Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба муроиати шахрванд Ширинов М.М.

ТАЪИНОТ

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани ҳуқуқҳои ў ҳамчун ишти­рокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳобаҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба имтиёзҳои иҷтимоии пешби­ни­­намудаи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе «15» апрели соли 2016

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.Ш. дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллозода Л.И. ва Зоирзода Ш.Ю.-ро аз рўи муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани ҳуқуқҳои ў ҳамчун иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъ­ҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистонба имтиёз­ҳои иҷти­моии пешбини­намудаи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Ширинов Маҳмадамин Манабиевич бо дархост ба Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў аз соли 1980 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохи­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2002 аз вазифаи ваколат­дори калон оид ба корҳои махсусан муҳими раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадааст. Иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти кон­сти­тут­­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистонсолҳои 1992-1993 буда, дар комисса­риати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ба қайд ги­риф­­та шудааст. 17-уми августи соли 2001 бо медали «Ҷасорат» мукофо­тонида шудааст.

Ў қайд менамояд, ки тибқи қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 1993, №312 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 1996, №332 ба иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистонимтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Бо мақсади бархўрдор будан аз имтиёзҳои ҷойдошта ў ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор муроҷиат намуда, аз мақомоти мазкур хоҳиш намудааст, ки дар масъалаи ба категорияи шаҳрвандони ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар­кар­дашуда, шомил будан ё набудани ў посух гардонад.

Ҳамчунин аз Кумитаи андоз хоҳиш намудааст, ки татбиқ шудан ё нашудани имтиёзҳои андозбандии дар моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳу­рии Тоҷикистон пешбини­шударо, ба иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳ­ҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣмуайян намояд.

Кумитаи андоз ба ў посух додааст, ки мутобиқи қарори Шўрои Вази­рони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 1993, №312 шахсоне, ки дар амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститут­сио­нӣ иштирок кардаанд, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркар­дашуда ҳисоб меёфтанд. Аммо фасли III Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 7-уми апрели соли 1995, №59 «Дар бораи ветеранҳо», ки кате­го­рияи шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашударо муайян ва ба танзим меда­рорад, шахсони дар амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ иштирок­кардаро дар бар намегирад.

Бинобар ин, Кумитаи андоз қайд намудааст, ки шахсоне, ки дар амалиёт­ҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ иштирок кардаанд, ба категорияи шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда мансуб намебошанд.

Номбурда посухи Кумитаи андозро беасос эътироф намуда, ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки дар масъалаи мазкур равшанӣ андохта, бархўдор будани ўро ҳамчун ишти­рокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ аз имтиёзҳои иҷтимоии пешбини­намудаи моддаи 278 Кодек­си андози Ҷумҳурии Тоҷикистонмуайян намояд.

Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш қарор дода, муайян намуд, ки новобаста ба он, ки шаҳрванд Ширинов М.М. субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб меёбад, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи ў ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил намешавад.

Зеро, масъалаи дақиқ муайян намудани ба категорияи шаҳрвадони ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар­кар­дашуда, шомил будан ё набудани ишти­рокчиёни амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъ­ҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ ва нисбат ба онҳотатбиқ шудан ё нашу­дани имтиёзҳои андозбандии дар моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон пешбинишуда, ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набуда, балки ба салоҳияти дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ дохил мешавад.

Суди конститутсионӣ на масъалаҳои муайян намудани ҳуқуқу имтиёз­ҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, балки масъалаҳои муайян намудани мувофиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, муроҷиат аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Аз ин лиҳоз, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муво­фиқ набудани муроҷиат, рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани ҳуқуқҳои ў ҳамчун иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба имтиёзҳои иҷти­моии пешбини­намудаи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набудани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани муроҷиат, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica