Қарор аз рўи дархости шахрванд Муллочонова Ф.

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз рўи дархости шаҳрванд Муллоҷонова Ф. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 22 майи соли 2015

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Кари­мзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ѓаниев Ҷ.,

тарафҳо:

1. Шаҳрванд Муллоҷонова Ф. – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст ва адвокати ў – Ёров Б.;

2. Азимзода Т.С. – намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷ­­­­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон – намо­яндаи та­рафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулкар­даи он мавриди баҳс қарор дода шудааст.

Даъватшудагон:

1. Осимзода М. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

2. Муродов Б. – раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвай­рон­кунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

3. Пулоди М.К. – муовини раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

4. Нусратзода И. – муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Иномов А. – сардори Раёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Ҳотамбекова М.У. – сардори шуъбаи Раёсати назорати қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

7. Турсунов Ш.Х. – сарнозири Сарраёсати Агентии назо­рати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Ҳасанов А.С. – сардори шуъбачаи амалӣ-маъмурии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Солиев А.У. – сармутахасиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Муллоҷонова Ф. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д., баёноту ху­лосаи тарафҳо ва баромади даъват­шу­да­гонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳ­қиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Муллоҷонова Ф. бо дархост ба Суди консти­тутсионии Ҷум­­­ҳурии Тоҷи­кистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки кормандони Боз­расии давлатии автомобилӣ садамаи нақлиётии миёни авто­машинаи шахсии ў тамѓаи «Тайота-Превиа» ва автомашинаи Қурбо­нов А. тамѓаи «Мер­седес-Бенс», ки 14 ок­тябри со­ли 2011 дар чор­ро­­ҳаи кў­чаҳои Рудакӣ-Бу­хорои шаҳри Душанбе рўй дода буд, бо айбдо­рии ў ба расмият да­ро­варда, парвандаи ҳуқуқ­вайронкунии маъ­му­риро барои баррасӣ ба суди ноҳияи Исмоили Со­монии шаҳри Душанбе пешниҳод кардаанд.

Суди ноҳияи Исмоили Со­монии шаҳри Душанбе парван­даи маъму­рии нисбати ў баанҷомрасидаро бар­расӣ намуда, бо қарори худ аз 7 июни соли 2012 ўро бо қисми 1 моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 175 сомонӣ ҷарима намудааст.

Муллоҷонова Ф. бо қарори зикршудаи суд розӣ нашуда, дар заминаи ҳолатҳои нав ­ошкоршуда бо ариза барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба суди ноҳияи Исмоили Со­монии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст.

Суди ноҳияи Исмоили Со­монии шаҳри Душанбе ва баъдан, колле­гияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳу­қуқ­вайронкунии маъ­мурии суди шаҳри Душанбе ва суди марҳилаи назоратӣ аризаи ўро беқа­ноат монон­даанд.

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки ў се нафар шоҳиди садамаи нақ­ли­ё­тиро пешниҳод кардааст, ки онҳо ҳамчун ҳолати навошкардашуда бояд аз та­рафи суд ба инобат гирифта шуда, мавриди пурсиш қарор мегириф­танд. Аммо марҳалаҳои зикр­шудаи судӣ қисми 2 моддаи 197 Кодекси му­рофиаи ҳуқуқ­вайронкунии маъ­мурии Ҷумҳурии То­ҷикис­тонро дастрас карда, асосҳои пешниҳоднамудаи ўро бинобар ҳамчун ҳо­лати нав ошкор­шуда муқаррар нашуданашон дар моддаи номбурдаи Кодекси муро­фиаи ҳуқуқвайрон­кунии маъмурӣ ба инобат нагирифта, аз баррасӣ кардани аризаҳои ў худдорӣ кардаанд.

Муллоҷонова Ф. чунин мешуморад, ки тибқи амалияи мав­ҷуда яке аз роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии поймол­шу­даи шаҳрвандон, ин аз нав баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқ­вайронкунии маъмурӣ бинобар ошкор гарди­дани ҳолат­ҳои нав мебошад. Аммо ҳолатҳои овардаи ў аз тарафи мар­ҳалаҳои судӣ бинобар дар қисми 2 моддаи 197 Кодекси му­ро­фиаи ҳуқуқ­вайронкунии маъмурӣ пешбинӣ нашудан, ҳамчун асос барои аз нав сар кардани баррасии парванда ба инобат гирифта наме­шаванд.

Қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъму­рии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба сифати асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайрон­кунии маъмурӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкор­шуда, ҳолатҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

– дидаю дониста нишондоди бардурўѓ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, ки боиси қабули қарори ѓайриқонунӣ ё беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;

– амали ҷинояткоронаи суд, прокурор, мақомоти вако­латдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки боиси қабули қарори ѓайриқонунӣ ва беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;

– аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эъти­роф кардани қону­не, ки суд, прокурор, мақомоти ваколат­дори давлатӣ (шахсони мансабдор) зимни барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқ­вайрон­­кунии маъмурии мушаххас татбиқ намудаанд.

Ба андешаи муроҷиаткунанда, меъёри қисми 2 моддаи 197 Кодекси номбурда ҳуқуқҳои конститут­сионии ўро ба ҳифзи судӣ ва ҳимояи шаъну шарафи инсонӣ, ки бо муқаррароти моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, мод­даи 8 Эъло­мияи уму­мии ҳуқуқи башар, банди 1 моддаи 14 Паймони бай­налхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ кафолат дода шудаанд, маҳдуд месозад.

Бо дарназардошти ин, Муллоҷонова Ф. қисми 2 моддаи 197 Кодекси му­рофиаи ҳуқуқвайронкунии маъму­рии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф шуморида, аз Суди конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон хоҳиш намуда­аст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шуда, мувофиқати қисми 2 моддаи 197 Кодекси му­рофиаи ҳуқуқвайронкунии маъму­рии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости маз­курро дар алоқамандӣ бо тала­боти Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байнал­ми­лалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалияи судӣ ҳаматарафа мав­риди таҳ­лил ва баррасӣ қарор дода, қайд мена­мояд, ки дар низоми ҳуқуқу озо­диҳои консти­тутсионии инсон ва шаҳрванд, ҳу­қуқ ба кафолати ҳифзи судӣ ва шаъну шарафи инсонӣ мавқеи марказиро ишѓол менамоянд.

Чунин кафолат аз хусусияти давлати демократӣ, ҳуқуқ­бунёд ва иҷти­моӣ будани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў дар сатҳи Конститутсия арзиши олӣ эътироф шудаанд, маншаъ гирифта, бе амалӣ наму­дани он бунёди ҷомеаи воқеан адолатпарвару озод ѓайри­имкон мебошад.

Кафолати амалишавии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва пешбурди одилонаи мурофиаи судӣ воситаи муҳими таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адола­ти судӣ, иҷрои бечунучарои расмиёти мурофиаи судӣ, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди суд ва қонун, амалишавии ҳуқуқ ва кафолатҳои қонунии ишти­рокчиёни мурофиаи судӣ, ҳамчунин имко­нияти шикоят наму­дан аз болои санадҳои судӣ ба шумор меравад, ки он тавассути муроҷиат ба мақомоти судӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷониби дигар дастраси ба адолати судӣ имконияти муқаррар­кардаи Конститутсия ва қонунҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқу мафиатҳои қону­нии поймолшудаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва воситаи муҳими амалиша­вии уҳдадориҳои консти­тутсионии давлат дар назди шаҳрван­дон ба шумор меравад.

Зеро тибқи моддаи 14 Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳал­лиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Моддаи 17 Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд кафолат дода, пешбинӣ менамояд, ки давлат ба ҳар кас ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Моҳияти ҳуқуқии Конститутсия дар зарурати таъ­мини кафолати ҳифзи судӣ ба ҳар шахс зоҳир ёфта, дар моддаи 19 пешбинӣ шудааст: «… Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».

Бинобар хусусияти ҳифзкунанда, барқароркунанда ва пешгири­кунанда доштани ҳуқуқ ба кафолати ҳифзи судӣ, он мавриди­ танзими амиқи санадҳои ҳуқуқии бай­налмилалӣ низ қарор дода шудааст.

Чунончи, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 дар моддаи 8 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конс­титутсия ё қонун пешбинӣ шуда­анд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».

Мутобиқи муқаррароти моддаи 14 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966: «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ў дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мус­тақил ва беѓаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад».

Ҳокимияти судӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амал­кунанда ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасси­саҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд, дар қатори мурофиаи судии ҷиноятӣ, граж­данӣ, оилавӣ, инчу­нин фарогири муносибатҳои мурофиа­вии маъмурӣ мебошад, ки аз парвандаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бар­меоянд ва тартиби пешбурди онҳоро қонунгузо­рии мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медаро­рад.

Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, ки яке аз вази­фа­­ҳои асосии он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбад, дар қисми 1 моддаи 9 пешбинӣ менамояд: «Ба ҳар шахс ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниаш кафолат дода мешавад. Ҳар шахс метавонад оид ба ҳимоя кардани ҳуқуқҳои вайрон­гаштааш ба суд муроҷиат намояд ва ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».

Кодекси номбурда дар баробари ба тариқи кассатсионӣ ва назора­тӣ муқаррар кардани баррасии санадҳои судии марбут ба парвандаҳои ҳуқуқ­вайронкунии маъмурӣ, инчунин дар қисми 2 моддаи 197 асосҳои аз нав сар кардани пешбурди пар­вандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда пешбинӣ намуда, онҳоро мавриди танзими қонунӣ бахшидааст, ки онҳо ҳамчун идомаи мантиқии амалиша­вии ҳамаҷонибаи ҳуқуқи конститутсионии шахс ба ҳифзи судӣ ва воситаи муҳими барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда арзёбӣ карда мешаванд.

Ҳолатҳои нав ошкоршуда, ки қонунгузори зимни мавҷуд будани онҳо аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқ­вайронкуниро муқаррар кардааст, ба субъектони ҳуқуқ имко­ният медиҳад, ки бегуно­ҳии худро дар содир кардани ин ё он амалӣ бо қонунманъшуда бори дигар бо пешниҳоди далелҳои нав, ки зимни пешбурди парванда ва ё баррасии он дар муро­фиаи судӣ маълум набуданд, ё маълум буда намета­вонистанд собит намоянд.

Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон дар қисми 1 моддаи 202 муқаррар менамояд: «Аз нав баррасӣ кардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколат­дори давлатӣ (шахсони мансабдор) бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба манфиати шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, бо ҳеҷ гуна муҳлат маҳдуд карда намешавад», ки ин меъёр низ воситаи ҳуқуқии таъмини бема­мониати амалишавии кафолати ҳифзи судӣ дар ҳар маврид ба шумор меравад.

Қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъму­рии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дархосткунанда онро мав­зўи баррасии судии конститут­сионӣ қарор додааст, асосҳоеро пеш­бинӣ менамояд, ки онҳо ба сифати ҳолатҳои нав ошкор­шуда маънидод гардида, зимни мавҷу­дияти онҳо, пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад аз нав сар карда шавад ва аз ин лиҳоз муқаррароти қисми 2 ин модда ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳуқуқи шахсро ба ҳимояи судӣ маҳдуд намояд, балки ба шахс имконият медиҳад, ки тавассути мубоҳисаҳои судӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бегуноҳии худро исбот намояд.

Ҳолатҳои мушаххасе, ки дархосткунанда ҳамчун ҳолати нав ош­кор­шуда ба зинаҳои судӣ бобати аз нав сар кардани пешбурди парван­даи ҳуқуқвайронкунӣ манзур кардааст, ба эҳтимолияти тахминии ў асос ёфта, бинобар пешбинӣ нашудан дар муқаррароти қонун, наметаво­нанд аз ҷониби судҳо ҳамчун асос ва меъёри ҳуқуқӣ барои ба миён омадани оқи­бати му­шаххаси ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шаванд. Зеро санадҳои судӣ наметавонанд ба эҳтимолияти тахминии муроҷиаткунанда асос ёбанд.

Суди конститутсионӣ, инчунин таъкид менамояд, ки қарорҳои суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони ман­сабдор), марбут ба парван­даи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ зимни мавҷуд будани ҳолатҳои нав, ки ҳамчун асос барои аз нав сар кардани пешбурди пар­вандаи ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳайси меъёри мушаххаси татбиқи ҳуқуқ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ инъикос гардида­анд, бекор карда шаванд ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.

Аз ин рў, дар меъёри санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим нашу­дани ин ё он муқаррарот наметавонад ҳамчун конс­титут­сионӣ ё ѓайриконсти­тутсионӣ будани меъёри ҳуқуқӣ арзёбӣ гардад. Ин ҳолат, мумкин аст номукаммалии қонун­гузорӣ ном бурда шавад ва бо даст­расии таҷрибаи мавҷудаи ҷа­ҳонӣ тавассути ворид намудани таѓ­йиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шавад ё қабули он рад карда шавад.

Бо дарназардошти ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар меъёрҳои қисми 2 моддаи 197 Кодекси муро­фиаи ҳуқуқвай­рон­кунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муто­би­қати онҳо ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон боиси шубҳа ва баҳси муро­ҷиатку­нанда қарор дода шудааст, поймол ва маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои шахсро ба ҳифзи судӣ ва ҳимояи шаъну шарафи инсонӣ ошкор накард. Меъёрҳои қисми 2 моддаи зикршудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвай­рон­кунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёр­ҳои умумии муайя­нкунандаи асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парван­даи ҳуқуқвай­рон­кунии маъмурӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкор­шуда мебошанд. Онҳо дорои хусусияти ҳуқуқтат­биқкунӣ буда, зимни бар­расии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дархосткунанда аз ҷониби судҳо мавриди дастрасӣ ва татбиқ қарор дода шудаанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайрон­кунии маъ­мурии Ҷумҳу­рии Тоҷикистонро ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Кон­сти­­тут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ менамояд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарна­зар­дошти таъмини принсипи конститутсионии кафо­лати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ҷиҳати боз ҳам мушаххас ва мукаммал намудани ҳолат­ҳое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқ­вайронкунии маъмурӣ асос мегарданд, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон таҷдиди назар қарор додани қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайрон­кунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро муво­фи­қи мақсад мешуморад.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 34, 38, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон», Суди консти­­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон,

қ а р о р к а р д:

1. Қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвай­рон­кунии маъму­рии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон му­тобиқ мебошад.

2. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини принсипи конститутсионии кафо­лати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ҷиҳати боз ҳам мушаххас ва мукаммал намудани ҳолатҳое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асос ме­гар­данд, қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқ­вайрон­кунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷдиди назар қарор диҳанд.

3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народ­ная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Ҳошимзода

Yandex.Metrica