи қисми сеюми моддаи 20 Конститутсия, ки тибқи он:
«Қонуне, ки бад аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад» ва муқаррароти қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки «Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд», низ мувофиқ нест.
Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки судҳои зикршуда дар рафти баррасии аризаи даъвогии ў талаботи моддаи 34-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истеҳсолӣ ва барои сохтмону тармими он зиёда аз 5 000 000 (панҷ миллион) сомонӣ харҷ кардани аъзои оилаи ўро низ ба эътибор нагирифтанд. Муроҷиатҳои ў дар хусуси аз ҳабс озод намудани моликияташ бо ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисор аз 16 октябри соли 2009 ва қарори марҳилаи кассатсионии Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2009 беқаноат мононда шуданд.
Ҳамин тариқ, судҳо бо далелҳои ба тахмину фарз ва гумон асосёфтаи санадҳои судӣ, ки гуё Одинаев Д. базаи истеҳсолиро бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз пардохти зарари расонидашуда ба номи шахсони наздикаш гузаронида бошад, ҳуқуқҳои конститутсионии ўро ба моликият дағалона вайрон намуданд. Ба соҳибмулки бовиҷдон будани ў нигоҳ накарда, ўро барои кирдори падараш, ки ба онҳо ягон алоқамандӣ надорад, ҷавобгар намуда, моликияташро бе асоси қонунӣ аз ихтиёрдориаш бароварданд.
Аз ин рў, ў моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро, ки иҷрочиёни Суди ноҳияи Ҳисор нисбати молу мулки ў татбиқ намудаанд, ғайриконститутсионӣ меҳисобад.
Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки:

  1. мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия муайян намояд;
  2. мутобиқати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро, ки баъд аз содир шудани кирдорҳои ҷиноятии Одинаев Д. ва ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур аз 16 марти соли 2007 қабул шудааст, ба қисми сеюми моддаи 20 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки суд ба онҳо қувваи бозгашт додааст, муайян намуда, ҷиҳати барқарор намудани маблағҳои аз тарафи аъзои оилаи ў барои базаи истеҳсолӣ хароҷот гардида, дастурҳои зарурӣ диҳад;
  3. бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун санади судие, ки худсарона ҳолати айбдоршавандаро вазнин кардааст, бе хулосаи дахлдори мақомоти тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ қабул шуда, барои қаноатбахш гардидани даъвои Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳан оид ба рўёнидани маблағи 375735,89 доллари ИМА асос шудааст, бекор карда шавад.
    Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро ҳамаҷониба омўхта қайд менамояд, ки таъмини иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судӣ унсури муҳимтарини самаранокӣ ва бебозгашт будани ҷазо буда, омили рафънопазири адолати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Хусусияти ин амал дар он ифода меёбад, ки он танҳо аз ҷониби судҳои босалоҳият ва дар асоси қарорҳои қонунӣ баровардаи онҳо раво дониста шуда, инъикоси мавқеъ ва нақши ҳокимияти судӣ арзёбӣ мегардад.
    Аз тарафи дигар, ҳифзи ҳуқуқҳои поймолшудаи инсон ва шаҳр- вандро бе барқарор кардани онҳо, ки тартиб ва шароити ба ҳолати аввала баргардонидани онҳоро судҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба амал мебароранд, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
    Вобаста ба ин, моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пешбинӣ менамояд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсия асос ёфта, аз Қонуни зикршуда, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
    Моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 муқаррар намудааст, ки «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқукҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, ҷиҳати таъмини ҳифз ва барқарорсозии онҳо низ бетафовут нест ва чуноне, ки моддаи 21 Конститутсия муқаррар намудааст: «Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад». Яъне ҳуқуқҳои вайроншудаи шахсро бе иҷрои санадҳои судӣ барқарор намудан мумкин нест ва ҷазо низ дар сурати татбиқ нашуданаш ба мақсади ниҳоиӣ дар пешаш гузошташуда нарасида, моҳияти иҷтимоии худро гум мекунад.
    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он вазифаҳои истеҳсолоти иҷро – иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк,.. арзёбӣ мегардад ва он мувофиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷро амал мекунад, анҷом дода мешавад.
    Моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», ки муайян намудани мутобиқати он ба моддаҳои дар боло зикршудаи Конститутсия мавриди баҳси муроҷиаткунанда гардидааст, тартиби нигаронидани ситонишро ба молу мулк, аз ҷумла нигаронидани ситониш ба молу мулки ба шахси сеюм ё ба фоидаи хешовандони наздик бегона кардаи қарздорро муқаррар менамояд.
    Ин тартиби дар моддаи зикршуда муқаррарнамудаи қонунгузорро маҳдуд баҳо додан мумкин нест, зеро чунин амал метавонад боиси нофаҳмии моҳият ва татбиқи нодурусти он гардад. Он баҳои ҳуқуқии маҷмўи доданро ба ҳодисаҳои бегона кардани молу мулк бо нияти расонидани зарар ба қарздиҳандагон, молу мулкро ройгон ё ки дидаю дониста бо нархи пасттар аз нархи бозорӣ бегона кардан, бегона кардани молу мулк ба фоидаи хешовандони наздикро тақозо дорад.
    Санҷиши масъала муайян намуд, ки таъсиррасонӣ ба моликияти шахс дар ҳолати пешбининамудаи моддаи зикршуда аз як қатор асосҳои мушаххаси муносибатҳи ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз тарафи шахс содир гаштани кирдори зидди ҳуқуқӣ, ки боиси ба субъекти дигари ҳуқуқ расонидани зарар гардидааст ва аз ҷониби суди салоҳиятнок ва санади судии дар асоси қонун қабулшуда дахолат кардан ба моликият вобастагии ногусастанӣ дорад.
    Бинобар ин, иҷрои санади судӣ дар як вақт-ин ба таври маҷбурӣ маҳдуд кардани моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон он ба таъмини ҳуқуқи поймолшудаи конститутсионии шахси дигар ба моликият нигаронида шудааст. Муҳим он аст, ки таъсиррасонӣ ба моликият ба дараҷаи кирдори содирнамудаи субъекти ҳуқуқ, ки суд муайян намудааст, бояд баробар ва мувофиқ бошад.
     
    Муқаррароти моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» натиҷаи иҷрои меъёрҳои моддие мебошад, ки тибқи онҳо ба амалҳои ғайриқонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз ҷониби суд баҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.
    Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ моддаи зикршударо ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия мутобиқ ҳисоб менамояд.
    Нисбати масъалаи дигари дар дархост гузоштаи муроҷиаткунанда, яъне оид ба муайян намудани асоснокӣ ва дурустии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба муқаррароти қисми сеюми моддаи 20 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки гўё иҷрочиёни суд зимни иҷрои санадҳои судӣ онро нисбати кирдор ва санадҳои судии то давраи қабули он содиршуда татбиқ намудаанд, бояд тазаккур дод, ки татбиқи Қонуни зикршуда ба муқаррароти моддаҳои номбаршудаи Конститутсия алоқамандии мантиқӣ надорад.
    Дар моддаи 20 Конститутсия сухан дар бораи кирдори ғайри- қонунии шахс ва нисбати он татбиқ намудани қонуни дар вақти содир шавии он амалкунанда рафта, моддаи 45 Конститутсия бошад масъалаҳои андоз ва қувваи бозгашт надоштани қонунеро, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, мавриди танзим қарор медиҳад. Кирдори ҷиноятии Одинев Д. ва аз ҷониби ў ба дигар субъекти ҳуқуқ расонидани зарари моддиро қонунҳои моддӣ муайян ва банду баст карда, ҷазо ва аз ҷониби ў барқарор гаштани зарари расонидашударо суд тавассути қарори худ муайян менамояд. Аз тарафи дигар, Одинаев Д. на андоз, ки он тибқи қонунгузорӣ ба буҷети давлатӣ дода мешавад, балки зарари расонидаи худро ба фоидаи даъвогари гражданӣ барқарор менамояд. Вазифаи Қонун дар бораи истеҳсолоти иҷро – ин на баҳо додан ба дараҷаи ҳуқуқвайронкунии шахс, балки муайян намудани тартиби иҷрои санади қабулнамудаи судӣ мебошад.
    Бинобар ин, Суди конститутсионӣ чунин мешуморад, ки масъалаи гузошташуда мавзўи муқоиса ва муайян намудани номутобиқатӣ ба моддаи 20 ва 45 Конститутсия буда наметавонад.
    Ҳамин тариқ, моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
    Ҳамзамон, ваҷҳои дигари Одинаев Ё.Д. дар хусуси аз ҷониби иҷрочиёни суд ба эътибор нагирифтани талаботи моддаи 34-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истеҳсолӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои нисбати ў ҷойдошта, тибқи муқаррароти моддаи 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути пешниҳод ба маълумот ва баррасии мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол карда мешаванд.
    Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    қарор кард:
  4. Моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
  5. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
  6. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе «27» январи соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя – котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ботирова Г.,
Бинобар тағйир ёфтани ҳайати Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади таҳия ва омода намудани тавсияҳои илман асосноки масъалаҳои ҳуқуқ мутобиқи моддаи 47 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» таъсис дода шудааст:
таъин кард:

  1. Ба Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуда, Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нав иборат аз шахсони зерин таъсис дода шавад:
    Сотиволдиев Р.Ш. – мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор (раиси Шўрои илмӣ-машваратӣ).
    Аъзои Шўрои илмӣ-машваратӣ:
    Тоҳиров Ф.Т. – Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
    Насурдинов Э.С. – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
    Менглиев Ш.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқии До­ниш­гоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
    Шарипов Т.Ш. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ;
    Искандаров З.Ҳ. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати про­курории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
    Шонасурдинов Н. – мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ти­ҷорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дот­сент;
    Солеҳов К.Ҳ. – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ;
    Тағойназаров Ш.Т. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафед­раи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиностии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
    Ойев Х. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи консти­тутсионии факултети ҳуқуқшиностии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
    Элназаров Д. – мудири кафедраи фанҳои давлатӣ – ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия, ном­зади илмҳои ҳуқуқ;
    Мустафоқулов Ш.М.- судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
    Муқбилшоев Б. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
    Сафарова Н.Д. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
    Хоҷаев И. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
    Эмомов Н.Э. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда.
  2. Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва дигар маводҳои зарурӣ таъмин намояд.

Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 27 январи соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Каримов К.М., Гулзорова М.М. ва Абдуллоев Л.И.
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ботирова Г.,
дар маҷлиси судӣ гузориши судяҳо Гулзорова М.М. ва М. Наза- ровро дар хусуси дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
муайян кард:
Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. бо дархост ба Суди консти­тутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон меросбари ҷамъияти ихтиёрии дўстдорони автомобил «Ронанда» буда, он бо қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 10-майи соли 1973 таҳти рақами 142 ва Анҷумани нахустини ташкилот аз 29-сентябри соли 1973 таъсис дода шудааст.
Иттифоқ 30-юми декабри соли 2007 таҳти рақами 659 «А» ҳамчун иттиҳодяи ҷамъиятӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуда, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъ­олият дорад.
Тибқи талаботи оинномааш мақсади асосии ташкилот аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзои ташкилот дар мақомоти давлатӣ, расо- нидани кўмаки ҳуқуқӣ ва машваратӣ ба онҳо, мусоидат ба бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар мақомоти марбута дар самти кор оид ба бехатарии ҳаракат ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт иборат мебошад.
Мавсуф қайд менамояд, ки мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» «Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунон дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ аст…».
Мувофиқи моддаи 34 Қонуни номбурда бошад «назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ амалӣ менамоянд…» ва «мақомоти андоз ба сарчашмаҳои даромади иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, андозаи маблағҳои ба дастовардаи онҳо ва пардохти андозҳоро мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад».
Вале банди 3 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, ки яке аз вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти агентӣ ин «амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ…» мебошад.
Муроҷиаткунанда, инчунин нишон медиҳад, ки вақтҳои охир фаъ­олияти молиявию хоҷагидории онҳо аз ҷониби сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо ҳадафи санҷиш қарор дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки ташкилоти онҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ намешавад, аммо тамоми намуди андозҳое, ки давлат муқаррар кардааст, пардохт менамояд.
Бар замми ин, аз ҳисоби маблағҳои ташкилот дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба арзиши 35000 сомонӣ майдончаҳои омўзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сохта, ба истифода дода шудаанд.
Муроҷиаткунанда барои тақвияти адешаҳои худ моддаҳои 5, 8, 12, 28 ва 31-и Конститутсия, ки ба арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, эътироф, риоя ва ҳифз шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тарафи давлат, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил додани шаклҳои гуногуни моликият ва ҳуқуқи муттаҳид шудани шаҳрвандон бахшида шудаанд, далел оварда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш кардааст, ки мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршу- даро мавриди санҷиш қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо асосҳои зерин рад менамояд:
Иттифоқи автомобилчиён тибқи банди 7 моддаи 37 Қонуни кон- ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гарчанде ки субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо дархости пешниҳоднамудаи он предмети баррасии Суди конститутисонӣ нест ва ба салоҳияти он дохил намешавад. Зеро Суди конститутсионӣ на мутобиқати миёни ду қонун ё миёни дигар санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, балки мутобиқати меъёри мушаххаси қонун ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқиро ба меъёрҳои дахлдори Конститутсия муайян менамояд.
Аммо дар дархости пешниҳодшуда сухан дар бораи бо ҳам ихтилоф доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи итти- ҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» меравад, ки баррасии ин ва ба ин монанд масъалаҳо ба салоҳияте мақомоте, ки қонунро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст, дохил мешавад.
Дархост, ҳамчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-ум Қонуни конститутсионӣ мувофиқ нест, зеро аз тарафи муроҷиаткунанда номутобиқатии мушаххаси меъёрҳои қонунҳои зикршуда ба меъёрҳои Конститутсия нишон дода нашудаанд.
Ҳамин тариқ, дар дархост номуайяние дар масъалаи номуто-биқатии меъёрҳои мушаххаси ду қонуни овардашуда ба Конститутсия, ки барои оғоз намудани мурофиа судии конститутсионӣ асос гардад, муайян карда нашуд.
Бинобар ин, бо назардошти талаботи моддаҳои 14, 37, 41-42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ
т а ъ и н к а р д:

  1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар талаби дар дархост зикрёфта тобеи Суди конститутсионӣ набуданаш рад карда шавад.
  2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 30 январи соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар То­ҷи­кистон П. Ибодова бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2006 таҳти №10-4-2/2068 тасдиқ шуда буд, тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд.
Тибқи ин тағйироту иловаҳо ба банди 6 Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо» зербанди «в» бо мазмуни зайл илова карда шуд:
«в) хизматрасониии алоқаи мобилӣ. Супорандагони андози аксиз аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ, аз ҷумла ширкатҳое эътироф карда мешаванд, ки хизматрасониҳои зеринро ба сомон мерасонанд:

  • хизматрасонии алоқаи мобилӣ;
  • хизматрасонии пайвандкунии байнишабакавӣ;
  • хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония».
  • сархатҳои нав ба мазмуни зерин илова карда шавад:
    «Эзоҳ. Алоқаи мобилӣ ҷузъи таркибии алоқаи барқӣ мебошад, ки дастрасии суръатноки хизматрасониҳои алоқавиро тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ таъмин менамояд. Хусусияти асосии алоқаи мобилӣ аз он иборат мебошад, ки имконияти васеи қабули баромадҳоро бо истифода аз шабакаҳо дорад.
    Шабакаи алоқаи барқӣ системаҳои интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптикӣ ё дигари электронӣ, аз ҷумла шабакоти радифӣ, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва оптикӣ. Ҳамзамон Интерет ва IP-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, ҳамчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд ба истиснои шаба­ка­ҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда».
    Бо ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи андоз ширкатҳоеро, ки ба «хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония» машғуланд, ҳамчун супорандагони андози аксиз аз хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ эътироф намуд.
    Ба андешаи муроҷиаткунанда, Кумитаи андоз ваколат ва ҳуқуқи муайян намудани андози нав, аз ҷумла андози аксизро надорад, зеро тибқи Конститутсия ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон додани андозу пардохтро қонун муайян мекунад.
    Чунончи тибқи талаботи моддаи 5 Кодекси андоз «андоз пардохти муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад…».
    Моддаи 6 Кодекси андоз бошад, дар қисми 2 банди 4 «аксизҳо»-ро ба номгўи андозҳои умумидавлатӣ дохил кардааст.
    Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки дар банди 4 қисми 3 моддаи 240 Кодекси андоз ба сифати супорандагони аксизҳо танҳо «онҳое, ки хизматрасонии мобилиро амалӣ менамоянд», пешбинӣ шудаанд. Дар ин модда ширкатҳоеро, ки ба «хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония» машғуланд, номбар карда нашудаанд.
    Бинобар ин, Кумитаи андоз ваколати эътироф намудани хизматрасонии Интернетӣ чун хизматрасонии алоқаи мобилӣ, васеъ кардани номгўй, миқдор ва категорияҳои андозсупорандагонро, ки мазмуни муқаррар намудани меъёрҳои навро доранд ва бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд, надорад. Ҳамчунин ин амали ў ба талаботи қисми 2 моддаи 4 Кодекс андоз, ки тибқи он:
    «Ҳеҷ касро дастур додан мумкин нест, ки андозҳои дар ҳамин Кодекс пешбининашударо пардозад» тавъам нест.
    Бо ин назардошт, номбурда ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
    Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршударо дида баромада, қайд менамояд, ки тибқи банди 7 қисми якуми моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони ҳуқуқӣ оид ба вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои конститутсиониашон нисбати қонун ва санади ҳуқуқии дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқшуда, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, метавонанд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.
    Бо ин назардошт, Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ буда наметавонад, зеро тибқи талаботи банди зикршудаи Қонуни конститутсионӣ субъекти муроҷиат шахси ҳуқуқие шуда метавонад, ки бевосита дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо Кумитаи андоз қарор дош­та, санади мавриди баҳс қарор додашуда тавассути қарор (фармон, амр, ҳалнома) нисбаташ татбиқ карда шуда бошад. Он (субъект) тибқи талаботи зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо» андози аксизиро барои «хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония» пардохт карда бошад.
    Муроҷиат, ҳамчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ нест.
    Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    т а ъ и н к а р д:
  1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П. Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз тарафи шахси (субъекти) беэътимод пешниҳод шудани дархост рад карда шавад.
  2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 5 марти соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раи­сикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис М. Назаров, судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ботирова Г.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Назаров М. ва судя Гулзорова М.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Нуров М.Ш., ки бо моддаҳои 185 қисми 1 ва 306-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардида, дар муассисаи ислоҳии №3/1 шаҳри Душанбе ҷазоро адо карда истодааст, ба воситаи адвокати ваколатдор Одинаев Б. ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намуда, дар он нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 764 «Дар бораи авф» изҳори норизогӣ баён намудааст.
Ў қайд менамояд, ки қисмҳои 1 ва 2 моддаи 10 Қонуни номбурда, ки тибқи онҳо:
«- парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки дар исёнҳои мусал­лаҳонаи моҳҳои июн – ноябри соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб ва шаҳри Турсунзода, инчунин дар ҳуҷуми мусаллаҳонаи моҳи ноябри соли 1998 дар вилояти Суғд иштирок намудаанд ва айни замон пешбурди ин парвандаҳо нисбати онҳо дар асоси бандҳои 1 ва 3 қисми 1 моддаи 195 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2009) боздошта шудаанд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона, қатъ карда шаванд;

  • парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз ҷониби судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд;», ба қисми 3-и моддаи 10 Қонуни мазкур, ки тибқи он:.
    «-шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки онҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум карда шудаанд, агар аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо карда бошанд, озод карда шаванд», мантиқан мутобиқ нестанд.
    Яъне аз қисми 3-и моддаи 10 Қонун «Дар бораи авф» бармеояд, ки шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум карда шудаанд ва онҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ дар ҳолати адои ҷазо қарор доранд, нисбат ба шахсоне, ки ба муқобили онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуда, онҳо дар кофтукоб мебошанд, хавфноктар ба ҳисоб мераванд.
    Беадолатии қисми 3 моддаи 10 Қонун «Дар бораи авф» боз дар он ифода меёбад, ки шахсони пешбининамудаи ҳар се қисмҳои моддаи 10 Қонун агарчӣ як намуди ҷиноятро содир карда бошанд ҳам, лекин шахсони дар қисмҳои 1 ва 2 пурра аз ҷазо озод карда шуда, шахсони дар қисми 3 моддаи 10 Қонун пешбинигардида қисман, яъне баъди адои аз ду як ҳисаи ҷазо озод карда мешаванд.
    Ҳамчунин, тибқи моддаи 7, қисмҳои 1, 2 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14-и Қонуни мазкур, шахсоне, ки парвандаҳои онҳо аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд қатъ карда шудаанд, доғи судӣ нагирифта, доғи судии шахсоне, ки нисбати онҳо авф қисман татбиқ, мегардад, бардошта намешавад.
    Ба андешаи муроҷиаткунанда беадолатии дар қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати як ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда рухдода ба муқаррароти моддаҳои 14, 17, 19 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ҳифз менамоянд, ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад ва ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд гунаҳгор дониста намешавад, мухолиф мебошанд.
    Бинобар ин, номбурда ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
    Суди конститутсионӣ дархости зикршударо ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дар Конститутсия дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба авф пешбинӣ нашудааст, ки мўҳтавои он дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди танзим қарор гирифта, предмети муқоиса бо меъёри дахлдори Конститутсия шуда тавонад.
    Авф кардан ва ба Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи Қонун дар бораи авф – ин ҳуқуқи истиноии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад ва чунин амал яке аз шаклҳои бахшидани гуноҳи ҷинояткорон ва ифодаи муносибати инсондўстонаи давлат ба шахсони ҷиноят содирнамуда арзёбӣ мегардад.
    Авф нисбати доираи мушаххас номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад, ки номгўи ҷиноятҳо ва шахсони ба авф меафтидаро давлат бо назардошти як қатор омилҳои сиёсию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ ва ғ. ба амал мебарорад.
    Ба авф наафтидани баъзе аз ҷиноятҳо ва категорияҳои ҷиноятко- рон, барои баъзе аз ҷиноятҳои якхела авф гаштани танҳо ноболиғон ё занон ё муйсафедон ва авф нагаштани дигар категорияҳои ҷинояткорон – ин мазмуни вайрон намудани баробарҳуқуқии ҳамаро дар назди қонун ва суд надорад.
    Ҳамчунин тартиб ва мўҳлатҳои адои ҷазои ҷиноятӣ, ки барои авфи ҷинояткорон асос мегардад, аз тарафи мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ муайян карда шуда, онҳо мавзўи шикоят ё норозигии ягон субъекти ҳуқуқ шуда наметавонанд.
    Аз ин рў, номутобиқатии мантиқии ба андешаи муроҷиаткунанда дар Қонуни зикршудаи авф мавҷудбуда, мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ маҳсуб намеёбад ва Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости зикршуда рад менамояд.
    Ҳамзамон таъиноти мазкур барои маълумот ба Маҷлиси намо- яндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
    Бо назардошти моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 34, 40, 41 ва 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ
    т а ъ и н к а р д:
  1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Нуров М. Ш. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост пешниҳодшуда рад карда шавад.
  2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.
     

Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов
 
 
 
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В.В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 29 марти соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раи­сикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо К. Каримов ва М. Гулзороваро оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В.В. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамоянд, ки Оинномаи ташкилоти динии онҳо бо номи «Шоҳидони Яҳво» 15 январи соли 1997 дар собиқ Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ташкилот фаъолияти худро тибқи Оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебурд.
11 октябри соли 2007 бошад, фаъолияти он дар асоси амри Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ кардани фаъолияти ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳво» аз тарафи маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.
Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ва баъдан Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоятҳои ташкилотро аз болои амалҳои дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2007 №11/3 дида баромада, онҳоро бо қарорҳои худ аз 29 сентябри соли 2008 ва аз 12 феврали соли 2009 бе қаноат мононданд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №4 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ», ки аз 11 октябри соли 2007 онро ба асос гирифта, фаъолияти ташкилотро манъ карда буд, 18 январи соли 2010 №4-01/104 бо қарори худ дархости нав­батии ташкилотро низ дар бораи аз нав бақайдгирии он рад намудааст.
Шикоятҳои ташкилот оид ба ғайриқонунӣ будани қарори мазкур аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон беқаноат мононда шуда, рад карда шудаанд.
Ба андешаи муроҷиаткунандагон қарорҳои зикршудаи маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси қисми 2 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динӣ» қабул шудааст, ҳуқуқҳои конститутсионии онҳоро ба доштани мафкураи дахлдори динӣ, эътиқоди динӣ ва таъсиси иттиҳодияҳои динӣ поймол намудаанд.
Ин амалҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷум- ҳурии Тоҷикистон ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қисми 3 моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо барҳам додани шахсони ҳуқуқӣ бо қарорҳои судҳои босалоҳият ба амал бароварда мешавад, мутобиқ нест.
Аз ин рў, онҳо қисми 2 моддаи 16 Қонуни зикршударо, ки тибқи он «қарори қатъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои динӣ аз тарафи мақоме, ки оинномаи (низомномаи) онҳоро ба қайд гирифтааст, қабул карда мешавад. Доир ба ин қарор бо тартибе, ки дар Кодекси протсессуалии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст», ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мешуморанд.
Бинобар ин, муроҷиаткунандагон аз Суди конститутсионӣ талаб доранд, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динӣ»-ро новобаста аз эътибор соқит дониста шуданаш ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳод- шударо мавриди баррасӣ қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи он бо асосҳои зерин рад менамояд:

  • предмети баррасии Суди конститутсионӣ муайян намудани мутобиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия мебошад;
  • қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ бекор ё аз эътибор соқит дониста шудаанд, ба баррасии Суди конститутсионӣ ниёз надоранд;
  • қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии бекор ё аз эътибор соқитдонисташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд предмети баррасии Суди конститутсионӣ бошанд, агар мурофиаи судии конститутсионӣ нисбати онҳо дар давраи мавриди амал қарор доштанашон оғоз шуда, санадҳои зикркардашуда боиси вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон гардида бошанд;
  • дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки бо қабули он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динӣ» аз эътибор соқит дониста шудааст, масъалаи мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунандагон пурра мавриди танзим қарор дода шудааст.
    Чунончи тибқи қисми 1 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»:
    «Иттиҳодияи динӣ тибқи оинномаи (низомномаи) худ ва ё бо қарори суд барҳам дода мешавад.»
    Бинобар ин, барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос мавҷуд нест.
    Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    т а ъ и н к а р д:
  1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар бекор шудани санаде, ки конститутсионӣ буданаш мавриди баҳс қарор гирифтааст, рад карда шавад.
  2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
     
    Раиси
    Суди конститутсионии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов
 
НАВИДҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10 январи соли 2012 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамбастӣ оид ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 доир гардид.
Дар оғози маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Маҳмудов М.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки соли 2011 ҳамчун соли таърихӣ – соли ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як соли пешрафт ва дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ барои кишвари маҳбубамон маҳсуб ёфта, дар саҳифаҳои таърихии миллатамон ҳамчун соли бобарор сабт мегардад.
Дар ин соли таърихӣ ба мардуми меҳнатдўсту шарафманди диёрамон муяссар гардид, ки бо дастгириву пуштибонии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишварамон ноил гардида, бо як рўҳияи баланд ба сўи ҳадафҳои бузурги созандагӣ бо назари нек қадамҳои устувор гузоранд.
Соли сипаришуда барои Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як соли пешрафт ва пурмаҳсул арзёбӣ гардида, ба ин мақомоти назорати конститутсионӣ муяссар гардид, ки ба натиҷаҳои баланди касбӣ ноил шуда, нақши он дар дохил ва хориҷи кишвар дар самти таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд баланд гардад.
Инчунин дар рафти маҷлис оид ба фаъолияти Суди конститутсионӣ дар соли 2011 муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Назаров М. ва дар хусуси фаъолияти Дастгоҳи Суди конститутсионӣ роҳбари Дастгоҳ – Ҳошимов Д.Д. баромад намуданд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Суди конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ дар низоми судии кишвар фаъолият менамояд.
Дар ин муддат дар Суди конститутсионӣ, 111 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардида, бобати ошкор намудани номувофиқатии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳлили ҳуқуқӣ гузаронида шуда, амалияи Суди конститутсионӣ мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Инчунин, нигоҳдорӣ-батанзимдарории қонунгузории амалкунанда таъмин карда шуда, муносибатҳои мутақобилан судманд бо судҳо ва мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ густариш ёфт.
13 январи 2012 вохўрии муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров М.Н. ва роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионӣ Ҳошимов Д.Д. бо ҳайати шахсии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳон инсон ва шаҳрванд» доир гардид.
Дар рафти вохўрӣ муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров М.Н. оид ба мазмун ва мўҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз дошт, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз тарафи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шудааст, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидааст, ки ин падида ба арзишҳои умумибашарӣ ва санадҳои байналмилалӣ, хусусан Эломияи умумии ҳуқуқи башар такя мекунад.
Дар баробари мафҳуми арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои дигар низ ба монанди таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, гуногуншаклии моликият, бо эътирофи моликияти хусусӣ, моликияти истисноии давлат, дахлнопазирии манзили шахс, оила сабт гардидааст. Вале яке аз дастовардҳои муҳим ин арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў мебошад.
Сипас дар фарҷоми маҷлис аз ҷониби ҳозирин ба намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо, аз ҷумла оид ба фаъолияти Суди конститутсионӣ дода шуд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.
Аз 1 то 3 феврали соли 2012 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷиҳати гузаронидани семинари омўзишӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши назариявию амалии кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Фаъолияти судҳои конститутсионии Олмон: қонунгузорӣ ва амалия», ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Франчсека Верт – судяи Суди замини молиявӣ, корманди илмии Суди конститутсионии федеролии Олмон, Йорг Пуделька – роҳбари минтақави Барномаи дастгирии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ GIZ (Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ), Ольга Аметистова – роҳбари Барономаи мазкур дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони масъули Барнома ташриф оварданд.
Пеш аз оғози семинар бо иштироки Раиси Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. бо меҳмонони хориҷӣ оид ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба мулоқоти судманд анҷом дода шуд. Раиси Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар рафти вохўрӣ ҳозиринро аз фаъолияти пурмаҳсули Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф намуда, иброз дошт, ки ин мақомоти назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам­чун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ арзи ҳастӣ намуда, дар таъ­мини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, дар рафти вохўрӣ ҷонибҳо оид ба муносибатҳои мавҷуда миёни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар изҳори андеша ва қаноатмандӣ намуда, густариши васеи онҳо омодагии худро иброз доштанд.
Баъд аз фарҷоми вохўрии тарафайн дар муддати се рўз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ доир гардид, ки дар он мавзўҳои мухталиф вобаста ба ташкил ва фаъолияти судҳои конститутсионии Олмон, ҳайат ва сохтори судҳои конститутсионӣ, ваколатҳои он ва дигар мавзўҳои ҷолиби диққат мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд. Кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои зиёди худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баргузории чунин чорабинии муҳим баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши назариявии кормандони Суди консти­тутсионӣ равона гардида, дар як вақт барои беҳтар кардани фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи пешқадами мақомоти назорати конститутсионии Олмон мусоидат менамояд.
17 феврали соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парванда аз рўи дархости шаҳрванд Одинаев Ё.Д. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар мурофиа намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, ҳамчунин намояндагони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, Вазорати адлия ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодгардидаро дар алоқаманди бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамаҷониба омўхта қайд менамояд, ки таъмини иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судӣ унсури муҳимтарини самаранокӣ ва бебозгашт будани ҷазо буда, омили рафънопазири адолати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Хусусияти ин амал дар он ифода меёбад, ки он танҳо аз ҷониби судҳои босалоҳият ва дар асоси қарорҳои қонунӣ баровардаи онҳо раво дониста шуда, инъикоси мавқеъ ва нақши ҳокимияти судӣ арзёбӣ мегардад. Яъне ҳуқуқҳои вайроншудаи шахсро бе иҷрои санадҳои судӣ барқарор намудан мумкин нест ва ҷазо низ дар сурати татбиқ нашуданаш ба мақсади ниҳоиӣ дар пешаш гузошташуда нарасида, моҳияти иҷтимоии худро гум мекунад.
Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ҳисоб намуд.
Бо мақсади иҷрои бандҳои 12 ва 13 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2011 №13 вобаста ба масъалаи ташкил намудани семинарҳои омўзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи риояи талаботи механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои шиканҷаи маҳбусон, ҳайти гурўҳи корӣ таҳти роҳбари Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил мебошанд, таъсис дода шудааст.
Вобаста ба ин Нақша-чорабиниҳо доир ба гузаронидани семинарҳои омўзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи риояи талаботи механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои шиканҷаи маҳбусон таҳия карда шуда, аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2012 тасдиқ гардидааст, ки тибқи он баргузории як қатор чорабиниҳо дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.
22 феврали соли 2012 дар асоси банди 1 Нақша-чорабиниҳо дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарӣ омўзишӣ оид ба мавзўи «Механизмҳои байналмилалӣ ва милии вобаста пешгирии ҳолатҳои шиканҷа» доир гардид.
Дар кори семинари мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи адвокатҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар фаъолияти худ бо ҳолатҳои пешгирии шиканҷа дучор мегарданд, иштирок намуданд.
Дар оғози семинар Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Маҳкам бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон солҳои охир ба омили муайянкунандаи обрую нуфузи кишварҳо ва қабулпазирии онҳо ба созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ табдил ёфта истодааст.
Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ ба мақомоти қонунгузории кишвар, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун ҷавҳари асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, аз ҳама мақомоти давлатӣ риояи қатъии онҳоро талаб намуданд.
Яке аз шаклҳои зохиршавии поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин истифодаи азобу шиканҷа, дигар намуд муомила ва ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонии таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсонӣ мебошад.
Масъалаи мазкур соли гузашта ба муҳокимаи ҷаласаҳои 17-ум ва 18-уми Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, ки моҳҳои июн ва сентябр дар шаҳри Женева баргузор гардиданд, бароварда шуд.
Инчунин ҳангоми баррасии Шарҳи даврии универсалии Тоҷи­кистон оид ба ҳуқуқи инсон низ, ки рўзҳои 3-8 октябри соли 2011 дар қароргоҳи Женевагии СММ баргузор гардид, боз ҳам масъалаи истифодаи азобу шиканҷа ба сархати рўзнома баромада шуд.
Инчунин дар кори семинар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ Прокуратураи генералӣ, ки ба гурўҳи корӣ шомил мебошанд, бо маърўзаҳо баромад намуданд.
Дар маҷмўъ доир гардидани чунин чоарбиниҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои шиканҷаи маҳбусон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона гардида ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона гардида, дар як вақт баҳри баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУДИ
КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Дар доираи ҳамкориҳо миёни мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ва дар асоси даъвати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия Ҳашим Килич, аз 23 апрел то 29 апрели соли 2012 сафари ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати иштирок дар кори Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 50-солагии таъсиси ин мақомоти назорати конститутсионӣ доир гардид.
Аз ҷумла дар кори Симпозиуми байналмилалӣ ки дар сатҳи баланд доир гардид, Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Туркия, Раиси Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Президенти Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), намояндагони судҳои конститутсионии давлатҳои Албания, Африка, Бангладеш, Белоруссия, Белгия, Испания, Индонезия, Итолиё, Озарбойҷон, Олмон, Латвия, Литва, Молдова ва дигар давлатҳо, ки дар маҷмўъ зиёда аз панҷоҳ давлатро ташкил доданд, ширкат намуданд.
Дар рафти кори Симпозиуми байналмилалӣ Раиси Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо маърўза дар мавзўи «Ташаккули адолати конститутсионӣ дар Тоҷикистон» баромад намуда, ҳамагонро бо фаъолияти касбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст, шинос намуд.
Инчунин зимни сафари мазкур ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия мўҳтарам Ҳашим Килич бо пазироии гарму самими истиқбол намуда, аз муносибати дўстонаи миёни суди конститутсионии ҳар ду давлати ба ҳам шарик ёдоварӣ кард.
Дар рафти мулоқот раисони судҳои конститутсионии Тоҷикистону Туркия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барои муҳайё намудани шароити мусоиди ҳамкорӣ миёни мақомоти назорати конститутсионии ду давлати ба ҳам бародар изҳори минатдорӣ ва арзи сипос намуданд.
Дар вохўрии дуҷониба инчунин арзёбӣ гардид, ки ҳамкории мутақобилан судманди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия вусъат ёфта, муносибати ин ду мақомоти назорати конститутсионӣ, ки ҳамчун падидаи нодири давлати демократӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад, рўз аз рўз густариш меёбанд.
Тарафҳо аз сатҳ ва мазмуни муносибати рушдёбандаи судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Туркия ва робитаҳои мунтазам доир ба масоили гуногуни мутақобилан судманди вобаста ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионии ҳар ду кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар рафти вохўрӣ байни Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ва Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳашим Килич Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид.
Ҷонибҳо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муҳимияти қабули онро қайд карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам мустаҳ­кам ва рушд ёфтани муносибатҳои байни мақомоти адолати конститутсионии давлатҳо мусоидат мекунад.
Ёддошти тафоҳум ба принсипҳои истиқлолияти давлатӣ, масъулияти тарафайн дар бобати ҳифз, таъмини волоият, амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба тавассути андешидани чораҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳо ва мусоидат кардан ба ҳалли саривақтии масъалаҳои ҳамкории ба ҳамдигар муфид, равона гардидааст.
Санади байналмилали мазкур, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тавсиб расидааст ва ҳамчун санади таърихӣ барои густариши ҳамкориҳо байни ин ду мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, ба тарафҳо имконият медиҳад, ки мутобиқи қонунгузории миллии давлати худ ҳамкориро тавассути мубодилаи таҷриба, маълумот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ, ки ба фаъолияти судҳои конститутсионӣ вобаста мебошад, ба роҳ монанд.

Мундариҷа
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 5
Сотиволдиев Р.Ш. Санҷиши судии конститутсионӣ дар ИМА 43
Маҳмудов И.Т. Назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои
инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ 54
Хоҷаева Н.Б. Предмет ва ҳудуди исботкунӣ 63
Қарорҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Одинаев Ёқубҷон Додхудоевич «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 феврали соли 2012 69
Таъинотҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмӣ – машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 январи соли 2012 78
2) Дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 январи соли 2011 80
3) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 январи соли 2012 84
4) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ доир ба дархости шаҳрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 марти соли 2012 89
5) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В.В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 марти соли 2012

Yandex.Metrica