Қарор оид ба дархости директори матбааи шахри Исфара Абдуллоев И.Н.

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба дархости директори матбааи шаҳри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июни соли 1993 №797 ба моддаҳои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 13 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­кунанда- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд­зода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдул­лоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ѓаниев Ҷ.,

тарафҳо:

а) Абдуллоев Ибодулло Назруллоевич – директори матбааи шаҳри Исфара тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;

б) Гиёев Сайфулло Неъматович – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Фарҳод Раҳимӣ – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоҳназаров Содиқ Ашурович – мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи вако­латдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди консти­тут­сионӣ тарафҳое, ки қонуни қабулкарда, ҷонибдорӣ намуда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Мирсайзод Ҳаким Саид – муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Қодирзода Абдуҷаббор – муовини аввали Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

­Сайидзода Ҷамолхон Шариф – муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

Қодиров Тоҳир Қамарович – Раиси коллегия оид ба корҳои оила­вии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мирзозода Искандаршо – сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

Одинаева Назокат Хайруллоевна – муовини аввали Директори Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бобохонов Сайдалӣ Сангимуродович – муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷ­лиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи дархости директори матбааи шаҳри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди консти­тутсионӣ Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади ишти­рокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷ­ҷатҳоро таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори матбааи шаҳри Исфара Абдуллоев И.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат на­му­да, дар он қайд менамояд, ки соли 2008 корманди матбаа Пулотов Ш. тибқи муқаррароти моддаҳои 12 ва 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо зиёда аз 36 сол собиқаи умумии корӣ дар ша­ро­ити зараровар ба нафақа баромад.

Дар асоси маълумотномаҳои пешниҳодкардаи матбаа ба ў нафақа таъин гардида, аз ҳисоби фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (25%) пардохт карда мешуд. Номбурда муддати зиёда аз як сол аз фонди ҳифзи иҷти-моии аҳолӣ (25%)-и нафақаи ба ў пешбинишударо мегирифт.

8 июли соли 2009 ба унвони матбаа мактуби Раёсати ҳифзи иҷти­мо­ии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ворид гардид, ки дар он бо дастрасӣ ба мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 таъкид шудааст, ки тибқи моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бо­раи таъ­мини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳу­рии Тоҷи-кистон» нафақаи на-фақахуроне, ки муто­биқи моддаи 12 Қонуни­ зикршуда барои шароити махсуси меҳнат ба нафақаи имтиёзнок баро-мадаанд, бояд аз тарафи кор­хонаю ташкилотҳо аз ҳисоби маблаѓҳои барои музди меҳнат пешби­нишуда пардохт карда шавад.

Бо ин мактуб, Раёсат матбааро вазифадор намуд, ки он маблаѓи 1301 сомонию 64 дирам нафақаи Пулотов Ш.-ро, ки фонди ҳифзи иҷти­моии аҳолӣ дар муддати як солу се моҳ пардохт кардааст, ҳамчун қарз ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргардонад ва минбаъд нафақаи Пуло­тов Ш. ҳар моҳ то ба синни нафақаи пиронсолӣ – 63 солагӣ расидан, аз ҳисоби фонди музди меҳнати коргарони корхона пардохт карда шавад.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки ў норозигии худашро дар мак­туби ҷавобиаш ба унвони сардори раёсати ҳифзи иҷтимоӣ аз 4 августи соли 2009 нишон дода, қайд кардааст, ки талаботи моддаи 117 Қо­ну­ни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи раёсат нодуруст маъни­дод карда шудааст.

Талаби раёсат ба муқаррароти моддаи 117 Қонуни Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кистон «Дар бораи таъ­мини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» мувофиқ нест ва мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 № 5-1/2259 қонунро иваз карда наметавонад.

Ў 1 сентябри соли 2009 барои шарҳи тала­боти моддаи 117 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷум-ҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷ­лиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, ки Маҷлиси намояндагон мак­туби ўро ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардааст.

Хада­моти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуѓл ва ҳифзи иҷти­моии аҳолӣ бо супориши вазорати номбурда дар мактуби ҷавобии худ аз 29 сент­ябри соли 2009 банди а) моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи­кистон»-ро шарҳ додааст, ки ба андешаи Абдуллоев И.Н. он нодуруст мебошад.

Шарҳи дуюми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2009 низ ўро қаноатманд накар­дааст.

31 марти соли 2011 фаъолияти чорсолаи матбаа аз тарафи мута- хассиси Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара (АДСИН) мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар ин хусус санад тартиб дода шудааст.

Тибқи санади тартибдодаи мутахассиси Агентии давлатии суѓур­таи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара (АДСИН) матбааро барои солҳои 2007-2011 ба маблаѓи умумии 2743 сомониву 91 дирам қарздор карда, вазифадор намудааст, ки ин маблаѓ ба Агентии давлатии суѓуртаи иҷти-моӣ ва нафақаи ш. Исфара барқарор карда шавад. Яъне матбааро бо он айбдор кардаанд, ки он маблаѓи нафақаро нодуруст аз ҳисоби фонди ҳифзи иҷтимоӣ (25 фоиза) пардохт кардааст. Ба андешаи онҳо нафақаи Пулотов Ш. бояд аз ҳисоби фонди музди меҳнати корхона пар­дохт карда мешуд.

Абдуллоев И.Н. ва сармуҳосиби матбаа бинобар норизо будан ба санади Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара аз 31 марти соли 2011 ба он имзо нагузоштанд ва ў моҳи апрели соли 2011 дар хусуси ѓайриқонунӣ бу­дани санади дар боло зикршуда ба проку­ра­тураи шаҳри Исфара шикоят кардаанд.

Прокуратура дар мактубаш ҷавоб додааст, ки аризаи ў баҳси судӣ буда, нисбати он ба суд муроҷиат кардан зарур аст.

11 майи соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суѓд дар бораи бе­кор кардани санади Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара ариза пешниҳод намудааст. Суди мазкур бо ҳалномаи худ аз 25 июли соли 2012 аризаи даъвогии онҳоро оид ба бе­кор кардани санади зикршуда рад кардааст.

Баъдан, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратии ў бо санадҳои судии мар­ҳилаҳои дахлдори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2012, 23 апрели соли 2013, 30 майи соли 2013, 22 июли соли 2013, 7 ноябри соли 2013 ва 19 марти соли 2014 бе таѓйир, бе қаноат ва бинобар ҷавобгў набу­дан ба талаботи моддаи 272 Кодекси мурофиавии иқти­содии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе баррасӣ мононда шуда, ирсол кар-дани онҳо ба бар­расии Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон рад карда шудааст.

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки қисми дуюми моддаи 12 ва мод­даи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­­­вандони Ҷумҳурии Тоҷи­кистон», ки онҳо дастрас карда, нисбати мат­­­бааи онҳо татбиқ кардаанд, манфиатҳои конститутсионии корхо­наҳои шаро­и­ташон зараровар ва вазнин, аз ҷумла корхонаи онҳоро ба фаъо­лияти озоди иқтисодӣ пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсия пой­­мол карда, дар натиҷа боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои конс­ти­тут­сионии кормандони онҳо ба кафолати таъмини иҷтимоӣ гарди­дааст.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки қисми дуюми мод-даи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи таъмини нафақаи шаҳр­ван­дони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он:

«то расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешби- нишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 қонуни мазкур муқаррар­гардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблаѓҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад», ба моддаи 39 Конс­ти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мутобиқ нест.

Қисми зикршуда, яъне қисми дуюм ба моддаи 12 Қонуни мазкур бо Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 №823 оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст, ки он боиси поймол ва маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои конс­ти­тут­сионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иҷтимоӣ гардида-аст.

Бо ин назардошт, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Конс­ти­тут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости маз­курро ҳама­­ҷо­ниба мавриди омўзиш ва санҷиш қарор дода, қайд мена­мояд, ки дар низоми ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд пешбининамудаи са­над­ҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конс­ти­тутсияи (Сар­­­қо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таъ­­миноти иҷти­моӣ мавқеи хосаро ишѓол менамояд.

Чунин муносибат аз хусусият ва нақши иҷтимоии давлати Тоҷи­кистон, ки дар қисми дуюми моддаи 1 Конс­титутсия ҳамчун зами­наи муҳими асосҳои сохтори конститутсионӣ эъ­лон гар­дидааст, бар­меояд, ки тибқи он:

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зин­дагии арзанда ва инкишофи озо­донаро фароҳам мео­рад».

Дар навбати худ, ҳуқуқ ба таъ­­миноти иҷтимоӣ- ин як навъ даст­гирии моддӣ ва маъ­навии инсон ва шаҳрванд барои меҳнати фоиданоки дар давраи фаъолияти меҳнатиаш ба манфиати ҷомеа, давлат ва тала­боти худ иҷрокар­­­даи шахс мебошад. Инчунин воситаи асосии пешбурди ҳаёти шаҳр­ванде мебошад, ки пурра ё қисман қо­билият ва имконияти меҳнатии худро гум кардааст ва бо ин ё дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ имко­нияти меҳнат кардан ва аз самараи меҳнаташ фоида диданро аз даст додааст ё аз дастгирии саробони худ маҳрум гар­дидааст.

Аз ин рў, бинобар хусусияти инсондўстию инсонпарварӣ ва барои инсон ва шаҳрванд аҳамияти муҳим доштани ҳуқуқ ба таъ­­миноти иҷти­моӣ, ҳуқуқи мазкур мавриди­ танзими амиқи санадҳои ҳуқуқии бай­налмилалӣ қарор дода шудааст.

Чунончи, моддаи 22 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 де­кабри соли 1948 эълон медорад, ки: «Ҳар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ ва татбиқи ҳуқуқ барои нигаҳдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ў дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба воситаи саъю кўшиши миллию ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи сохтор ва имкониятҳои ҳар як давлат ҳақ дорад».

Моддаи 9 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷти­моӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 ба ҳифз ва эътирофи ҳуқу­қи инсон ва шаҳрванд ба таъминоти иҷтимоӣ хусусияти умуми­ҳатмӣ дода, пешбинӣ менамояд, ки «давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Пай­мон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла суѓуртаи иҷтимоӣ эътироф мекунанд».

Ҳамчунин, як қатор конвенсияҳои Ташкилоти байналмилалии меҳ­нат мавриди амал қарор доранд, ки онҳо ба масъа­лаҳои таъмини ҳиф­зи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба таъминоти иҷтимоӣ бахшида шуда, масъалаи мазкурро мавриди танзим қарор додаанд.

Аз ҷумла, Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳ­­­нат №102 «Дар хусуси меъёрҳои камтарини (минималии) таъми­ноти иҷти­­моӣ» давлатҳоро уҳдадор менамояд, ки онҳо нуҳ намуди кўмак­пулиҳо, аз ҷум­ла кўмаки тиббии хусусияти пешгирикунанда ва табо­батӣ дошта, оид ба беморӣ бо мақсади барқарор намудани қобилияти меҳ­натии муваққатан гум­кардашуда, оид ба бекорӣ, оид ба синну сол, оид ба ҳомиладорӣ, оид ба маюбӣ ё гум кардани саробон пардохт намоянд.

Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳ­­­нат № 118 «Оид ба ба­­ро­­барӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ» «принсипи баробар будани шах­­сони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандро бо шаҳрвандон дар соҳаи муно­сибатҳои иҷтимоӣ пешбинӣ менамояд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эҳтиром ва самимияти худро ба санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор на­муда, муқаррароти санадҳои ҳуқуқии бай­налмилалии зикршударо эъти­роф ва дар Конститутсия ва қо­нун­­ҳои худ пеш­бинӣ кардааст.

Чунончи, тибқи моддаи 39 Конститутсия «Ҳар шахс дар пи­рон­солӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардаст, кафо­лати таъминоти иҷтимоӣ дорад».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи таъмини нафа­қаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим ва татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи иҷтимоӣ равона гардида, ба шаҳрвандон тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ ҳуқуқи таъминоти моддиро кафолат дода, ягонагии шарту меъёрҳои таъ­мини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзои колхоз ва дигар катего­рияҳои меҳнаткашонро муқаррар ме­намояд.

Бо назардошти муқар­рароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикршуда, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар меъёрҳои қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни мазкур, ки муто­би­қати онҳо ба моддаҳои 12 ва 39 Конститутсия боиси шубҳа ва баҳси муро­ҷиаткунанда қарор дода шудааст, поймол ва маҳдуд гаштани манфиатҳои матбааи шаҳри Исфараро ба фаъо­лияти озоди иқтисодӣ ва маҳдудияти ка­фо­лати ҳуқуқи шахсони ба нафақаи меҳнатии имтиёзнок ҳуқуқдоштаи ин матбааро муай­ян накард.

Меъёрҳои моддаҳои зикршуда на меъёрҳои манъкунанда ё маҳдуд­ку­нан­даи таъми­ноти иҷтимоӣ, балки талаботе мебо­­­­­шанд, ки давлат тар­тиби ба амал баро­вардани пардохти на­фақаро барои шахсони ба на­фақаи имтиёзнок ҳуқуқдошта давра ба давра бо назардошти шартҳои таъи­ни нафақа пеш­бининамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бо­раи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» пешбинӣ намудааст.

Тибқи ин тартиб, нафақаи шахсони ба на­фақаи имтиёзнок ҳуқуқ­дошта то ба синни нафақа пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон» расидан (63 солагӣ), аз ҳи­соби маблаѓҳои ташкилоте пар­дохт кар­да мешавад, ки шахси ба нафа­қаи имтиёзнок ҳуқуқдошта дар он кор кардааст.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи таъмини на­фақаи шаҳрвандони Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон» аз 11 декабри соли 1999 № 911 синни нафақавӣ барои таъи­ни нафақаи меҳнатӣ давра ба давра таѓйир дода шуда, аз 1 июли соли 2003 барои мардҳо аз синни 63 солагӣ ва барои занҳо аз синни 58 солагӣ муқаррар карда шудааст.

Синну соли нафақаи имтиёзнок (рўйхати 2) низ, мувофиқан барои мардҳо аз синни 58-солагӣ ва барои занҳо аз синни 53-солагӣ пешбинӣ гардид, ки қаблан барои мардҳо 55-солагӣ ва барои занҳо 50-солагиро ташкил медод.

Ваҷҳи муроҷиаткунанда дар хусуси он ки таѓйири ворид­гардида ба қисми дуюми мод­даи 12 бо Қо­нуни Ҷумҳурии То­ҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи таъмини нафақаи шаҳрван­дони Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» аз 16 апрели соли 2012 № 823 вазъияти корхонаро вазнин ва минбаъд боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои конс­ти­тут­сионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иҷтимоӣ гардидааст, асоси ҳуқуқӣ надо­рад.

Зеро ин Қо­нуни зикршуда қисми дуюми моддаи 12 Қонуни мазкурро мавриди таҳрир қарор дода, маз­муни онро бе таѓйир боқӣ гузоштааст, чунончи:

«Дар айни замон то расидани онҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблаѓи корхонаҳо пардохта мешавад».

Ҳамин тариқ, муқаррароти қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷи­­кис­тон «Дар бо­раи таъ­ми­ни нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи­кис­­тон ба стан­дарт­ҳои пешбининамудаи санадҳои дар боло зикршудаи байнал­милалӣ ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон мутобиқ буда, вобаста ба ҳолатҳои пешбининамудаи қонун­гузории соҳаи нафақа бояд мавриди амали субъектҳои ҳуқуқи иҷ­ти­моӣ қарор дода шаванд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад, ки таҷрибаи мавҷудаи таъмини нафақаи шаҳр­вандони ба нафа­қаҳои имтиёзнок ҳуқуқдошта пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Агентии суѓуртаи иҷти­моӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор дода шуда, дар ҳолати зарурӣ нисбати баланд бардоштани сама­ранокии он чораҳои дахлдор андешида шавад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 34, 40, 49, 55-56, 58 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди консти­­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон

қ а р о р к а р д:

1. Қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мод­­даҳои 12 ва 39 Консти­тутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «На­родная га­зе­та» ва «Ахбори Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М.

Yandex.Metrica