ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

БОБИ 8.

ТОБЕИЯТИ ПАРВАНДАҲО БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 38. Тобеияти парвандаҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳияташ, парвандаҳое, ки дар моддаи 34 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудаанд, тобеият доранд.

2. Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин парвандаҳо дар бораи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дорои хусусияти махфӣ мебошанд, низ тобеият доранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).

Моддаи 39. Тобеияти чандин талаботи бо ҳам алоқаманд

Дар сурати якҷоя намудани чандин талаботи бо ҳам алоқаманд, ки баъзе аз онҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзеи онҳо ба мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ тобеият доранд, дар Суди конститутсионӣ танҳо масъалае мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ба ҳамин суд тобеияти судӣ дорад.

Моддаи 40. Субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806)

Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои зерин ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд:

– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд;

– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақомоти давлатӣ оид ба баҳсҳои байни онҳо доир ба салоҳияташон;

– Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба шахсони воқеӣ дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд;

– судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар парвандаи мушаххас нисбат ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ татбиқ шудаанд ё бояд татбиқ карда шаванд;

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба онҳо дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).

Yandex.Metrica