Қарор дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани муво­фиқати лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе «4» феврали соли 2016

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Кари­мзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ѓаниев Ҷ.,

Азимзода Т.С. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, намояндаи тарафе, ки дар асоси пешниҳодаш мурофиаи судии конститут­сионӣ оѓоз карда шудааст,

даъватшуда – Раҳимӣ Ф., намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парван­даро дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян наму­дани муво­фиқати лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши муо­ви­ни Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М., хулосаи тараф ва баромади даъватшударо шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон бо пеш­­ниҳод ба Суди конститутсионии Ҷум­­­ҳурии Тоҷи­кистон муроҷиат на­муда, дар он қайд менамояд, ки лоиҳаи таѓйиру иловаҳо ба Консти­тут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва ва­килони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи (Сар­қо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаҳои 9 ва 10 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъй­пур­сии Ҷумҳурии То­ҷикистон» пешниҳод гардидааст.

Таѓйиру иловаҳои ба Консти­тутсия пешбинигар­дида тав­сеаю тақ­ви­яти ра­вандҳои демок­ра­ти­кунонӣ дар мамла­кат, рушди ҷомеаи Тоҷи­кистон ва боло рафтани авзои иқти­содию иҷтимоии онро инъикос карда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва ин­кишофи озодона ба ҳар як инсон арзёбӣ мегардад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда зарурати ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конс­титут­сия, инчу­нин аз мушаххас намудани меъёр­ҳои он, аз ҷум­ла шакли идораи Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон, масъалаҳои вобаста ба шаҳр­вандӣ, фаъо­лияти иттиҳо­дияҳои ҷамъиятӣ, масъулияти падару модар, интихоб ва таъин шудани аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намоян­дагон, таф­сири Конститутсия, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, масъулияти аъзои Њукумат ва судяҳо иборат буда, онҳо ба­рои боз ҳам мус­т­аҳ­кам намудани асосҳои сохтори конститут­сионии Ҷум­ҳурии То­ҷи­кис­тон, аз ҷумла таҳким ёфта­ни ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гарди­даанд.

Лоиҳаи таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқо­нуни) Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон бо мазмуни зерин пеш­ниҳод гардидааст:

1. Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 1:

– қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;

– қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.

3. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд.».

4. Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 8:

– дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳо­дияҳои» иваз карда шавад;

– қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар дав­латҳо таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблаѓгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.».

6. Дар моддаи 14:

– дар қисми дуюм калимаҳои «маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд;

– дар қисми сеюм калимаҳои «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳ­рванд» ва «сохти конститутсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 15:

– қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рўзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ё шартномаҳои байнал­милалии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.»;

– дар қисми дуюм пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад;

– қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷум­ҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим мена­мояд.».

8. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад.

9. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шаванд.

10. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.

11. Дар қисми чоруми моддаи 27 калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад.

12. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.».

13. Ба қисми сеюми моддаи 32 баъд аз калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» ва калимаҳои «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.

14. Қисми дуюми моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фар­зан­дони болиѓу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.».

15. Дар моддаи 37 калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохт­шаванда» иваз карда шавад.

16. Дар қисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.

17. Дар моддаи 40:

– дар қисми якум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад;

– дар қисми сеюм калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шавад.

18. Дар қисми якуми моддаи 45 калимаҳои «Додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» мувофиқан ба калимаҳои «Супори­дани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд.

19. Дар моддаи 49:

– ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда мета­вонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;

– қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;

– қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;

– қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намоян­дагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститут­сионӣ муайян менамояд.».

20. Дар қисми сеюми моддаи 51 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даро­мадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ,» ба калимаҳои «эъти­бори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдор­кунандаи суд, қатъи шаҳр­вандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» иваз карда шаванд.

21. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 56 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.

22. Дар моддаи 61:

– дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шаванд;

– қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намоян­дагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.».

23. Дар қисми дуюми моддаи 64 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад.

24. Дар моддаи 65:

– қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.»;

– қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбини­гардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва вако­латҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.».

25. Дар моддаи 69:

– дар банди 7 калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда шаванд;

– банди 12 хориҷ карда шавад;

– аз банди 13 калимаҳои «бо пешниҳоди Шўрои адлия» хориҷ карда шаванд;

– дар банди 18 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;

– бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд.

26. Ба моддаи 71 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».

27. Дар моддаи 73:

– қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Аъзои Њукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;

– қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, баъд аз кали­маҳои «Аъзои Њукумат» калимаҳои «бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тонро дошта бошанд ва онҳо» илова карда шаванд.

28. Дар қисми якуми моддаи 74 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

29. Номи боби шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«МАҚОМОТИ МАЊАЛЛИИ ЊОКИМИЯТИ ДАВЛАТЇ ВА ХУДИДОРАКУНЇ».

30. Дар моддаи 76 калимаҳои «Њокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.

31. Дар моддаи 78:

– қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.»;

– дар қисми дуюм калимаи «марзӣ» ба калимаи «ҳудудӣ» иваз карда шавад;

– дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;

– дар қисми шашум калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад.

32. Дар қисми якуми моддаи 79 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад.

33. Дар моддаи 84:

– дар қисми сеюм калимаҳои «Тарзи ташкил» ба калимаҳои «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шаванд;

– дар қисми панҷум калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шавад.

34. Моддаи 85 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душан­бе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, до­рои таҳсилоти олии ҳуқуқши­носӣ буда, синни ў аз 30 кам набо­шад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.

Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ў аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни консти­тут­сионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.».

35. Дар моддаи 86 калимаҳои «бо пешниҳоди Шўрои адлия» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шаванд.

36. Дар моддаи 89:

-қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ў аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар ва­зи­фаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни кон­с­ти­тутсионӣ муайян мена­мояд.»;

– қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститут­сионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.»;

– қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, ба банди 1) баъд аз калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарор­додҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;

– қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад.

37. Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.

38. Дар моддаи 93 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

39. Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.

40. Дар МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛЇ:

-қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намоян­да­гон ва аъзои Њукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Таѓйиру ило­ваҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд».

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Маҷлиси намоян­да­гони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи таѓйиру ило­ваҳои ба Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ворид­шавандаро ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон пешниҳод намуда, аз Суди конс­титутсионӣ хоҳиш на­му­да­­аст, ки мувофиқати лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Консти­тут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид­шавандаро ба Кон­сти­­тут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон­ро ҳаматарафа мав­ри­ди баррасӣ қарор дода, қайд мена­мояд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба он солҳои 1999 ва 2003-ум таѓйиру ило­ваҳо ворид карда шудаанд, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунё­дии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати То­ҷикистонро ба сифати дав­ла­ти соҳибих­тиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст.

Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озоди­ҳои ўро арзиши олӣ, дахл­нопазир ва дар ин замина халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, онро ҷиҳати рушду таҳкими минбаъдаи давлатдории навин дар назди насл­ҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъулу ва­зифадор медонад.

Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳиб­ис­тиқ­лоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷум­­­ҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ мена­мояд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқти­со­дӣ, пеш­бурди сиёсати сулҳ­­ҷўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муноси­бат­ҳои байнал­ми­лалӣ ва таъ­мини суботи сиёсию иҷтимоии ҷо­меаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Конститутсия ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гу­ногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, фаъо­лияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, итти­ҳо­дияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳр­вандӣ имконияти васеъ муҳайё карда, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ин ниҳодҳои демократӣ таъмин менамояд.

Таѓйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба мар­ҳа­лаи имрўзаи руш­д ворид шу­дани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мус­таҳ­­кам намудани асо­с­ҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафо­лати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конс­титут­сионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидора­кунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳр­вандон, дар навбати аввал ҷаво­нон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд. Онҳо ҳимояи ҳуқуқу озоди­ҳои инсон ва шаҳр­ванд, ки мақсад ва мазмуни фаъо­лия­ти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳал­лиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъ­мин мегарданд, тақвият бахшида, дар маҷ­мўъ ба таҳ­кими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳа­тии аҳолӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ му­соидат менамоянд.

Бо дарназардошти меъёри конститутсионии асоси ҷамъият эътироф шудани оила, таѓйиру иловаҳо, масъулияти падару модарро барои таъ­ли­му тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиѓу қобили меҳ­натро барои нигоҳубин ва таъ­ми­­­ноти иҷтимоии падару модар баланд бардошта, мақсад аз онҳо фа­роҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инки­шофи озодона ба ҳар як инсон мебошад.

Бо ин таѓйиру иловаҳо ҳамчунин тартиби додани тафсири расмии Конс­ти­тут­­сия, ки дар фаъолияти меъёрэҷодкунии давлат нақши муҳим дорад, равшан муайян мегардад.

Таѓйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ арзиш­ҳои волои Кон­­сти­­тут­сияро таҳким бахшида, барои ташаккули минбаъдаи муноси­бат­­ҳои ҷамъ­и­я­тӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меоранд ва идо­маи манти­қии меъёрҳои амалкунандаи Консти­тутсия ба шумор мераванд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Суди конститутсионии Ҷум­­ҳу­­­рии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки таѓйиру ило­ва­ҳои ба Конс­ти­тут­сия пеш­ниҳодшуда инъикоси минбаъдаи раванди демократи­кунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷти­моии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқу­қии шахс, фарогири идо­маи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститут­сия равона гар­дида, ба таҷри­баи ҷаҳонии ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба конститут­сия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Кон­сти­­тут­сияи (Сарқону­ни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон мувофиқ мебошанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон воридша­вандаро ба Кон­сти­­тут­сияи (Сарқону­ни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ҳисоб менамояд.

Бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон , моддаҳои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон », Суди консти­­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ,

Қа р о р к а р д:

1. Лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон воридша­ванда ба Консти­тут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон мутобиқ мебошад.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабулаш эътибори қонунӣ пайдо менамояд.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Њошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica