Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№2) 2012

Нашрия аз ҷониби Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкорӣ
ва рушд тавассути Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва
судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон
«Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit
(GIZ) GmbH» (Ҷамъияти олмонии ҳамкории
байналмилалӣ) маблағгузорӣ шудааст.

Нашрия ройгон паҳн карда мешавад.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№2) 2012

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А.Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади

илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори

илмҳои ҳуқуқ, профессор

Шоназаров С.А. – Мушовири калони

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи

ваколатдори Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ

Истиқлолияти давлатӣ ва қонуният

“Қонун бояд, пеш аз ҳама, ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он равона карда шавад, мавқеи шахс­ро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои амалӣ намудани нерўи моддиву маънавии он, зиндагии озоду осуда ва шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа имконоти васеъ фароҳам оварда, барои истеҳсоли маҳсулот, ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо замина гузорад.”

Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2012

Бо азму талоши мардуми тоҷик 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. Бо бисёр кишварҳои дунё, хоса кишварҳои пешрафту тавоно, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ равобити ҳасана барқарор намуд.

Имрўзҳо самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дар рушду нумў ҳастанд ва муҳим аз ҳама сулҳу субот ва амну офият дар кишвар ҳукмфармост. Вазифаи мардуми тоҷик ҳифз намудани ин дастовардҳо, хоса озодии кишвари азиз ва дар радифи мамолики мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин ҳамдушу ҳамнафас ва ҳамгом гардидани Тоҷикистон аст.

Дар баробари ин ҳифзу тақвият бахшидани истиқлолияти кишвар, таҳкими пояҳои он пеш аз ҳама дар қабулу татбиқи қонунҳои мукаммал ва фарогирӣ масоилу манофеи ҷомеа сахт вобастагӣ дорад.

Тоҷикистон, ҳанўз аз қадамҳои нахустини худ ба сифати кишвари мустақил дар роҳи қабули қонунҳо ва татбиқи он дар ҳаёт ҳамарўза кўшишҳои назаррас ба харҷ додааст ва бо шарофати Истиқлолият дар низоми қабули қонунҳо роҳу усули нав ҷорӣ гардид. Пеш аз ҳама қабули қонунҳои муҳим бо роҳи раъйдиҳӣ аз тарафи мардум шурўъ шуд. Баъдан ҳангоми қабули қонунҳо фикру ақоиди мардум, таклифу пешниҳоди онҳо, ҳамзамон хусусиятҳои хоси миллӣ ба назари эътибор гирифта шуд. Ин раванд то ба имрўз дар ҷараён аст.

Чунин тарзи қабули қонунҳо хоси ҷомеаи демократӣ аст.

Махсусан, бори нахуст тариқи раъйпурсӣ қабул намудани Сарқонуни кишвар дар ҳаёти халқи тоҷик ва давлатдории он падидаи нав, иқдоми нек ва азму талошҳо дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад.

Дар асоси ин санади муҳиму муқаддас қабули чандин қонунҳои дархўрди матолибу манофеи замони эҳёву рушди кишвари соҳиб­истиқлол, пеш аз ҳама барои мустаҳкам гаштани мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳиму муассир бозид. Зеро мувофиқи моддаи якуми он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ҳамчунин бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар он тарзу тартиби таъсис ва интихоби мақомоти бунёдгузори пояҳои асосии давлат ва таъминкунандаи фаъолияти он мавқеи ҳуқуқии худро пайдо намуд. Умуман сохти давлати мо тавассути ин санади муҳиму муқаддас тарҳрезӣ ва муайян карда шуд.

Дар баробари муайян намудани сохти давлат меъёрҳои Сарқонун ба эҳтироми инсон ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои ў, таъмини ин ҳуқуқу озодиҳо нигаронида шудааст. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардид.

Ҷомеаи демократиро бе қонунҳои ҷавобгўи талаботи меъёрҳои пазируфтаи умумибашарӣ тасаввур кардан номумкин аст, зеро қонун танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Дар даврони Истиқлолият зиёда аз ҳазору чорсад қонунҳои мукаммал ва такмилбахши қонунҳои амалкунанда таҳия ва қабул карда шуданд, ки нақши онҳо махсусан дар даврони ноҷўриҳои сиёсию иқтисодии кишвар хеле муҳиму назаррас буд.

Дар натиҷаи истиқлолият сохти давлатдории мо, ҳаёту зиндагии мардум, аз ҷумла ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ куллан тағйир ёфт. Махсусан пас аз қабули Сарқонуни кишвар мақомоти дахлдори давлатӣ кўшиш ба харҷ доданд, то ин ки қонунҳои амалкунанда ба Сарқонун мувофиқ бошанд ва баъдан майл ба он карданд, ки дар ин раванд бештар қонунҳои нав қабул карда шавад.

Бо назардошти манофеи миллию давлатӣ шумораи зиёди санад­ҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз тарафи Тоҷикистон пазируфта, мавриди иҷро қарор дода шуданд, ки онҳо чун ҷузъи комили қонунгузории Тоҷикистон барои танзими муносиботи дохилию хориҷии кишвари мо аҳамияти калон доранд.

Таҳияву қабули қонун заҳмати сангин аст. Пеш аз ҳама хиради баланд, тафаккур ва таҷрибаву дониши амиқ, ҳамзамон маҳорату истеъдоди баланд мехоҳад. Дар таҳияи он мутахассисон ва олимони варзида иштирок менамоянд.

Бо назардошти ин ва дигар талаботи ҳаётан муҳим аз тарафи Сарвари давлат ба сиёсати кадрӣ аҳамиятӣ ҷиддӣ дода шуд. Барои дар вазорату идораҳо ба кор ҷалб намудани мутахассисони кордону ботаҷриба, махсусан ҳуқуқшиносони варзида корҳо амалӣ карда шуданд. Ва ин раванд айни замон беш аз пеш дар ҷараён аст. Зеро чи тавре, ки дар боло ишора рафт давлат ва ҷомеаи ободу озод бо аҳли хираду фарҳанг ва мутахассисони варзида по барҷост. Ба суханони Раиси ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Кишварро мутахассис обод мекунад».

Бо ин мақсад парламенти даврӣ ба Парламенти доимамалкунанда ва касбӣ табдил дода шуд. Чанд даъвати охир ва даъвати феълӣ дар парламент мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳаёт, махсусан ҳуқуқшиносони собиқадор кору фаъолият мекунанд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи қонун бо тартиби муқарраргардида пас аз қайду номнавис шудан бо супориши Шўрои Маҷлиси намояндагон дар Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мутахассисони соҳа мавриди омўзиш ва муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифта, баъдан ба Шўрои Маҷлиси намояндагон ва аз он ҷо ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ ва қабул пешниҳод мегардад. Ба ҷуз аз қонунҳои авф ва буҷети давлатӣ, ҳамаи қонунҳои дигар пас аз қабул ба таври ёдрасшуда аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ва барои имзо ба Президенти кишвар пешниҳод мегарданд. Пас аз имзо ба нашрияҳои расмӣ барои чоп супурда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки дар Маҷлиси миллӣ низ қонунҳо пеш аз бар­расӣ дар иҷлосия аз тарафи кумитаҳо ва баъдан дар Шўрои Маҷ­лиси миллӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мавқеи онҳо вобаста ба қонунҳои баррасишуда ба иҷлосияи Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар ин корҳо нақши дастгоҳҳои мақомоти мазкур низ назаррас аст.

Чунин роҳу марҳилаҳои мураккаб барои то ба ҳадди қабул расидани қонун аз тарафи масъулину мутасаддиёни соҳа тай ва амалӣ карда мешавад. Чунин муносиботи ҷиддӣ дар ин масъала бояд бошад, зеро чӣ тавре, ки дар боло ишора рафт, қонун санади ниҳоят муҳим аст. Пеш аз ҳама ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў дахл мекунад. Дар он манофеи давлату ҷомеа, корхонаву ташкилот, сулҳу субот, амну офият, рушду нумў ва гузашта аз ин ҳифзи истиқлолияти давлат ва озодии миллат пайваст аст. Ин хусусиятҳои муҳим дар давраҳои таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва ба имзо расидани қонун ба назар гирифта мешавад.

Баъдан, қонун барои вайрон кардани қавонини муқарраргардидаи зиндагӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ, интизомӣ ё гражданӣ муқаррар намудааст. Ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳатто дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати якумра муқаррар карда шудааст. Ва ин аст, ки пеш аз ҳама эҷоди қонун касбияту ҷиддиятро талаб мекунад. Чунин ҷавобгариҳо, дар навбати аввал ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҷомеа хеле заруранд.

Самти дигари муҳими қонун дар он аст, ки ба ғайр аз комилу пухта ва хубу ҷавобгў ба талабот будан, бояд бе мамониат ва ба таври васеъу доманадор, фароху густурда ва амиқу дақиқ иҷро гардад. Қонун бояд амал кунад. Иҷрои он ҳатмӣ аст.

Барои ин чун таҳигарону қабулкунандагони қонун мақомоту масъулини босалоҳияту бонизом ва коршояму кордон фаъолият кунанд. Зеро қонуне, ки ба таври дахлдор амал намекунад, он наметавонад он расолати муҳиме, ки дар боло зикр карда шуд, анҷом диҳад. Пеш аз ҳама наметавонад инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро ҳифз кунад.

Дар Сарқонуни кишвар мақомоти асосии кишвар ва салоҳияту ваколатҳои умдаи онҳо инъикоси худро ёфтаанд ва дар ин радиф тавассути қонунҳо ва дигар асноди ҳуқуқӣ дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.

Дар баробари нозирони соҳавӣ дар назорати иҷрои қонун тавассути Сарқонуни кишвар мақомоти прокуратура ҳамчун нозири умумӣ эътироф гардидааст. Салоҳияти он бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои марбута муайян шудааст ва бо назардошти таҷрибаи ҳаррўза гуфтан мумкин аст, ки воқеан ҳам дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо пешрою пешгом аст.

Мақомоти судӣ тибқи Сарқонуни кишвар шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст ва дар татбиқи қонун нақши хеле муҳиму муассир дорад. Судҳои ҷумҳурӣ дар пойдории давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оромию сулҳу субот, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкиму пойдории истиқлолияти давлатӣ бо роҳи қабули асноди қонунии судӣ саҳмгузор буда, дар таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналхалқӣ, экстремизми сиёсию динӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар корҳои марбута анҷом медиҳад. Адолати судиро ба амал мебарорад.

Ҳамзамон мақомоти судӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи ҳуқуқии мардум нақши назаррас дорад, зеро таъмини волоияти қонун, иҷрою амалӣ шудани он пеш аз ҳама ба маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат сахт вобаста аст. Ин корҳо бо роҳи маҷлисҳои сайёри судӣ, махсусан ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ васеъ истифода карда мешавад.

Қонун бояд ҳамдўшу ҳамнафаси ҳаёти ҳаррўзаи мардум бошад. Дур аз он буда наметавонад. Бо таҳаввулоту такомули ҷомеа қонун тағйир дода мешавад. Чунин таҷриба дар фаъолияти ҳаррўзаи субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ва парламенти кишвар ба мушоҳида мерасад. Зеро мардуми Тоҷикистон ба ҳаёт бо диди нав назар мекунад. Дар роҳи рушду нумўи ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, амну офият ва сулҳу субот умеду орзуҳои нек дорад ва ин нигоҳ хоси мардумони ҷомеаи мутамаддин ва мамолики мутараққӣ мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар таҳия ва қабули қонунҳо пеш аз ҳама нақши мардуми Тоҷикистон, Президенти кишвар, Парламент ва дигар субъектҳои қонунгузор хеле назаррас мебошад. Иштироки васеи мардум дар таҳияи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» далели ин гуфтаҳо шуда метавонад.

Ташаббуси Президенти кишвар бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ҷиҳати таҳия ва қабули қонунҳои муҳиму дархўри манофеи миллату давлат пайваста ба назар мерасад. Гузашта аз ин ҳангоми сўҳбату вохўриҳо бо мардум дар баробари масоили ҳамарўза, дар боби мазмуну моҳияти қонунҳои амалкунанда, аҳамияти риояю иҷрои онҳо ибрози ақида мекунад. Ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо аз таклифу пешниҳодоти мардум ба таври васеъ ва самаранок истифода менамояд. Одамонро ба роҳу равиши нави зиндагӣ, баланд бардоштани тафаккури сиёсӣ, эҳсоси худогоҳӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва азизу муқаддас донистани давлати тоҷикон ва рамзҳои он, ҳифзи истиқлолият ва таъмини якпорчагии кишвар ва рушду нумўи он ҳидоят мекунад, ки моҳияту рисолати қонун низ аз ҳамин иборат аст. Гузашта аз ин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарору барномаҳои ҳукуматӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он дар самти ҳидояти мардум вобаста ба баланд кардани савияи дониши ҳуқуқӣ ва эҳтирому риояи қонун нақшгиру назаррас аст.

Қонун барои инсон ва ҷомеа роҳи мустақим ва роҳбалад, сатҳи олии мантиқ аст. Бояд дар доираи он кору зиндагӣ кард.

Умуман эҷоди қонун ва татбиқи он бисёр серпаҳлў ва гуногун­ҷанба аст. Дар мақолаю рисолаҳои илмии олимони соҳа хусусият ва нозукиҳои он мўшикофона ва ба таври васеъу доманадор дарҷ шудааст.

Бо дарназардошти афкори мутазаккира мақомоти давлатӣ ва сокинони кишварро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолият ва ваҳдати миллиро муқаддас ҳисобида, бо сипосгузорӣ аз зиндагии хубу осоишта дар таъмини риояи қонун пешдаст бошанд ва кору фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоянд. Эҳтироми қонунро ба ҷо оранд ва дар доираи он зиндагӣ карданро пешаи худ созанд, бадин васила ба амну ободии кишвари азиз – Тоҷикистон саҳмгир бошанд, ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешрафту озод таъмин намоянд.

Амалӣ намудани ин ва дигар тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун ба мо имкон медиҳад, ки дар таҳкими ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд марҳила ба марҳила қадамҳои устувор гузорем ва истиқлолияти давлатиро комилан ҳифз намоем.

Истиқлолият ва қонуният бо ҳам тавъаманд ва бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд.

Ашуров М.Қ. – Мудири шўбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон,номзади илмҳои сиёсӣ

МЕХАНИЗМҲОИ МИЛЛИИ
ПЕШГИРИИ ШИКАНҶА

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он муносибати давлатиро куллан ба манфиати шаҳрвандон дигаргун намуд. Мо ба хубӣ дарк намуда истодаем, ки ин сиёсат маъракаи хусусияти якдафъаина надошта, балки он ҷараёни доимӣ ва рў ба рушдниҳода мебошад.

Роҳбарияти олии кишвар ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў аҳамияти аввалиндараҷа дода, кўшиш ба он дорад, ки тамоми воситаҳоро барои беҳбудии ҳолати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истифода намояд.

Ин нуқтаро борҳо Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон дар паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр намудаанд.

Чунончӣ, дар паёми Президенти мамлакат аз 24 апрели соли 2011 омадааст, дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ҷавҳари асосии сиёсати давлатиро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў гувоҳи ин ҳақиқат аст.

Вале амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ бе қонунҳои муосири ҷавобгўи талаботи ҷомеаи демократӣ ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ ғайриимкон аст.

Бо мақсади ноил шудан ба дастовардҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон, давлати мо тамоми санадҳои асосии байналмилалиро дар ин соҳа эътироф намудааст.

Яке аз онҳо, ки мавзўи имрўзаи мо онро дар бар мегирад, Кон­венсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бе­раҳ­мона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф аз 10 декабри соли 1984 мебошад. Ин Конвенсия аз ҷониби Тоҷикистон 21 июли соли 1994 ба имзо расида, 10 феврали соли 1995 он ба тавсиб расидааст.

Баҳри иҷрои ин санади байналмилалӣ, мо дар дохили кишвар базаи ҳуқуқии миллиро фароҳам овардаем ва онро тадриҷан такмил дода истодаем.

Конститутсияи мамлакат, ки санади асосӣ ва сарчашмаи асосии давлат оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор меравад, принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсонро таҷассум намудааст.

Дар моддаи 5 Конститутсия омодааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Тибқи моддаи 18 Конститутсия: «Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад.

Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас ши­канҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мав­риди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст».

Чи тавре аз қисми 3 моддаи 18 Конститутсия бармеояд, мафҳум­ҳои асосии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ба монанди «шиканҷа», «ҷазо» ва «муносибати ғайриинсонӣ» ҳамчун амалҳои манъшуда эътироф шудаанд.

Барои вайрон кардани муқаррароти конститутсионӣ, қонунҳои соҳавӣ ҷазо ва дигар механизмҳои пешгириро пешбинӣ намудаанд.

Ҳангоме, ки мо дар бораи шиканҷа сухан меронем, бояд фаромўш насозем, ки ин кирдор ҷиноят аст ва барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи моддаи 1431 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷа – ин қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва рўҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомўшонаи онҳо ё бо огоҳи доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ў барои ҳаракате, ки содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ў ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст, мебошад.

Тибқи қисми 2 ҳамин модда, агар шиканҷа такроран аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, нисбати зане, ки ҳомиладории ў барои гунаҳкор аён аст, ё шахси баръало ноболиғ ё нисбати маъюб бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад, он ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо муайян карда шудааст.

Ва агар кирдорҳои дар боло номбаршуда бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд, аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд, ҷавобгарӣ тибқи қисми 3 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи номбурдаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2012 қабул шуда, айни ҳол ҷавобгарӣ барои шиканҷа тибқи он сурат мегирад.

Умуман дар дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ҳангоми мавҷуд будани ҳаракатҳои хусусияти шиканҷадошта он ҳатман чун ҳолати вазнинкунадаи ҷиноят дониста шудааст.

Масалан моддаи 104 қисми 2 банди «е» барои куштани одам бо бераҳмии махсус, моддаи 110 қисми 2 банди «д» барои бо бераҳмии махсус қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ моддаи 111 қисми 2 банди «г» барои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, бо бераҳмии махсус, моддаи 130 қисми 2 банди «в» одамрабоӣ бо истифодаи зўроварӣ, моддаи 130 қисми 2 банди «г» барои бо истифодаи зўрӣ хариду фурўши одамон, моддаи 131 қисми 2 банди «в» барои бо истифодаи усули барои ҳаёт ва саломатӣ хафнок ҷавобгарии сахттари ҷиноятиро пешбинӣ намудаанд.

Албатта ҳангоме, ки сухан аз бобати мафҳуми шиканҷае, ки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф пешбинӣ намудааст, меравад, бояд дар хотир дошт, ки ин ҳодиса нисбати шахси зери таъқиби ҷиноидошта ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ба вуқуъ мепайвандад.

Таҷриба гувоҳи он аст, ки шиканҷа нисбати гумонбаршавандагон асосан аз ҷониби шахсони мансабдор баъд аз овардани онҳо ба мақомот сурат мегирад.

Барои пешгирии ҳолатҳои шиканҷа Кодекси мурофиавии ҷи­ноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 апрели соли 2010 амал мекунад, принсипҳои пешгирии шиканҷаро пешбинӣ намудааст.

Дар қисми 2 моддаи 10 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад.

Кафолати дигаре, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шиканҷа муқаррар кардааст, ин бо ҳимоятгар таъмин намудани гумонбар мебошад. Дар қисми 2 моддаи 49 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳимоятгар барои иштирок дар парванда аз лаҳзаи дар ҳаққи шахс баровардани қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ, инчунин аз лаҳзаи воқеан дастгир гардидани гумонбаршуда роҳ дода мешавад.

Тадбири дигари пешгирии шиканҷа тавре дар қисми 3 моддаи 88 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ин беэътибор дониста шудани далелҳое мебошанд, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зўрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд ва ин гуна далелҳо барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд.

Чораи дигаре, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии То­ҷикистон баҳри пешгирии шиканҷа пешбинӣ намудааст, ин тартиби дастгир кардани гумонбаршуда мебошад.

Дар қисмҳои 1-3 моддаи 94 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки:

1. Баъди ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдор дар давоми се соат протокол тартиб медиҳад, ки дар он асос, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ (бо зикри рўз, соату дақиқа), натиҷаҳои кофтукови шахсӣ, инчунин вақти тартиб додани протокол дарҷ мегарданд.

2. Протокол ба дастгиршуда эълон ва ҳамзамон ҳуқуқҳои бо моддаи 46 Кодекси мазкур пешбинишуда, аз ҷумла ҳуқуқи даъват кардани ҳимоятгар ва дар ҳузури ўдодани нишондод фаҳмонида, ин маълумот дар протокол сабт карда мешавад. Протоколро шахси тартибдода ва дастгиршуда имзо мекунанд.

3. Таҳқиқбаранда ё муфаттиш вазифадоранд дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардани гумонбаршуда ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд.

Моддаи 100 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешбинӣ намудааст:

1. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад.

2. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шаҳрванди давлати хориҷиро дастгир кардааст, дар мўҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар бораи дастгиркунӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳ намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар медиҳад.

Дигаргунии куллие, ки баъд аз қабули Кодекси амалкунандаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад, ин ба салоҳияти судҳо вогузор намудани масъалаи додани иҷозат ба ҳабси пешакӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар ҳуқуқи инсон мебошад. Тавре муқараррар шудааст, ин масъла дар суд бо иштироки бевоситаи шахси гумонбар ва ҳимоятгари ў ҳаллу фасл мешавад.

Агар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоро барои пешгирии шиканҷа нисбати гумонбар, айбдор­шаванда ва судшаванда пешбинӣ намуда бошад, пас Кодекси иҷ­рои ҷазои ҷиноятӣ меъёрҳои пешгирии шиканҷаро нисбати маҳкум­шудагон муқаррар намудааст.

Дар қисми 2 моддаи 10 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ омадааст, ки маҳкумшударо азобу шиканҷа додан ё нисбат ба ў муносибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ўро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ўро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ў қарор додан қатъиян манъ аст.

Дар қисми 2 моддаи 16 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ омадааст, ки маҳкумшудагон ба муносибати эҳтиромонаи кормандони муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ҳуқуқ доранд. Онҳо набояд таҳти муносибати бераҳмона ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ қарор гиранд. Чораҳои маҷбурӣ нисбат ба маҳкумшудагон танҳо дар асоси қонун истифода бурда мешаванд.

Ҳуқуқҳои асосии дигаре, ки ба маҳкумшудагон, ки дар ин модда дода шудаанд, ин шикоят ба мақоми болоии иҷрокунандаи ҷазо, суд, прокуратура, дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ҳамчунин маҳкумшудагон бо мукотиба бе маҳдудияти забонӣ, ба ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, кўмаки мукаммали ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳимоятгарон, мулоқот ба аъзои оила, гирифтани хўрокворӣ ва дигар маводи мавриди ниёз, товони зарар ва ғайра ҳуқуқ доранд.

Дар қонунгузории кишвар масъалаи ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор расонида шудааст, низ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 1086 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зараре, ки дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум намудан, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ғайриқонунӣ ба сифати чораи пешгирикунанда истифода бурдани баҳабсгирӣ ё забонхат барои ба ҷое нарафтан, ғайриқонунӣ андешидани ҷазои маъ­мурӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба шаҳрванд расонида шудааст, сарфи назар аз гуноҳи шахси мансабдори мақоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби давлат ба андозаи пурра ҷуброн карда мешавад.

Тавре мебинем, қонунгузории миллӣ механизмҳои заруриро барои пешгирии шиканҷа муайян ва муқаррар кардааст.

Ба андешаи мо, ин механизмҳо восита ва роҳи хуби пешгирии шиканҷаро инъикос кардаанд. Албатта вобаста ба рушди ҷомеа қонунгузорӣ низ ба тағйироту таҷдиди назар ниёз дорад. Аммо мушкилот дар чист? Чӣ бояд кард, ки пешгирии шиканҷа боз ҳам беҳтар гардад? Иллати саросарии ин зуҳурот дар он аст, ки қонунҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқтатбиқкунанда пурра ва бо таври бояду шояд иҷро намегарданд. Ин ҳолат бо ду омил рабт дорад: надонистани талаботи қонун ва дидаю дониста вайрон кардани он. Саранҷом ҳар ду ҳолат ба эътибори мақомоти давлатӣ на танҳо дар дохил, балки дар арсаи байналхалқӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Илоҷи воқеаро мо дар куллан тағйир додани муносибат ба ҳалли масъала ва таҷдиди назар ба афкори умум мебинем. Яъне мо бояд дар ҷомеа фазои солимеро, ки ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намояд, ба вуҷуд орем. Танҳо дар ин маврид мо метавонем ба комёбӣ ноил шавем.

Дар фароварди сухан бояд тазаккур дод, ки давлати мо сиёсати беҳбуд бахшидани ҳолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро пеша кардааст.

Риояи бемайлони Конститутсия, қонуну санадҳои байналхалқӣ, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии кишвар муаррифӣ мешавад.

Итминон дорем, ки ҳар яки мову шумо барои амалӣ намудани ин мароми нек ҳиссагузор хоҳем буд.

Шарипов Т.Ш. д.и.ҳ. ва Сафаров А.И. н.и.ҳ.

ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТЇ (ИФРОТГАРОЇ)
ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ
ТОҶИКИСТОНИ СИҲИБИСТИҚЛОЛ

Воқеан, “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро бо ҳам овард, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тарақиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард”[1]

Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки мустақар гардидани чунин як Созишномаи сарнавиштсоз барои миллати кўҳанбунёди тоҷик ба осонӣ ба даст наомад ва инро ҳодисаҳои мудҳише, ки тавасути ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари миллати мо ба бор овард, гувоҳӣ медиҳанд.

Зимнан, лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи чунин як ҷашни миллӣ саҳми нафароне, ки дар пиёда кардани ин санаи таърихӣ ҷонфидоӣ кардаанд, ба тезӣ ҷойгузини рафҳои таърих нагардонем. Зеро онҳо ҳақиқатан “дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсӣ”[2] онҳоро ташкил медод.

Ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва ба таври райъпурсӣ қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеият ёфтани принсипҳои “тақсимоти ҳокимият, плюрализми сиёсӣ, озодии комил, баробарии воқеӣ, таъсиси парламенти касбӣ” заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқиро дар раванди инкишофи таърихии кишвар муҳаё сохт.

Ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои мадании ақалияти миллӣ, шаклҳои мухталифи намояндагиҳои манфиатҳо, ки воситаи танзими муносибатҳои мутақобилаи ҷомеаи шаҳрванди ва ҷомеаи сиёсианд, ба таври воқеӣ амал менамояд. Ногуфта намонад, ки роҳбарияти сиёсии кишвар давраи таърихии инкишофи ҷаҳони муосир ва мақому ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар он ба хуби дарк намуда, барои таҳкими он чораи зарурӣ меандешад. Чи тавре ки Президенти кишвар дар паёми имсолаи худ иброз менамояд: “Раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрўз тамоюли ҳоким бар равобити байналмилалист, аз ҳамаи мо ҷустуҷўи эҷодгарона ва дарёфти дақиқи василаву воситаҳои татбиқи ин манфиатҳои миллиро тақозо дорад, бинобар “вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумост, ки дар ин замина заҳмат кашем ва беҳтарин роҳу тариқаҳои рушди устувори кишварро дақиқ муайян намоем…”[3]

Аммо ногуфта намонад, ки дар инкишофи Тоҷикистон масъа­лаҳои нав ба нав пайдо мешаванд, ки раванди таҳкими Ваҳдати миллии Тоҷикистон аз ҳалли босуботи онҳо вобаста аст.

Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки дар адабиётҳои илмӣ нисбати таърифи мафҳуми Ваҳдати миллӣ андешаи ягона мавҷуд нест. Баъди омўзиши бархе аз ин таърифҳои баёншуда, мо андешаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулмаҳмад Зокировро қобили қабул донистем. Ў чунин менависад: “Ваҳдати миллӣ – ягонагии фаъолия­­ти умумиятҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз ҷумла умумиятҳои миллию этникӣ дар таркиби давлати ягона, сатҳи баланди худшиносӣ ва пайвасти ногустастании шаҳрвандон бо шакли давлатдорӣ, бо низоми мавҷудаи арзишҳо ва идеалҳо мебошад”[4]. Чӣ хеле ки устод дар давоми андешааш иброз менамояд: “Ваҳдат падидаест, ки бо тамоми раванду ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ робита ва пайвасти ногусастанӣ дошта, ҳамчун қисми ҷудонопазири шуури ҷамъиятӣ ва ғояи меҳварии суботи сиёсӣ амал менамояд. Ваҳдати миллӣ (давлатӣ) равандест, ки ҷанбаи комили сиёсӣ дошта, дар дои­­раи манфиатҳои шахс, давлат ва ҷомеаю табиат ташаккул меёбад. Ба андешаи ў, “асоси Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро умумияти арзишҳо, ки ба аксарияти кулли бошандагони кишвар наздиканд ва ҷомеаро дар умумияти ягона муттаҳид месозад, ташкил менамояд”[5].

Ба андешаи ҳамин муҳаққиқ, Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар айни замон бо як қатор мушкилӣ ва монеаҳо рў ба рў гардидааст, ки онҳоро ў пай дар пай нишон медиҳад. Дар ин номгўй монеаҳои зайл низ қайд гардидаанд, ки онҳоро мо дар маҷмўъ мавзўи тадқиқоти хеш қарор додем: шаклҳои гуногуни зуҳури экстремизми сиёсӣ (экстремизми динӣ, этникӣ минтақавию маҳаллӣ) ва доираи васеи одамонро ба худ кашидани онҳо; ифротгароии ҷавононе, ки зери таъсири идеалогияи мухталифи иртиҷоӣ қарор гирифтаанд; маҳалгароӣ дар сатҳи гуногун, махсусан, ҳангоми интихоби кадрҳо ва раванди идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ; минтақагароӣ ва дар заминаи он ба эътибор нагирифтани аввалият ва афзалиятҳои манфиатҳои умумидавлатӣ[6].

“Экстремизм”- менависад муаллифи луғати тафсирии калимаҳои русӣ-интернатсионалӣ Воҳид Шарифов (аз лот. extremue – қатъӣ, ҳадди охирин) маънои – тарафдори тадбиру чораҳо ва ақидаҳои қатъӣ будан (бештар дар сиёсат)-ро дорад[7].

Такя ба шарҳи луғатии эктремизм ва меъёри конститутсионӣ, ки мувофиқи он ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст (қ.1 ва 3 м.29 Конститутсияи Россия, қ.1 м.30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) муҳаққиқон И.И. Бикеев ва А.Г. Никитин таклиф менамоянд, ки аз қонунгузори ибораи “экстремизм” хориҷ карда шавад[8]. Ба андешаи Р.А. Сабитов ва Т.Р. Сабитов бо чунин пешниҳод розӣ шудан мумкин нест, зеро, якум, дар илм ва ҳуқуқ набояд ба тафсири забонии ин ё он калима такя намуд. Чунки илми ҳуқуқшиносӣ дорои дастгоҳи забонии худ мебошад. Дувум, экстремизм (мисли терроризм) мумкин аст на танҳо чун идеология, ки шакли ифротии ҳалли ин ё он масъалаи ичтимоиро пешбинӣ мекунад, балки тарзу усул ва василаҳои татбиқ ва истифодаи онро низ дар бар гирад[9].

Мувофиқи Қонуни ҶТ аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) – ин фаъолияти итти­ҳодия­ҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилотҳо ё воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ дар хусуси банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин фаъ­олияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти ҶТ, ғасб намудан ва азхуд намудани ваколатҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.

Ба экстремизм, инчунин бетартибиҳои оммавӣ, ҳаракатҳои ав­бошӣ, вандализм, ки аз ангезаи идеологӣ, сиёсӣ, бадбинии нажодӣ, мил­лӣ ё динӣ нисбат ба ягон гурўҳи иҷтимоӣ, маблағгузории фаъ­олияти экстремистӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Экстремизм тамоюл ба зўроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Он барои амалигардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти экстремизм, инчунин даъват барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқи инсон, дискриминатсияи одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст.

Амали экстремистӣ – ин фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амал­ҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:

а) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

г) ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

е)ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст;

ж) паст задани шаъни миллӣ;

з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурўҳи иҷтимоӣ;

и) ташвиқоти ягона бурдан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳр­вандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷти­моӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо;

к) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои амалҳои номбаршуда;

л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кўмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият.

Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» дар ҳудуди Тоҷикистон нашр ва паҳн кардани маводҳои чопӣ, аудио ва аудиовизуалӣ ва дигар маводҳое, ки ақаллан як аломати дар ин модда пешбинишуда дошта бошанд, манъ карда мешавад. Ба ин маводҳо мансубанд:

а) маводҳои расмии манъшудаи ташкилотҳои экстремистӣ;

б) маводҳое, ки муаллифонашон шахсони мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои ҷиноятҳои зидди сулҳ ва инсоният маҳкум шудаанд ва аломатҳои экстремистӣ доранд;

в) дигар маводҳо, аз ҷумла маводҳои беимзо, ки аломатҳои экстремистӣ доранд.

Андешаҳои баёншуда ва меъёрҳои муқараргардидаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» мавриди таҳлил қарор дода, мо чунин натиҷагириро дар хусуси моҳияти экстремизм ба даст овардем.

Аввалан, экстремизм-ин кирдор ё фаъолияти муайян мебошад. Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқ, экстремизмро нашояд чун тарафдор ё пайрави ақида ё фикрҳои канораҷўёнаи сиёсӣ, ки барои амалишавии назария ё ҷаҳонбинии сиёсию динӣ равона шудааст, фаҳмид. Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ чунин андеша ҳоким бар он гардидааст, ки ақидаҳои экстремистӣ, сиёсии реаксионӣ, ки дар ин ё он шакл изҳор гардида, ба дигар шахсон маълум шудааст, вале дар кирдор зоҳир нагардидаанд, набояд чун ҳуқуқвайронкунӣ эътироф намуд[10]. Дар акси ҳол, фаъолияти ҳизби коммунист, дигар ҳизбу ҳаракатҳо ва гурўҳҳои алоҳидаи динӣ ё иҷтимоӣ, ба монанди ақаллиятҳои шаҳватпарасти ҳамҷинсро бояд манъ намоем.

Дувум, экстремизм ин истифодаи шакли ифротӣ, радикалии фаъ­олият мебошад. Мутобиқи муқаррароти Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 “канораҷуйӣ” будани экстремизм маънои истифодаи зўроварии ҷисмонию рўҳиро дорад. Аммо фаъолияти экстремистӣ бе истифодаи зуроварӣ низ содир мешавад. Масалан, истеҳсол ва паҳн намудани маводҳои экстремистӣ, бедор кардани бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё диннӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ.

Сеюм, пайвасткунандаи ҳама гуна шаклҳои амали экстремистӣ, ки дар сархати 2 қисми 1 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” пешбинӣ шудааст, ин асоси идеологии экстремизм мебошад. Моҳияти идеологии экстремизм дар рад намудани ҳама гуна ақидаи мухолиф ба экстремизм, маҷбуран бор намудани назария ва ақидаҳои алоҳидаи экстремистӣ ба дигар шахсон барои дар амал татбиқ намудани онҳо, тавассути тарзу усулҳои ифротӣ ифода меёбад. Вобаста ба ин, А.Г. Хлебушкин дуруст қайд менамояд, ки на хусусияти тарзу услҳои фаъолият, балки ангеза ва мақсад бояд ҳангоми қабули қарор ҷиҳати мавҷуд будан ё набудани амалҳои экстремистӣ дар кидорҳои шахс ба эътибор гирифта шавад[11]. Вобаста ба ин зикр намудан зарур аст, ки ангезаҳои амалҳои экстремистӣ гуногунанд. Масалан, дар қонунгузории ҷиноятӣ ангезаҳои экстремизм чун кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ҳ­­амчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст. Ин ангезаҳо дар навбати худ ба аломати ҳатмии тарафи субъективии ҷиноятҳои экстремистӣ мутааллиқ буда, аз рўи онҳо ҷиноятҳои хусусиятҳои экстремистӣ дош­та муайн карда шудааст.

Мақсади амалҳои экстремистӣ мумкин аст дар халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, ба таври ҷиддӣ дигар кардани самти сиёсати пешгирифтаи давлат, номуътадил сохтани вазъи иҷтимоии ҷомеа, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо ифода меёбад.

Чорум, агар экстремизмро аз нуқтаи назари илми ҳуқуқи ҷиноятӣ таҳлил намоем, яке аз нишонаҳои он ин зиддиҳуқуқӣ будани он ба шумор меравад. Зиддиҳуқуқии амалҳои экстремистӣ маънои аз ҷониби меъёрҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ё дигар соҳаҳои ҳуқуқ манъ намудани ифротгароиро дар назар дорад. Масалан, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои маҷбур кардан ба диндорӣ ё бединӣ, худопарастӣ ё бехудоӣ ва иҷрои маросимҳои динӣ (м. 85), барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ (м. 86), барои тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнўи воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопии манъшуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 374) ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намудааст. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи диспозитсияи м. 3072 кирдорҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 КҶ пешбинишударо ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта эътироф намуда, барои онҳо ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар кардааст.

Ҳаракатҳои экстремистӣ аз ҷониби қонунгузор бо он сабаб зиддиҳуқуқӣ эътироф шудааст, ки он ба муносибатҳои муайяни дар ҷомеа мавҷудбуда таҷовуз менамояд ва дар натиҷаи чунин таҷовуз ба ин муносибатҳо зарар ворид месозад ё ин ки онҳоро таҳти хатари ворид намудани чунин зарар қарор медиҳад.

Мувофиқи назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ, агар дилхоҳ кирдор, аз ҷумла ҳаракатҳои экстремистӣ ба арзиш ва манфиатҳои бо қонунгузорӣ ҳифзшаванда зарар расонад, пас он чун ҷиноят бояд муқаррар карда шавад. Чунки расонидани зарар ба манфиатҳои бо қонуни ҷиноятӣ ҳифзшаванда, яке аз нишонаҳои тавсифкунандаи ба ҷамъият хавфнокии кирдор буда, ин нишона дар навбати худ барои криминализатсияи (ҷиноят донистан) кирдор хизмат мекунад. Дар иртибот бо ин, ҳаминро бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои экстремистӣ ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз рўи ангезаҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ, диннӣ таҷовуз меоваранд.

Панҷум, субъекти фаъолияти экстремистӣ ҳам шахсони ҷисмонӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ шуда метавонанд. Масалан, мутобиқи м. 374 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти барангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, таблиғи бераҳмӣ, зўроварӣ ва фисқу фуҷур, ҳимояи терроризм ва экстремизм ҳам шахсони ҷисмонӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Вобаста ба ин, шахсони ҳуқуқие, ки бояд мавриди татбиқи ҷазои маъмурӣ қарор дода шаванд, мумкин аст иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилотҳоро номбар намуд.

Ҳамин тавр, дар асоси гуфтаҳои боло метавон чунин мафҳуми экстремизмро ифода намуд: экстремизм – ин амали зиддиҷамъиятии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ба таври зиддиҳуқуқӣ тарзу усулҳои зўроварӣ ва дигар ҳаракатҳои ифротиро аз рўи ангезаҳои кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ истифода намуда, мақсадаш халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, ба таври ҷиддӣ дигар кардани самти сиёсати пешгирифтаи давлат, номуътадил гардондани вазъи иҷтимоии ҷомеа, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо ифода меёбад.

Бандаев И.С.- Сардори Шўъбаи робитаҳои

байналмилалии Вазорати тандурустии

Ҷумҳурии Тоҷикистон


[1]

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012.

[2] Дар хамон чо. .

[3] Хамон чо.

[4] Ниг.: Вахдат, 2012, 11-12 июн.

[5] Хамон чо

[6] Хамон чо.

[7] Шарипов В. Луғати тафсирии калимахои русй-интернатсионалй. Душанбе. 1989.

[8] Бикеев И.И., Никитин А.Г. Уголовно-правовой анализ законодательства о противодействии экстремистской деятельности и некоторые вопросы его совершенствования // Следователь. 2007. №4. С.2.

[9] Сабитов Р.А., Сабитов Т.Р. Уголовно-правовые меры противодействия экстремисткой преступности. Челябинск, 2009. С.7.

[10] Кузнецова Н.Ф. Научные основа квалификация преступления. М., 2006. С.265.

[11] Хлебушкин А.Г. Экстремизм: уголовно-правовой и уголовно-политический анализ. Саратов, 2007. С.13.

ВАҲДАТИ МИЛЛЇ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ
СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ КИШВАР

Дар ин давра ба муносибатҳои бозаргонӣ гузаштан хеле душвор буд, зеро харобиҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф кардан лозим меомад. Ноустувории сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, равандҳои демографӣ дар давраи гузариш ба системаи тандурустӣ низ таъсири манфии худро расонд. Аксари нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ ҳамчун давлати дорои мақоми пасти саломатӣ тавсиф карда мешуд. Дар як вақт афзоиши бемориҳои сирояткунанда боиси хатари ҷиддӣ мегардид.

Ислоҳоти соҳаи тандурустиро дар Тоҷикистон шартан метавон ба чор марҳила ҷудо намуд. Марҳилаи аввал то соли 1997-ро дар бар мегирад. Ин марҳиларо яке аз марҳилаҳои мушкилтарин метавон арздошт намуд, зеро ки он ба солҳои ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ рост меомад. Дар ин давра Вазорати тандурустӣ фаъолияти худро пеш аз ҳама ба кам кардани миқдори катҳо, аммо ин ҳолат боиси боз ҳам идома ёфтани вазъи номуътадили соҳа ва сатҳи пасти нишондиҳандаҳои саломатӣ гардид ва Тоҷикистон аз дастгирии доманадори ҷомеаи ҷаҳонӣ бархўрдор гардид. Кўмакҳои фаврӣ бо доруворӣ, ваксина, воситаҳои банду басти дар он вақт гирифташуда дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ нақши муҳим доштанд. Аммо лозим ба ёдоварист, ки ин кўмакҳо дорои хусусияти фавқулодда доштанд ва ба талаботи вобаста ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он нигаронида шуда буданд. Барои рафъи камбудиҳои мавҷудаи система эҳтиёҷот ба тағйироти нисбатан амиқи сохторӣ ва механизми нисбатан эътимодноки хизматрасонии тиббӣ пайдо гардид. Кишвар дар ин давра имконият надошт тамоми имконоти мавҷударо ба мақсадҳои ислоҳоти иқтисодӣ равона созад ва ин танҳо 27 июни соли 1997 пас аз ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муяссар гардид.

Марҳилаи дуюми ислоҳоти соҳа солҳои 1997 – 1999-ро дар бар мегирад. Дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар шароити нисбатан ором, гарчанде вазъи соҳа ва нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ, чун солҳои пешин номусоид ва паст буд. Дар ин марҳила Вазорати тандурустӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии муайянкунандаи рушди минбаъдаи соҳа ва меъёриву ҳуқуқии он ба давраи иқтисоди бозоргонӣ мутобиқ кўшишҳои зиёдеро ба харҷ дод. Аввалин бор дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005, Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ (давраи якум 1997 – 2001) ва ғайраҳо таҳия ва қабул карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки ин давраи ислоҳот барои бартараф намудани бўҳрони соҳаи тандурустӣ равона карда шуда буд. Дар ин давра дигаргунсозии маблағгузории соҳаи тандурустӣ, мустаҳкам намудани идоракунӣ, такмили сохт ва шабакаи муассисаҳои тандурустӣ, сиёсати доруворӣ, сиёсати кадрӣ, хусусигардонии дорухонаҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо масъалаҳои мубрами рўз буданд.

Марҳилаи сеюм дигарунсозиҳои соҳа солҳои 1999-2006 дар бар гирифта, дар ин марҳила ислоҳот ба дараҷаи муайян мавқеи худро ёфт. Дар соли 1999 аввалин лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз гардиданд. Дар ин давра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ таҳлили ҳаматарафаи ҳолати мавҷудаи муассисаҳои тиббӣ дар саросари кишвар гузаронида шуда, дар асоси он бо дастгирии техникии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ таҳия карда шуд. Консепсияи мазкур самтҳои гуногун ва масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустиро дар бар гирифта, яке аз равандҳои асосии афзалиятноки он, кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) мебошад.

Бо назардошти нокифоя будани маблағҳои буҷети давлатии ба соҳаи тандурустӣ ҷудо шуда, зарурати ҷалби маблағҳо аз ҳисоби институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалии кўмакрасон ба миён омад. Лоиҳаи намунавии «Ислоҳоти кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ», ки соли 1999 аз ҳисоби Бонки Умумиҷаҳонӣ буд, дар ҳаҷми маблағи умумии 6,24 млн. доллари амрикоӣ дар ду ноҳияи таҷрибавии Варзоб ва Данғара амалӣ гардид.

Лоиҳаи номбурда аввалин лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаи тандурустии кишвар буд ва он ба дастраси ҳамагон будани кўмаки аввалияи тиббию санитарии аз ҷиҳати иқтисоди самаранок, ки ба ворид намудани тибби оилавӣ ва маблағгузории сарикасии хизмат­расонии тиббӣ равона карда шуда буд.

Дар 26 муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои таъмирию сохтмонӣ, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизотҳои тиббӣ, нақлиёти санитарӣ, алоқаи радио, татбиқи Барномаи кафолати давлатии таъмини кўмаки ройгони тиббию санитарӣ, Тартиби хизмат­расонии тиббии пулакӣ дар муассисаҳои системаи тандурустӣ ба амал бароварда шуданд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи таҷдиди сектори иҷтимоӣ-и Бонки Осиёии Рушд, ки солҳои 1999-2004 дар кишвар амалӣ гардид, дар 190 муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 16 Беморхонаи марказии ноҳиявӣ, 4 Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоятҳои Хатлон ва Суғд корҳои сохтмонию барқарорсозӣ ба анҷом расонида шуда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизотҳои тиббии зарурӣ таъмин карда шуданд.

Аз соли 2004 оғоз карда, дар доираи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз ҳисоби қарзи Бонки Рушди Осиё ба маблағи 9,375 млн. доллари ИМА корҳои сохтмонию барқарорсозӣ дар зиёда аз 60 муассисаҳои тиббию фармасевтии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва сатҳи миллӣ ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин марҳила, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳо аз қабили: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе на­мудҳои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015, Нақшаи стратегӣ оид ба саломатии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014 ва ғайраҳо таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Бори аввал соли 2003 Шўрои миллии тандурустӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Марҳилаи чоруми ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ аз соли 2006 оғоз гардида, то имрўз идома дорад. Вазифаи асосии ин марҳила дигаргун намудани сохти идоракунӣ ва маблағгузории соҳа, рушди тибби оилавӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва ғайраҳо мебошад. Аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тибби оилавӣ» ва Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010, Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011, таъсиси шўъба ва бахшҳои тандурустӣ дар сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Нақшаи таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 тасдиқ шудаанд.

Ба инкишофи соҳа афзоиши суръати иқтисодӣ, таваҷҷўҳи ҳама­ҷонибаи роҳбарияти кишвар нисбат ба вазифаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши ҷомеаи байналмилалии донорҳо дар ҳифзи саломатии аҳолии кишвар шароити мусоид фароҳам овард.

Дар ин давра дар натиҷаи азму талошҳои зиёд сатҳи фавти модарону кўдакон рў ба таназзул ниҳод. Теъдоди шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои сироятии тавассути эмкунӣ идорашаванда кам гардид. Протоколҳои клиникии замонавӣ ва дигар стандартҳои кўмаки тиббӣ таҳия ва татбиқ гардиданд. Беш аз нисфи таваллудхонаҳо вобаста ба «муносибати хайрхоҳона нисбат ба кўдакон» сертификатсия карда шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ аз соли ба тасвиб расонидани Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз 14 маротиба зиёд гардид, ки ин ба татбиқи Консепсияи мазкур мусоидат намуд.

Дар ин давра бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва инвес­титсионӣ дар маҷмўъ зиёда аз 730 муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар соҳаи тандурустии кишвар намояндагии 16 институти байналмилалии молиявӣ зиёда аз 31 лои­ҳаи инвеститсиониро амалӣ намуда истодаанд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди бахши хусусӣ имрўз дар кишвар ҳамаи имкониятҳо барои дар қатори муассисаҳои давлатии тандурустӣ фаъолияти пурсамари муассисаҳои хусусии тиббӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ҷумҳурӣ фаъолияти хусусии тиббӣ аз соли 1997 шурўъ ёфтааст ва ҳоло дар ин самт бештар аз 350 муассиса ва соҳибкорони инфиродӣ фаъолият дошта, муроҷиати ниёзмандон ба онҳо мунтазам афзуда истодааст.

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ нуқтаи пасттарини вазъи ногувори даҳсолаҳои охирро рафъ намуда, ба рушди устувор тамоил дорад. Муттасил баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар се соли охир давлат барои барқарорсозии суботи моддӣ, инчунин тақвияти мақоми касбӣ ва ҷамъиятии онҳо талош меварзад.

Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фа­роҳам овардани хизматрасониҳои иҷтимоии муассир ва самарабахш ба аҳолии камбизоат, хароҷоти оқилона ба бахши иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини дастрасии одилона ба хизматрасониҳои тандурустӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид Ҳадафҳои рушди ҳазорсола то соли 2015 қабул гардид, ки тибқи он вазифаҳои соҳаи тандурустӣ то 2/3 паст кардани сатҳи фавт байни кўдакони то 5-сола, то 3/4 паст кардани сатҳи фавти модарон, боз доштани сатҳи паҳншавии ВНМО, вараҷа, сил ва дигар бемориҳо, давом додани раванди коҳиш додани миқёси фарогирии онҳо мебошад.

Чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ, ташкили муколамаи ҷамъиятӣ байни ҳамаи табақаҳои ҷомеа, ҷалби ҳамкорон оиди рушд ба масъалаҳои зисти кўдакон, таъмини модаршавии бехавф, солимии репродуктивӣ, танзими оила, назорати антенаталӣ, беҳбуди дастрасӣ ва сифати кўмаки бетаъхири акушерӣ дар ҳалли проблемаҳои беҳбуди ҳифзи саломатии модару кўдак инчунин, мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД, сил, вараҷа ва дигар бемориҳои сироятӣ бе таъсир намонда, боиси гузоштани қадамҳои устувор барои наздик шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола гардидаанд.

Стратегияи миллии солимӣ барои даҳ соли минбаъда комилан ба дастовардҳои давраи гузашта такя намуда, ба ҳалли самарабахши проблемаҳои мубрам нигаронида шудааст. Мақсади асосии Стратегия аз таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист иборат мебошад. Татбиқи бомуваффақияти Стратегия аз муносибатҳои маҷмўии идоракунии захираҳою системаҳо ва натиҷаи идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ вобаста мебошад. Маҳз пешбинии натиҷаҳо, асоси андешаҳои стратегӣ ва заминаи асосии стратегияи миллии солимии аҳолиро ташкил медиҳад, ки ба он тавассути таҷдиди системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ, бо истифодаи нисбатан судманди захираҳо ва тақвияти таъминоти захиравӣ ноил шудан мумкин аст.

Машрабова С.М.- сармутахассиси Шўъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванди Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар ҶумҳурииТоҷикистон

Ваҳдати миллӣ асоси пешрафти
ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Агар дар тамоми кишварҳои ҷаҳон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил дода, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардида бошад, Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоту рушди миллат ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин бузургтарин дастовард баҳри барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҷанги шаҳрвандии тоҷикон бо имзои ин Созишномаи муқаддас хотима ёфт, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ собиқа надорад.

Кишвари мо баъди ҳазор соли бедавлатӣ аз нав соҳибдавлат шуда, истиқлолият ба даст овард. Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконият фароҳам овард, ки мо ваҳдати миллиамонро ба даст орем.

Маҳз бо шарофати заҳматҳои Сарвари давлат ин санади муҳим ва бузургтарин рўйдоди таърихии тақдирсоз ба имзо расида, бунёди ҷомеаи навини тоҷикон оғоз шуд, харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ обод карда шуданд, қисмати зиёди гурезагон ва муҳоҷирон ба ватан баргардонида шуданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё карда шуд, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд, заминаҳои устувори ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам оварда шуд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бо Эъломияи истиқлолияти давлатӣ дар як сатҳ эътироф намуда, таъкид намуданд, ки: «агар Эъломия дар Тоҷи­кистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард».

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ, ки дар соли таҷлили ду санаи бузургу тақдирсози давлати Тоҷикистон 20 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва 15-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ пешниҳод гардид, иброз намуд, ки: «… Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад».

Ў ҳамчунин таъкид намуд, ки «Қонун бояд, пеш аз ҳама, ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў равона карда шавад, мавқеи шахс­ро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намуда, фазои муътадили соҳибкорӣ ва фаъ­олияти муназзами мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо замина гузорад».

Маҳз ба шарофати истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар аъзои Созмони Миллали Муттаҳид гардид ва дар арсаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шуд.

Ин пайванд буд, ки номи тоҷик ба забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои чаҳон садо дод, ливои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё парафшонӣ кард.

Ба шарофати ин пайванд, имрўз ҳамкориҳои судманд бо соз­монҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили: Созмони Миллали Мут­таҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, Созмони ҳамкориҳои Шанхай Тоҷикистонро ба ҳайси давлати демократию ҳуқуқбунёд ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷода як қатор санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба монанди: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Пай­монҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак ва амсоли инҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, мавриди амал қарор дода шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баамалбарорӣ ва иҷрои ўҳдадо­риҳои байналмилалии ба зиммадоштааш ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ба таври даврӣ ҳисобот пешниҳод менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб доир ба 7 санади байналмилалии ба тасвибрасида дар соҳаи ҳуқуқи инсон Маърўзаҳои миллӣ пешниҳод намуд.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки даври аввали иҷрои ўҳдадориҳо бо пешниҳоди ҳисобот доир ба Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёниоилаи онҳо моҳи апрели соли ҷорӣ хотима ёфт.

Ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои бай­нал­милалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қонунҳои амалкунандаи ҷум­ҳурӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуданд. Як зумра қо­нунҳо, аз қабили: Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Кодекси расмиёти маъмурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷум­ҳурии То­ҷикистон: «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва итти­ҳо­дия­ҳои динӣ», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳ­паймоиҳои осоишта» ва амсоли инҳо таҳия ва қабул гардиданд.

Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон доир ба Маърўзаҳои миллии пешниҳодгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» (ҳуқуқ ба ҳимоя), ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои пешгирии зўроварӣ дар оила» ва ғ. таҳия гардида, ба парлумон пешниҳод карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин раванд бо дарназардошти аҳамият, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 қабул гардид (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011), ки он вобаста ба беҳтар кардани фаъолияти низоми адолати судӣ аҳамияти муҳим дорад.

Инчунин барои баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Истиқлолияти Тоҷикистон саҳифае наверо дар пешрафти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кушод. Дар ин раванд чандин институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба монанди Суди конститутсионӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки мақсади асосиашон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Амалӣ гардидани ин омилҳо аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вобаста мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 2007 ҷиҳати таъсис додани институти миллии ҳуқуқи инсон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки: «Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст….»

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кафолати иловагии ҳуқуқу озодиҳои инсонро пурра намуда, дар фаъолияти худ доир ба барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайронгаштаи инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, дар кишвари мо ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аз ҷониби якчанд мақомоти давлатӣ, аз қабили: суд, прокуратура, милитсия, ҳокимияти маҳаллӣ ва ғ. ба амал бароварда мешавад.

Низоми нави давлатдорӣ, ки дар натиҷаи Ваҳдати миллӣ, исло­ҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузории чумҳурӣ тарҳрезӣ гардид, барои озодии инсон ва ҷомеа заминаҳои воқеӣ муҳайё намуд. Ҳамзамон ба озодии андеша, виҷдон, ақида ва раъйю ирода, ҳам­чунин озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ барои ҳар як шаҳрванд фароҳам оварда шуд.

Дар асоси ризоияти миллӣ дар қаламрави кишвар бо риояи принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд айни ҳол фаъолияти озодонаи 8 ҳизби сиёсӣ, зиёда аз 3 ҳазор ташкилотҳои ғайридавлатӣ, зиёда аз 446 рўзномаю маҷаллаи давлатию хусусӣ, 10 оҷонсии иттилоотӣ ва 54 муассисаи телевизиониву радиоӣ ба роҳ монда шуда, ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои инфиродии шаҳрвандон ва гуногунандешии сиёсӣ кафолат дода шудааст.

Қобил ба зикр аст, ки дар ин раванд дар ҷумҳурӣ як қатор соз­монҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки ин далели сиёсати пешгирифтаи давлат ҷиҳати мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва омили рушди ҷомеа мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҳаминро қайд карданиям, қи ҳамаи ин дастовардҳо шаҳодати пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурӣ мебошад.

Имрўзҳо кишвари мо ва мардуми Тоҷикистон 15 солагии ин рўйдоди тақдирсоз, ин санаи фархундаву сарнавиштсозро бо шукр­гузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ ва сулҳу суботи пойдор таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо бо ин ҷашни муқаддас самимона табрик гуфта, бароятон оромиву осудагӣ ва рўзгори некро орзу менамоям.

Бигузор дар кишвари мо Ваҳдати миллӣ пойдор ва сулҳу субот абадӣ ҳукмрон бошад.

ҚАРОРҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 15 майи соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя – котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судй Ботирова Г.,

тарафҳо:

Бобоев Ҷурабой тавассути адвокатҳои ваколатдори ў – Романов С. Т. ва Шарипов А. П. – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;

Гиёев С.Н. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул, ҷонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

1) Орипов Н.М. – муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон;

2) Қодиров А.С.- муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

3) Гулматшоев Р.К. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Исоқов А. Н. – муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) Азаматов В. А. – муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) Бандишоев М. Р. – муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) Каримов М. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8) Тавуров А.Ғ. – муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9) Баротов М.Х. – сардори шўъбаи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;

10) Бадриддинова Р.Ҳ. – мудири шўъбаи дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ. «Дар бораи муайян намудани муто­биқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ К.Каримов, баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Бобоев Ҷурабой бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки 19 феврали соли 2010 писари ў -Бобоев И.Ҷ. дар ҳудуди шаҳри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РМЗҶМ ВКД ҶТ) дар вилояти Суғд дастгир карда шуда, ба шаҳри Хуҷанд оварда шуд. Дар вақти пурсиш, бинобар аз тарафи кормандони мақомоти зикршуда содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ писараш аз ҷароҳатҳои гирифтаи ҷисмонӣ вафот намудааст.

Оид ба ҳодисаи содиршуда 25 марти соли 2010 аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба кормандони Раёсати мазкур Акбаров М.Г. ва Шокиров Ф.Ф. бо қисми 1 моддаи 104, қисми 3 моддаҳои 316, 247 ва 250-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ў намояндаи ҷабрдидаи фавтида эътироф гардидааст.

Баъд аз гузаронидани як қатор амалҳои тафтишӣ, 25 июни соли 2010 тафтиши пешакӣ оид ба парвандаи мазкур боздошта шуд.

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки ў ҳамчун намояндаи фав­тида аз амалҳои тафтишии гузаронидашуда, маҷмўи далелҳои ҷамъ­овардашуда ва қабули қарор дар бораи боздоштани тафтиши пешакӣ ягон иттилоот надорад. Дархостҳояш дар хусуси пешниҳод намудани маводи парвандаи ҷиноятӣ барои шиносшавӣ аз тарафи мақомоти тафтиш бо назардошти муқаррароти сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў ҳуқуқ доранд:

– пас аз анҷоми тафтиш бо ҳамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рўйнавис кунанд», рад карда шуданд.

Баъдан, ў барои ҳимояи манфиатҳои қонунияш адвокатҳои вако-латдор – Шарипов А. П. ва Романов С.Т.-ро ҷалб намудааст, ки онҳо 7 октябри соли 2011 бо пешниҳод намудани ордерҳо ба кор ворид гардида, бо аризаи шикоятӣ дар хусуси пешниҳод намудани маводҳои парвандаи ҷиноятӣ барои шиносоӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.

Тибқи мактуби ҷавобии Прокуратураи вилояти Суғд аз 10 декабри соли 2011 таҳти № 18/156-11, номбурда ҳуқуқи пурра бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ шинос шуданро баъд аз ба итмом расидани тафтиш пайдо мекунад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда ва адвокатҳои ваколатдор, сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷабрдидагон, аз ҷумла ба ў ҳамчун намояндаи ҷабрдида имконият намедиҳад, ки аз оғози тафтиши пешакӣ то ба анҷом расидани он бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шуда, ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва кафолати ҳифзи судӣ амалӣ намояд.

Бо ин назардошт, номбурда ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикр­гардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки танзими ҳамаҷониба ва фарогири пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дар ин замина дуруст муайян намудани ҳолати ҳуқуқии иштирокчиёни он, аз ҷумла ҷабрдида, ки ба ў аз ҷинояти содиршуда зарари ҷисмонӣ, моддӣ ва маънавӣ расонида шуда, ҳуқуқу манфиатҳояш зери таҳдиди бевоситаи суиқасд ба ҷиноят қарор мегирад, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти меъёр эҷодкунии давлат ба шумор меравад.

Чунин амали давлат муҳимтарин кафолати таъмини ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиаи судӣ арзёбӣ гардида, он ба муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба адолати судӣ, алалхусус ба Эъломияи принсипҳои асосии адолати судӣ барои ҷабр­дидаҳо аз ҷиноятҳо ва суистифода аз ҳокимият, ки 29 ноябри со­ли 1985 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст, асос ёфтааст.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба ҳар кас додани кафолати ҳифзи судӣ ва танзими умумии масъалаҳои ҷиноят ва ҷазо, ба ҳолати ҳуқуқии ҷабрдидагони ҷиноят низ бетафовут набуда, пешбинӣ менамояд, ки ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз менамояд ва давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ў кафолат медиҳад.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 ап- рели соли 2010 мавриди амал қарор дорад, бо мазмуну мундариҷаи худ низ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршударо пурра инъикос менамояд.

Тибқи Кодекси мазкур вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ аз муқаррар намудани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар тафтишот ва суд, инчунин риоя намудани меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ иборат буда, барои ҳамаҷониба, пурра, холисона ва беғаразона муайян намудани ҳолатҳои кор ва ба амал баровардани адолати судӣ равона карда шудааст.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки тартиби пешбининамудаи сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки мутобиқати он ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсия мавриди баҳси муроҷиаткунанда қарор дода шудааст,бо назардошти хусусияти мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад ҳамчун ҳолати маҳдудкунандаи ҳуқуқи ҷабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ў арзёбӣ гардад. Зеро қонунгузор вобаста ба мавзўи мурофиаи ҷиноятӣ, яъне баррасии ҷиноят ва ошкор кардани он, инчунин таъмин намудани адолати судӣ, ки қисмати муҳими адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ба шумор меравад, тартибе муқаррар кардааст, ки он бояд барои пурра, объективона ва холисона муайян намудани ҳолатҳои кор, айбдоркунии шахси ба ҷавобгарӣ кашидашуда ва барқарор намудани зарари ба ҷабрдида расонидашуда мусоидат карда тавонад.

Тартиби мазкур инъикоси манфиат, ҳуқуқу ўҳдадориҳои тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷабрдида буда, амалӣ намудани онро бе таъмини махфияти тафтиш тасаввур кардан мумкин нест.

Дар давоми тафтиши пешакӣ шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ бо маводи тафтиш-ин амалан вайрон ва фалаҷ гардидани раванд ва тартиби ҷамъоварии далелҳо, исботкунии гуноҳ ва ҷинояти содиргардида мебошад. Дар ин ҳолат тафтиши пешакӣ ҳамчун зинаи муҳими мурофиаи ҷиноятӣ аз амалӣ намудани вазифаҳо ва мақсади пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ маҳрум гардида, аҳамияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии худро аз даст медиҳад.

Ба ғайр аз ин, таъмини муқаррароти пешбининамудаи Консти- тутсия дар хусуси кафолати ҳифзи судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдида, ҳамчунин амалӣ намудани талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки тибқи он мурофиаи ҷиноятӣ инсон ва шаҳрвандро аз айбдоркунӣ ва маҳкумкунии беасос, ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ў ҳимоя мекунад ва дар ҳолати гунаҳгор донистан ё маҳрум намудани шахси бегуноҳ ўро бетаъхир сафед менамояд, имконнопазир мегардад.

Тартиби пешбининамудаи сархати 8 моддаи зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, инчунин ба муқаррароти моддаи 25 Конститутсия, ки бо он алоқамандии мантиқӣ ва мавзўӣ дорад, низ мухолиф нест.

Моддаи зикршуда пешбинӣ менамояд, ки «мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ў дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст».

Конститутсия ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ў дахл доранд, кафолат дода, ҳамзамон нисбати ин ҳуқуқи шаҳрвандон ҳолатҳои истисноӣ низ пешбинӣ менамояд, ки муайян намудани ҳолатҳои мазкурро ба қонун ҳавола кардааст. Марҳилаи тафтиши пешакӣ низ аз ин ҳолати истиноӣ берун буда наметавонад.

Бояд зикр кард, ки қонунгузор дар моддаи 177 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ фош кардани маълумоти тафтиши пешакиро нораво эълон намуда, муфаттишро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати таъмини махфият ва фош накардани маълумоти тафтиши пешакӣ чораҳои дахлдорандешад.

Чунончӣ, аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз ҷабрдида гирифтани забонхатро дар бораи фош накардани маълумоти тафтиши пешакӣ, инчунин ба ҷавобгарии ҷиноятии муқаррарнамудаи моддаи 361 Кодекси ҷиноятӣ кашидани шахсони вайронкунандаи забонхатро пешбинӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, бо маводи тафтишот пас аз анҷоми тафтиш шинос шудани ҷабрдида – ин манъ ва маҳдуд намудани ҳуқуқи ҷабрдида ба шиносшавӣ бо маводи тафтишот набуда, таъмини баробарҳуқуқии ҷабрдида бо дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Он минбаъд асос ва заминаи кафолати ҳифзи судӣ ба шумор меравад, ки тавассути мурофиаи ошкорои судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо сурат мегирад.

Аз ҷониби дигар, пас аз анҷоми тафтиш шинос шудани ҷабрдида бо тамоми маводи тафтишот, аз он рўйнавис кардани маълумоти зарурӣ, пешниҳод намудани дархост дар бораи пурра намудани тафтиш, ҳатмӣ будани арзи дархости ҷабрдида ва баррасии он,ҳақ надоштани муфаттиш ба рад намудани дархости ҷабрдида дар бораи муайян намудани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамиятнок мебошанд, огаҳ намудани ҷабрдида барои шинос шудан бо маводи тафтиши иловагӣ ва бо натиҷаи тафтиши иловагӣ шинос намудани ҷабрдида – маҷмўи кафолатҳои пешбининамудаи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ мебошад, ки онҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии ҷабрдида равона карда шудаанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ бо назардошти ҳолатҳои дар боло зикршуда, сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятиро ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ меҳисобад.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶумҳурииТоҷикистонро, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад» таъмин намуда, ҷиҳати ошкор кардани ҷинояти зикршуда ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон чораҳои дахлдори пешбининамудаи қонунгузориро андешанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46, 47, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор кард:

1. Сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сар­қо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад» таъмин намуда, ҷиҳати ошкор кардани ҷинояти зикршуда ва ба ҷавобгарии ҷи­ноятӣ кашидани гунаҳгорон чораҳои дахлдори пешбининамудаи қо­нунгузориро андешанд.

3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

ТАЪИНОТҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТА Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декаб­ри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе «3» майи соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди консти- тутсионӣ Гулзорова М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Раҷабов Ҷурақўл бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў 11 майи соли 1993 бо фармони № 803 ҳ/ш Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо собиқаи хизматии беш аз 20 солу 8 моҳу 25 рўз, ки бо ҳисоби имтиёзӣ 26 солу 7 моҳу 19 рўзро ташкил медиҳад, бо ҳуқуқи гирифтани нафақа барои собиқаи хизмат бо хоҳиши худаш аз ВКД ҶТ аз кор рафтааст.

19 апрели соли 1993 ў ба кор ба мақомоти прокуратура гузашта, дар он ҷо то 8 декабри соли 1996 фаъолият намудааст. 10 ноябри соли 1996 бошад барои идомаи минбаъдаи хизмат аз мақомоти прокуратура ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, дар он ҷо то 25 декабри соли 2002 фаъолияти меҳнатиашро идома додааст.

Ҳамин тариқ, номбурда баъди аз ВКД ҶТ бо ҳуқуқи гирифтани нафақа барои собиқаи хизмат бо хоҳиши худ аз кор рафтанаш, боз 9 соли дигар дар ду мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор ва фаъолият намуда, барои ҳисоб кардани нафақааш ба ВКД ҶТ муроҷиат намудааст.

Раёсати молия ва иқтисоди ВКД ҶТ парвандаи нафақавии ўро аз мақомати гумрук талаб карда гирифта, ба ў барои собиқаи хизматии беш аз 20 солу 8 моҳу 25 рўзааш дар ВКД ҶТ нафақа барои собиқаи хизмат таъин намуда, 9 соли фаъолияти минбаъдаи ўро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба инобат нагирифт.

Дар хусуси ба инобат гирифтани собиқаи хизматии 9 солаи худ дар мақомоти зикршуда, ў якчанд маротиба ба шўъбаи нафақаи Раёсати молия ва иқтисоди ВКД ҶТ муроҷиат намуд. Сохтори зикр­шуда мактуби Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1997-ро ба инобат гирифта, бо дастрасии қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизмачиёни ҳарбӣ», ки тибқи он:

«Дар мавриди такроран ба хизмати ҳарбӣ ё ба мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, полиси андоз, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судя, мақомоти прокуратура ба хизмат таъин шудани шахсони дар ҳамин модда зикршуда, ки нафақа мегиранд, ҳангоми минбаъд аз хизмат ҷавоб додани онҳо пардохти нафақа ба онҳо дар асоси собиқаи хизмат ва собиқаи кориашон дар рўзи охирини аз хизмат ҷавоб шуданашон аз нав барқарор карда мешавад», муроҷиатҳои ўро рад намудааст.

Муроҷиаткунанда чунин мешуморад, ки амалҳои Раёсати молия ва иқтисоди ВКД ҶТ, ки моддаи 14 Қонуни зикршударо дастрас карда, собиқаи 9 солаи ўро дар мақомоти прокуратура ва гумрук ба эътибор намегирад, ғайриконститутсионӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии ўро ба ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ва кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, пешбининамудаи моддаҳои 35 ва 39 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол намудааст.

Бинобар ин, ў имконият надорад, ки ҳуқуқҳои зикршудаи консти- тутсионии худро барои фаъолияти меҳнатии 9 солааш дар мақомоти хифзи ҳуқуқ тавасути нафақа амалӣ намояд.

Барои ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намуда бошад ҳам, аммо Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳалнома аз 12 сентябри соли 2001 ва баъдан Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди шаҳри Душанбе бо қарори худ аз 17 ноябри соли 2011 аризаҳои ўро беқаноат монондаанд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, Раҷабов Ҷ. ба Суди консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз он хоҳиш намудааст, ки оид ба пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар талаби дар ариза-дархост гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ асос гардад.

Мазмуну мўҳтавои аризаи (дархости) муроҷиаткунанда дар хусуси оид ба як масъала ба ҳам мувофиқ набудани ҷавобҳои кумитаҳои гуногуни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тафсири нодурусти қисми 2 моддаи 14 Қонуни зикршуда, аз тарафи ВКД ҶТ ва судҳо ба инобат гирифта нашудани мактубҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хулосаҳои дигар мақомоти ваколатдор, татбиқи нодурусти меъ­ёри зикршудаи қонун аз тарафи судҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест.

Баъдан, Суди конститутсионӣ на ҳаллу фасли масъалаҳои зикр- шуда ва баҳодиҳӣ ба татбиқи дуруст ё нодурусти қонун ва санадҳои меъёрии ҳукуқиро аз тарафи субъектони ваколатдори ҳуқуқ, балки муайян намудани мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия баррасӣ менамояд, агар боиси поймол ё маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд маҳз меъёрҳои мушаххаси қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гардида бошад.

Муроҷиаткунанда дар аризаи (дархости) худ муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия ба миён гузошта, барои исботи андешаҳои худ далел ё асосноккуниеро пеш наовардааст. Ҳамчунин матни аризаи (дархост) саросар аз масъала ва мавзўҳое иборат аст, ки баррасии онҳо мувофиқан ба салоҳияти мақомоти дар боло зикршудаи давлатӣ тааллуқ дорад.

Бо ин назардошт, аризаи (дархости) Раҷабов Ҷ. аз ҷиҳати шак­лу мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои пешниҳоди дархостҳои субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст, мувофиқат намекунад.

Ҳамзамон, Раҷабов Ҷ. метавонад, ҷиҳати тафсири расмӣ оид ба татбиқи дурусти қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» бори дигар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо назардошти тафсири додашуда, қазияи худро ҳаллу фасл намояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост пешниҳодшуда ва аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев Умедҷон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ»

шаҳри Душанбе «3» майи соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев Умедҷон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Мирзоев Умедҷон бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 29 ноябри соли 2011 ў бо ҳамроҳии Муртазоев Искандархон ва Қаҳҳоров Бахтовар дар содир намудани дуздии як адад телефони мобилии шаҳрванд Қурбоналиева З. Э. гумонбар дониста шуда, аз ҷониби кормандони Шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир гардида, нисбаташон бо бандҳои «б, в» қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

2 декабри соли 2011 муфаттиш нисбати ў бо дархост дар хусуси гирифтани иҷозат оид ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ба суд муроҷиат карда, дархосташро бо қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«…Нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан танҳо мутобиқи вазнинии ҷиноят татбиқ карда шуданаш мумкин аст…» асоснок намудааст. Яъне, гўё ў ҷинояти қасдона содир намуда, дар сурати дар озодӣ монданаш ба рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии парванда дар суд халал мерасонда бошад.

Бо ин амал муфаттиш бар хилофи талаботи қисми 2 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«…Дар қарор дар бораи пешниҳод кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан асос ва сабабҳое, ки аз рўи он зарурати ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ба миён омадааст ва интихоби дигар чораи пешгирӣ ғайриимкон аст, дарҷ карда мешавад. Ба қарор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдиқ менамояд, ҳамроҳ карда мешавад…», барои ба ҳабс гирифтани ў иҷозат гирифтааст.

Номбурда чунин мешуморад, ки аз тарафи суд додани иҷозат барои ба ҳабс гирифтани ў бо асоси вазнинии ҷиноят ба муқаррароти моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад» мухолиф мебошад.

Ҳамчунин муроҷиаткунанда ваҷҳҳои худро ба моддаи 11 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, ки тибқи он:

«Ҳар як инсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста мешавад, ҳақ дорад то замоне бегуноҳ дониста шавад, ки гуноҳаш дар мурофиаи ошкорои судие, ки дар он барои ҳимояи ў тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, бо тартиби қонунӣ исбот нагардидааст»;

қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, ки тибқи он:

«Ҳар як шахси бо гуноҳи ҷинояткорӣ ҳабсшуда ё боздоштгардида ба таври таъҷилӣ ба назди судя ё дигар шахси мансабдоре, ки мувофиқи қонун ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимияти судӣ ба ў тааллуқ дорад ва барои дар мўҳлати қобили қабул анҷом додани бозрасии судӣ ё озод кардан ҳуқуқ дорад, ҳозир карда мешавад. Дар ҳабс нигоҳ доштани ашхосе, ки интизори баррасии судӣ мебошанд, набояд қоидаи умумӣ бошад, аммо озод кардан метавонад аз пешниҳоди кафолати ҳозир шудан ба суд, ҳозир шудан ба мурофиаи судӣ дар ҳар марҳилаи дигари он ва дар сурати зарурат, ҳозир шудан барои иҷрои ҳукмнома, вобаста бошад»;

ва қисми 2 моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, ки тибқи он:

«Ҳар каси ба содир намудани ҷиноят айбдоршаванда ҳақ дорад то вақте, ки гунаҳгории ў мувофиқи қонун исбот нашавад, бегуноҳ дониста шавад», асоснок намудаст.

Бо ин назардошт, Мирзоев У. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар талаби гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба моддаи 20 Конститутсия ва қисми 3 моддаи 9 Паймони зикршудаи байналмилалӣ номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ асос гардад.

Боби 12 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ чораҳои пешгириро мавриди танзим қарор дода, онҳоро амалҳои маҷбурие арзёбӣ менамояд, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда барои пешгирии аз тарафи онҳо содир шудани ҷиноят ё халалдоркунандаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин барои таъмини иҷрои ҳукм татбиқ карда мешаванд.

Чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба монанди дигар чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла гирифтани забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат, кафолати шахсӣ, гарав, ҳабси хонагӣ ва

ғайра дар заминаи асосҳои умумии пешбининамудаи моддаҳои 102 ва 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ татбиқ гардида, барои таъмини кафолати муқаррарнамудаи моддаи 20 Конститутсия, яъне эҳтимолияти бегуноҳӣ равона карда шудааст.

Бе татбиқ ва пешбинӣ намудани чораҳои пешгирӣ дар ҳолатҳои пешбинамудаи қонунгузории мурофиавӣ, ба ҳамаҷониба, пурра, холисона ва беғаразона муайян намудани ҳолатҳои кор ва ба амал баровардани адолати судӣ ва дар маҷмўъ ба исботи эҳтимолияти гуноҳ, ки он бо ҳукми суд дар рафти мурофиаи ошкорои судӣ муайян карда мешавад, расидан ғайриимкон мебошад.

Дархости муроҷиаткунанда дар хусуси аз тарафи муфаттиш нодуруст татбиқ намудани қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва ба ҳабс гирифтани ў ба салоҳияти мақомоти прокуратура ва судҳои умумӣ маҳсуб буда, баҳодиҳӣ ба татбиқи дуруст ё нодурусти қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи субъектони ваколатдори ҳуқуқ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест.

Дархости Мирзоев У. аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои пешниҳоди дархостҳои субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст, мувофиқат намекунад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев У. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ» бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост пешниҳодшуда ва аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 5 июли соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., му­овини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Ҷамолов Абдумансур бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки 3 июни соли 2011 судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ахмедова Ф.М. дар маҷлиси судӣ парвандаро аз рўи аризаи даъвогии Негматова Л.М. бо ҷавобгарии Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамҷавобгарии Сардори нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахсияти ў- ширкати хусусии «Ҷамолов» дар бораи бартараф намудани монеагӣ, баргардонидани амвол аз истифодабарандаи ғайриқонунӣ, беэътибор донистани қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулк аз 28 майи соли 2008 таҳти № 190, созишнома дар бораи бекор кардани шартнома аз 2 октябри соли 2003, инчунин аризаҳои зидди даъвогии ўро бо ҷавобгарии Негматова Л.М.дар бораи беасос будани даъво, субъекти номуносиб будани даъвогар ва баргардонидани даъво мавриди баррасӣ қарор дод.

Суд бо ҳалномааш аризаи даъвогии Негматова Л.М.-ро қонеъ карда, бинои сехи ҶСШК «ДОК»-ро аз Ҷамолов А. ба Негматова Л.М. баргардонида, аризаҳои даъвогии ўро бо ҷавобгарии Негматова Л.М. дар бораи беасос будани даъво, субъекти номуносиб будани даъвогар ва баргардонидани даъво рад намуд.

Марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо қарори худ ҳалномаи иқтисодии шаҳри Душанберо аз 3 июни соли 2011 бе тағйир ва шикояти апеллятсионии ўро бе қаноат мононд.

16 сентябри соли 2012 марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ўро оид ба ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 июни соли 2011 ва қарори апеллятсионии суди маскур аз 1 сентябри соли 2011 рад намуда, қарорҳои суди марҳилаи аввал ва апеллятсиониро бе тағйир мононд.

Ў қайд менамояд, ки дар ҷараёни баррасии парванда дар ҳама марҳилаҳои судӣ муқаррароти Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд», вайрон карда шудаанд.

Бинобар ин, Ҷамолов А. бо ариза оид ба бекор намудани са­надҳои судии қабулнамудаи судҳои марҳилаҳои аввал, апеллятсионӣ ва кассатсионӣ ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, аммо аризаи ў аз тарафи Раёсати зикр­шуда беқаноат мононда шуд.

Бо ин назардошт, Ҷамолов А. ба Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, му­тобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Ҷамолов Абдумансур агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо талаби дар дархост гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба моддаи 19 Конститутсия ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил намешавад.

Аз тарафи дигар, санадҳои судӣ ба санадҳои татбиқи ҳуқуқ дохил мешаванд, ки баррасии онҳо ба салоҳияти судҳои умумӣ ва иқтисодӣ мансуб мебошад. Ҳамчунин Суди конститутсионӣ на асоснокӣ, қонунӣ ва дурустии санадҳои қабулшуда, инчунин масъалаҳои вобас­та ба татбиқи онҳо, балки муайян намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия баррасӣ менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов Абдумансур оид ба муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи

(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар тобеъ ва предмети баррасии Суди конститутсионӣ набуданаш, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

НАВИДҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Н А В И Д Ҳ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

5 майи соли 2012 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. намояндагони Фонди Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – доктор Штефан Хюлсхорстер, Ангела Шмайнк, Волфрам Эбергард ва Манучер Қудратовро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат, тарафҳо оид ба мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди минбаъдаи ин мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ ибрози андеша намуданд.

Хонум Ангела Шмайнк ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, иброз дошт, ки мавҷудияти чунин мақом дар рушди давлати демократӣ аҳамияти муҳим ва беандоза дорад. Тарафҳо зимни вохўрӣ аз сатҳ ва мазмуни муносибати рушдёбанда ва робитаҳои мунтазам доир ба масои­­ли гуногун андешаронӣ намуда, ҷонибдории худро оид ба вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Дар вохўрӣ судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров М. ва Абдуллоев А.А иштирок намуданд.

7 майи соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаҳмондадиҳии мазмуну мўҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории кишвар маҷлиси васеи коллективи кормандони Суди конститутсионӣ доир гардид.

Дар оғози маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки ҳар сол Паёми Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сиёсиву иқтисодии кишвари моро як навъ ҷамъбаст намуда, бобати ноил шудан ба пешрафт ва дастовардҳои нав дар назди ҷомеа вазифаҳо мегузорад ва дар амал татбиқ гаштани он имкон медиҳад, ки бисёр масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳи ҳаллӣ худро ёбанд. Паём ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва санади стратегии ҳадафманд бо тарзи масъалагузорӣ ва шарҳи зарурати он, таҳлили мушаххас ва хулосабарориҳо санади асоситарини ҳар як сол аст ва ҳамагон вазифадорем, ки барои ба омма фаҳмондани моҳияти Паём ва барои дар амал татбиқ намудани он саъю кўшиш намуда, он вазифаҳое, ки ба зиммаи мо гузошта шудааст, иҷро намоем. Ҳамаи кормандони Суди конститутсионӣ бояд Паёми Ҷаноби Олиро, ҳамчун барнома сармашқи кории ҳаммарўзаи худ қарор дода, ҳамеша барои дар амал татбиқ намудани он саъйю кўшиш намоянд.

Сипас оид ба мазмуну мўҳтавои Паём муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров М. дар назди ҳозирин баромад намуда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои он даъват намуд.

Дар фарҷоми маҷлис бо пешниҳоди Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. Нақша-чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шуд. Инчунин таъкид карда шуд, ки ҷиҳати ба омма фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои Суди конститутсионӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ дар маҳалҳо бо аҳолии кишвар сўҳбату вохўриҳо доир намоянд.

11 майи соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. бо Гузоришгари вежаи СММ оид ба шиканҷа, ҷазо ва навъҳои дигари рафтори бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда Хуан Е. Мендез ва ҳайати ҳамроҳони ў Дуарте Нуно Пессоа, Стефани Селг, Шушан Хачян ва Лиля Захариева – мушовири намояндагии доимии СММ дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон доир гардид.

Зимни сўҳбат, тарафҳо оид ба механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, ки шарти зарурии фаъолияти мўътадили низоми сиёсии давлат мебошад, сухан ронда, дар хусуси мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иброзӣ андеша намуданд.

Дар рафти мулоқот Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф карда, дар моддаи 18 пешбинӣ намудааст, ки ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар баромадҳои хеш ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун ҷавҳари асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, аз ҳама мақомоти давлатӣ риояи қатъии онҳоро талаб намуданд.

Дар ин асно ҷиҳати ташкил намудани семинарҳои омўзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи риояи талаботи механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои шиканҷаи маҳбусон гурўҳи корӣ таъсис гардида, аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2012 Нақша-чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳои мазкур, 22 феврали соли 2012 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурўҳи корӣ семинари омўзишӣ дар мавзўӣ «Механизмҳои байналмилалӣ ва миллии вобаста ба пешгирии ҳолатҳои шиканҷа» бо иштироки кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳо аз ҷони­би гурўҳи корӣ бо иштироки зиёда аз ду ҳазор кормандони мақо­моти ҳифзи ҳуқуқ доир ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба шиканҷа сўҳбату вохўриҳо гузаронида шуд, онҳо ба таҳкими ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва пешгирии шиканҷа даъват карда шуда, диққати онҳо ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократии мамлакатро ташкил менамояд, равона карда шудааст.

Дар навбати худ Гузоришгари вежаи СММ оид ба шиканҷа ҷаноби Хуан Е. Мендез аз корҳои анҷомдодаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии ҳолатҳои шиканҷаи маҳбусон изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти ин мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ баҳои баланд дода, иброз дошт, ки мавҷудияти чунин мақом дар рушди давлати демократӣ аҳамияти муҳим ва беандоза дорад.

Тарафҳо зимни вохўрӣ аз сатҳ ва мазмуни муносибати рушдёбанда ва робитаҳои мунтазам доир ба масоили гуногун андешаронӣ намуда, ҷонибдории худро оид ба вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд изҳор намуданд.

15 майи соли 2012 таҳти раисии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар Суди конститутсионӣ мурофиаи судӣ аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар баррасии масъалаи мазкур намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ иширок намуданд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки тартиби пешбининамудаи сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба маводи тафтишот шинос шудани ҷабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиаро пас аз анҷоми тафтиш танзим менамояд, наметавонад ҳамчун ҳолати маҳдудкунандаи ҳуқуқи ҷабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ў арзёбӣ гардад.

Зеро қонунгузор вобаста ба мавзўи мурофиаи ҷиноятӣ, яъне баррасии ҷиноят ва ошкор кардани он, инчунин таъмин намудани адолати судӣ, ки қисмати муҳими адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ба шумор меравад, тартибе муқаррар кардааст, ки он бояд барои пур­ра ва объективона муайян намудани ҳолатҳои кор, айбдоркунии шахси ба ҷавобгарӣ кашидашуда ва барқарор намудани зарари ба ҷабрдида расонидашуда мусоидат карда тавонад.

Дар давоми тафтиши пешакӣ шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ бо маводи тафтиш – ин амалан вайрон ва фалаҷ гардидани раванд ва тартиби ҷамъоварии далелҳо, исботкунии гуноҳ ва ҷинояти содиргардида мебошад. Дар ин ҳолат тафтиши пешакӣ ҳамчун зинаи муҳими мурофиаи ҷиноятӣ аз амалӣ намудани вазифаҳо ва мақсади пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ маҳрум гардида, аҳамияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии худро аз даст медиҳад.

Бо ин назардошт, сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофи­авии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ ҳисоб карда шуд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ диққати Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад», ҷалб намуд.

Аз 21 то 24 майи соли 2012 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Конгресси муарификунандаи Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои монанд дар мавзўи «Имрўзу ояндаи адолати судии конститутсионӣ дар Осиё» доир гардид.

Дар кори Конференсияи мазкур раисон, муовинон, судяҳои Судҳои конститутсионӣ ва институтҳои ҳамшабеҳи зиёда аз 30 давлатҳои Осиё, инчунин Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо, раисони Судҳои конс­титутсионии Австрия, Олмон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Миср ва дигар давлатҳо, инчунин намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори Конгресси мазкур судя-котиб Каримов К.М. ва судя Абдуллоев Л.И. намояндагӣ намуданд.

Пеш аз оғози кори Конгресс ҷаласаи Шўрои Ассотсиатсия, ки он айни ҳол аз 9 аъзо иборат аст ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аъзои он мебошад, ҷамъ омад. Шўро ҳисоботи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ – Раиси Асостсиатсия доктор Ли Конг Кукро шунида, масъалаҳои тасдиқи нишон ва байрақи Ассотсиатсия, дархости Суди Олии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пазируфта шудани он ба аъзогии Ассотсиатсия, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ассотсиатсияи Судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои ҳамшабеҳ ва Комиссияи Аврупо оид ба демократия таввассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо ва ташкили Сомонаи интернетии Ассотсиатсияро муҳокима ва якдилона қабул намуд.

Шўрои Ассотсиатсия ташаббуси Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркияро дар хусуси қабули раисии Ассотсиатсия ва моҳи апрели соли 2014 дар Туркия гузаронидани Конгресси дуюми Ассотсиатсияро якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Сипас кори Конгресс оғоз гардид, ки дар рафти он зиёда аз 30 маърўза, аз ҷумла маърўзаи судя-котиби Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ К.Каримов дар мавзўи «Рушди адолати судии конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ» шунида шуд.

Дар рафти кори Конгресс ҳайати Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бо раисон ва судяҳои судҳои конститутсионии Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ҷумҳурии

Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Ўзбекистон, Булғористон, Мисри Араб ва дигар ҳайатҳо вохўриҳои судманд доир намуда, оид ба доираи васеи масъалаҳои конститутсионализм дар замони муосир ва таҷрибаи адолати судии конститутсионии ҷаҳон, минтақа ва мамлакатҳои худ табодули назар намуданд.

Баргузории чунин Конгрессҳо дар наздикшавии мавқеи мақомоти назорати конститутсионӣ дар роҳи ҳифзи Конститутсия, таъмини волоияти он ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд муфид арзёбӣ гардид.

Оид ба натиҷаҳои кори Конгресси муарификунандаи Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои монанд Эъломияи Сеул қабул гардид.

Аз 22 то 23 майи соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вохўрии минтақавии намояндагони Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзўи «Амалигардонии Конвенсияи Орхус имрўз: таъмини роҳҳои беҳтар кардани муҳити зист ва идоракунии фардо» доир гардид.

Вохўрии мазкур ба масъалаҳои дастраси ба иттилоот, иштироқи ҷомеа дар қабули қарор ва дастраси ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист бахшида шуда, дар якҷоягӣ бо Комиссияи иқтисодии Аврупоӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) баргузор гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М.М. намояндагӣ намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур масъалаҳои гуногун, аз қабили: таъмини дастарасии аҳолӣ ба адолати судӣ ва нақши низоми судӣ дар таъмини дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Инчунин дар доираи сафари мазкур вохўрии намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози намояндагии Шветсария оид ба рушд, намояндагони давлатҳои Қазоқистон ва Муғулистон доир гардида, дар он масоили вобаста ба фаъолияти низоми судӣ ва ҳамчунин пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи экология мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

1 июни соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М. ва судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. бо сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Финляндия хонум Лаура Рейнил ва Президенти Суди Олии маъмурии Финляндия доктор Пекка Холберг доир гардид.

Зимни сўҳбат, тарафҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти татбиқи Барномаи «Баробарҳуқуқӣ дар назди қонун – роҳи адолат дар Осиёи Марказӣ» ва оид ба мазмун ва мўҳтавои китоби доктор Пекка Холберг «Волоияти қонун: Дурнамо» сухан ронда, амалишавии саривақтии барномаи мазкурро дар роҳи таъмини меъёри конститутсионӣ оид ба баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, инчунин таъмини ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс ба кафолати ҳифзи судӣ амри саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот аз нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва амалишавии меъёрҳои он, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст, ибрози андеша намуданд.

Дар робита ба амалишавии меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шуда, ҳеҷ як падида аз онҳо боло намебошад. Дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешаванд.

Ҳамчунин, зимни вохўрӣ тарафҳо оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба дастрасӣ ба адолати судӣ андешаронӣ намуда, барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд омодагии худро иброз доштанд.

12 июни соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М. ва судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим Огли Гасанов доир гардид.

Дар рафти вохўрӣ ҷонибҳо ба фаъолияти муътадили Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, нақши онро дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муфид арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқоти тарафайн таваҷҷўҳи зиёд ба масълаи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Озорбойҷон зоҳир карда шуд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов иброз дошт, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати ба имзо расонидани ин санади муҳими байналмилалӣ, ки барои боз ҳам густариши ҳамкориҳои муфид байни мақомоти назорати конститутсионии ду давлати демокративу ҳуқуқбунёд заминаи ҳуқуқӣ мегузорад, омода мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим Огли Гасанов оид ба ташаккули муносибатҳо байни судҳои конститутсионии ду давлат ибрози андеша намуда, азми устувори худро баҳри саҳмгузории намоён дар татбиқи амалишавии нақшаҳои судбахш вобаста ба ҳамкориҳои дутарафа изҳор дошт.

Аз 13 то 14 июни соли 2012 дар шаҳри Женева вохўрии Панҷуми гурўҳи мақсаднок оид ба дастрасӣ ба адолати судӣ вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар доираи татбиқи моддаи 9 Конвенсияи Орхус доир гардид, ки дар кори он роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимов Д.Д. иштирок намуд.

Дар кори чорабинии мазкур, инчунин намояндагони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон, аз қабили Гурҷистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Молдова, Украина ва дигар давлатҳо, ҳамчунин намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Зимни вохўрии мазкур, масоили вобаста ба татбиқи меъёрҳои моддаи 9 Конвенсияи Орхус дар хусуси аз ҷониби иштирокчиёни Конвенсия бо назардошти қонунгузории миллӣ таъмин намудани амалишавии ҳуқуқи мустақилона муроҷит намудани шахсони ҳуқуқӣ ба мақомоти судӣ оид ба амал ва беамалии шахсони воқеӣ, ки муқаррароти қонунгузории миллии давлати худро вобаста ба муҳити зист вайрон мекунанд ва масъалаи вобаста ба пардохти хароҷоти судӣ ҳангоми муроҷиат намудани шахсони ҳуқуқӣ ба мақомоти судӣ дар хусуси ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Дар рафти вохўрӣ иштироккунандагон оид ба меъёрҳои қонун­гузории амалкунандаи кишвари худ, аз қабили қонунгузории муро­фиавӣ дар масъалаи ба шахсони ҳуқуқӣ имконпазир будани мустақилона ва бемамониат муроҷиат намудан ба мақомоти судӣ ибрози андеша намуданд.

22 июни соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 15-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзўи «Ваҳдату ягонагӣ омили муҳими давлатдорӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шўрои адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар оғози кори мизи мудаввар Раиси Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, сараввал ҳозиринро бо ин рўзи барои мардуми кишвари азизамон фараҳбахш – 15-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Созишномаи мазкур, ки бо талошу заҳматҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, барои пойдории сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва ба шарофати он ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон устувор гардид.

Бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву инсондўстӣ дар қалби мардуми диёрамон вусъат ёфта, бо дарки муҳимияти Ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, онҳо ба сўи ҳадафҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ бо назари нек қадамҳои устувор гузошта, бо ифтихор аз ватану ватандорӣ баҳри тарғиби ғояҳои миллӣ кўшиш менамоянд.

Дар кори мизи мудаввар ҳамчунин намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ ва дигар иштирокчиён оид ба нақш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо маърўзаҳои пурмўҳтаво баромад намуда, дар муҳокимарониҳо иштирок намуданд.

Мундариҷа

Шоназаров С.А. Истиқлолияти давлатӣ ва қонуният 5

Ашуров М.Қ. Механизмҳои миллии пешгирии шиканҷа 11

Шарипов Т.Ш. ва Сафаров А.И. Фаъолияти экстремистӣ
(ифротгароӣ) дар қонунгузории ҷиноятӣ 18

Бандаев И.С. Ваҳдати миллӣ омили муҳими рушди соҳаи
тандурустии кишвар 26

Машрабова С.М. Ваҳдати миллӣ асоси пешрафти ҳуқуқу озодиҳои
инсон ва шаҳрванд 31

Қарорҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 майи соли 2012 37

Таъинотҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 майи соли 2012 46

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев Умедҷон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ» аз 3 майи соли 2012 51

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июли соли 2012 56

Навидҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60

Yandex.Metrica