СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШFОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД;
1.Сармутахассис – сармуҳосиби шуъбаи банақшигирӣ ва муҳосибавии дастгоҳи Суди конститутсионӣ– 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, бо ихтисоси молия ва иқтисод, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор бо компютер;
– донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ.
Маоши мансаби -2400,00 сомонӣ, бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
2.Ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Ёрдамчии судяро ба танзим медароранд;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
– кор бо компютер;
– донистани забонҳои русӣ ва англисӣ пазируфта мешавад.
Маоши мансабӣ 2560,25 сомонӣ, бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
Номгуи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби довталабон
барои иштирок дар озмун пешниҳод мегардад:
– ариза ба унвони Раиси Суди констиутсионӣ;
– варақаи шахси баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол.
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот.
– нусхаи дафтарчаи мењнатӣ.
– нусхаи шиноснома.
– маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
– маълумот аз мақомоти дахлдори оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
– гувоҳнома оид ба доғи судӣ.
Ҳуҷҷатҳои довталабон дар муҳлати 21 рӯз баъд аз нашри аввали эълон, ки дар нашрия дарҷ гардидааст, қабул карда мешаванд. Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 48., телефон барои маълумот: 227-38-09.
Сомонаи Суди конститутсионӣ: «www.constcourt.tj»