Қарор аз рўи дархости директори генералии Чамъияти сахомии пушидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Х

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз рўи дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии пў­шидаи «Вавилон-Мобайл» Фай­зуллоев Б.Ҳ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати банди 7 Низомномаи калкулят­сияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиқ карда шудааст, ба модда­ҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 28 майи соли 2015

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Кари­мзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ғаниев Ҷ.,

тарафҳо:

1. Сайфиддинов Ҳ., Чекушина Г., ва Сулаймонов Ф. – намояндагони ваколатдори Файзуллоев Б.Ҳ. – директори гене­ралии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» – та­рафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионӣ оѓоз карда шудааст.

2. Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намо­яндаи та­рафе, ки конститутсионӣ будани санади меъёрии мавриди баҳси конститутсионӣ қарордодаи муроҷиаткунандаро тасдиқ намуда­аст.

3. Ҷабборов Р. – муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳу­кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳси конститутсионӣ қарордодаи муроҷиаткунандаро татбиқ намудааст.

Даъватшудагон:

1. Азимзода Т.С. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Холиқзода А. – муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Осимзода М. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон.

4. Оймаҳмадзода М. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон.

5. Темурзода Ш. – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Пулодӣ М.К. – муовини Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Рауфов Ф. – муовини сардори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон.

8. Нурализода С. – муовини сардори раёсати назорати иҷрои қонунугзории андоз ва гумрукӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон.

9. Абдуллоев С.Х. – сардори раёсати хизматрасонӣ ба андозсу­поран­дагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон.

10. Меликов М. – сардори раёсати таъмини ҳуқуқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

11. Партоев К.Г. – сардори нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон.

12. Худойдодов А. – мутахассиси пешбари шуъбаи аудити назорати андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Ҳ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи пар­ванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Вави­лон-Мо­байл» Файзуллоев Б.Ҳ. ба Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муро­ҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар асоси Амрнома аз 2 апрели соли 2014, № 422 с/х «Оид ба таъин на­мудани санҷиши такрорӣ ва санҷиши ҳуҷҷатии маҷмўии андоз» фаъолияти ҷамъиятро оид ба дуруст ҳисоб кардан ва сари вақт пардохт намудани андозҳо барои давраи аз 1 январи соли 2011 то 1 январи соли 2014 гузаронид.

Санҷиш 2 апрели соли 2014 оѓоз карда шуда, 30 июни соли 2014 бо таҳияи санад «Аз натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатии маҷмўии такрории андоз дар фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» барои давраи аз 1 январи соли 2011 то 1 январи соли 2014» ба итмом расид.

Кумитаи андоз дар асоси санади санҷишии зикршуда, 14 июли соли 2014, № 275 Қарор (огоҳнома) оид ба натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатии андоз ба тасвиб расонд, ки тибқи он ба зиммаи ҷамъият пардохт намудани 341433344 сомонӣ андозҳои гуногун, бо дарназардошти фоиз ва ҷаримаҳо вогузор карда шуд.

Ба андешаи муроҷиаткунанда, санҷиши такрорӣ ва санҷиши ҳуҷҷатии маҷмўии андоз аз ҷониби Кумитаи андоз, бо вайрон намудани муқаррароти қисми 10 моддаи 29 Кодекси андози амалкунанди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Зеро дар Амрномаи Куми­таи андоз ҳолатҳои пеш­би­нинамудаи қисми 10 моддаи 29 Кодекси зикршуда, ки барои гузарони­дани санҷиши такрории маҷмўии ҳуҷҷатии андоз асос мебошанд, дастрас нагардидаанд.

Ҷамъият ѓайриқонунӣ будани Амрномаи мазкур, инчунин беасос баста шудани суратҳисобҳои худро дар судҳои иқтисодӣ мавриди баҳс қарор дода бошад ҳам, судҳои иқтисодӣ нисбат ба онҳо санадҳои беасос ва ѓайриқонунӣ қабул карда, даъвои онҳоро рад намудаанд.

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки дар санад оид ба натиҷаи санҷиш аз 30 июни соли 2014 санҷишгарони Кумитаи андоз банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиқ карда шудааст, дастрас намуда, хароҷоти ширкатро ба сифати даромад эъти­роф карда, дар натиҷа маблаѓи зикршударо ба сифати андоз ҳисоб намудааст.

Ў ин амали санҷишгаронро ба муқаррароти моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсия мухолиф меҳисобад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда, андоз бояд дар асоси меъёри қонун муқаррар карда шавад, на бо Низомнома зеро он санади зерқонунӣ мебошад. Мавзўи танзими Низомнома муайян кардани тартиби калку­лят­сияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) мебошад.

Вобаста ба ин, татбиқ намудани муқаррароти банди 7 Низомномаи калку­лят­­сияи арзиши аслии маҳсулот (кору хиз­матрасонӣ) дар корхо­наҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нисбат ба ҷамъият ва ба зиммаи он вогузор намудани андозҳои иловагӣ уҳдадории андозсупоран­даро аз доираи танзими меъёри моддаи 45 Консти­тутсия васеъ намуда, боиси поймол шудани ҳуқуқҳои конститут­сионии субъектони ҳуқуқ мегардад.

Аз ҷониби дигар, ба андешаи муроҷиаткунанда, Низом­номаи номбурда ба номгўи қонунгузории андоз, ки моддаи 2 Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дохил наме­шавад ва бинобар ин, ба ҳайси манбаи ҳуқуқии муқарраркунандаи андоз баромад карда наметавонад.

Муроҷиаткунанда чунин мешуморад, ки амали ѓайри­қонунии Куми­­таи андоз дар натиҷаи номувофиқатии банди 7 Низомномаи калку­лят­­сияи арзиши аслии маҳсулот (кору хиз­матрасонӣ) дар корхо­наҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Консти­тутсия ба миён ома­дааст.

Ҷамъият бо аризаҳои даъвогӣ ба судҳои иқтисодӣ муроҷиат карда бошад ҳам, даъвоҳои он дар бораи беэътибор до­нистани санади санҷишӣ аз 30 июни соли 2014 ва Қарор (огоҳнома) аз 14 июли соли 2014 дар хусуси пардохти андоз ба маблаѓи 341433344 сомонӣ, бо санадҳои судии Суди иқти­содии шаҳри Душанбе аз 4 сентябри соли 2013, аз 20 октябри соли 2014, марҳалаи кассатсионӣ ва марҳалаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2014 ва аз 10 марти соли 2015 беқаноат мононда шудаанд.

Ҳамин тавр, ба андешаи муроҷиаткунанда Кумитаи андоз бо амалҳои ѓайри­қонунии худ манфиатҳои конститутсионии ҷамъиятро ба озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва кафолати давлатии моликияти хусусӣ, инчунин муқар­рароти консти­тутсионӣ оид ба уҳдадориҳои андозсупо­ранда вобаста ба пардохт намудани андозе, ки танҳо қонун пешбинӣ кардааст, поймол намудааст.

Бо дарназардошти ин, ў аз Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионӣ оѓоз карда, мувофиқати банди 7 Низомномаи калкулят­сияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳоднамудаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл»-ро ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор дода, қайд мена­мояд, ки таъмини амалишавии кафолати фаъолияти озоди иқти­содӣ ва соҳибкорӣ, баробар­ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият аз ҷумла моликияти хусусӣ, ҳамчунин таъмини иҷрои уҳдадории пардохти андоз ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун, ки дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд, яке аз вазифаҳои муҳими давлати иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Зеро танзими ҳуқуқу озодӣ, кафолат ва уҳдадориҳои зикршудаи шах­сони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз давлати иҷтимоӣ эълон шудани Тоҷикистон ва ба ҳар инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инки­шофи озодона сарчашма гирифта, ҳалли ҳадафи конститутсионии маз­кур бе таъмини иҷрои муқаррароти пешбининамудаи моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсия имконнопазир мебошад.

Муқаррароти моддаҳои зикршудаи Конститутсия гуно­гун­шаклии моликиятро, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиҳад, эътироф намуда, таъмини кафолати озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият ва уҳдадории пардохти андоз ва дигар пардохтҳои пешбини­кардаи қонунро муқаррар менамояд ва ин меъёр ба муқар­рароти са­над­ҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки мавҷудияти онҳо барои ни­зоми ҳуқуқии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд, асос меёбад.

Чунончи, моддаи 17 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 14 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон ҳақ дорад амволро чӣ шахсан ва чӣ якҷоя бо дигарон ихтиёрдорӣ намояд. Ҳеҷ кас набояд аз амволи худ худсарона маҳрум карда шавад».

Моддаи 29 Эъломияи мазкур ба уҳдадориҳои шахс бахшида шуда, муқаррар менамояд: «Ҳар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ў дар он имконпазир аст, уҳдадор мебошад».

Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фар­ҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 кафолати ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои асосии инсонро танзим намуда, давлатҳои аъзоро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати татбиқи воқеии онҳо дар сатҳи қонунгузориҳои миллӣ ва амалия чораҳои дахлдор андешида, ба шаҳрвандон истифодаи баробари ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намояд.

Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз 26 майи соли 1995, ки аз муқаррароти санадҳои байналмилалии зикршуда маншаъ мегирад, ба таъ­мини амалишавии ҳама­ҷонибаи ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон нигаронида шуда, давлатҳои ишти­роккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро уҳдадор менамояд, ки ба ҳар шахсе, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор дорад, ҳуқуқу озодиҳои дар Конвенсияи номбурда пешбини­шударо таъмин намоянд.

Тоҷикистон таъмини амалишавии уҳдадориҳои байнал­милалии худро дар сатҳи Конститутсия ва қонунҳои кишвар пешбинӣ намуда, ҳамзамон уҳдадориҳои мушаххас аз ҷумла, пардохти андозро, ки зимни баамалбарории ҳуқуқҳо аз ҷониби субъектони гуногуни ҳуқуқ ба миён меоянд, муқаррар кардааст.

Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи қонун ба буҷет ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ мегардад ва хусусияти ҳатмии бебоз­гашт ва беподош дошта, ба хотири мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқти­содӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлат, рушду тако­мули соҳаҳои хоҷагии халқ ва боло рафтани сатҳи некўаҳволии сокинони кишвар нигаронида шудааст, ки иҷрои он бо воситаҳои мухталифи ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1107 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар сархати ҳафтуми моддаи 8, ба сифати яке аз уҳдадориҳои асосии субъекти соҳибкорӣ сари вақт ва пурра ба буҷет пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пешбинӣ мекунад.

Уҳдадории конститутсионии ҳар кас дар хусуси пардохти андоз ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун, ки мавзўи танзими моддаи 45 Кон­сти­тут­сия мебошад, танзими мушаххас ва ҳамаҷонибаи худро дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дорад, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфтааст.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро оид ба муқаррар намудан, таѓйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупо­рандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои уҳда­до­риҳои андоз танзим намуда, дар қисми 1 моддаи 2 пешбинӣ менамояд: «Қонунгу­зории андози Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба Конститут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулшуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофна­мудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андо­зиро ба танзим медароранд, иборат мебошад».

Кодекси андоз, ҳамчунин муайян кардааст, ки муқаррар намудан, таѓйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, ин­чунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупоранда (агенти андоз) вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз – яъне муносибатҳои андозӣ танҳо тавассути Кодекси андоз ба амал бароварда мешавад. Ҳамзамон, танзими ҳу­қуқии дигар пардохту боҷҳо тавассути дигар қонунҳои дахлдор ва Кодекси андоз истис­но нест.

Дар Кодекси андоз муқаррар на­мудан, таѓйир додан ва бекор кар­дани андоз танҳо аз тарафи қонун ба шумули прин­сипи асосии низоми андоз ҳисобида шудааст, ки он дар низом ва муносибатҳои андозӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизмат­расонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, ки мавзўи баҳси муроҷиат­кунанда қарор гирифтааст, ҳамчун санади меъё­рии ҳуқуқӣ ба низоми санадҳои ҳуқуқии соҳаи андоз мансуб буда, дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси андоз қабул карда шудааст.

Низомномаи зикршуда аз ҷо­ниби мақоми салоҳиятдори мақо­моти ҳоки­мияти давлатӣ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар доираи салоҳияти муайяннамудаи Конститу­тсия, Қонуни кон­с­титут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, № 28 «Дар бораи Ҳуку­мати Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, № 506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба тасвиб расида, аз 1 июли соли 1999 мавриди амал қарор дода шудааст.

Банди 7 Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизмат­расонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баҳси дар­хосткунанда қарор дода шудааст, аз зербанҳои «а» то «э» ибо­рат буда, номгўи хароҷоти ба арзиши аслии маҳсулот (кору хиз­матрасонӣ) дохил­ша­вандаро дар бар гирифта, тибқи тартиби муқар­раршуда нисбат ба доираи васеи субъектони андозсу­поранда истифода карда мешавад.

Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизмат­расонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон на санади муқаррар­кунандаи андоз ва уҳдадориҳои андозӣ, балки санади меъёрии ҳуқуқии муайянкунандаи арзиши асосноки аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ба ҳисоб меравад ва наметавонад ба дигар маънӣ аз лиҳози ҳуқуқ маънидод карда шавад.

Тавре ки аз мундариҷаи Низомномаи зикршуда бармеояд, он тартиби ҳисобкунии илман асоснок­кардашудаи арзиши аслии маҳсулот, аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок кар­дани нархҳо ва номгўи хароҷоти ба арзиши аслии маҳсулот (кору хиз­мат­расонӣ) дохилшавандаро муайян карда, ягон уҳдадории ан­дозро нисбат ба субъектони андозсу­поранда муқаррар наме­кунад.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ дар дастрасӣ ва татбиқи банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон зимни ҳисоб кардани андоз аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқатии банди 7 Низомномаи зикршударо ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ошкор на­кард. Яъне татбиқи банди 7 Низомномаи номбурда бо моҳияти мавзўъ ва масъалагузорӣ дар худ, наметавонад боиси манъ ва маҳдуд кардани таъмини кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳиб­корӣ, ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои моликият ё муқаррар кардани уҳдадорӣ оид ба пардохти андоз гардад.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 7 Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизмат­расонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мувофиқ арзёбӣ намуд.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 11, 34, 38, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни консти–тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон», Суди консти­­тут­сио­нии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон,

қ а р о р к а р д:

1. Банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиқ карда шудааст, ба модда­ҳои 12, 32 ва 45 Консти­тут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон му­тобиқ мебошад.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «На­родная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Ҳошимзода

Yandex.Metrica