Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримзода Карим Мазиё 28 марти соли 1962 дар ноҳияи Кӯлоб дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1969 ба синфи якуми мактаби миёнаи №16 ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло н. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) дохил шуда, онро соли 1979 бо мувваффақият хатм намудааст. Соли 1984 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва соли 2000 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссияро хатм намудааст. Аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос ва мутахассис дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Аз моҳи апрели соли 1985 то соли 1998 дар вазифаи устоди кафедраи фалсафаи Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб, муфаттиши мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси Раёсати назоратӣ-тафтишотии Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Олӣ, ёвари Раиси Маҷлиси Олӣ ва мушовири калони Кумитаи Маҷлиси Олӣ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1998 то моҳи июли соли 2000 шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссия буд. Аз моҳи июли соли 2000 то моҳи июни соли 2008 дар вазифаи котиби дуюми Раёсати ҳуқуқу шартномавии Вазорати корҳои хориҷӣ, муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. 5 июни соли 2008 дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллӣ судяи Суди конститутсионӣ ва 17 апрели соли 2015 муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Каримзода К.М. ҳамчун ҳуқуқшинос ва олими варзида шинохта шудааст. Махсусан наќши ӯ дар рушду инкишофи соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду таҳкими конститутсионализм дар Тоҷикистон назаррас буда, муаллифи аввалин китобҳои дарсӣ, рисолаҳои илмӣ ва дастуру мақолаҳои соҳаи хизмати давлатӣ мебошад ва соли 2008 дар мавзўи «Ислоҳоти хизмати давлатӣ дар қаринаи беҳдошти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Айни ҳол дар мавзўи конститутсионализм машғули навиштани рисолаи докторӣ мебошад. Каримзода К.М. ба фаъолияти омўзгорӣ машғул шуда, солҳои дароз ба толибилмон дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон), Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия аз фанни ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуќуќи дипломатӣ ва консулӣ; аз соли 2001 то соли 2008 дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, аз соли 2008 то соли 2017 дар Маркази таълимии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ, судяҳо ва судя-коромўзон аз фанҳои ҳуќуќи конститутсионӣ ва байналмилалӣ дарс гуфтааст. Солҳои охир дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломаносов дар шаҳри Душанбе аз фанни ҳуқуқи байналмилалӣ дарс мегўяд. Аз ҷониби ў китобҳои «Современная государственная служба Таджикистана, проблемы и тенденция развития. Душанбе, соли 2005, 128 саҳ., китоби дарсии «Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷилди 1. Душанбе, соли 2006, 496 саҳ., «Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва принсипҳои ташкил». Душанбе, соли 2006, 128 саҳ., дар ҳаммуаллифӣ бо дигар олимони мамлакат Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Нашри сеюм. (ҳаммуалиф) Душанбе, «ЭР-граф». 2012, 612 саҳ ва дигарҳо навишта шудаанд. Дар маҷмўъ муаллифи зиёда аз 100 китоб, маќолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Дар даҳҳо конференсияҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои инкишофи конститутсионализм дар замони муосир ва рушду дурнамои мақомоти назорати конститутсионӣ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Қазоқистон, давлатҳои Польша, Фаронса, Италия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Финландия ва дигарҳо иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад намудааст. Бо маќолаҳои сиёсӣ-оммавӣ ва ҳуқуқӣ пайваста дар матбуоти даврӣ баромад намуда, дар тарбияи ахлоќию ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳии Ҷавонони мамлакат ва баланд бардоштани маърифати ҳуќуќии шаҳрвандон саҳми худро мегузорад. Бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла Аълочии фахрии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии дараҷаи якум» (2007) ва дараҷаи тахасусии «Судяи дараҷаи олии тахассус» (2019) мушараф гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Аз соли 1997 Аъзои Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.