Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 27 сентябри соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

тарафҳо:

Шаҳрванд Саидова Н.А. тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Бегматов Н.М.

Гиёев С.Н. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулкарда, ҷонибдоринамуда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

1) Умаров М. Ѓ. – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амния­ти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кишварзода А.Г. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳу­рии То­ҷикистон;

Каландарова М. – муовини Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муродов Б. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Юсупов Б. – сардори раёсати Агентии назорати давлатии мо­лиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) Иномов А. – сардори раёсати қонунгузории гражда­нӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) Бадридинова Р. Н. – сардори шўъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

8) Тауров А. Ѓ. – муовини Сардори раёсати тафтишоти Вазорати кор­ҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9) Амирбеков Н.А. – Раиси Раёсати мушовараи адвокатҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикистон

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Зоиров Ш.Ю., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Саидова Наталя Абдуваитовна бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки мақомоти тафтишӣ ўро бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) айбдор намуда, парвандаи ҷиноятии ўро бо чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат ба суди ноҳияи Б. Ѓафуров ирсол намудааст.

Суди ноҳияи Б. Ѓафуров зимни моҳиятан баррасӣ намудани парвандаи ў, бо қарори худ аз 27 марти соли 2013 чораи пешгирии нисбати ў дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқоматро ба чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан таѓйир додааст.

Номбурда аз қарори зикршудаи суди ноҳияи Б. Ѓафуров, яъне таѓйир додани чораи пешгирӣ норизо гашта, онро ба тариқи кассатсионӣ мавриди шикоят қарор додааст.

Суди зикршуда бо мактуби худ аз 4 апрели соли 2013 шикояти кассатсионии пешниҳоднамудаи ўро бо назардошти муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў баргардондааст, ки тибқи он:

«Мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи таҳқиқи далелҳо, дархости иштирокчиёни мурофиа, интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ, инчунин риояи тартибот дар толори маҷлиси суд, ѓайр аз таъиноти (қарори) дар хусуси ситонидани ҷарима бароварда шуда, шикоят ё эътироз карда намешавад. Эрод ба қарорҳои дар боло зикршуда мумкин аст ба тариқи шикояти кассатсионӣ ё эътироз нисбати ҳукм пешниҳод шавад».

Ба андешаи муроҷиаткунанда, муқаррароти пешбини­намудаи қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда ба айбдоршаванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ имконият намедиҳад, ки онҳо аз болои таъиноти (қарори) судӣ, ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул карда мешавад, шикоят кунанд ё эътироз оваранд.

Ў, ҳамчунин иддао дорад, ки муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда, инчунин ба талаботи қисми 4 моддаи 11 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад» тавъам нест, зеро талаботи қисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дахлнопазирии шахсият пешбини­намудаи моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсия алоқамандӣ дошта, яке аз принсипи муҳими қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, аз ҷониби суд татбиқ карда шудани муқар­рароти қисми 2 моддаи 363 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси вайрон шудани ҳуқуқҳои конститутсионии ў гардида, барои рад карда шудани шикояти ў асос гардидааст.

Аз ин рў, ў қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ҳисоб намуда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати масъалаи мавриди баҳс қароргирифтаи қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи шаҳрванд Саидова Н.А.-ро ҳаматарафа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд пешбининамудаи боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи шахсан ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намудани шаҳрванд мавқеи хосаро ишѓол менамояд.

Зеро муроҷиат воситаи муҳими алоқамандии шахс ба давлат буда, заминаи боэътимоди иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлат ва фаъолияти мақомоти давлатию идоракунӣ, аз ҷумла фаъолияти ҳокимияти судӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ ба шумор меравад.

Аз ҷониби дигар, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти судӣ нишондиҳандаи муҳими ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ гардида, ба амал баровардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва махсусан кафолати ҳифзи судии ҳар шахсро бе муроҷиати шаҳрвандон, ҳамчунин иштирокчиёни мурофиаҳои гуногуни судӣ муқаррарнамудаи қонунгузориҳои мурофиавӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Муроҷиат ба мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти ҳокимияти судӣ нигаронидашуда дар баробари ислоҳи камбудӣ ва норасоии фаъолияти мақомоти дахлдор, инчунин бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои содиргардида ва барқа­рору ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои вайроншудаи муроҷиаткунандаро дарбар мегирад.

Бо дарназардошти хусусияти хоси фаъолияти ҳокимияти судӣ, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ нигаронида шудааст, шикояти иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва эътирози прокурорӣ ҳамчун намуди муроҷиат ба мақомоти судӣ тибқи тартиб ва қоида­ҳои муқаррарнамудаи қонунгузориҳои мурофиа­вии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми шикояти судӣ ва эътирози прокурориро махсус ифода накарда бошад ҳам, аз мазмуну муҳтавои қисми 4 моддаи 11, моддаҳои 23, 28, 29, 111, моддаҳои 119-125 боби 14, моддаҳои 237, 238, 357-369 боби 38 ва боби 42-и он бармеояд, ки қонунгузор аз болои амал ё қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикояти судӣ ва эътирози прокурорӣ оварданро раво дида, шикояту эътирозҳои прокурорӣ барои барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва ислоҳи фаъолияти мақомоти зикршуда ва санадҳои қабулнамудаи онҳо нигаронида шудаанд.

Эътибори ҳокимияти судӣ ва санадҳои судӣ, инчунин аз номи давлат бароварда шудани онҳо, маҳз дар низоми татбиқи адолати судӣ мавҷуд будани шикояти иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва эътирози мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ мебошад, ки барои таъмини адолати судӣ ва дар маҷмўъ адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа равона карда шудааст.

Давлат адолати иҷтимоиро дар санадҳои судии қабулна­мудаи мақомоти ҳокимияти судӣ дар фароҳам овардани имконияти шикояти санадҳои судӣ пешбинӣ намуда, бо ин сиёсати ҳуқуқии худ дастрасии шаҳрвандонро ба адолати судӣ, баррасии парвандаҳои судӣ аз тарафи суди босалоҳият ва тибқи қонун таъсисёфта ва ҳифзи судии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст, ки ин амали он аз муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».

Қисми 5 моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966 бошад муайян менамояд, ки: «Ҳар касе, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудааст, ба он ҳақ дорад, ки маҳкумият ва ҳукмномаи ў аз тарафи маҷраи суди болоӣ аз нав баррасӣ карда шавад».

Конститутсия, ки дар масъалаи танзими ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, дар моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ арзёбӣ намуда, эътироф, риоя ва ҳифз намудани онро кафолат додааст.

Моддаи 14 Конститутсия бевосита амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини онҳоро аз тарафи ҳокимияти судӣ пешбинӣ намуда, моддаи 18 Конститутсия таъмини дахлнопазирии шахсро аз тарафи давлат кафолат додааст.

Моддаи 19 Конститутсия ба ҳар шахс ҳифзи судиро кафолат дода, эълон намудаст, ки «ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва тибқи қонун таъсисгардида баррасӣ намояд.»

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки кафолати ҳифзи судии пешбининамудаи моддҳои 14 ва 19 Конститутсия дар баробари ба субъектони ҳуқуқ ё иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ дастрас будани адолати судӣ, инчунин барои онҳо имконияти шикоят аз болои амалҳои шахсони мансабдори давлатиро дар тамоми марҳилаҳои судии пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ дар назар дорад, зеро фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноят ва судҳо, ки ба салоҳияти онҳо пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судӣ вогузор карда шудааст, аз саҳву хатоҳо истисно нест.

Муқаррароти зикршудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба субъектони ҳуқуқ ё иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ дастрас будани адолати судӣ ва имконияти шикоят овардан аз болои амалҳои шахсони мансабдори давлатӣ дар тамоми марҳилаҳои судӣ, инъикоси худро дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтааст.

Чунонки, қисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, «шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад».

Моддаи 23 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «аз амал ё қарори суд, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикоят» намудани иштирокчиёни мурофиаро яке аз принсипҳои асосии қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ арзёбӣ намудааст.

Қисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур, инчунин қоидаеро пешбинӣ менамояд, ки тибқи он судяе, ки қарори ба ҳабс гирифтан ё таҳти ҳабси хонагӣ қарор додани гумонбаршуда ё айбдоршавандаро қабул намудааст, муҳлати дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ нигоҳ доштани онҳоро дароз кардааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок карда наметавонад.

Тибқи қисми 8 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, агар дар рафти мурофиаи судӣ масъалаи ба ҳабс гирифтани судшаванда пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафҳо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо ҳал намуда, дар ин бора қарор ё таъинот мебарорад ва қарор ё таъиноти дар ин хусус қабулкардаи судя ё суд тибқи талаботи қисми 9 моддаи мазкур метавонад бо тартиби кассатсионӣ ба суди болоӣ шикоят ва эътироз оварда шавад.

Шикоят намудан ва эътироз овардан ба санадҳо ва амалҳои шахсони мансабдори мақомоти зикршуда, ки онҳо барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти марҳилаҳои пешинаи судӣ вуҷуддошта ташкил карда шудаанд, аз муҳимтарин принсипҳои демократии мурофиаи судии ҷиноятӣ арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба ин, муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тавъам набудан ба талаботи моддаҳои 5, 14 ва 19 Конститутсия, инчунин ба мазмуну муҳтавои қисми 4 моддаи 11, моддаи 23, қисми 1 моддаи 62, қисмҳои 8 ва 9 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар масъалаи муроҷиат аз Конститутсия сарчашма мегирад, мутобиқ нест.

Зеро муқаррароти ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси «эрод ба қарорҳои дар боло зикршуда (аз ҷумла қарор оид ба интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ) мумкин аст ба тариқи шикояти кассатсионӣ ё эътироз нисбати ҳукм пешниҳод шавад», дар сурати нисбат ба шахс баровардани ҳукми айбдоркунанда дар намудани маҳрум кардан аз озодӣ мантиқ ва моҳияти худро гум менамояд.

Ҳолатҳои дар боло омада ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамоянд, ки муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи конститутсионии Саидова Н.А. оид ба муроҷиат ба мақомоти давлатии ваколатдор ва таъмини кафолати ҳифзи судӣ гардидааст.

Бинобар ин, ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзии судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва қонунгу­зории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муқаррароти моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дахлдори Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р к а р д:

1. Қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надорад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муқаррароти моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дахлдори Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд.

3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Yandex.Metrica