Аз таърихи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 сол дар Ҳифзи конститутсия ва қонунияти конститутсионӣ

Дар ҳаёт ва саҳифаҳои таърихи сиёсии халқу мил­­латҳо рӯй­дод­ҳои муҳиме мавҷуданд, ки бинобар аҳами­яти калидӣ дош­та­на­шон ба­рои онҳо тақдирсоз арзёбӣ ме­гарданд. Чунин рӯйдодҳо фаҳ­миш, андеша ва та­фак­ку­­ри ҷомеаро нисбати сарнавишт ва тақдири гу­заш­та, им­рӯза ва оян­даи худ дигар намуда, ба низоми мавҷудаи дав­­лат­дорӣ ва ҷомеа­дорӣ ислоҳи ҷиддӣ ворид мена­мо­янд. Дар натиҷа ғоя ва арзишҳои миллӣ бо маз­муну мун­дариҷаи сифатан нав мавриди истифода ва баҳ­ра­бар­до­рии ҷомеа қарор мегиранд.

Истиқлолияти давлатӣ, ки аз  зумраи чунин руй­дод­ҳои муқад­дасу тақдирсоз ба шумор меравад, барои халқу миллатҳо ҳамчун мар­­ҳи­лаи сифатан нави дав­латдорӣ ва инкишофи он, шакли бесобиқаи худ­муайян­кунӣ ва ташкили давлат дар ҳудуди муайяни бо ин халқу мил­лат таъ­рихан пайванд, эҳёи хис­лату хусусиятҳои эт­никию мил­лӣ, фарҳан-гӣ ва  забон, дар маҷмӯъ  эҳёи ра­ванди таърихии ташаккул ва зин­да кар­да­ни хислат, симо ва арзишҳои миллии халқу миллатҳо ар­зёбӣ мегардад.  Он ҳамчун рамзи саодати мил-лат дар давлат­со­зиву дав­латдории мил­лӣ, таъмини амнияту оромии ҷо­меа, су­боти сиёсию иҷтимоии кишвар, таҳ­ки­­ми худ­ого­ҳиву худ­шиносии ҳар як фарди ҷомеа ва ташкили ҳо­ки­ми­яти дав­ла­тӣ ва системаи сиёсии мамлакат заминаи во­қеӣ гу­зошт.

Эъломияи Истиқлолияти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷум­ҳурии То­­ҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи Ис­тиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қа­рориШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон  аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон», Қарори Шӯрои Олии Ҷум­ҳурии То­ҷикистон  аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кар­­дани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи Истиқ­лолияти Ҷумҳурии Тоҷи­кис-тон» нахустин санадҳои сиёсӣ ва  меъ­ёрии ҳу­қу­қие мебош-анд, ки дар онҳо Истиқлолияти дав­ла­тии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон эълон карда шуд. Ин са­над­­ҳои таърихӣ ба Истиқлолияти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ҳус­ни сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бахшида, барои рушд ва пеш­раф­ти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи То­ҷи­кистон фазои мусоиди бунёдкориву созандагиро фаро­ҳам оварданд.

Дар Эъломияи Истиқлолияти Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон зикр гар­ди­­дааст, ки Шӯрои Олии Ҷумҳрии Тоҷи­кис­тон:

бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи То­ҷикистон ва давлати миллии он,

…ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон иродаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намуда, Истиқ­лолияти Ҷум­ҳурии Тоҷикистонро бо тантана эълон мекунад ва изҳор ме­дорад, ки давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард.

Дар Эъломияи мазкур бори аввал дар қатори дигар масъ­алаҳои муҳими давлату давлатдорӣ, принсипи таҷ­зияи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид, ки тибқи банди 3-и ин санад: «Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад».

Татбиқи назария ва амалияи таҷзияи ҳокимияти дав­латӣ, ки дар фаъо­лияти давлатдорӣ ва таърихи та­шак­кул ва рушди ҳокимияти дав­латӣ мавқеи хоссаро иш­­ғол менамояд, бе гузаронидани ислоҳоти амиқи конс­титутсионӣ ва қабули Конститутсия ғайриимкон буд.

6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар ҳаёти сиёсию иҷ­­тимоии хал­қи то­ҷик тавассути раъйпурсии умуми­хал­қӣ Конститутсияи давлати со­ҳиб­­истиқлоли Тоҷикис­тон қабул гардид. Ин рӯз дар таърихи ҳаёти халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳамчун «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-тон» навишта шуд.

Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳиб­ихтиёрии халқро инъикос менамояд, сарчашма ги­риф­та, дар он асосҳои давлати ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ, иҷ­тимоӣ, ягона, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озо­ди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ, демократияи намоян­дагӣ бо ис­тифода аз унсурҳои демократияи бевосита ҳам­чун арзишҳои дар сатҳи бай­налмилалӣ пази­руф­та­шуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷа­ҳони им­рӯ­заро ташкил менамоянд, мав-риди танзим қарор ги­ри­фтанд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати де­мок­ратию ҳу­қуқ­бунёд ва иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, эълон на­мудааст, ки давлат барои ҳар як инсон шароити зин­дагии арзанда ва инкишофи озодонаро фа­роҳам меорад. Ҳамчунин инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эъ­ти­роф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фит­рии инсон дахл­нопазир мебошанд.

Конститутсия ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои му­ҳими дав­ла­тию ҷамъиятӣ заминаи воқеӣ гузошта, ба­рои таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр шароити за­ру­рӣ фароҳам овард.

Конститутсия ба давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон им­коният фа­ро­ҳам овард, ки ба фаъолияти созандагӣ ва бун­ёд­корӣ даст зада, дар муд­дати хеле кӯтоҳ ба ком­ёбиҳои назаррас ноил гарданд. Халқи тоҷик бо такя ба ме­роси фарҳангӣ ва маънавии миллат ба кишваре табдил ёфт, ки дар он ҳувияти миллӣ боло рафта, мар­думи шарафманди он аз за­хираи маънавии хеш баҳра гирифта, побарҷо ва устувортар гардид.

Фарҳанге, ки аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, ме­ва ба бор овард, ки ин меваҳо–озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ху­д­ши­носии миллӣ, ра­сидан ба баркамолии маънавӣ ва сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебо­шад.

Дар мамлакат институтҳои демократӣ ба фаъолият шурӯъ наму­да, рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷти-моӣ ва маориф таъмин кар­да шуданд.

Баҳри шаффофу самаранок ва дар фазои боздориву мувозинат иҷ­ро гардидани салоҳияти мақомоти ҳо­ки­мияти давлатӣ бори нахуст дар Кон­с­титутсия ғояи ҳоки­миятдорӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қо­нун­гузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардид.

Дар баробари танзими ҳуқуқӣ, вазъ ва фаъолияти дигар ма­қомоти олии ҳокимияти давлатӣ, дар боби ало­ҳида: боби ҳаштуми Конс­титутсия мавқеъ ва моҳияти ҳокимияти судӣ бо номи «Суд» мавриди танзим қарор до­­да шуд.

Дар моддаи 84-и Конститутсия эълон гардид, ки: «Ҳо­­кимияти су­дӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз та­­рафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳо­­кимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, таш­килоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар пайдоиш ва ташаккули як қатор падида ва ниҳодҳои нави ҷомеаи демократӣ, аз қа­­били таъсиси Суди консти­тутсионӣ ҳамчун мақоми махсуси назорати консти­тут­си­онӣ шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дар моддаи 89-и боби зикрёфтаи Конститутсия мо­ҳи­ят ва сало­ҳи­яти Суди конститутсионӣ пешбинӣ гар­дид, ки тибқи он Суди конс­ти­тут­сионӣ аз 7 нафар ибо­рат буда, яке аз судяҳои онҳо намояндаи Ви­лояти Мух­­тори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

       Ҳайати  Суди конститутсионӣ  (майи соли 2020)

Конститутсия вазъи ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди мас­ъулияти судяи Суди конститутсиониро ба эътибор ги­риф­та, нисбат ба шахсоне, ки ба ман­саби судя интихоб ме­шаванд, талаботи дахлдорро пешбинӣ намуд. Чунон­чи, номзаде ба мансаби судяи Суди конститутсионӣ пешбарӣ карда мешавад, ки дорои таҳсилоти олии ҳу­қуқ­шиносӣ бошад, синну солаш аз 30 кам ва аз 65 бо­ло на­­бо­шад ва на камтар аз 10 сол собиқаи ко­рии касбӣ дош­та бо­шад.

Конститутсия салоҳияти Суди конститутсиониро чу­­­нин муайян кардааст:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳу­қу­қии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси мил­лӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқ­­тисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қув­­ваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Консти­тут­сия;

2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;

3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қо­нунҳо муай­ян кардаанд.

Баъдан бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба мод­даи 89 Кон­­с­­ти­­тутсия ворид карда шуда, талабот нис­бат ба шахсоне, ки ба ман­саби судяи Суди консти­тут­сионӣ интихоб мешаванд, тағйир ёфтанд. Аз ҷумла:

«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе ин­тихоб ме­ша­вад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷи­кистонро дошта бошад, до­рои таҳсилоти олии ҳуқуқ­ши­носӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳад­ди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. …

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конс­титутсионӣ ин­­тихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад».

Дар Конститутсия санадҳои Суди конститутсионӣ қатъӣ эълон кар­да шуданд, ки ин аз эътибори олии ин мақоми ваколатдор дар ни­зо­ми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ дарак медиҳад.

Чунин муқаррароти Конститутсия тақозо мена­мо­яд, ки санад­ҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, ди­гар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба Конститутсия мутобиқ бошанд.

Ҳамин тариқ, таърихи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон бо таърихи навини давлатдории хал­қи тоҷик алоқаи ногу­састанӣ дошта, таъсиси он аз Ис­тиқ­лолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати консти­тутсионӣ дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати кон­ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад, ки таъсиси он аз та­лаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин падида ва ниҳод дар ни­зоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод. Кумитаи мазкур на­зо­рат, риоя ва татбиқи меъёр­ҳои Конститутсияро амалӣ менамуд ва баъ­дан дар таъ­сиси Суди конститут-сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақ­ши му­ҳим бозид.

Барои оғоз бахшидан ба фаъолияти Суди консти­тут­сионии Ҷум­­ҳурии Тоҷикистон фармони Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон аз 15 май­и соли 1995, №238 «Дар бо­раи фаъолияти ташкилии Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» ва қабули Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995, №84 «Дар бораи Суди кон­ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳусни оғоз бах-шида, барои фаъо­ли­яти минбаъдаи он ша­роити зарурӣ фароҳам оварданд.

Баъдан як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳу­рии То­ҷикистон, аз қабили: қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 26 майи соли 1997, № 234 «Дар бораи тасдиқ намудани тасвир ва намунаи либоси махсус ва му­қаррар намудани намунаи нишони сарисинагӣ барои суд­яҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, № 30 «Дар бо­раи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи тартиби додани да­ра­­­ҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои суд-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фар­мони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2008 № 551 тас­­диқ шудааст, дар ташкили фа­ъолияти Суди конститутсионӣ ва таъ­ми­ноти иҷти­мо­ию маишии судяҳои он муҳим арзёбӣ мегарданд.

Дар ин замина, бо қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон аз 7 апрели соли 1995 бори нахуст Ша­­­рипов Х.Ҳ. – Раис ва Алиев З. М.- муовини Раиси Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин­ти­хоб гарди-данд. Бо қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кис­тон аз 4 ноябри соли 1995 ва аз 3 феврали со­ли 1996 Назаров М.Н., Аб­­дуллоев А.А., Сафарова Н.Д., Муқ­билшоев Б.М. ва Эмомов Н.Ю. судяҳои Суди кон­с­ти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гарди­данд.

Мурофиаи аввалини судии Суди конститутсионӣ, 26 марти соли 1996

Минбаъд, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон Смеянова Л.А. (2000), Абдуллоев Л. И. (2002), Комилова Х.Р. (2003), Каримзода К.М. (2008), Гул­зор М.А. (2009), Ҳошимзода Д.Д. (2015), Абду­раҳим­зода Д.Р. (2018), Шарифзода А.Н. ва Ҷамшедзода Ҷ.Н. (2019) аз ҷо­­­­ниби Маҷлиси миллӣ ба вазифаи судяҳои Суди конс­ти­­тутсионӣ ин­тихоб гардида, баъзе аз онҳо то ба имрӯз (1.08.2020) бо муваффақият фаъолият доранд.

Дар солҳои минбаъда як қатор ҳуқуқшиносони ши­нохтаи мам­ла­кат Абдуллоев Ф.А. (1996-2000), Солеҳов М.С. (2000-2003), Ализода З. (2003-2006), Хоҷаев И. (2006 -2009), Маҳмудзода М.А. (2009-2019) вазифаи Ра­иси Су­ди конститутсионӣ, Мустафоқулов Ш.М. (2000-2005), Фат­­ҳил­лоев С. (2005-2006) ва Назаров М.Н. (2006-2012) ва­зифаи муовини Раиси Су­ди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикис-тонро ба уҳда доштанд.

Аз 17 майи соли 2015 К. Каримзода ба вазифаи му­о­в­ини Раиси Су­­ди конститутсионӣ интихоб гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар давоми фаъолияти Суди ко­н­с­­ти­тут­сионӣ чан­дин нафар судяҳо, ба монанди: Хо­ҷаев И.Ҳ. (2006-2009), Мус­тафоқулов Ш.М. (2000-2005), Эмомов Н.Э. (1996-2001), Сафарова Н.Д. (1995­-2000), Смеянова Л.А. (2000-2003), Комилова Х.Р. (2003-2007), Му­қ­бил­шоев Б.М. (1995-2009), Абдуллоев А.А. (1996-2003, 2005-2015), Гул­зор М.А. (2009-2019) аз вазифа боифтихор ба истеъфо ва ба нафақа ба­ромаданд.

Аксари судяҳои дар истеъфо ва нафақабуда аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ме­бо­шанд ва таҷрибаи бойи ко­рии онҳо дар фаъолияти амалии Суди конс­титутсионӣ оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва қонунияти конс­­титутсионӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Айни ҳол Шарипов Х.Ҳ., Солеҳов М.С., Смеянова Л.А., Фат­ҳил­­­лоев С., Назаров М.Н., Зоирзода Ш.Ю. ва Муқбилшоев Б.М. дар қай­ди ҳаёт нестанд (рӯҳашон шод бод).

Аз 29 марти соли 2019 инҷониб вазифаи Раиси Су­ди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ашур­зо­да А.А.–ҳуқуқшиноси варзида ва шинохтаи мам­лакат, ки пештар дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият ме­кард, ба уҳда дорад.

Бо дарназардошти моддаи 89-и Конститутсия, дар мод­даи 1 Қо­ну­ни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» моҳияти ин мақоми ҳокимияти дав­ла­тӣ ва судӣ инъикоси худро ёфтааст, ки тибқи он:

«Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ма­қоми мус­тақили ҳо­кимияти судӣ оид ба назорати конс­титутсионӣ буда, бо мақ­са­ди таъ­ми­ни волоият ва амали бе­воситаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷум­ҳурии То­ҷикис­тон таъсис дода шудааст».

Чунин муқаррарот аз талаботи моддаи 10 Конс­ти­тут­сияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки тиб­қи он «Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон эъти­бо­ри олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мус­та­қиман амал ме­намоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хи­лофи Конс­титутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Ҳифзи Конститутсия, таъмини волоияти он дар қа­ламрави дав­лат, инчунин ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақозо наму­данд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон мақоми махсуси босалоҳият, мус­та­қил ва бе­ғарази назорати конститутсионӣ таъсис дода шуда, ва­зи­фаи му­ҳим ва муқаддас ба уҳдааш вогузор карда шавад.

Дар баробари ин, дар Конститутсия муҳимтарин ма­съ­алаҳои сиё­­сию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷо­меа, ҳу-қуқ, озодӣ ва ва­зифа­ҳои асосии инсон ва шаҳр­ванд, тартиби таъсис ва салоҳияти мақомоти олии дав­латӣ, сохтори маъмурӣ-ҳудудии давлат, салоҳияти ма­қо­моти мар­казӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ му­айян карда шудаанд. Бо ин хусусияти худ Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, қонуну ди­гар са­надҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси меъёрҳои он ва баҳри ама­­лишавии он қабул карда шаванд.

Принсипи мазкур имконият медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ба ҳам алоқаманд ва ихтилофнопазири ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷ­­тимоию фарҳангии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳ­рванд шароити заруриро муҳайё ме­созад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам­чун падидаи му­­­ҳими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ма­қоми махсуси назорати кон­с­ти­тутсионӣ дар давраи фа­ъ­олияти начандон тӯлониаш зарурат ва аҳа­мияти худ­ро собит намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳ­р­­ванд нақши намоёни худро гузошт.

Чунончи, Суди конститутсионӣ ба навтаъсис буда­ни худ нигоҳ на­­­карда, бо нахустин қарори худ аз 26 мар­ти соли 1996 Фармони Раёсати Шӯ­рои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 №134 «Дар бораи боздоштани амали моддаҳои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон»-ро, ки онҳо шикоят карданро аз бо­лои асоснокии ҳабс ё дароз намудани муҳ­­­лати нигаҳ­дорӣ дар ҳабс ба суд манъ мекарданд, ғайриконститут­си­онӣ дониста, онро беэътибор эътироф намуд.

Ин қарори Суди конститутсионӣ ба шаҳрвандон им­­­коният фа­ро­­ҳам овард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба ҳифзи судӣ амалӣ намуда, аз рӯйи масъ­ала­ҳои номбурда ба суд бемамониат муроҷиат на­мо­янд.

Ҳамчунин, бо қарори Суди конститутсионӣ аз 16-уми октябри со­­­ли 2001 «Дар бораи муайян намудани му­тобиқати қисми 1 моддаи 303 ва қисми 1 моддаи 337 Ко­декси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии То­ҷи­кис­­тон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаҳои зи­кр­­шу­даи Ко­­декс, ки ба тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда ҳуқуқи овар­дани шикояту эътирозро нисбати таъиноту ҳалномаҳои зинаи аввали Су­ди Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон маҳдуд карда буданд, ба Консти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикис-тон мухолиф дониста шуда, бе­эъ­ти­бор гардиданд.

Қарори номбурда ба тарафҳо ва дигар ишти­рок­чиёни парванда ҳу­қуқ дод, ки онҳо аз болои таъи­ноту ҳал­номаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон ба тариқи кассатсионӣ шикояту эътироз пеш­­ниҳод намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ  Раҳмон ҳа­нӯз  31 майи соли 2002 ба масъалаҳои во­­­баста ба рушд ва таҳкими ҳо­кимияти судӣ дахл карда, дар машварат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сох­­торҳои низомӣ ва судҳо иброз доштанд, ки: «Имрӯз барои ҷамъ­ият ҳи­­мояи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро су­­де таъмин карда метавонад, ки воқеан нерӯманд ва дахл-нопазир бо­шад».

Рафти минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷи­кис­тон дурустии ан­­­дешаҳои роҳбари давлатро собит наму­данд.

Фаъолияти 25­–солаи Суди конститутсионӣ оид ба таъ­­­мини во­ло­и­яти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озо­ди­ҳои инсон ва шаҳрванд ша­ҳо­дати онанд, ки ташаккули инсти-тути назорати конститутсионӣ ба ин­ки­шо­фи дав­латдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол иртиботи но­гу­саста­нӣ дошта, фаъолияташ ба мақсаду вазифаҳои афзалиятноки ҷо­меа тавъам мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон зимни сухан­ро­нӣ ба муносибати 15-умин сол­гарди қабули Конститутсия, ба ма­қоми Суди конс­титутсионӣ дахл карда, иброз доштанд, ки: «Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус до­рад ва яке аз ва­зифаҳои ав­валиндараҷаи он таъмини во­ло­ияти Конститутсия дар низоми са­над­ҳои меъёрии ҳу­­қуқӣ мебошад».

 Масъалаҳои вобаста ба рушди ҳо­кимияти судӣ дар паёми Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар тақвияти худро ёфтанд.

Аз ҷумла, роҳбари давлат зикр намуданд, ки «… бо мақсади так­ми­ли минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморам:

Якум. Барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани им­ко­нияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди консти­тут­сионӣ такмил дода шавад.

Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳоки­мияти судии мам­­­лакат Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯ­рои адлияи Ҷумҳурии То­ҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ бар­­­номаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷи­кистонро бо дар­­­на­зардошти шароити имрӯзаи кишвар таҳия ва пеш­ниҳод намоянд…».[1]

Дар заминаи паёми мазкури Роҳбари давлат, Бар­номаи исло­ҳо­ти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо фармони Прези­ден­ти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 мавриди тасдиқ қа­рор дода шуд.

Дар Барнома омадааст, ки «яке аз арзиши му­ҳими Кон­­с­­­ти­­тутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол во­лоият ва ама­ли муста­қи­ми меъёрҳои он мебошад. Бо мақ­сади таъ­мини арзишҳо ва ҳифзи Конс­ти­­тутсия Суди кон­сти­тутсионӣ таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 со­лаи ин ма­­қом зарурат ва аҳамияти онро дар дав­лат­до­рии на­вини То­ҷикистон со­­бит сохта, инчунин ни­шон дод, ки во­баста ба инкишофу пеш­рафти ҷо­меа нақш ва ма­қоми Су­ди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад.

Бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Су­ди конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйи­роти сифатан куллие, ки тайи сол­­ҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар рух доданд, зарур аст, ки сало­ҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағй­иру иловаҳои ба Конститутсия ворид­ша­ванда, инчунин лоиҳаи қо­­нунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умуми-халқӣ пешниҳод кар­да ме­шаванд, мукаммал карда шавад.

Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба лоиҳаи тағ­­йиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пеш­ниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пеш­ниҳод­ҳо ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия му­вофиқ бо­­шанд».[2]

Дар асоси Барномаи мазкур, бобати амалӣ наму­дани ислоҳоти су­­дӣ–ҳуқуқӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуданд, ки онҳо дар руш­­ду таҳкими ҳокимияти су­дӣ нақши арзанда гузоштанд.

Чунончи, барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикр­шу­да, пурра ва са­маранок ба амал баровардани назорати кон-ститутсионӣ дар мамлакат, 20 марти соли 2008 ба Қо­нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағй­иру ило­ва­ҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Тибқи тағйиру иловаҳои зикршуда салоҳияти Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шу­­­­да, дои­раи субъектони муро­ҷиат ба Су­ди консти­тут­си­­онӣ васеъ гардид. Аз ҷумла, ба доираи сало­ҳияти Суди консти­тутсионӣ масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи тағ­йиру иловаҳои ба он воридшаванда, лоиҳаи қо­нунҳо ва дигар масъа­ла­ҳое, ки ба раъйпурсии умуми­халқӣ пешниҳод карда мешаванд, вогузор кар­да шуд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки оид ба вай­ронкунии ҳу­қу­қу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳу­­­қуқии нисбаташон татбиқ­шуда ё татбиқшаванда, инчунин бобати му­айян наму­дани мувофиқ-ати қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дас­турии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба Кон­ститутсия, ки аз тарафи судҳо ва дигар мақомот нисбаташон татбиқ шу­дааст, ба Суди кон­­­ститутсионӣ муроҷиат намо-янд.

Ба судҳо ва судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳу­қуқ дода шуд, ки дар хусуси ба Конститутсия мувофиқ бу­дани қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳу­қуқӣ ва тавзе­ҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқти­содӣ, ки он­ҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ наму­даанд, ба Су­ди кон­ститутсионӣ муроҷиат кунанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба сифати субъ­екти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пазируфта шуд.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионӣ во­рид­кардашуда аз мавқеи намоёни Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, садоқати дав­лати Тоҷикистон ба арзишҳои эътирофшудаи уму­ми­ба­шарӣ, инчунин рушду нумӯи институтҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Бо даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конс­ти­­­тутсионии Ҷум­­­­­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди ко­н­­­ститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон», шумораи арзу шикоят ва пешниҳоду дархостҳои мақомот ва ша­ҳр­­ван­дон ба Суди конститутсионӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.

Санадҳои Суди конститутсионӣ дар таъмини во­ло­ияти Конс­ти­тут­сия, таҳкими қонунияти конститут­сионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақ­ши муҳим бози-данд.

Чунончи, бо қарори Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон аз 20 январи соли 2005 «Дар бораи му­айян кардани мувофиқати моддаи 181 Кодекси муро­фи­авии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мод­да­ҳои 17, 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон», моддаи 181 Кодекси мазкур, ки ҳуқуқи та­рафҳо ва дигар иштирок-чиёни муро­фиаро оид ба овар­дани ши­ко­ят нисбати ҳалнома ва қарорҳои эъ­ти­бори қо­нунӣ па­йдокардаи судҳои иқтисодӣ маҳдуд ме­кард, ба Кон­ст­итут­сия номуво­фиқ дониста шуд.

Минбаъд, тарафҳо ва дигар иштирокчиёни муро­фи­а ҳуқуқ пайдо на­муданд, ки аз болои ҳалномаю қа­рор­ҳои эътибори қонунӣ пай­докар­даи судҳои иқтисодӣ шикоят намуда, ҳуқуқҳои конститутсио­нии худро ҳифз намоянд.

Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ.-ро дар бо­раи муайян намудани мутобиқати сархати ҳаштуми қисми 2 моддаи 42 Ко­­декси мурофиавии ҷино­ятии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конс­ти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, дар қа­рори худ аз 15 майи соли 2012 диққати Вазорати корҳои до­хилии Ҷум-ҳурии То­ҷи­кистон ва Прокуратураи гене­ралии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба риояи бе­чу­ну­чарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас ши­канҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ ра­во дида на­мешавад» ҷалб намуд.

Ҳамчунин, мақомоти зикршуда вазифадор карда шу-данд, ки ҷи­но­яти со­диршудаи шиканҷаро ошкор кар­да, нис­бати шахсони онро содир­на­муда чораҳои дахл­дор, то ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ан­дешида ша­вад.

Бояд тазаккур дод, ки гузоришгари махсуси СММ оид ба ши­кан­­ҷа, ҷазо ва навъҳои дигари рафтори бераҳ­мона, ғайриинсонӣ ё таҳ­қир­­кунанда ҷаноби Хуан Е. Мен­дез зимни сафари кории худ ба Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон ва во-хӯрӣ бо роҳбарияти Суди конститутсионӣ, ки 11 май­и соли 2012 доир гардид, ба шиканҷа, ҷазо ва нав­­ъҳои дигари раф­то­ри бе­раҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳ­қир­кунанда дахл карда, ба саҳми Суди конс­титутсионӣ ва қарори зикршудаи он дар пешгирӣ ва бартараф на­мудани ҳолатҳои зикршуда баҳои баланд дод.

Ҳамчунин, дигар санадҳои судӣ қабул карда шу­данд, ки онҳо дар қа­були қонунҳо ва дигар санадҳои меъ­­ё­рии ҳуқуқии мувофиқ ба ме­ъёр­ҳои Қонуни асоcии кишвар ва ба ин васила таъмини кафолати ҳифзи ҳуқу­қу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бозиданд.

Чунонки, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рӯи дар­хости шаҳ­р­ванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян на­мудани мутобиқати банди 4 Қо­и­даҳои гузаронидани ат­тестатсия ва бақайдгирии намояндагони па­тен­тии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ба қис­ми дуюми мод­­даи 12, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷикистон» баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 28 марти соли 2013 банди 4 Қоидаҳоро ҳам­чун омили маҳдудкунандаи ҳуқуқи конс­титутсионии шахс ба фаъ-олияти озоди соҳибкорӣ, меҳнат ва инти­хоби касбу кор ба мод­­даҳои зикршудаи Конститутсия но­мутобиқ ҳисоб намуд.

Суди конститутсионӣ, инчунин парвандаро аз рӯи дархости шаҳ­р­ванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян на­­­мудани мутобиқати қисми 2 мод­даи 363 Кодекси му­рофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мас­ъ­алаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қа­роре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи ин­тихоб, тағйир додан ё бекор кар­дани чораҳои пешгирӣ қабул шу­дааст, ба моддаҳои 5, 14, 18, 19 Кон­с­ти­тут­сияи Ҷум­ҳурии Тоҷикис-тон» баррасӣ намуда, қайд кард, ки ҳа­ма гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни муро­фиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳ­дуд карда, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ ме­гардад, он ҳам­чун маҳдуд кардани кафо-лати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба ма­қомоти давлатӣ муқар­рар­намудаи Конститутсия, қо­нунҳо ва қонун­гузории муро­фиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ бо қарори худ аз 27 сен­тя­бри соли 2013 қисми 2 моддаи 363 Кодекс­ро ба моддаҳои зикр­шудаи Конс­титутсия номутобиқ ҳи­соб намуд.

Масъалаи таъминоти иҷтимоии инсон ва шаҳр­ванд  яке аз кафо­латҳои муҳими  конститутсионӣ ба ҳи­соб мера-вад ва давлат  ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии халқ аҳамияти ҷид­дӣ дода, пайваста сатҳи иҷтимоии онро баланд мебардорад. Зеро тибқи талаботи моддаи 39 Конститутсия «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳан­гоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қо­би­лияти кор, маҳрум шудан аз сар­па­раст ва маврид­ҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъ­ми­ни иҷтимоӣ до-рад».

Чунончи, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рӯи дар­­­хости шаҳр­вандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. «Дар хусу-си муай­­­ян на­му­дани муво­фиқати сархати чо­ру­ми қисми 4 моддаи 59 Қо­нуни Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи нафа­қаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва  сарха­ти яку­ми фар­моиши Агентии су­ғуртаи иҷти­моӣ ва на­фа­қаи назди Ҳу­кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 ян­ва­ри соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба ни­зоми нави таъ­миноти нафақаи шаҳр­вандон ва тар­тиби та­ъини нафақаҳо аз 1 январи со­ли 2017» ба моддаи 39 Кон­с­ти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон»баррасӣ намуда, бо қа­ро­ри худ аз 8 де­кабри соли 2017 сархати зикр­шудаи қо­нунро ба Конс­титутсия мутобиқ арзёбӣ  на­муд.

Новобаста аз ин, Суди конститутсионӣ дар асос­ҳои таш­килии су­ғур­таи ҳатмии нафақаи касбии пешби­ни­намудаи Қо­ну­ни Ҷумҳу­рии То­­­­ҷи­ки­стон «Дар бораи су­­ғур­­таи ҳатмии нафа­қавии касбӣ» дар масъа­лаи пар­дох­т­ҳои нафақаи касбӣ муш­ки­лиҳо ош­кор намуд, ки ме­боист онҳо аз лаҳзаи мавриди амал қа­рор гириф­­тани Қо­­нуни зикршуда то 1 ян­вари соли 2017 ҳалли ду­рус­­ти худ­­­ро ме­ёф­­танд.

Дар сурати ҳалли дурусти худро пайдо накардани ин масъала, теъдоди шахсони ба нафақаи касбӣ ҳуқуқ­дор рӯ ба афзоиш ниҳода, ин ҳолат метавонад ба саросар пой­мол гаштани кафолати таъминоти иҷ­тимоии шах­со­ни дорои ҳуқуқ ба нафақаи касбӣ оварда расонад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Суди ко­нс­ти­тут­си­онӣ зарур шуморид, ки Ҳуку­ма­ти Ҷумҳу­рии То­ҷи­кис­тон ва Аген­тии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қа ҷиҳа­ти бартараф на­мудани муш­килоти вобаста ба ҳолати тат­биқи суғуртаи ҳатмии нафақавии кас­бӣ ва механизми татбиқи Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷи­ки­стон «Дар бораи су­ғур­­таи ҳат­мии нафақавии касбӣ», ки дар масъа­лаи ан­дух­­тҳои нафақаи касбӣ ба миён омадаанд, чо­раҳои таъ­хирно­пазирро амалӣ намоянд.

Суди конститутсионӣ ҳам­чунин Агентии суғуртаи иҷ-ти­моӣ ва нафа­қаи наз­ди Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистонро вазифадор намуд, ки фар­­моишро «Дар бораи гу­­зариши пур­ра ба низоми нави таъми­ноти на­фа­қаи шаҳр­ван­дон ва тартиби таъини нафа­қаҳо аз 1 январи со­ли 2017» ба тала­боти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи са­над­ҳои меъ­ёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ намуда, як­ҷо бо Кор­хонаи воҳи­ди дав­латии «Ро­ҳи оҳани Тоҷи­кис­тон» ҷи­ҳати таъмини кафолати конститутсио­нии ша­ҳ­­р­­ван­дон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. ва дигар кор­ман­­дони со­ҳа ба на­фақаи касбӣ тад­бир­ҳои муассир анде­шанд.

Дар ин давра дар фаъолияти Суди консти­тут­си­о­нӣ масъалаи та­ъ­­мини кафолати конститутсионии шаҳр­ван­дони мамлакат ба соҳиб­корӣ мавқеи хоссаро касб намуд ва Суд ҷиҳати ҳифзи кафолатҳои зикршудаи шаҳр­ван­дон дар баробари  парвандаи конститутсионӣ оид ба да­р­­хости Тураев М.М. (Дар бораи муайян наму­дани му­тобиқати бан­ди 4 Қои­даҳои гузаронидани аттес­татсия ва бақайдгирии намояндагони па­­тентии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ба қисми ду­ю­­ми мод­даи 12, қис­мҳои якум ва дуюми моддаи 35 Кон­ститут­сияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон) парвандаҳои ди­гар­ро бар­расӣ намуда, дар тат­биқи кафо­лати зикршудаи консти­тутсионӣ нақши худро гузошт.

Чунонки, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рӯи дар­­хости ди­­­­ректори гене­ралии Ҷамъ­ияти до­рои масъу­лияти маҳ­дуди «На­ҷот»-и шаҳ­­­ри Ис­фа­ра Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян наму­дани муво­фи­қати сархатҳои чорум­, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сар­хатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи во­ҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақ­лиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 фев­рали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон» баррасӣ намуда, иброз дошт, ки давлат ба фаъо­лияти озоди со­ҳибкорӣ ҳам­чун воситаи муҳими руш­ду таҳкими иқти­содиёти кишвар, мусоидат ба вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳ­волии халқ, таш­кили ҷойҳои корӣ ва афзун гар­донидани истеҳсолот муносибат дош­та, тавассути санад­ҳои меъ­ё­рии ҳуқуқӣ  маҳдуд кардан ва халал­дор сохтани фаъ-олияти қонунии субъект­ҳои ҳу­қуқро, ки ҷузъи муҳими рушди му­носибатҳои иқтисоди бозоргонӣ маҳсуб меёбад, қатъиян манъ кар­дааст.

Аз ин рӯ, Суди конститутсионӣ дар қарори худ мах­сус ишора на­муд, ки бо қабули санади меъёрии ҳу­қуқӣ ва дар он пеш­бинӣ наму­дани тартиб, шароит ва ҳо­латҳо, инчунин ваколатҳои ба қонун­гузорӣ но­му­то­биқ, ки онҳо метавонанд монеаи рушди фаъо­лияти озоди соҳиб­корӣ гар­данд, инчу­нин мустақилияти субъект­ҳои хо­ҷагидориро халалдор сох­та, ба маҳдуд гаштани рақо­бат бурда расонанд, бояд роҳ дода нашавад.

Бинобар ин, бо қарори Суди конститутсионӣ аз 26 сентябри со­ли 2016 сархатҳои бандҳои номбурдаи Оин­номаи Корхонаи воҳиди дав­латии «Нақлиёти авто­моби­лӣ ва хизматрасонии логис­тикӣ» ба моддаи 12 Кон­с­ти­тутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ному­вофиқ до­ниста шу­данд.

Чунонки зикр рафт, 20 марти соли 2008 ба Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Су­ди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон» тағйиру ило­­ваҳои дахлдор ворид карда шуда, ба дои­раи сало­ҳи­яти Суди конститутсионӣ масъалаи ба Конститутсия му­­тобиқ будани лоиҳаи тағ­йиру иловаҳои ба он ворид­шаванда, лоиҳаи қо­нунҳо ва дигар масъа­лаҳое, ки ба раъ­й­пурсии умумихалқӣ пешниҳод карда ме­ша­ванд, во­гузор карда шуд.

Бо назардошти ин тағйиру иловаҳо, моҳи январи со­ли 2016 Маҷ­­­­лиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон бо пеш­­ни­ҳод «Оид ба муайян наму­дани муво­фиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Кон­сти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон воридша­ванда ба Кон­­­с­­титутсияи (Сарқо­нуни) Ҷумҳурии То­ҷи­­­кис­тон» ба Суди конс­ти­тут­сионии Ҷум­­­ҳурии Тоҷи­кис­тон муроҷиат на­муда, дар он қайд намуд, ки тағйиру ило­­ваҳои ба Консти­тутсия пешбинигар­дида тав­сеа ва  тақ­­ви­яти ра­­вандҳои демок­ра­ти­кунонӣ дар мамла­кат, руш­ди ҷомеаи Тоҷи­кистон ва боло рафтани авзои иқти­со­дию иҷтимоии онро инъикос карда, мақ­сади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва  ин­ки­­шо­фи озодона ба ҳар як инсон арзёбӣ мегардад.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кон­с­­титут­сия, аз мушаххас намудани меъёр­ҳои он, аз ҷум­­ла шакли идораи Ҷумҳу­рии То­ҷи­кис­тон, масъалаҳои во­баста ба шаҳр­вандӣ, фаъо­лияти иттиҳо­дияҳои ҷамъ­иятӣ, масъу-лияти падару модар,  интихоб ва таъин шу­дани аъзои Ма­ҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси на­моян­­дагон, таф­сири Конс­ти­тутсия, салоҳияти Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, масъулияти аъ­зои Ҳукумат ва судяҳо иборат буда, онҳо ба­рои боз ҳам мус­т­аҳ­кам на­мудани асосҳои сохтори конс­титут­сионии Ҷум­ҳурии То­ҷи­кис­тон, аз ҷумла таҳ­ким ёфта­ни ҳифзи ҳуқуқу озо­ди­ҳои инсон ва шаҳрванд  равона гарди­даанд.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кис­тон чил ададро ташкил медоданд.

Суди конститутсионӣ дар таърихи худ бори  на­хуст пеш­­­ниҳоди Маҷ­­лиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тонро бар­расӣ намуда, бо қарори худ аз 4 феврали соли 2016 лоиҳаи тағй­иру ило­ваҳои ба Конститут-сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид­шавандаро ба Конститут-сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ эълон намуд.

Ин қарор, минбаъд барои аз ҷониби Маҷлиси на­мо­яндагон таъ­ин на­мудани раъйпурсӣ асос гардида, дар таҳкими асосҳои сохтори ко­нс­титутсионӣ нақши муҳим бозид.

Бояд зикр кард, ки таъинотҳои Суди консти­тут­си­онӣ низ дар таҳ­ки­ми қонунияти конститутсионӣ му­ҳим арзёбӣ мегарданд. Таъинотҳои суд­ҳои конститутсионӣ оид ба рад намудани оғози мурофиаи судии конс­ти­тут­сионӣ аз зумраи зиёдтарин ва фаъолтарин санадҳои су­дии ма­қо­моти на­­зорати конститутсионии мамла­катҳои гуногун, аз ҷумла Суди конс­титутсионии Ҷумҳу­рии То­ҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо дар баро­бари рад на­му­дани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ, яъне ифода на­мудани мавқеи ҳуқуқии судҳо, инчунин аз дас­туру супоришҳои му­шаххаси судҳои конститутсионӣ ибо­рат мебошанд, ки иҷрои ин дас­туру су­поришҳо низ ба­рои тамоми мақомоти дахлдор ҳатмӣ мебошад. Ҳам­чунин, онҳо муҳимтарин василаи ба муроҷи­атку­нан­да­гон нишон додани роҳи ҳалли баҳсҳо ва мусоидат дар ҳалли онҳо ба шумор мераванд.

Масалан, Суди конститутсионӣ дар таъинот аз 7 янва­ри соли 20­13 дар хусуси рад намудани оғози муро­фиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷураев Н.Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ӯ-адвокат Воҳи­дова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати мод­даи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум-ҳурии Тоҷи­кистон ба моддаҳои 14 ва 20 Кон­ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба дархост­ди­ҳанда тартиби бар-тараф намудани мухолифати байни са­­над­­ҳои ҳуқу­қиро фаҳмонида, қайд кард, ки ягон мод­даи КМҶ Ҷум­ҳурии То­ҷи­кистон, аз ҷумла қисми 1 мод­даи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари прин­сипи тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи кор пеш­би­ни­на­­­мудаи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маъни­дод карда шавад. Дар акси ҳол, иштирок-чиёни муро­фиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ до­ранд, ки чунин амал­ҳои мақомоти ваколатдорро тибқи тартиби муқар­раркардашуда мав­­риди баҳс қарор диҳанд.

Дар таъинот аз 4 марти соли 2013 дар хусуси рад на­мудани оғо­зи мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости раиси Раёсати ҶСК «Со­ҳибкорбонк» «Дар бо­раи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Ко­декси муро-фиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мод­даҳои 19 ва 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба муроҷиатку-нанда тар­ти­би тафсири расмии қонунҳо фаҳ­монида шуда, роҳҳои ҳаллу фасли баҳ­си ӯ нишон до­да шудааст.

Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ бо таъиноти худ аз 22 майи со­­­ли 2018 оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­­­сти­­­тут­­сиониро оид ба дар­хости шаҳрванд Ҷӯраев С. «Дар хусуси ба Кон­ститутсияи Ҷум­ҳурии То­ҷикистон му­вофиқат накар­дани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи  барҳам­ди­ҳии ташкилот­ҳои қар­зӣ» ва бекор кардани он» бинобар ош­кор нагаштани номуайянӣ дар мас­ъа­лаи ба Конс­титутсия мувофиқат дош­тани муқаррароти қону­ни мав­­­риди баҳс қарордодашуда ва ба салоҳияти Суди конс­титутсионӣ ман­суб набу­дани масъ-алаи муайян намудани му­­­тобиқати байни муқар­рароти зикр­­шудаи Кодекси гра­ж­­данӣ ва қонун рад намуд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ қайд кард, ки зим­­ни омӯзиши дархост носаҳеҳӣ ва гуногун­фаҳ­мии му­қа­ррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси граж­даниро дар иртибот бо қисми 1 моддаи 35 Қо­нуни Ҷум­­ҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташки­лот­ҳои қар­зӣ» аз ҷониби шаҳр­вандон-пасандозгузорон муайян намуд, ки ин ҳолат дар таҷриба барои ба таври дахл­дор амалӣ шудани ҳимояи ҳуқуқу ман­фиат­ҳои кон­с­ти­тут­сио­нии шахс ба моликият монеа гардидааст.

Бинобар ин, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон­ вазифадор карда шуд, ки муқаррароти банди дую­ми қисми 1 моддаи 65 Кодекси граж­да­нӣ ва қисми 1 мод­даи 35 Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи бар­ҳам­ди­ҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» бо дарнарзардошти таҷ­ри­баи мав­­­­ҷу­даи ҷаҳонӣ ва  бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу ман­фи­ат­­ҳои кон­ститут­си­­­онии шаҳрвандон-пасандоз­гу­зорон ба моликият мавриди таҷ­диди на­зар қарор дода ша­вад.

Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ дар инкишоф ва такмили ни­­­зоми ҳуқуқии мамлакат бевосита иштирок намуда, дар қарору таъи­ноти худ меъёрҳои ҳуқуқи мод­ди­ро баҳо дода, ба таҳкими меъёрҳои му­ро­фиавӣ низ аҳа­­мияти ҷиддӣ медиҳад ва қайд менамояд, ки набудани тар­­­тиби татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ барои иҷро на­кардани муқар­ра­­роти Конститутсия, ки меъёрҳои он мус­та­қиман амал мекунанд, асос ва сабаб шуда наме­тавонад. Бо ин роҳ принсипҳои умумӣ ва соҳавии ҳу­қуқ, во­лоияти Конститут-сия ва амали бевоситаи меъёрҳои он, ки ба ҳиф­зи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳу­қуқи шахс ба ҳифзи судӣ ра­вона карда шудаанд, татбиқи воқеӣ ва таъиноти аслии худро меёбанд.

Зеро дар Тоҷикистон танҳо суд ҳуқуқи баррасии пар­вандаҳо ва ҳал­­­лу фасли баҳсҳои гуногунро дошта, аз но­ми давлат ҳукм, ҳалнома ва қа­рор мебарорад. Дар дои­раи адлу инсоф ҳақро ба ҳақдор мерасонад, ка­фо­лати ҳифзи судӣ доштани ҳар як шахс, адолату баро­ба­риро беғара­зона таъмин месозад, ҳуқуқу озодиҳои ин­со­ну шаҳрвандро сама-ранок ҳифз менамояд. Муво­фиқати қо­нунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳу­қуқиро ба Кон­ститутсия муайян карда, ба ин васила волоияти Кон­сти­тут­сия ва қо­нунҳоро таъмин месозад ва ба рушди босубот ва бо­низоми ҷомеа му­соидат менамояд.

Бо мақсади идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ – ҳу­қуқӣ дар ки­ш­­вар, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба Маҷ­­ли­си Олӣ аз 15 апрели со­ли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ис­лоҳоти су­дӣ­-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия гардида, бо фармони Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикис-тон аз 3 янва­ри соли 2011, № 976 тасдиқ карда шуд.

Дар барномаи мазкур дар баробари дигар масъ­а­лаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, инчунин  дар таҳрири нав қа­бул шу-дани Қонуни кон­с­­ти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститут­сионии Ҷум­­­­ҳурии Тоҷикистон» пеш-бинӣ гардид. Зеро Суди консти­тут­сио­нии Ҷум­ҳурии Тоҷи-кистон низ қисми ҷудонашавандаи ҳо­кимияти давлатӣ ва судӣ маҳсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конс­ти­тут­сионӣ, боло рафтани аҳами-яти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд ба беҳбудӣ ва таҳким бахшидан ниёз дошт.

Аввалин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон с.1995, № 21, м.223) қабул гардид, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва ама­лию ҳу­қуқии замони қабулаш пурра мувофиқат дошт.

Баъд аз қабули Қонуни конститутсионии мазкур, бо қонунҳои кон­ститутсионӣ (с.1997, №9, м.110; с.1998, №10, м. 111,115; с. 2000, №6, м. 349; с. 2001, №4, м.200; с. 2004, №2, м. 43; с. 2006, №3, м. 142; с. 2007, №7, м. 650; с. 2008, №3, м.180; с. 2008, №10, м. 794; с. 2009, №7-8, м.489; с. 2011, №6, м. 427; ҚҶТ. 19.03.2013, №935) ба матни Қо­ну­ни амалкунандаи конститутсионӣ аз 3 но­ябри соли 1995 12 маротиба 112 тағйироту ило­ваҳо ворид карда шу­­­данд, ки онҳо инъикоси демокра­ти­кунонии мин­баъ­даи ҳаёти ҷомеаи То­ҷикистон, ра­ванди ислоҳоти консти­тутсионӣ, рушду таҳ­кими инс­титутҳои демократӣ ва ҳо­ки­мияти давлатӣ, таҳ-кими са­лоҳият ва танзими фаъолияти муро­фиавии Суди конститутсионӣ, ба­ланд бар­­доштани вазъи иҷтимоии суд-яҳо,  ин­чунин боло рафтани сат­ҳи донишҳои на­зариявӣ, консептуалӣ ва ама­­­лии мутахассисони соҳаи ҳу­қуқи конс­титутсионии мам­лакат ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба шу­мор ме­раванд.

Қонуни конститутсионии мазкур бо дастгирии та­мо­ми ҳу­қуқ­ши­носони мақомоти давлатӣ, олимону мута­хассисони муассисаҳои олии мамлакат, олимону кор­шиносони хориҷӣ аз Комиссияи Ве­нетсиании Шӯ­рои Ав­рупо ва Ҷамъияти олмонии ҳамкории бай­нал­милалӣ та­ҳия ва ба­рои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон пешниҳод шуд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ аз 15 боб ва 86 мод­­да иборат бу­да, сохтори он нисбат ба Қонуни конс­ти­­тутсионӣ аз 3 ноябри соли 1995, ки аз 11 боб ва 63 мод­да иборат буд, 4 боб ва 23 модда зиёд ме­бо­шад. Он да­во­ми мантиқии татбиқи принсипи конститутсионии таҷ­зи­яи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ-ҳу­­қуқӣ ва таб­дил до­дани ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди кон­с­титутсионӣ ба ме­ха­низми эъ­ти­модноки ҳифзи ҳу­қуқу озодиҳои конститут-сионии инсон ва шаҳрванд ва ди­гар субъектони ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.

Қонуни мазкур 26 июли соли 2014 мав­риди амал қа­рор дода шуд.

Барномаҳои минбаъдаи ислоҳоти судӣ­-ҳу­қу­қӣ дар Ҷум­ҳу­­­рии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва 2019-2021 қабулшуда низ, барои боз ҳам мустаҳкам на­мудани мавқеи судҳо дар ҷомеа нақши му­ҳим бо­зи­данд.

Дар Барномаҳои зикршуда қайд гардидааст, ки «мақ­­­­­сад аз таҳияи онҳо таҳкими минбаъдаи ҳокимияти су­дӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қо­нунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сох­торҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳу­қуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо ме­бо­шад».[3]

Вазифаҳои асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ вобаста аз мақсадҳои он аз такмилу тавсеаи сохтори мақомоти су­дӣ ва салоҳияти онҳо, му­шах­хас ва шаффоф гардо­нидани ва­зифаҳои онҳо, баланд бардоштани тала­бо­ти тахассусӣ ҳан­гоми таъин ва интихоби судяҳо, маърифати ҳуқуқии он­ҳо, поквиҷдонӣ, ҳисси эҳтиром ба халқу Ватан, инчу­нин баланд бар­доштани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кор­мандони дастгоҳи онҳо иборат аст.

Суди конститутсионӣ дар баробари ба амал баро­вардани са­ло­ҳияти конститутсионии худ тавассути муро­фиаи судии консти­тут­си­онӣ, ин­чунин дар боло рафтани фарҳанги конститутсионӣ ва маъ­ри­фати ҳу­қуқии ҷомеаи То­ҷикистон, таҳкими қонунияти консти­тутсиоинӣ ва тар­­тиботи ҳуқуқӣ саҳми намоёни худро мегузорад.

Суди конститутсионӣ соли 2009-ро ҳамчун соли бу­зургдошти фар­­занди барӯманди миллати тоҷик ва ола­ми ислом ва фақеҳи бузург Абӯ­ҳа­нифа Имоми Аъзам ботантана истиқбол намуд. Олимони Суд  оид ба нақши Имоми Аъзам ҳамчун асосгузору мурат­тиби илми фиқҳ, ав­ва­лин мутакаллим, татбиқкунандаи усули фиқҳи ис­ломӣ дар асоси Қуръон, суннати набавӣ ва иҷмову қиёс бо ма­қолаву маъ­рӯзаҳо баромад намуда, одобу раф­тори ҳа­мидаи инсонии ӯро қобили дастгириву пай­равӣ эъ­ти­роф намуданд.

Ҳодисаи муҳими таърихие, ки аллакай дар хусуси он сухан рон­дем ва таърихи навини давлатдории то­ҷиконро бе он тасаввур кардан мумкин нест, ин қабули на­хустин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷи­кистон ба шумор меравад. Зеро Конститутсия – ин ифо­даи иродаи хал­қи тоҷик буда, орзуву омоли ҳазор­со­лаҳои гузаштагони халқи мо дар ро­ҳи расидан ба истиқ­лолияти комили давлатдорӣ, бо андеша ва арзиш­ҳои мил­лӣ ва арзишҳои пазируфта-шудаи байналмилалӣ бун­ёд намудани давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудо­на­шавандаи ҷо­меаи ҷа­ҳо­нӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳо­зира ва оян­да масъул ва вази­фадор эъ­тироф намуда, мақ­­сади таъ­рихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адо­латпарвар эълон намуд.

Бе сабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон паёми соли 2014-и худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақши со­занда ва офарандаи Конститутсияи мамлакат оғоз на­муда, иброз доштанд, ки:

«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқ­ло­ли­яти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зару­рии ҳу­қуқӣ муҳайё карда, ба­рои аз нобудӣ наҷот додани дав­лати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз паро­кандагӣ раҳоӣ бах­шидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он мар­ҳалаи ҳассоси таърихӣ ба­рои гузоштани асосҳои ар­кони давлат-дории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалку­нан­дабозид».[4]

Суди конститутсионӣ ҷашнвораҳои вобаста ба сол­ҳои қабули Кон­­с­титутсияи мамлакат (солҳои 2010-15 солагӣ, соли 2014 -20 солагӣ ва соли 2019 – 25 солагӣ)-ро ҳамчун ҷашнвораи касбии худ эҳсос намуда, ҷи­ҳати тар­ғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии ин санади муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ заҳмати худро дареғ намедорад. Би­нобар ин, солгарди қа­були нахустин Конс­ти­тутсияи То­ҷи­­кистони соҳибистиқлол ҳама вақт бо шу­кӯҳу шаҳо­мати хосса таҷлил мегардад.

 Чунонки, Суди конститутсионӣ ҷиҳати иҷрои Нақ­­шаи чора­би­ни­ҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 15-сола­гии қабули Конс­титутсия чо­­рабиниҳои зиёди нақ­шавӣ тарҳрезӣ ва ба амал баровард.

20 октябри соли 2009 дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷум­ҳурии То­ҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати со­ҳибистиқлоли То­ҷи­кистон» дар Суди конститутсионӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар рафти кори  он маъ­рӯзаҳо шунида ва мавриди муҳокима қарор дода шу­данд. Маводи кон­­фронс иборат аз суханронию мақо­ла­ҳои илмии иш­тирокчиёни он дар шакли китоби алоҳида дастраси алоқа-мандони илм­ҳои ҳуқуқшиносӣ гар­донда шуд.

Дар ҳамин сол, вобаста ба ҷашнгири 15-солагии Кон­­ститутсияи киш­­­вар, бори аввал маҷаллаи илмию ит­ти­лоотии Ахбори Суди конс­ти­тут­­­сионии Ҷумҳурии То­­ҷи­­кис­тон нашр гардид, ки мундариҷаи он аз су­хан­ронии Прези-денти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқ­ло­лияти давлатӣ, ма­қо­лаҳои судяҳои Суди конс­титутсионӣ ва ди­гар ма­қо­моти судӣ, ҳифзи ҳу­қуқ, оли­мо­ну мутахассисон ва ҳуқуқ­шиносони мам­лакат, инчу­нин аз са­надҳои Суди конститутсионӣ ва инъи­коси фаъо­­лияти касбии он иборат аст.

То якуми августи соли 2020 33 шумораи маҷаллаи маз­­­кур рӯйи нашрро дида, дар он 10 паёмҳои Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷи-кистон, 301 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-ом­мавии оли­мону мута-хассисони соҳаи ҳу­қуқ ва сиёсати ҷумҳурӣ ва хо­риҷи кишвар, аз он­ҳо 154 мақола бо забони тоҷикӣ ва 147 мақола бо забони русӣ, инчунин 20 қарор ва 51 таъ­иноти Суди конститутсионӣ нашр гар­диданд. Маҷал­лаи мазкур дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷо­меаи Тоҷи­кис­тон ва ҳокими-яти судӣ нақши муҳим мебозад.            

Ҳамчунин, 4-уми ноябри 2009 муаррифии сомонаи интернетии Суди конститутсионӣ баргузор гардид, ки ав­валин сомона дар низоми ма­­қомоти ҳокимияти судии мамлакат ба ҳисоб меравад. Сомонаи мазкур бо забон­ҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва пеш бурда меша­вад. Дар соли 2020 он аз нав таҳия карда шуда, барои дастрасӣ ба санад­ҳои Суди кон­ститутсионӣ ва фаъо­ли­яти он ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ди­гар алоқа­мандони ҳу­қуқ ва қо­нунгузорӣ равона карда шудааст.


[1]Ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон . 20 апрели соли 2006. URL: http:/ /www. president. tj/node/198

  [2]Барномаи ислоњоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, № 271. С.3.

[3]Барномаи ислоњоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2011-2013. С.1.

[4]Ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон . ш. Душанбе, 23 апрели соли 2014. Саҳ.3.

Сомонаи Суди конститутсионӣ (2009-2019)

Аз лаҳзаи ташкили сомона (4-уми ноябри 2009)  то  1 августи со­ли 2019 (то оғози кор оид ба нав  кардани со­мона)  853111 нафар бо ит­ти­лоот ва мавод бо забони то­ҷикӣ ва 341443 нафар бо иттилоот ва мавод бо за­бо­ни ру­сӣ шиносоӣ пайдо карданд, ки бо шарофати ин Суди конс­­ти­тутсионӣ дар мамлакат ва берун аз он маъруфият пайдо намуд.

Аз замони нав карда шудани со­мона (1.01.2020) то ба 1 августи  соли 2020 онро зиёда аз 39 ҳазор шахсон ди­дан намуданд.

Сомонаи Суди конститутсионӣ (таҳрири нав)
Муаррифии сомонаи интернетии Суди конститутсионӣ, 4 ноябри соли 2009

Ба мақсади таҳия ва омода намудани тавсияҳои ил­ман асосноки масъалаҳои ҳуқуқӣ, 2 июли соли 2009 дар назди Суди конститутсионии Ҷум­­ҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 17 нафар аз ҳисоби судяҳои дар ис­теъ­фо­будаи Су­ди кон­сти­тутсионӣ, факултети ҳуқуқшиносии До­ниш­гоҳи миллии То­ҷикистон, факул­тети ҳу­қуқи До­нишгоҳи слав­янии Тоҷи­кис­тону Россия ва Ака­демияи Ва­зо­­рати кор­­ҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Шӯрои ил­мӣ-маш­­варатӣ таъ­сис дода шуд.

Дар солҳои 2010, 2012, 2015 ва 2018 китобҳои Маҷ­мӯаи қарор­ҳои Су­ди конститутсионӣ, 1996-2015, 584 са­ҳифа, Маҷмӯаи таъинотҳои Су­ди консти­тут­сионӣ, 1996-2015, 552 саҳ. ва Маҷмӯаи санадҳои Су­ди кон­сти­тут­сионӣ, 2015-2018, 312 саҳ. бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ та­ҳия ва нашр гар­диданд. Ин маҷмӯаҳо барои дои­раи ва­сеи хонандагон олимон, ас­пи­рантҳо, до­нишҷӯёни мак­­табҳои олӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва ди­га­рон аҳамияти калони илмиву амалӣ пайдо намуданд.

20-умин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷи­кис­тони со­ҳиб­ис­тиқ­лол, ки дар ташаккули дав­лат­дории навини тоҷикон заминаи бо­эътимоди сиёсию ҳу­қуқӣ гузошт, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гар­дида, аз манфиатдории ҷомеа ва давлат ба суботи консти­тут­сионӣ шаҳодат медиҳад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                         

Суди конститутсионӣ низ ҷиҳати сазовор ис­тиқ­бол гирифтани ҷаш­ни 20-солагии қа­були Консти­тутсияи Ҷумҳу-рии То­ҷи­кис­тон корҳои назаррасеро  ба сомон ра­со­нида, фаъолияти худро чун ҳар­вақта ба таҳкими зами­наҳои адолати конститутсионӣ дар кишвар ра­вона на­муд.

Аз ин рӯ, барои Суди конститутсионӣ, ки он баҳ­ри таъ­мини во­лоият ва амали бевоситаи Қонуни асосии киш­вар ва ҳиф­зи ҳуқуқу озо­диҳои ин­сон ва шаҳрванд таъсис ёфтааст, соли 2014 ҳамчун соли таъ­ри­хӣ  арзёбӣ мегардад.

Суди конститутсионӣ чун дигар сол­ҳои қаб­лӣ фа­ъ- олияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷикистон, Қо­нуни конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­­­кистон «Дар бораи Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон» ва дигар санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ ба роҳ мон­да, пеш-ниҳоду дархостҳои субъек­тҳои ҳуқуқи му­роҷиат ба Суди конститутсионӣ дошта ва дигар муро­ҷи­атҳои субъектони ҳуқуқро дар дои­раи талаботи пеш­бини­намудаи санадҳои зикргардида мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дод.

Китоби «Кон­с­титутсия заминаи ташаккули ни­зоми ҳу­қуқи миллӣ» ва дигар мақолаҳои илмӣ-оммавии Маҳмуд-зода М.А.–Раиси Суди консти­тутсионӣ барои хо­нандагон ва ҳаводорони ил­мҳои ҳуқуқ ва сиё­сати мам­лакат маълумоти арзишмандро пешкаш намуда, дар таъмини фарҳанги консти­тутсионии ҷомеа нақши муҳим хоҳанд бозид. Ҳам­чунин, мақолаи судя-котиби Суди кон­ститут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Каримзода К.М. бо номи «Конститутсия маҷмӯи афкори сиёсӣ ва ҳу­қуқии инсоният аст» дар озмуни ҷум­ҳу­риявии мақола ва ри­солаи беҳтарин бахшида ба 20-сола­гии Конс­титут­сияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол на­муда, бо дип­­­лом қадр­донӣ карда шуд.

Тар­­ғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия миё­ни аҳо­лии кишвар иқ­­доми ҳамешагии Суди консти­тут­сионӣ мебо-шад. Раис, муовин, судяҳо ва кор­мандони масъули дастгоҳи Суди конс­титутсионӣ бахшида ба 20-со­ла­гии Кон­с­титут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷа­ласаи Шӯ­рои ҷамъи­­ятии Ҷум­­­ҳурии То­ҷи­кистон, конф­ронсҳои зиё­ди ил-мӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, чо­ра­биниҳои вазо­рат­ҳои адлия, корҳои дохилӣ, мудофиа, Хадамоти гум­рук, Аген­тии назо-рати давлатии молиявӣ ва му­бориза бо кор­рупсия, Ку­ми­таи ҳолатҳои фавқулода ва мудо­фиаи граж­данӣ, Палатаи ҳисоб, дониш­гоҳҳои слав­янии Тоҷи­кистону Россия, тиббӣ, тиҷо­рат, техникӣ, фи­лиали До­ниш­гоҳи дав­латии Москва дар шаҳри Ду­шан­бе, Ки­тобхонаи миллӣ, Сар­­идораи бой­гонӣ, Ака­демияи Вазо­рати корҳои дохилӣ, Кор­хонаи воҳи­ди давлатии  «Ро­ҳи оҳан», Иттифоқи касаба, мақомоти иҷро-ияи ҳоки­мияти давлатии ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, И. Со­монӣ, Хадамоти давлатии «Му­ҳо­физа» ва дигар ма­қо­моти давлатӣ (дар маҷмӯъ 53 вазорату идораҳо) иш­ти­рок ва суханронӣ на­муданд. 

Ҳамчунин, ба муносибати таҷлили 20-солагии Кон­с­­­ти­тут­сия дар наш­рияҳои даврии рӯзномаи «Ҷумҳу­рият» зе­ри таҳрири Раиси Суди конс­титутсионӣ тафсири ил­мию омма-вии Конститут­сияи Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон мун­та­зам чоп карда шуд, ки нақши он дар баланд бар­дош­­тани маъ­рифати ҳуқуқии аҳолӣ муфид арзёбӣ гар­дид.  

Соли 2019 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шу­­­ку­фоӣ ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳ­кими ғоя­ҳои ва­­тандӯстӣ, худ­шиносиву худогоҳӣ дар ҷо­меа, бар-гузории руй­додҳои бузурги сиё­сию иқтисодӣ ва боло рафтани эъ­ти­бори бай­­­налмилалииҶумҳурии То­­ҷи­кис­тон арзёбӣ мегардад.

Дар фазои бошукӯҳ ва идона таҷлил гар­дидани сол­­гарди ид­­­ҳои миллӣ, аз ҷумла Иди байналмилалии Нав­­рӯз, Рӯзи Ваҳ­дати миллӣ,  Рӯзи Истиқлолияти дав­латии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, Рӯзи забони давлатии Ҷум­­ҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Рӯзи Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ша­­ҳо­дати дар роҳи рушди устувору бо­маром қарор дош­тани дав­­лати нави­ни тоҷикон мебошад.

  Пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон дар соли 2019, инчунин боз ҳам боло рафтани обрӯ ва эъ­­ти­­бори бай­нал­ми­ла­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди мин­­баъдаи иқтисодиёти Тоҷи­кис­тон бетаъ­сир намемонад.

Ҳамин аст, ки моҳи январи соли 2020 аз рӯйи рад­да­­бандии ма­ҷа­ллаи бай­нал­ми­лалии молиявии англис­забон «Global Finance» ба рӯй­хати киш­варҳои амн­тарини сайёра шомил шудани Тоҷикистон ва моҳи но­ябри соли 2020 аз тарафи Мар­кази таҳ­лилии ам­рикоии «Gallup» дар пайи як назарпурсии шаҳр­ван­дони 142 дав­лати дунё дар зи­наи дуюми ҷад­вали амнтарин киш­вар­ҳои олам ҷой додани То­ҷи­кистон, натиҷаи  фаъолияти самаранок ва муназзами роҳ­барияти давлат, ма­қо­моти дав­латӣ, суботи бардавоми сиёсӣ ва  иҷ­тимоию ҳуқуқии ҷомеа ба шумор меравад. 

Бо иш­ти­роки беш аз 500 ҳай­­ат аз 50 давлати ҷа­ҳон,  28 соз­мони бай­­нал­милалӣ ва мин­та­қа­вӣ баргузор гар­­­дидани Конф­ронси сатҳи ба­ланд «Ҳамкории байнал­ми­лалӣ ва мин­та­қавӣ дар мубориза бо тер­роризм ва ман­баъҳои маблағ­гузории он, аз ҷум­ла гардиши ғайри­қонунии маводи мухад-дир ва ҷинояткории му­та­шак­кил»; сафари расмии Пре­зиденти Шӯ­рои Аврупо До­налд Туск ба Тоҷикистон; бо иштироки са­рони давлатҳо ва ҳу­куматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ аз 27 давлати аъзо, 8 давлат ва 5 созмони бай­налмилалии нозир бар­гузор гардидани Ҳамо­иши панҷуми Маш­ва­рати ҳамкорӣ ва тад­бирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳ­ри Душанбе; са­фари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин­пин ба Тоҷи­кистон ва имзои 18 санади ҳамкорӣ ва дигар чо­ра­­биниҳои му­ҳимми сиёсӣ бо иштироки роҳ­барияти дав­ла­ти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ша­ҳодати гуф­таҳои боло ме­бошанд.

9 сентябрдар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кис­тонба кор шурӯъ кардани  чархи дуюми НБО-и «Роғун», амалан оғози ис­­тиқлолияти энер­гетикии мамлакат ва ба зинаи нави рушди иқти­содию иҷ­тимоӣ  ворид гар-дидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин бо­ра аз хурсандиву  фа­раҳ­мандии беканори халқи киш­­варамон ёдовар  на­­шудан мумкин нест.


Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО-и «Роғун»

Рӯзи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо бар­гу­зории  во­хӯрӣ бо Пешвои миллат хотирмон ва дар сатҳи ба­лан­ди иф­тихор аз давлату давлатдорӣ, пеш­ра­вию гулгул­шу­куфоӣ ва тат­биқи бома­роми қо­нуни асосӣ доир гардида, бори ди­гар дар на­тиҷаи таҳлили ҷуқури илмӣ­-оммавӣ мавқеи Кон­ст­итутсия дар бунёди давлати миллӣ ва дав­латсозиву дав­лат­дорӣ нишон дода шуд.

25 октябри соли 2019 дар заминаи ҳуқуқи ташаб­бу­си қо­нун­гу­зории Пешвои миллат ба хо­тири ҷашни 25-умин солгарди қа­були Кон­с­­ти­­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон Қо­нун дар бораи авф қа­бул гардид. Ин  наку­ко­риҳо нисбат ба зиёда аз 20000 маҳбус, шах­­сони пар­ван­даи онҳо дар тафти-шоти пешакӣ ва баррасии су­дӣ бу­да тақбиқ гардида, дар ба ҳам омадани оилаҳои аз ҳам ҷудо, ифтихормандӣ аз амалҳои инсон­дӯстонаи Сарвари давлат, дарки гуноҳ ва моҳияти иҷ­тимоии давлат му­ҳим арзёбӣ мегар­дад.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар вохӯрӣ бо судяҳои мам­­лакат 21 ноябри соли 2019 ироа гар­ди­данд, моро водор месозанд, ки ба нақши ҳо­кимияти судӣ ва судяҳо дар бунёди давлати соҳиб­истиқлол, де­мок­ратӣ ва ҳуқуқ­бунёд аҳамияти ҷиддӣ дода, дар баланд бар­доштани мавқеи ин ҳокимият дар ҷомеа кӯшишҳое зиёде ба харҷ ди­ҳем.

Равандҳои бомаром ва муназзами сиёсии мам­лакат, фа­ъ­о­лияти бузурги  созандагиву бунёдкорӣ ва меҳ­­нати сазовор бах­­­шида ба ҷашн­ги­рии 30-солагии Ис­тиқ­ло­ли­яти давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, аз Суди конс­­ти­тут­си­онӣ, судяҳо ва кор­ман­дони дастгоҳи он та­қозо дорад, ки ҳам­­қадами замон буда, барои дар сатҳи ба­ланди кас­бӣ ба амал ба­ровардани салоҳияти Суди кон­ститутсионӣ нақши муассири худро бо­занд.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии То­ҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, № 74-ф «Оид ба ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гар­донидани симои пой­тахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мон­дани ҳам­­ко­рии сама­раноки ма­қомоти иҷроияи ҳоки­мияти дав­латии шаҳри Душанбе бо дигар ма­қомоти давлатӣ ва таш­килоту муа-ссисаҳо» 5 майи соли 2018 дар кӯ­чаи Ма­яковский ноҳияи Сино-и ш. Душанбе май­дончаи вар­зиширо сохта ба истифо-да доданд. Майдонча аз майдон­чаи бозиҳои  варзишӣ ҳаҷми 30 х 18 м. (барои футболи хурд, баскетбол ва волейбол) ва аз майдонча ба­рои бо­зии кӯдакон иборат мебошад.

Майдончаи варзишӣ воқеъ дар кӯчаи Ма­яковский

Қисмати дигари майдони варзиширо боғчаи сабз дар майдони 1550 м2 ташкил медиҳад, ки аз ду айвонча (бе­сед­ка) ва даҳ адад кур­си­ҳои чӯбин барои нишаст ва ис­тироҳат иборат мебошад. Дар замини  он 28 адад да­рах­ти кипарис, 10 адад дарахти арча, 11 адад  гули юка, 1400 адад гулҳои рангаи садбарг шинонида шудаанд. 1550 м2 сабзкорӣ (газон) карда шудааст.

Ин саҳми назарраси судҳои зикршуда дар ободии пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе мебошад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон му­но­сибатҳои му­та­қобилаи худро бо Маҷлиси миллӣ, Маҷ­лиси намояндагон, Дастгоҳи иҷ­­­роияи Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақ­вият дода, бо мақсади ҳифз ва таъмини волоияти Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва мус­таҳ­кам наму­дани қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ҳамко­ри­ҳои суд­­мандро роҳ-андозӣ менамояд.

Намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ, Ма­ҷ­лиси намоян­­да­­­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ва Президенти Ҷумҳу­рии То­ҷикистон дар маҷлисҳои Суди конститутсионӣ вобаста ба мас­ъала­ҳои гуногуни ҳуқуқӣ иштирок мекунанд. Барои иштирок дар маҷ­лис­ҳои Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчу­нин намоян­да­гони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Про­куратураи ге­не­ралии Ҷум­ҳурии Тоҷикис-тон ва дигар вазорату идораҳои дав­латӣ даъ­­ват карда мешаванд.

Ма­ҷлисҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи- кистон тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ намо­иш дода шуда, қарорҳо ва ди­гар санадҳои қабул­намудаи он дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон, рӯзномаҳои расмии давлатии «Ҷумҳурият», «Садои мар­дум» ва «Народ-ная газета» нашр гардида, дастраси омма гардонида ме­ша­ванд.

Дар дувоздаҳ соли охир (2009-1 августи соли 2020) дар доираи та­лаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи муроҷиатҳои шах­сони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз та­рафи суд­яҳо ва кормандони дастгоҳи Суди консти­тут­сионӣ  зиёда аз 3643 адад муроҷиатҳо, аз онҳо 812 муро­ҷиат­ҳои хат­­тӣ ва 2801 ши­фо­ҳии шах­сони воқеӣ ва ҳу­қуқӣ баррасӣ гар­­ди­данд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии худ масъалаҳои вобаста ба замин ва хо­­ҷа­гиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои оилавӣ (муносибатҳои али­ментӣ, тақ­си­моти молу мулк, манзили истиқоматӣ, норо­зигӣ аз маскун кардан ва ғ.), на­­фақаи паст, мас­ъалаҳои со­ҳибкорӣ, масъала-ҳои бонкӣ, андоз, но­ро­зигӣ аз са­надҳои судӣ ва санадҳои дигар  мақомоти давлатӣ, шар­ҳу тав­зеҳи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғ. маълумот дода, ис­лоҳи кам­будиҳоро талаб менамо­янд.

Суди конститутсионӣ ҳамасола ба Пре­зи­денти Ҷум­­ҳу­рии Тоҷи­кистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти конс­титутсионӣ дар Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон нома ир-сол менамояд.

Дар нома фаъолияти солонаи Суди конс­титут­сионӣ ва натиҷаи омӯ­зиши асноди ҳуқуқии қабул­на­мудаи мақомоти ҳо­ки­мияти давлатии ваколатдор оид ба таъ­мини волоияти Конститутсия ва қонунияти кон­ститутсионӣ дар мамлакат таҳлил гардида, диққати ма­қомоти мазкур ба ҳал­лу фасли проблемаю масъалаҳои ҷойдошта ра­вона карда мешавад. Пеш­ниҳодҳои Суди кон­ститутсионӣ, минбаъд, дар фаъо­лияти мақомоти қо­нунгузор ва иҷроияи мамлакат татбиқи амалии худро меёбанд ва дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озо-диҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат мена­мо­янд.

Дар даҳ соли охир дар номаҳои солонаи ба унвони Пре­зиденти Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон, Маҷлиси мил­лӣ ва Маҷ­лиси намоян­да­гони Маҷ­ли­си Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон пешниҳодшуда, зиёда аз 130 пеш­ни­ҳодҳо дар ху­су­си таҳ­кими қону­нияти конститутсионӣ, тартиботи ҳу­қуқӣ, қабули санадҳои қонун­гузорӣ, барномаҳои дав­латӣ, ҳифзи ҳуқуқ-ҳои ко­нс­титутсионии инсон ва шаҳр­ванд, тағйири таҷрибаи мавҷуда бо назар­дошти амалияи ҷаҳонӣ ва ғ. ирсол карда шу­данд, ки аксари онҳо аз ҷо­ни­би субъектҳои ҳуқуқ­эҷодкунӣ дар фаъо­ли­яти ҳуқуқ­эҷодкунӣ мавриди татбиқ қарор до­да шуданд.

Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти  зиё­да аз 24 солаи худ (мар­ти соли 1996 – 1 августи соли 2020) 140 дархосту пешниҳодҳои суб­­­ъе­к­­тҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ  доштаро баррасӣ на­­­муда, тиб­қи Қо-нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» нисбати он-ҳо 39 қарор ва 101 таъинот (санадҳои су­дӣ) қабул кардааст, ки аз ин миқдор 50 фоизаш (23 ва 67) ба дувоздаҳ соли охир (2009-2020) рост меояд.

Дар давоми 10 соли охир, судяҳо ва кормандони мас­ъули Суди кон­с­титутсионӣ, чи дар ҳайати гурӯҳҳои ҳуку-матӣ, ки дар аксар ҳолатҳо роҳбарии гурӯҳҳои ҳуку­матиро ба уҳда доштанд ва чи дар асоси нақ­ша­ҳои ҳу­куматӣ ва нақшаҳои худи Суд 176 сафарҳои хиз­матиро ба шаҳ­ру но­ҳия­ҳои мамлакат анҷом доданд.

Мақсади 72 сафар аз фаҳмондани аҳамияти таъ­ри­хи­ву сиёсии қа­­були Кон­с­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон,  ша-рҳу таф­си­ри меъёрҳои он, нақ­ши он дар бунё­ди дав­­­лати миллӣ ва мавқеи инсон ва шаҳрванд дар давлат ва ҷомеа ва ғ.; 35 сафарҳои хизматӣ, дар аксар ҳо­латҳо ҳам­­чун роҳ-барони гурӯҳҳои ҳуку­матӣ оид ба паё­ми Пеш­­вои миллат ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикис­тон дар бораи  самт­ҳои  асосии сиёсати до­хилӣ ва хори­ҷии кишвар; 37 сафарҳои хиз­матӣ оид ба ра­со­нидани ёрии амалии ҳуқуқӣ дар ҷойҳо ба мақомоти ма­ҳаллии  ҳо­ки­мияти давлатӣ оид ба таҳияи санад­ҳои меё­ърии ҳуқуқӣ, тех­­никаи ҳуқуқ­эҷодкунӣ, омӯ-зиши санад­ҳои меъё­рии ҳуқуқӣ дар ҷойҳо; 6 сафари хиз­матӣ аз ҷониби Раис ва муовини Раис дар чорабиниҳои тан­танавӣ бах­шида ба ҷашнгирии Ис­тиқлолияти дав­латӣ ва Ваҳдати мил­лӣ; 17 сафари хизматӣ оид ба иҷрои нақшаи корҳои обо­донӣ бах­шида ба 30 ­солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз он 2 сафар  барои иш­ти­рок дар маҷлисҳои ҷамъ­­бастии семоҳа ва шаш­моҳа оид ба нати­ҷаи фаъо­лияти созан­да­гию бунёд­корӣ дар шаҳри Иста­равшан ме­бошанд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ қисмати ҷудона­ша­ван­даи фаъоли­яти Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­ки­стон мебошад, ки онҳо сол ба сол бо судҳои конс­титутсионии дигар давлатҳо, аз ҷум­ла давлатҳои аъзои ИДМ рушд ва тавсеа меёбанд. Онҳо май­донеро мемо­нанд, ки дар рафти онҳо оид ба таҷрибаи фаъолияти судҳои конститутсионӣ, қабули санадҳои судӣ ва дигар масъ­алаҳои вобаста ба мурофиаи назорати конс­титутсионӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.

Чунончи, рӯзи 26 октябри соли 2009 дар Суди конс­титутсионӣ бо ишти­роки судяҳо ва кормандони Даст­гоҳи он, судяҳои суди маъмурӣ ва моли­явии Ҷумҳурии Феде-ралии Олмон Р. Кристиан, В. Франсеска ва Роҳ­бари Бар-номаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои техникӣ Й. Пу­делька дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конс-титутсионӣ ва му­рофиаи су­дии конститутсионӣ» се­минари байналмилалӣ доир гардид, ки баргузо­рии чорабиниҳои зи-кршуда аз тарафи иштирокчиёни он му­фид арзёбӣ гардид.

Аз 14-24 ноябри соли 2009 судяҳои Суди консти­тут­сионӣ дар асо­си Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷум­ҳурии Федеролии Ол­мон оид ба ҳамкориҳои техникӣ аз 27 марти со­ли 2003, дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ дар мам­­лакатҳои Осиёи Марказӣ», ҳамчунин тибқи дастури Прези-денти Ҷум­­­ҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба роҳ мон­дани такмили ихтисоси суд­я­ҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар дохил ва хориҷи кишвар, ки рӯзи 13-сен­тябри соли 2009 зимни ба вазифаҳои судягӣ таъин на­мудани шаҳр­вандони ҷумҳурӣ таъкид ёфта буд, аз Ҷум­ҳурии Федеролии Олмон са­­фа­ри хизматӣ анҷом доданд.

Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба ҳу­қуқи инсон, Ко­­­миссияи Аврупо оид ба демократия та­вассути ҳуқуқ, Идораи мар­ка­зии Маркази техникии Ол­мон, Суди федералии конститутсионӣ, Суди фе­де­­ра­лии маъ­мурӣ ва Суди конститутсионии замини шаҳри Бер­лин ши­но­соӣ пайдо намуданд.

Дар мизҳои мудаввар, ки дар судҳои зикршуда бо иштироки суд­­я­ҳои Суди Аврупо, коршиносони Ком­иссияи Венетсиании Шӯрои Ав­рупо, судяҳои Олмон ва суд­яҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қирғи­зистон бар­гузор гардиданд, аз ҷониби судяҳои Суди конс­ти­тутсионии Ҷум­­ҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конс­ти­тутсионии Ҷум-ҳурии То­ҷи­­кистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқ-бунёд, самтҳои афза­лият­но­ки сиёсати до­хилию хориҷӣ ва дигар сохторҳои муҳими дав­лат­дорӣ, аз қа­били Суди конститутсионии дорои сало­ҳи­яти му­осир мавриди муар­рифӣ қарор гирифтанд.

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­ки­с­тон, ҳам­чу­нин бо Котиби генералии Комиссияи Ав­ру­­по оид ба демократия тавас­су­ти ҳу­қуқ (Комиссияи Венет­сиании Шӯрои Аврупо) ҷаноби Джиани Бу­кикио вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон Кон­­ференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Мақомоти назо­ра­ти конститутсионӣ дар ша­­роити ҳамгироии низомҳои ҳуқуқӣ: таҷ­ри­баи байнал­милалӣ ва амалияи Тоҷикистон», ки 4-5-уми ноябри со­ли 2010 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Ду­шан­бе бахшида ба 15-­со­лагии таъсисёбии Суди конс­титут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар­гу­зор гардид, нақши калидӣ бозид.

Иштирокчиёни Конфронсро Президенти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳ­ният гуфта, дар мавзӯи «Ко­нс­­титутсия давлати на­вини то­ҷиконро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ на­муд» су­ханронӣ кар­данд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Конс­титутсияи Тоҷикистон ҳам­чун ҳуҷҷати сарна­виш­тсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини дав­лату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таъ­рихи чан­динҳа­­зорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфта­аст, ҳам-чунин кӯшишу талош­ҳои фарзандони хирад­манду фар­зонаи ин халқро дар роҳи расидан ба со­ҳиб­ис­тиқ­лолӣ ва давлат-дории миллӣ ҷомаи амал пӯ­шонид. Ғоя­­ҳои башар-дӯстонаи он инъикоскунандаи сун­натҳои пур­ғано­вати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин наму­наҳои фарҳангии ниё­го­ни ориёии мо, анъанаҳои давлат­дории Сосониёну Сомониён ва мероси бу­­зургони таъ­риху ада­биёти аз ҷониби умум эъти-рофгардидаи мо сарчаш­­ма мегиранд».[1]

Бо сухани табрикӣ, инчунин Президенти Комис­сияи Ве­нетсианӣ Джианни Букикио, Раиси Конфронси ма­­қо­моти назорати консти­тут­си­онии мамлакатҳои демо­кратияи нав – Раиси Суди конститутсионии Ар­ма­нистон Г. Г. Арутюнян баромад намуда, ҳайати Суди консти­тут­сионӣ ва дигар иштирокчиёни он, инчунин тамоми мар­думи Тоҷикистонро ба ҷаш­ни Рӯзи Конс­титутсия ва 15-солагии Суди консти-тутсионӣ табрик наму­­данд.

Дар кори Конфронс раисони Судҳои конститутси­о­нии Латвия, Лит­­ва, Молдова, Муғулистон, Раиси Шӯ­рои консти-тутсионии Қазоқис­тон, Раиси Суди иқти­со­дии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳайати суд­я­ҳо аз Олмон, Федератсияи Россия, Эстония, Туркия, Украина, Озар­бой­ҷон, коршино-сони Комиссияи Венетсиании Шӯ­рои Аврупо, инчунин аъ­зои Ҳукумати Ҷумҳурии То­ҷикистон, мушовирони давлатӣ, ёрдам­чиёни Президент ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Пре­зиденти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, ваки-лони парлумони мамлакат, роҳ­барон ва суд­я­ҳои Суди косститутсионӣ, Су­ди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокура-тураи гене­ралӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии То­ҷикистон, роҳбарони мақомоти адлия, Мар-кази мил­лии қонунгузорӣ, мак­­табҳои олӣ, олимони варзи-даи ил­ми ҳуқуқ, роҳбарон ва намоян­да­гони созмонҳои бай­налмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва во­си­таҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 15- солагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар рафти Конференсия фаъолияти мақомоти на­зо­рати консти­тут­сионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳам­ги­роии системаҳои ҳуқуқи му­осир, наздикшавии қонун­гузо-рии миллии давлатҳо ва ташаккули фазои яго­наи ҳу­қуқии байналмилалию минтақавӣ, нақши ин раванд дар таъ­мини волоияти Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба муро-фиаи судии конс­титутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ва­та­нию хориҷии соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ қа­рор дода шуд.

Аз натиҷаи Конференсияи мазкур нашрияи махсуси Ахбори Су­ди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010, № 4) рӯйи чоп омад, ки дар он тамоми маърӯзаву ба­ромадҳои иштирокчиёни он гирд оварда шудааст. Ҳамчу-нин, соли 2011 як нашри Ахбори Конфронси ма­қо­моти на­зорати конститутсионии мамлакатҳои демок­ратияи нав пурра ба Кон­фронси илмию амалии бай­нал­милалӣ дар ш. Душанбе бахшида шуд. Ах­бори маз­кур бо ду забон, русӣ ва англисӣ нашр гардида, он ба давлатҳои аъзои Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демок­ра­тияи нав фиристода мешавад.

17-18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бо иш­­тироки Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди та­ъсис­ёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Кон­фронси бай-налмилалӣ дар мавзӯи: «Адолати судии конс­титутсионӣ – кафолати таъмини волоияти Консти­тут­сия» баргузор гар­дид.

М. Маҳмудзода–Раиси Суди конс­ти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пре­зи­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо­бати ташаккули мақо­мо­ти назорати конститутсионӣ ёдоварӣ карда, сипас барои оғоз бахшидан ба кори ин чорабинӣ суханро ба Роҳбари дав­­­лат дод.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон оид ба нақши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии То­ҷикистон дар ташаккул ва таҳкими давлатдорӣ, дигар рукнҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, қабули на­хустин Конс­ти­тутсияи давлати соҳибистиқлол ва дар асоси принсипи таҷ­зия ташкил кардани ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокими-яти судӣ иб­рози андеша намуд.


Иштирок ва суханронии Дж. Букикио – Президенти Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо ва Арутюнян Г.Г.- Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, 4 ноябри соли 2010

Ҳамчунин, Роҳ­ба­ри давлат дар хусуси дар низоми ҳокимияти судӣ таъ­сис ёфтани мақомоти назорати консти-тутсионӣ дар шакли Суди конститутсионӣ сухан гуфта, онро аз воло­ияти Конс­титут­сия ва меъёрҳои он дар давлатдорӣ ва за­рурати ҳиф­зи онҳо маънидод намуда, ба нақш ва мавқеи Суди конститутсионӣ баҳои баланд дод.

Дар кори Конфронси байналмилалӣ хонум Хердис Кжерулф– но­иби Президенти Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавассути ҳу­қуқи Шӯрои Аврупо, Арут­юнян Г.Г.– Раиси Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Ар­ма­­нистон– Раиси Конфронси мақомоти назорати кон­с­­ти­­тутсионии мамлакатҳои демократияи нав, раисон ва судяҳои судҳои ко­нс­­титутсионӣ ва институтҳои муодил аз ҷумҳуриҳои Белорус, Ин­до­не­зия, Қазоқистон, Қир­ғизистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Латвия, Ҷум­ҳурии Фе­деролии Олмон, Феде­ратсияи Россия, Руминия, Тур­кия ва Ӯз­бекистон, роҳ-бар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлат­дории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Мар­казӣ», ходимони давлатӣ ва оли­мони на­моёни соҳаи ҳуқуқи конс­ти­тутсионии давлат-ҳои хориҷи кишвар иш­тирок карданд.

Дар кори Конфронси байнамилалӣ, инчунин роҳ­бар ва кор­­ман­дони масъули Дастгоҳи иҷроияи Пре­зиденти Ҷумҳу-рии То­ҷи­кистон, раи­сони кумитаҳо ва ва­ки­лони парлумони мамлакат, роҳбарон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқ­тисодӣ, Про­курори генералӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, намоян­да­гони му­ас­сисаҳои олии таълимӣ, оли­мони варзидаи илми ҳуқуқ, роҳ­барон ва намо­яндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ва во­ситаҳои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия масъалаҳои муҳими вобас­та ба Конс­ти­тутсия ва конститутсионализм, фаъо­лияти мақо-моти назорати конс­ти­тутсионӣ оид ба ҳифзи ҳу­қуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конс­титутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъ­мини во­лоияти Конститутсия, ҷойи Суди консти­тутсионӣ дар низоми ҳоки­мияти су­дӣ ва дигар масъа­ла­ҳои марбут ба мурофиаи судии конс­титут­сионӣ мав­­риди баррасӣ ва муҳокимаи мутаха-ссисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­ма­лӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конфронси бай­нал­­милалии мазкур изҳор дош­танд, ки «Ҳарчанд ки ойи­ну суннатҳои давлату давлатдории халқи со­ҳиб­­та­мад­дуни тоҷик ҳанӯз аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод сар­­чашма мегиранд, аммо Истиқлолияти давлатии Ҷум­ҳурии То­ҷи­кистон, ки ба мар­думи мо дар охири асри ХХ муяссар шуд, дар сарнавишти то­ҷикон та­ҳавулоти бу­зурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллие гардид. Дар Кон­­с­титутсия худро қисми ҷудонаша-вандаи ҷомеаи ҷа­ҳон эълон кар­дани халқи Тоҷикистон низ аз куҳанбунёд ва фарҳангӣ будани ин халқ маншаъ ги­рифта, дар баробари ҳифз ва ғанӣ гардонидани ар­зишҳои миллӣ, ин­чунин садоқати давлат ва миллати то­ҷикро ба ар­зишҳои уму­ми­эъ­тирофшудаи башарӣ инъи­кос менамояд.

Конститутсия ҳамчун мафкураи сабтгардидаи дав­латӣ, ки дар он самтҳои асосиву стратегии рушди дав­латдории миллӣ, масъулияти муш­­тараки халқ ва ҳо­кимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, мут­таҳид намудани манфиатҳои ҳамаи табақаву гурӯҳҳои иҷтимоии ҷо­меа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикос ёфтаанд, бузургтарин ман­баи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад».

Бояд зикр кард, ки Конфронси мазкур дар фаъо­лияти минбаъ­даи Суди конститутсионӣ ва муаррифии он нақши арзанда бозид.

Намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­­­ҷикистон аз 22 то 24 январи соли 2009 дар Конгресси 1-уми умумиҷа­ҳонии адолати судии конс­титутсионӣ (Кей­­птаун, Ҷумҳурии Аф­ри­каи Ҷанубӣ); аз 28 сен­тябр то 1 ок­тябри соли 2014 дар Конгресси 3-уми уму­ми­ҷаҳонии адо­лати судии конститутсионӣ (Се­ул, Ҷумҳурии Корея); аз 11 то 14 сентябри соли 2017 дар Конгресси 4-уми уму­ми­­ҷаҳонии адолати судии конс­титутсионӣ (Вил­нюс, Ҷум­ҳурии Литва) иш­тирок ва бо маърӯза ба­ро­мад на­му­данд.

Онҳо, инчунин дар муҳокимаи лоиҳа ва қабули Оин­­номаи Конг­ресси маз­кур фаъолона ширкат вар­зи­да­нд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон узв ва ишти­рок­чии фаъоли Конфронси ма­қомоти назорати кон-ститутсионии дав­латҳои демократияи нав мебошад, ки аз со­ли 2019 инҷониб Конфронси ма­қомо­ти назо­рати консти-тутсионии дав­латҳои Ав­руосиё ном гирифтааст. Са­­надҳои судӣ, мақолаҳои судяҳо ва дигар маводи итти­лоотии он дар ма­ҷал­­лаи Конфронси мазкур, ки дар шаҳ­ри Еревани Ҷумҳурии Ар­ма­нистон ва ҳоло дар шаҳ­ри Остонаи Ҷум­ҳурии Қазоқистон ба чоп ме­ра­санд, нашр мегарданд.

Солҳои охир Раис, муовин ва судяҳои Суди консти­тут­сионӣ дар як қатор конфронсҳои бай­налмилалӣ дар мавзӯи: «Арзишҳои консти­тутсионӣ-омилҳои асосии таҳ­­­ким­бахши сохти демократӣ» бахшида ба 15-солагии рӯ­зи қабули Конс­ти­тутсияи Ҷум­ҳурии Молдова (Ки­шинёв, 22-23 июли соли 2009); Конф­ронси XIV-и мақо­мо­ти на­зо­рати конс­ти­тутсионии давлатҳои демок­ратияи ҷавон дар мавзӯи: «Таҷрибаи бай­налмилалии ҳам­кории суд­ҳои конститут-сионӣ ва парлумонҳо дар таъ­мини волоияти Кон­с­титутсия» (Ере­ван, 1 октябри соли 2009 ); Конг­ресси Ассотсиатсияи судҳои конс­титутсионӣ ва муас­си­саҳои ҳамшабеҳи Осиё дар мавзӯи: «Имрӯз ва оян­даи адо­лати судии конститут-сионӣ дар Осиё» (Сеул, Ҷум­ҳурии Корея, 20-22 майи соли 2012); Кон­фронси ил­мӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Консти­тутсияи Ҷумҳурии Қа­зоқистон дар мавзӯи: «Консти­тутсия-асо­си дур­намои рушди ҷомеа ва давлат» (Остона, Ҷумҳурии Қа­зоқистон, 29-30 августа 2013); Кон-фронси илмӣ-ама­лии байналмилалӣ дар мавзӯи «Иҷрои қарор­ҳои Суди конс­­титутсионӣ ҳамчун кафолати самара-нокии адо­лати су­дии консти­тутсионӣ» (Бишкек, Ҷумҳурии Қир­ғи­зис­тон, 21-23 майи соли 2014); Кон­фронси минта­қавӣ дар мавзӯи: «Ҳуқуқи консти­тут­сионӣ», дар до­ираи Та­шаб­буси волоияти ҳуқуқ дар ИА барои Осиёи Мар­ка­зӣ. (Хел­синки, Фин­ляндия, 17-18 сентябри соли 2014); Кон­г­ресси 3-юми Ас­сот­сиатсияи суд­ҳои конститут­си­онии Осиё ва институтҳои муо­дил (Ин­до­незия, 8 – 12 ав­гус­ти соли 2016); Конфронси байналмилалӣ дар мав­зӯи: «Ад­лияи муосири конс­титутсионӣ: хатарҳо ва дурнамо» ва Фо­­руми ша­шуми байнал­ми­лалии ҳуқуқии Петербург, бахшида ба 25-сола­гии Суди конс­ти­тут­сионии Феде­рат­сияи Россия (Санкт-Петербург, 16-20 майи 2017); Кон­­ф­ронси байналмилалӣ дар мавзӯи: «Нақш ва аҳа­мияти Кон­­ститутсия дар эъ­мори давлати демократию ҳуқуқ­бунёд» (Тошканд, Ҷум­ҳурии Ӯзбе­кис­тон, 29 ноябр – 2 де­кабр 2017);  Сам­мити 4-уми байнал­ми­лалии судяҳо (Ис­там­­бул, Ҷумҳурии Тур­кия 11-12 октябри соли 2018); Кон­фронси байнал­милалӣ дар мавзӯи  «Конс­титут­сио­нализми ҳа­зораи нав» (Ереван, Ҷум­ҳурии Арманис­тон 1-2 ноябри соли 2018) ва ғ. ишти­рок ва бо маърӯзаҳо ба­ро­мад на­муда, оид ба проб­лемаю масъалаҳои мубрами назо­рати конс­титутсионӣ ибрози назар намуданд.

Дар рафти конференсияҳои мазкур вохӯриҳои дуҷо­нибаи на­мояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дж. Бу­ки­кио – Президенти Комис­сияи Венетсиании Шӯрои Аврупо, Арутюнян Г.Г.-Раиси Кон­фронси мақомоти назорати конститутсионии мам­ла­кат­ҳои демократияи нав – Раиси Суди конститутсионии Ҷум­­ҳурии Ар­ма­нис­тон, бо ҳайати намояндагии судҳои конститут-сионии Алҷазоир, Ар­­ма­нистон, Беларус, Ол­мон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лат­вия, Лит­ва, Мол­дова, Фарон-са, Федератсияи Россия ва Чехия бар­гу­зор гардиданд.

Дар рафти ин вохӯриҳо оид ба доираи васеи масъ­алаҳо ва таҷ­рибаи адолати суди конститутсионӣ табо­дули назар карда шуд.

12 январи соли 2010 зимни вохӯрии Раиси Суди конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳ­мудзода ва Сафири фав­қул­ло­дда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фа­би­ани та­рафҳо оид ба мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конс­ти­­тутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва рушди мин­баъдаи ин ниҳоди му­ҳими сиёсию ҳуқуқӣ ибрози андеша намуданд.

Бо вазифа, салоҳият ва фаъолияти Суди конс­ти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон шинос шуда, ҷа­ноби са­фир дар бораи Шӯрои консти­­тутсионии Фа­ронса маъ­лумоти муфасал дод.

Мавсуф зикр намуд, ки чунин ниҳоде, ки он ҳифзи Конс­ти­тут­сия ва таъмини волоияти онро ба уҳда дорад, дар низоми дав­латҳои де­мок­­ратӣ, аз ҷумла дар Фаронса ҷойи махсусро ишғол менамояд ва онро «дили де­мократия» номид.

Сафарҳои кории ҳайати Суди конститутсионии Ҷум­­ҳурии Тоҷи­кистон ба як қатор давлатҳои пешрафта, иш­тирок дар конгрессу конф­ронсҳо ва омӯзиши таҷ­рибаи пешқадами давлатҳои зикршуда, табодули итти­лоот оид ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқу озо­­ди­ҳои инсон ва шаҳрванд дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсир намемонанд.

Сафарҳои хизматӣ, омӯзиш ва табодули андеша бо ҳам­касбони худ дар таҳияи Қонуни конститутсионии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи Суди консти­тут­сио­нии Ҷум-ҳуриии Тоҷикистон» дар таҳрири нав (2014) ва Дас­­­тури Суди конститутсионӣ (2015, 2019) нақши ар­зан­да бози­­данд.

Ҳамкориҳои пайвастаи Суди конститутсионӣ бо ма­қомоти на­зорати конститутсионӣ боиси он гардид, ки эъти-бори ин мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ ҳамчун пади-даи нодири давлати демократӣ дар таъмини во­лоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳ­р­ванд на танҳо дар дохили кишвар, ҳамчунин берун аз он низ боло гар­дида истодааст.

Баҳри тақвият бахшидани муносибаҳои байналми­лалии Суди кон­ститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Кон-фронси ҳафтуми раисони суд­ҳои конститутсионии дав­латҳои Осиё, ки моҳи июли соли 2010 дар шаҳ­­ри Ҷа­картаи Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардид, аҳамияти хосса касб кард. Дар кори он М. Маҳмудзода ширкат варзида, бо маърӯза ба­ромад намуд.

Дар ин Конфронс бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мутақобила байни судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва Институт­ҳои муодил, ки назорати кон­ститутсиониро ба амал мебароранд, Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил таъсис дода шуд.

Вазифаҳои асосии Ассотсиатсия аз густариши ҳам­кориҳои байналмилалии аъзои судҳои консти­тутсионии давлатҳои Осиё дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти меъёрҳои Конститутсия, муста­қилияти ҳокимияти судӣ, мубодилаи таҷриба ва иттилоот байни аъзои он иборат мебошад.

Соли 2011 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба си­фати аъзои комилҳуқуқи Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии дав­лат­ҳои Осиё ва Институтҳои муодил ба сифати аъзои комилҳуқуқ пази­руфта шуд. Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар Кон­г­­рессҳои Ассотсиатсияи судҳои консти­тутсионӣ ва Институтҳои муодил дар Ҷакарта, Ин­до­незия (2011),


[1]Эмомалӣ Раҳмон. Конститутсия давлати навини тоҷиконро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд. Су­хан­ронӣ дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳам­гироии низомҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи бай­налмилалӣ ва амалияи Тоҷи­кистон». Душанбе, 4 ноябри соли 2010 // Ахбори Суди конс­ти­тут­­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 2010. № 4. С.8.

Сеул (2012); Ҷумҳурии Туркия (2014), шаҳри Нур-Султон-и Ҷумҳурии Қазоқистон (2020) дар мавзӯъҳои гу­ногун оид ба консти­тут­сионализм, конс­титутсия ва нақши он дар дав­лат, низоми сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ама­лияи на­зорати консти­тутсионӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо ба­ро­мад на­муда, диққати онҳоро ба масъалаҳои гуногуни ҳу­қуқи конститутсионӣ ҷалб намуданд.

Ҳамчунин, иштирокдорони конгрессҳои Ассотсиатсияро бо на­зария ва амалияи давлатдорӣ, сиёсати до­хилӣ ва хориҷии давлат, масъа­ла­ҳои вобаста ба конститутсионализм, асосҳои сохтори конститутсионӣ, мо­ҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат, нақ­ши инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ва дар амалияи давлатдорӣ дар Тоҷикистон шинос намуданд.

Дар таҷрибаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон ҳам­­кориҳои дуҷониба бо мақомоти ҳам­шабеҳи худ ва дар ин замина дар са­надҳои ҳуқуқи бай­нал­милалии дуҷониба мавриди танзим қарор дода­ни самт­ҳои афзалият-ноки ҳамкориҳо нақши муҳим касб кар­дааст. Ин ша­­ҳодати муҳим будани ҳамкории бай­нал­ми­лалӣ дар фаъолияти мақомо­ти назорати консти­тутсионӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани чу­нин ҳамкориҳо мебошад.

Дар ин замина, аз 4 то 10-ум апрели соли 2011 ҳай­ати Суди конститутсионӣ аз шаҳри Санкт-Петербурги Федерат-сияи Россия боздид ба амал оварда, ба фаъо­ли­яти касбии Суди конститутсионии Федератсияи Рос­­сия аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Зимни вохӯриҳо бо Раиси Суди конститутсионии Фе­­дератсияи Рос­­­сия В.Зоркин, муовинон, судяҳо ва кор­мандони масъули Дастгоҳи Су­ди конститутсионии Феде­ратсияи Россия ба доираи салоҳият, масъа­ла­ҳо оид ба тан­зим ва раванди мурофиаи судии конститутсионӣ, вазъи ҳу­қуқии субъектони муроҷиат ба суд, рушди ҳуқуқи моддӣ ва муро­фи­авии фаъолияти мақомоти назо­рати конститутсионӣ аҳамияти хосса зо­ҳир карда шуд.

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии  

Дар рафти боздид Ёддошти тафоҳум оид ба ҳам­ко­рӣ миёни Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва Суди конститутсионии Фе­­де­ратсияи Россия ба имзо расид, ки он аввалин санади байналмилалӣ ме­бошад, ки байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тас­виб расидааст.

Тарафҳо зимни ба имзо расонидани санади мазкур му­ҳимияти онро қайд карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам инкишоф ёфтани му­­­носибатҳои байни мақомоти назорати конститутсионӣ мусоидат меку­над.

Ҳуҷҷати мазкур ба тарафҳо имконият медиҳад, ки мутобиқи қо­нун­гузории миллии давлати худ ҳамкориро та­вассути мубодилаи таҷри­ба, маълумот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ, ки ба фаъ­олияти судҳои конститутсионӣ вобаста мебошад, ба роҳ монанд.

15-16 декабри соли 2011 зимни сафари расмии Пре­зиденти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон ба Украина, ки ба ҳайати на­мояндагии сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон М. Маҳмуд-зода низ шомил буд, Ёддошти тафо­ҳум оид ба ҳам­корӣ миёни Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва Суди кон­с­ти­тутсионии Украина ба имзо расид.

Аз 23 то 29 апрели соли 2012 ҷиҳати иштирок дар ко­ри Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 50-солагии таъ-сиси Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Туркия са­фари ҳай-ати Суди конститутсионӣ ба Туркия доир гар­дид.

Ба ҳайати Суди конститутсионӣ М. Маҳмудзода роҳ-барӣ мекард, ки дар доираи кори конфронс Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Туркия ба тасвиб расид.

Ёддошти тафоҳум ба принсипҳои истиқлолияти дав­латӣ, масъу­лияти тарафайн дар бобати ҳифз, таъ­мини волоият, амали бевоситаи Кон­­ститутсия ва ҳимояи ҳу­қуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба тавас­сути андешидани чо-раҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳа­дафҳо ва мусоидат кардан ба ҳалли са­ри­вақтии масъ­алаҳои ҳамкории ба ҳамдигар му-фид равона гар­ди­дааст.

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии

Ҷонибҳо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муҳимияти қа­були онро қайд карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам мустаҳкам ва рушд ёфтани му­но­сибатҳои байни мақомоти назорати конститутси­о­нии дав­латҳо мусо-идат мекунад.

14 майи соли 2013 дар заминаи семинари бай­налми­лалӣ оид ба му­ҳокимаи лоиҳаи нави Қонуни кон­ститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо иштиро­ки Г. Г. Арутюнян собиқ Раиси Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Ар­манистон – Раиси Конференсияи мақомоти на­зо­­рати конститутсионии киш­­варҳои демократияи нав баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳам­­корӣ бай­ни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷум­­ҳу­­рии Арма-нистон ба имзо расид.

Аз 4 то 7 декабри соли 2014 ҳайати, Суди консти­тут­­­сионӣ, ки ба он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии То­ҷи­­кистон оид ба масъалаҳои ҳу­қуқӣ – Дав­латзода Ҷ.М. низ шомил буд, бо мақсади табодули таҷриба ва ши­­­но­соӣ бо фаъолияти Суди конститутсионии Руминия аз шаҳри Буха­рест ди­дан ба амал овард. Зимни сафари ко­рии мазкур, ҳайати корӣ бо фаъо­лияти мақомоти назорати конститут-сионии Руминия шиносоӣ пай­до на­муда, ба намояндагони ин ниҳоди судӣ оид ба фаъо­лияти густурдаи Су­ди кон-ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон маълумоти муфассал пеш­ни­ҳод намуд.

Дар доираи сафари корӣ бобати густариши му­носи­батҳои бай­нал­милалӣ ва ба роҳ мондани ҳамко­риҳои мутақобилан судманд Ёддош­­­­ти тафоҳум оид ба ҳам­корӣ байни судҳои конститутсионии дав­лат­ҳои зикр­шуда ба имзо расонида шуд.

Чунин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, мин­баъд, бо Суди кон­сти­тутсионии Ҷум­ҳурии Қирғизистон (2015) ва Суди кон­сти­тутсионии Ҷум­ҳурии Кореяи Ҷа­нубӣ (2018) ба имзо расиданд.

Имрӯзҳо, ду Ёддошти тафоҳум оид ба ҳам­корӣ бай­ни судҳои кон­ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститут­сионии Ҷум­ҳу­­рии Ӯзбекистон ва судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додгоҳи қо­нуни асо­­сии Ҷумҳурии Арабии Миср таҳия ва мувофиқа гар­дида, омодаи имзо мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки 18-22 октябри соли 2019 дар шаҳ­ри Қо­ҳи­раи Ҷумҳурии Арабии Миср  бахшида ба ҷаш­­ни  тиллоии Додгоҳи қонуни асо­­­­сии Ҷумҳурии Ара­бии Миср конфронси байналмилалӣ баргузор гар­дид.

Дар кори конфронси мазкур, Раиси Суди консти­тут­­сионӣ Ашу­р­­зода А.А. ва судяи Суди конс­титут­сионӣ Ҷам­шед­зода Ҷ.Н. иштирок намуданд.

Ашурзода А.А. бо маърӯза оид ба фаъолияти Суди кон­с­титут­сионӣ баромад намуда, вохӯрии расмии ӯ бо Ра­иси Дод­гоҳи қонуни асо­­сии Ҷумҳурии Арабии Миср ҷаноби Абдулваҳҳоб Абду­ро­зиқ ва роҳ­ба­рони мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Қа­зоқистон, Озор­бойҷон, Қирғизистон ва дигарҳо баргузор гардиданд.

Зимни вохурӣ Ашурзода А.А. иброз намуд, ки ба­рои рушди ҳам­ко­риҳои байнал­ми­лалӣ, ки ба таҳ­­ки­ми инсти­­тути назорати консти­тут­­сионии ду давлат ни­гаро­нида шудааст, манфиатдор буда, ҳамкорӣ ва та­бо­дули таҷриба миёни мақомоти назорати конс­ти­тут­сионӣ дар ҳифзи қо­нун­ҳои асосии давлатҳо, аз ҷумла асосҳои сох­тори конс­титутсионӣ ва таъ­мини кафолати ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳрванд нақ­ши арзанда ме­бозад.

Тарафҳо дар хусуси ба имзо расонидани Ёддошти та­­фоҳум оид ба ҳам­корӣ байни судҳои конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва Дод­гоҳи қонуни асо­­сии Ҷум­ҳу­рии Арабии Миср ба мувофиқа расиданд.

Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии То­­ҷи­­­кистон бо Комиссияи Аврупо оид ба демо-кратия тавассути ҳуқуқ (Ко­мис­сияи Венетсиа­нии Шӯрои Аврупо), махсусан робитаҳои кории суд­­­манд бо Президент ва корманони он назаррас ва дар ҳоли гус­та­риш қарор доранд.

Маърӯзаи А. Ашурзода – Раиси Суди конститутсионӣ дар конфренсия,

Саҳми Комиссияи мазкур дар гузаронидани Кон­фе­ренсияи илмӣ-ама­лии байналмилалӣ, ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар шаҳри Ду­шанбе бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кистон ва Конфронси байналмилалӣ дар мав­зӯи: «Адо­лати судии конститутсионӣ–кафолати таъмини волоияти Кон­сти­тутсия», ки 17-18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бах­шида ба 20-умин сол­гарди таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон баргузор гарди­данд, назаррас мебошад.

Коршиносони Комиссия, алалхусус профессори До­ниш­гоҳи Гамбурги Республикаи Федеролии Олмон Отто Лух­терхандт лоиҳаи Қонуни  консти­тут­сионии  Ҷум­ҳу­­­рии Тоҷикистон «Дар  бораи  Су­ди  конститутсионии  Ҷум­­­­­ҳурии  То­ҷи­­кистон» дар таҳрири навро аз экспер­тизаи ҳуқуқӣ гузаронида, нисбати он хулосаи муфид пеш­ниҳод на­муданд.

Судяҳо ва кормандони Дастгоҳ дар конференсия ва се­ми­­нарҳое, ки аз тарафи Комиссия гузаронида меша­ванд, иштирок ва бо маърӯзаҳо ба­ромад намуда, бо ҳу­қуқи Аврупо, ниҳодҳои аврупоӣ ба монанди Суди Ав­ру­по оид ба ҳуқуқи инсон ва дигарҳо шиносоӣ пайдо меку­нанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи ҳамкориҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соз­мон­ҳои бай-налмилалӣ, аз қа­били Институти «Ҷомеаи ку­шо­да» –  Бунёди мадад ва GIZ (Ҷамъияти ол­монӣ оид ба ҳам­кории байналмилалӣ) дар бобати таъминоти тех­никии Су­­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини китоб-хонаи Суди конститутсионӣ бо адаби­ёт­ҳои зарурӣ корҳои назаррас ба анҷом расо­нида шуданд.

Дар натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ, теъдоди китобҳо ва  ди­гар нашрҳои китобхона то ба 5000 адад расонида шу­дааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бомаром идо­ма дорад. Дар заминаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­­раи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии То­ҷикис­тон» аз 26 декабри соли 2018, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 19 апрели соли 2019, №1242  Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 қа­бул гардид, ки он идомаи барномаҳои пешинаи исло­ҳо­ти судӣ-ҳуқуқӣ буда, амалисозии тад­бирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам  таҳ­­ким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонун­гу­зорӣ доир ба фа­ъо­лияти судҳо, хада­моти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақо­моти ҳо­кимияти давлатиро пешбинӣ мена-мояд.

Мақсад ва вазифаҳои Барнома аз такмили сохтор ва таҳкими фа­ъ­о­лияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озо­ди­ҳои инсон ва шаҳрванд, ман­фиати давлат, таш­килотҳо, қону-нияту адолат, назорати иҷрои сари­вақ­тии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва сама­ранокии кори суд­ҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, инчунин так­мили қонунгузорӣ дар ин самт иборат мебошад.

Дар Барнома барои мустаҳкам намудани салоҳияти Суди конс­ти­тутсионӣ чорабиниҳои саривақтӣ пешбинӣ шу­да, дар банди 3 боби 2 –он (Такмили қонунгузорӣ) зикр гардидааст, ки: «Ҷиҳати муайян кар­да­ни тар­тиби дар Суди конститутсионӣ бар­расӣ намудани лоиҳаи тағй­иру ило­ваҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷи­­кис­тон, лоиҳаи қонунҳо ва ди­гар масъалаҳои ба раъйпурсии умуми­хал­қӣ пешниҳод-шаванда ба Қо­ну­ни конс­титут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­­тон «Дар бораи Су­ди конс­титут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид наму­дани тағйиру иловаҳо зарур дониста мешавад».

Корҳо оид ба татбиқи Барнома идома дошта, ум­мед аст, ки тағ­йиру иловаҳо ба қонунҳои консти­тут­­си­онӣ дар бораи Суди кон­сти­тутсионӣ, дар бораи суд­­ҳои Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон ва дар маҷмӯъ ба ди­гар қо­нунҳои мам­ла­кат воридгардида, ки дар Барномаи чо­руми ис­ло­ҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пеш­бинӣ гардидаанд, барои дастрасии бештари шаҳр­вандон ба адолати судӣ ва таҳким ёфтани ҳифзи ҳуқуқу озо­диҳои конс­титутсионии онҳо нақши муҳим бозида, судҳо ва судяҳо  мавқеи на­мо­ёни худро дар ҷомеа пайдо кар­да, ба боварии шаҳр­вандони мам­ла­кат ноил мегарданд.

Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ фаъолияти худ­ро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Қо­ну­ни консти­тут­сионии Ҷумҳурии То­ҷи­­­кистон «Дар бо­раи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кистон» ва дигар санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, чун дигар ни­ҳодҳои муҳими давлатдории демократӣ нақши худро дар таъ­мини адолати судии конститутсионӣ, рушди асос­ҳои сохтори конс­титутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегузорад. Зеро дар давлати демок­ратию ҳуқуқбунёд суботи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии дав­лат ва фаъолияти  бонизом ва муназзами ҳоки­мияти дав­­­латиро бе таҳкими қонунияти консти­тутсионӣ, фар­ҳан­ги конститутсионӣ ва тар­тиботи ҳуқуқӣ тасаввур кар­­дан ғайриимкон аст.

Дар ин раванд, мавқеи Суди конститутсионӣ рӯз аз рӯз аҳамияти хоса пайдо карда, он дар амалӣ намудани мақ­­саду вазифаҳои давлат ва ҷо­меаи Тоҷикистон, таҳ­кими давлату давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи демо­ративу ҳу­қуқ­бунёд ва адо­латпарвар нақши арзандаи худро мегу­зорад.

Yandex.Metrica