Идрисзода Балаҷон Алиҷон

Судяи  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идрисзода Балаҷон Алиҷон 16 декабри соли 2022 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб карда шуд.

Идрисзода Балаҷон Алиҷон 23 майи соли 1976 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

 Соли 1982 ба мактаби миёнаи умумии №40 ба номи Ю.А. Гагарин қадам ниҳода, онро соли 1992 хатм намудааст. Соли 1994 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1999 хатм кардааст. Соли 2003 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (холо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2006 хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 аз хоҷагии иҷоравии Ёвон-4 оғоз намуда, то соли 2001 дар онҷо ба ҳайси коргар фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Солҳои 2001-2003 ба ҳайси иқтисодчӣ дар БКФ «Лола», солҳои 2003-2005 милитсияи шуъбаи хадамоти давлатии муҳофизати ШВКД дар ноҳияи Ёвон, солҳои 2005-2006 сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии ба номи Қаландак, солҳои 2006-2007 хаткашони суди шаҳри Душанбе, солҳои 2007-2009 мутахассиси шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2011 мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 июли соли 2011 ба ҳайси мудири дафтархонаи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, солҳои 2011-2012 коромӯз-судя, солҳои 2012-2020 судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, солҳои 2020-2022 судяи суди ноҳияи Шаҳринав, аз 16 декабри соли 2022 судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намуда истодааст.

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Yandex.Metrica