
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Аз 1 октябри соли 2025 бо пешниҳоди Президенти ҶТ ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба вазифаи судяи Суди конститутсионии ҶТ интихоб карда шуда, фаъолият менамояд.
Соҳибзода М.М. ба ҳайси дотсенти кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2013-то ҳол); дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ (2020-2025); муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ (2020-2025) ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум (2025) фаъолият намудааст.
Соли 2025 раиси Комиссия оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум ва муовини раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум интихоб гардидааст.
Бо қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аз 13 апрели соли 2025, №13 ба ҳайати парламенти ҷавонони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ – қисми таркибии ҳайати парламенти ҷавонони МО ҶТ дар Ассамблеяи байнипарламетии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ дохил гардидааст.
Аз соли 2025 аъзои Шурои илмӣ-машваратии Суди иқтисодии ИДМ, аъзои Ассотсиатсияҳои судҳои ҶТ, соли 2026 то ҳол узви Шурои ҳамоҳангсози Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии ҶТ, аъзои Шурои илмии Маркази миллии қонунгузорӣ (2020-2025) ва аз соли 2026 то ҳол бо пешниҳоди Раиси Суди конститутсионӣ судя-котиби Суди конститутсионии ҶТ интихоб гардидааст.
Инчунин, ба ҳайси аъзои ҳайати таҳририя ва муҳаррири масъули маҷаллаҳои илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» ва «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ»-и Маркази миллии қонунгузорӣ фаъолият намуда, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-иттилоотии ҳуқуқии «Ахбори Суди конститутсионии ҶТ» мебошад. Ҳамзамон, аз соли 2026 аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмӣ-иттилоотии Паёми Ассотсиатсияи Авруосиёи мақомоти назорати конститутсионӣ мебошад.
Ҳамчунин, ба ҳайси коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ фаъолият намудааст.
Соҳибзода М.М. соли 2019 дар мавзуи «Проблемаҳои танзими ҳуқуқи граждании иҷораи қитъаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ тибқи қонунгузории ҶТ» диссертатсияи номзадӣ ҳимоя намудаааст ва аз соли 2022 докторанти кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ буда, дар мавзуи «Масъалаҳои танзими ҳуқуқии заминистифодабарӣ дар муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ ва ҳуқуқи замини тоҷикистон: доктрина, ҳуқуқтатбиқкунӣ ва такмили қонунгузорӣ» аз рӯйи ихтисосҳои 5.5.3. Ҳуқуқи маданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва 5.5.6. Ҳуқуқи замин; ҳуқуқи экологӣ; ҳуқуқи кишоварзӣ; ҳуқуқи сарватҳои табиӣ диссертатсияи докторӣ ба анҷом расонидааст.
Муаллифи 6 монография, 4 китоби дарсӣ, 10 воситаи таълимӣ, 15 тафсири қонун ва зиёда аз 150 мақолаи илмӣ мебошад
