Қарор аз рўи дархости шахрвандон Хурамов З.Н. ва Хасанов Ч.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофикати сархати чоруми кисми 4 моддаи 59 Конуни Чумхурии Точикистон аз 12 январи соли 2010, № 595

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз рўи дар­­хости шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 8 декабри соли 2017

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И. ва Гулзор М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,

тарафҳо:

1. Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. – тарафе, ки дар асо­си дар­хости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;

2. Азимзода Т.С. – намояндаи Маҷлиси намоян­дагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон – намояндаи тарафе, ки конститут­сионӣ будани қонуни қа­булна­мудаи он мавриди баҳс қарор дода шудааст;

3. Шоназаров С.А. – намояндаи Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намоян­даи тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни ба имзо­ра­со­нидаи он мавриди баҳс қарор дода шудааст;

4. Одиназода Н.Х. – муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон – намояндаи тарафе, ки конститутсионӣ будани санади меъёрии ҳуқуқии қабулна­мудаи ў дар шакли фармоиш мавриди баҳс қарор дода шудааст.

Даъватшудагон:

1. Ваҳҳобов В.М. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон;

2. Мирсайзод Ҳ.С. – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон;

3. Маҳмадуллозода Н.Р. – муовини вазири меҳнат, муҳо­ҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Шарипов К.Р. – директори Корхонаи воҳиди «Пойгоҳи локомо­ти­вии Душанбе­»-и Кор­хонаи воҳи­ди дав­латии «Ро­ҳи Оҳани Тоҷикис­тон»;

5. Худоёров О.Ф. – сардори хадамоти ҳуқуқи Кор­хонаи воҳи­ди дав­латии «Ро­ҳи Оҳани Тоҷикистон»,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мод­даҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар мурофиаи ошко­рои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қону­ни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фар­мои­ши Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрван­дон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба мод­даи 39 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузо­риши муовини Раиси Суди консти­тут­сионӣ Каримзода К.М., ху­лосаи тарафҳо ва баромади даъ­ват­­шу­да­гонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои ворид­шударо таҳ­қиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. бо дархост ба Суди кон­­­сти­­тут­си­онии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон муроҷиат наму­да, қайд мена­моянд, ки баъди солҳои тўлонии фаъолият дар Корхонаи воҳиди «Пой­гоҳи локомо­тивии Душанбе­»-и Кор­хонаи воҳиди дав­латии «Ро­ҳи Оҳани Тоҷикистон», ки ба онҳо ҳуқуқи ба нафақа баро­маданро медиҳад, онҳо мувофиқан 12 июни соли 2017 ва 3 июли соли 2017 ба на­фақаи имтиёз­нок во­­баста ба ша­ро­ити мах­суси меҳнат баро­ма­данд.

Зимни ба нафақа баромадан, аз ҷониби корхонаи зикр­шуда ба онҳо ҳуҷ­ҷатҳои барои гириф­тани нафақа зарурӣ, аз ҷумла маълумот­нома дар бораи музди меҳнат (даромад) ва кафо­латнома дар хусуси то ба син­ни 63 солагӣ расидани онҳо пардохт намудани нафақа аз ҷо­ниби Кор­хонаи воҳиди дав­латии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» дода шудааст.

Номбурдагон зикр менамоянд, ки дар асоси банди и) қис­ми якуми моддаи 12 (На­фа­қаҳои имтиёзноки вобаста ба ша­роити махсуси меҳнат)-и Қону­ни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 25 ию­ни соли 1993, №797 «Дар бораи таъми­ни на­­фақаи шаҳрван­дони Ҷум­ҳу­рии То­ҷикистон» онҳо ба катего­ри­яи шахсо­не, ки ба нафақаи бо ша­ртҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд, мансуб мебошанд.

Бинобар ин, бо пешниҳоди тамоми ҳуҷ­ҷатҳо ба шуъбаи Аген­­­­тии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаи назди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон дар ноҳияи Шоҳ­мансур муроҷиат намуданд. Аммо му­ро­ҷиати онҳо аз ҷо­ни­би мақоми зикршуда қабул карда нашудааст.

Баъд аз муроҷиати такрорӣ ба онҳо аз ҷониби масъулини Аген­­­­тии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаи назди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон дар ноҳияи Шоҳ­мансур фармоиши Агентии суғуртаи иҷти­­моӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 30 январи соли 2017, №6 дода шуда, зикр гардидааст, ки нафақаашон бо ин фармоиш боздошта шуда­аст. Бо гириф­тани ин санад, муроҷиаткунандагон такроран ба Аген­тии суғур­таи иҷти­моӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муроҷиат намуданд, аммо масъалаи мазкур ҳалли мус­бии худро пайдо накард.

Муроҷиаткунандагон қайд менамоянд, ки муддати зиёд аст, ки онҳо наметавонанд ҳуқуқи консти­тутсионии худро ба нафақа дар пирон­солӣ таъмин намоянд. Ҳоло он ки тиб­қи моддаи 39 Консти­тут­сияи Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми бемо­рӣ, маъю­­бӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мав­рид­ҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷти­моӣ дорад».

Ба андешаи Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. сабаби маҳдуд гаштани ҳуқуқи консти­­тут­сио­ниашон ба нафақа, ин нисбати онҳо татбиқ наму­дани муқаррароти сар­хати чоруми қисми 4 мод­даи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақа­ҳои суғур­та­вӣ ва давлатӣ» мебошад, ки тибқи он:

«4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низо­ми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шуда­анд, таъминоти нафа­қа аз рўи синну сол дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» амалӣ карда мешавад:

– шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шарои­ти мах­су­си меҳнат, ба нафақаҳои имтиёзнок аз рўи синну сол ва барои хизмати дароз­муҳлат ҳуқуқ пайдо кардаанд».

Сабаби дигари маҳдуд шудани ҳуқуқи конститутсионии худро ба нафақа, муроҷиаткунандагон аз ҷониби Агентии суғур­таи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳу­кумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон қабул гардидани фар­моиш аз 30 январи соли 2017, №6 меҳисобанд, ки тибқи сархати якуми он амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини на­фа­қаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии То­ҷикистон» дар қисмати таъйини нафа­қаи меҳ­на­тӣ аз рўи синну сол (аз ҷумла нафақаҳои имтиёзнок вобас­та ба ша­роити махсуси меҳнат) ва нафақаҳо барои хизмати дарозмуддат низ боз­дошта шудааст.

Бинобар ин, Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. сархати якуми фар­моиши зикршу­да­ро нодуруст ҳисо­бида, чунин мешуморанд, ки Аген­тии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳуқуқи бо фармоиши худ боз­дош­тани амали Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини на­фа­қаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии То­ҷикистон» ва умуман ягон санади ма­қомоти болоиро ­надорад.

Ҳамин тариқ, ба андешаи муроҷиаткунандагон сархати чоруми қис­ми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи на­фақаҳои су­ғур­тавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷ­тимоӣ ва нафақа ҳуқуқи консти­тут­сиониашонро ба нафақа маҳдуд мена­моянд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, муроҷиаткунанда­гон аз Суди консти­тутсионӣ хоҳиш кардаанд, ки дар асоси дар­хости онҳо муро­фиаи судии конс­титутсионӣ оғоз карда шуда, муво­фи­қати сархати чору­ми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷум­ҳурии То­ҷи­кис­тон «Дар бораи на­фақаҳои суғур­тавӣ ва дав­латӣ» ва сар­хати якуми фар­мо­иши Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафақа аз 30 ян­ва­ри соли 2017, №6 ба моддаи 39 Консти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон му­ай­ян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости маз­кур ва маводи ба он замимагар­ди­даро ҳама­­ҷо­ниба мавриди омўзиш ва санҷиш қарор дода, қайд мена­мояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати таъ­­мини иҷтимоиро як навъ даст­гирии моддӣ ва маъ­навии инсон ва шаҳрванд барои меҳнати фои­данок ва сама­раноки дар давраи фаъо­лияти меҳнатиаш ба манфиати ҷомеа, давлат ва тала­боти худ иҷрокар­­­даи шахс арзёбӣ менамояд.

Бинобар ин, амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шахс ба нафақа аз ҳадафҳои муҳими давлати иҷтимоӣ дар самти таъми­ни шароити арзан­даи зиндагӣ ба ҳар шахс ба шумор рафта, бо кафо­лати дахлдори дав­латии дар қонун­гузорӣ инъикос ёфта татбиқи воқеии худро пайдо мекунад.

Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати пешгирифтаи со­ҳаи иҷти­моӣ ва таъмини шаҳрвандон бо нафақа, давлату Ҳуку­мат давра ба давра исло­ҳоти соҳаи нафақаро роҳандозӣ намуда, тавассути қабулу такмили санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ, низоми таъминоти нафақаро ба шароити муосир мувофиқ мегардонад.

Аз ин рў, муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул­шуда ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ аз ҷони­би мақоми салоҳият­дор дар ин самт бояд амалишавии бемамонати ҳуқуқу манфиат­ҳои иҷтимоии шахсро пайгирӣ наму­да, дар ҳеҷ маврид набояд ба маҳдудшавии ҳуқуқи шахс, ки арзиши олӣ будани он дар сатҳи Конститутсия инъикос гардидааст, оварда расонад.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ бо такя бо мавқеи ҳуқуқии худ, ки дар қа­рорҳои он аз 13 ноябри соли 2014 ва 17 июни соли 2010 пешбинӣ гардидаанд, зикр менамояд, ки кафолати таъ­­мини иҷти­моӣ дар низоми ҳуқуқу озо­­диҳои асосии инсон ва шаҳрванд пеш­бининамудаи са­над­ҳои ҳуқуқии бай­налмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конс­ти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калидиро ишғол ме­намояд ва чунин кафо­лат аз давлати иҷтимоӣ эълон шудани Тоҷи­кис­­тон ва барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зин­дагии арзанда ва ин­ки­­­­­шофи озо­дона бармеояд.

Аз ин рў, кафолати таъ­­мини иҷти­моӣ масъалаи марказии санад­ҳои ҳу­қуқии бай­налмилалии эътирофнамудаи ҷомеи ҷаҳон оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, давлатҳо бино­бар хусусияти инсондўстию ин­сон­парварӣ доштани ин кафолат ва барои ҳар шаҳрванд аҳамия­ти муҳим доштанаш, ба он эътибори аввалин­дарҷа медиҳанд.

Бо ин назардошт, ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ дар санад­ҳои бай­нал­милалӣ инъикоси худро пайдо наму­да, риояи он аз ҷониби тамоми давлатҳо ҳатмӣ дониста мешавад.

Чунончи, моддаи 22 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 де­кабри соли 1948 эълон медорад, ки: «Ҳар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ… ҳақ до­рад».

Моддаи 9 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқти­содӣ, иҷти­моӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 пешбинӣ кардааст, ки «давлатҳои шир­каткунандаи ҳамин Пай­мон ҳуқу­қи ҳар як инсонро ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷум­ла суғуртаи иҷти­моӣ эътироф мекунанд».

Бинобар ин, бо назардошти қисми ҷудо­наша­вандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардидани халқи Тоҷикистон ва қисми таркибии ни­зоми ҳуқу­қии ҷум­ҳуриро ташкил намудани санад­ҳои ҳуқу­қии байнал­милалии эъти­­роф­­намудаи он, Тоҷикистон муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии байнал­милалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро эъти­роф карда, муқаррароти онро дар Консти­тутсия ва қо­нун­­ҳо пеш­бинӣ кардааст.

Чунончи, моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва амалишавии ҳуқуқи инсонро, ки яке аз муҳимтарини он ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, кафолат дода, пешбинӣ менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд бевосита амалӣ шуда, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Ҳамчун идомаи мантиқии муқаррароти зикршудаи консти­тут­сио­нӣ, моддаи 39 Конститутсия ҳуқуқи ҳар шахсро ба кафо­лати таъмини иҷтимоӣ муқаррар кардааст.

Дар заминаи меъёри зикршудаи Конститутсия, дар қисми 3 моддаи 359 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки корманд ҳиссаи худро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартиб ва андозаи муайянкар­даи қонун­гузорӣ мепардозад. Ин имкон медиҳад, ки корманд баъди ба нафақа ҳуқуқ пайдо кардан, аз таъмини иҷтимоӣ бархўрдор гардад.

Ҳамчун унсури муҳими танзими ҳуқуқии сиёсати давлатии иҷтимоӣ, Қонуни Ҷум­ҳурии То­ҷикистон аз 25 ию­ни соли 1993, №797 «Дар бо­раи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» кафолати пар­дох­ти нафақаҳои шаҳрвандонро муқар­­рар наму­да, ҳимояи иҷтимоии нафақахў­ронро бо роҳи муқар­рар намудани нафақа­ҳои барои пешбурди зиндагӣ кифоя­кунанда таъ­мин мекунад.

Ҷиҳати идомаи мантиқии ислоҳоти соҳаи нафақа, Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафа­қаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва Қону­ни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №790 «Дар бораи суғур­таи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва дигар санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо ба истис­нои муқар­ра­роти баъзе аз моддаҳо аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шудаанд.

Агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафа­қа­ҳои суғур­та­вӣ ва давлатӣ» асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзи­ми дав­латии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадо­ри­ҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва пар­дохти нафақаҳои суғур­тавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағ­гу­зории онҳоро муайян карда бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» таъмини асос­ҳои ҳуқуқӣ, иқти­содӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақаи касбии корман­донеро, ки дар шарои­ти меҳнаташон махсус машғул буданд, яъне нафақаи касбиро мавриди танзим қарор додааст.

Бо мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои зикршуда ва бинобар гузаштан ба низоми нави нафақавӣ, қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷум­ҳурии То­ҷикистон «Дар бораи нафа­қаҳои суғур­та­вӣ ва давлатӣ» пешби­нӣ мена­мояд, ки таъминоти нафақаи шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақа­ҳои имтиёзнок ҳуқуқ пайдо кардаанд, то 1 январи соли 2017 дар асоси муқаррароти Қону­ни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­ван­дони Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Бинобар ин, бо мақсади таъмини пай­дар­ҳамии гузариш ба низоми нави нафақа, тибқи қисми 6 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон «Дар бораи нафақаҳои суғур­тавӣ ва давлатӣ», аз 1 январи соли 2017 сар карда, тамоми намудҳои нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­­кис­тон «Дар бо­раи нафақа­ҳои суғуртавӣ ва дав­ла­тӣ» ба роҳ монда мешавад.

Таъминоти нафақаи касбӣ, ки мав­риди баҳси дархост­куна­н­дагон қарор гириф­тааст, тибқи моддаи 53 қонуни зикршуда ба Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ҳавола карда шудааст.

Вобаста ба ин, моддаи 16 Қону­ни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», ки аз 1 январи соли 2017 мав­ри­ди амал қарор гирифтааст, пешбинӣ менамояд, ки:

«Нафақаи шахсо­не, ки корхонаҳои шароити корашон махсус ва корфармо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ба муассисаи суғурта саҳмҳоро барояшон пардохт намудааст, аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафа­қавии касбӣ пардохта мешавад».

Ҷиҳати муқаррар кардани тартиби ягонаи таъминоти нафа­қаи касбӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 3 декабри соли 2010, №634 «Қоидаҳои тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақа­ҳои касбӣ»-ро тасдиқ карда­аст. Аз ҷумла, дар банди 34 Қоидаи зикргар­дида пешбинӣ шудааст, ки: «Ба шахсони суғурташудае, ки то 1 январи соли 2017 барои иҷрои корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақаҳои имтиёзнок аз рўи синну сол ё барои хизмати дароз­муддат ҳуқуқ пайдо мекунанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи таъмини нафа­қаи шаҳр­вандони Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда мешавад».

Бо дарназардошти асосҳои зикршуда, таъминоти нафақаи шахсоне, ки ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси меҳнат пайдо намуданд, аз 1 январи соли 2017 ҳам­чун нафақаи касбӣ, мувофиқи муқар­рароти Қону­ни Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи суғуртаи ҳат­мии нафақавии касбӣ» амалӣ карда мешавад.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ дар меъёрҳои сархати чо­руми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи нафақаҳои су­ғуртавӣ ва давлатӣ» меъёрҳои манъкунанда ё маҳдуд­ку­нан­даи кафо­лати таъми­ноти иҷтимоӣ ва вобаста ба ин поймол ва маҳдуд гаштани кафо­лати таъ­­миноти иҷти­моии дархосткунандагонро муай­ян накард.

Меъёрҳои моддаи қонун меъёрҳое мебо­­­­­шанд, ки қонун­гузор бо назар­­дошти ислоҳоти соҳаи нафақа ва давра ба давра гузаштан ба нафа­қаи суғуртавӣ ва давлатӣ, аз ҷумла нафақаи кас­бӣ ва бо ҳамин нигоҳ дош­тани суботи фаъолияти нафақавӣ, инчунин таъ­ми­ни ҳамаҷони­баи кафолати таъминоти иҷтимоӣ пешбинӣ наму­дааст.

Сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни зикршуда бо на­зар­­­дошти техникаи ҳуқуқ­эҷод­кунӣ муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амали Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи таъмини на­фақаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии То­ҷи­кистон»-ро аз 1 январи соли 2017 нисбат ба шахсоне, ки ба нафақаи имтиёзнок барои шароити махсуси меҳнат ҳуқуқ доранд, боз доштааст.

Дар навбати худ сархати якуми фармоиши Агентии суғур­таи иҷти­моӣ ва нафа­қа, ки ҷиҳати татбиқи моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи нафақаҳои суғуртавӣ ва дав­ла­тӣ» қабул шудааст, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намебошад. Зеро тибқи қисми 4 моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амали қонун на бо фармоиши Агентӣ, балки бо қарори Маҷ­лиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дошта меша­вад.

Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ муқаррароти сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 қонуни мавриди баҳс қарордода­шударо ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон мувофиқ арзёбӣ намуда, қайд меку­над, ки он вобаста ба ҳолат­ҳои пешби­нина­му­даи қонунгу­зории соҳаи нафақа бояд мавриди амал қарор дода шавад.

Сархати якуми фар­моиши Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафақа, ки такрори муқаррароти сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи нафақа­ҳои суғуртавӣ ва дав­ла­тӣ» мебо­шад, берун аз доираи талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунии муқаррар­на­мудаи қонунгузорӣ ба тасвиб расонида шудааст.

АзMsoNormalquot;,serif; ин рў, Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаро зарур аст, ки сар­хати якуми фар­моиши худро ба та­лаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи са­над­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонад.

Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ дар асосҳои ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақаи касбӣ пешбининамудаи Қо­ну­ни Ҷумҳурии Тоҷи­ки­стон «Дар бораи суғур­таи ҳатмии нафақавии касбӣ», дар масъалаи андухтҳои нафақаи касбӣ муш­ки­лиҳо ошкор намуд, ки мебоист онҳо аз лаҳзаи мавриди амал қарор гириф­­тани Қо­нуни зикршуда то 1 ян­вари соли 2017 ҳаллу фасли дурусти худро меёф­танд.

Дар сурати ҳалли дурусти худро пайдо накардани ин масъа­ла теъдоди шахсони ба нафақаи касбӣ ҳуқуқдор рў ба афзоиш ниҳода, ин ҳолат метавонад ба саросар поймол гашта­ни кафолати таъминоти иҷти­моии шахсони дорои ҳуқуқ ба нафақаи касбӣ оварда расонад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Ҳуку­ма­ти Ҷумҳу­рии То­ҷи­кис­тон ва Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаро зарур аст, ки ҷиҳа­ти бартараф на­мудани мушкилоти вобаста ба ҳолати татбиқи суғуртаи ҳатмии нафақавии кас­бӣ ва механизми татбиқи Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷи­ки­стон «Дар бораи суғуртаи ҳат­мии нафақавии касбӣ», ки дар масъа­лаи андухтҳои нафақаи касбӣ ба миён омадаанд, чо­раҳои таъхирно­пазирро амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаи наз­ди Ҳуку­мати Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кистон якҷо бо Кор­хонаи воҳи­ди дав­латии «Ро­ҳи Оҳани Тоҷи­кистон» ҷиҳати таъмини кафолати конститутсионии шаҳр­ван­дон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. ва дигар кормандони со­ҳа ба нафақаи касбӣ, тадбирҳои муассир андешанд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Кон­­­с­­­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди конститут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон», Суди кон­с­­ти­­­тут­сио­нии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон,

қ а р о р к а р д:

1. Сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафа­қаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон мувофиқ мебошад.

2. Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаи назди Ҳуку­мати Ҷумҳу­рии То­ҷи­кистон сархати якуми фар­моишро аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъми­ноти нафақаи шаҳр­ван­дон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба та­лаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи са­над­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ гардонад.

3. Ҳуку­ма­ти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон ва Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаи наз­ди Ҳуку­мати Ҷумҳурии То­ҷи­кистонро зарур аст, ки ҷиҳа­ти бартараф на­мудани мушкилоти вобаста ба ҳолати татбиқи суғуртаи ҳатмии нафақаи кас­бӣ ва механизми татбиқи Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷи­ки­стон «Дар бораи суғуртаи ҳат­мии нафақавии касбӣ», ки дар масъа­лаи андухт­ҳои нафақаи касбӣ ба миён омадаанд, чо­раҳои таъхирно­пазирро амалӣ намоянд.

4. Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаи наз­ди Ҳуку­мати Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кистон якҷо бо Кор­хонаи воҳи­ди дав­латии «Ро­ҳи Оҳани Тоҷи­кистон» ҷиҳати таъмини кафолати конститутсио­нии шаҳр­ван­дон Хура­мов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. ва дигар кор­мандони со­ҳа ба нафақаи касбӣ, тадбирҳои муассир андешанд.

5. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

6. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, рўз­но­маҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народ­­ная газета» ва Ахбори Суди конс­и­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда ша­вад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica