Каримзода Карим Мазиё

Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  
 Каримзода Карим Мазиё 28 марти соли 1962 дар ноҳияи Кӯлоб дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1969 ба синфи якуми мактаби миё­­наи №16 ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло н. Мир Саид Алии Ҳа­­мадонӣ) дохил шуда, онро соли 1979 бо мувваффақият хатм на­му­да­аст. 
 Соли 1984 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ле­нин ва соли 2000 Ака­демияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Фе­де­­ратсияи Руссияро хатм намудааст. Аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос ва му­та­хассис дар соҳаи муносибатҳои  байналмилалӣ мебошад.                                                                                        
 Аз моҳи апрели соли 1985 то соли 1998 дар вазифаи  устоди ка­фед­­­­раи фалсафаи  Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб, му­фат­тиши ма­қо­моти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, му­­та­хассиси Раёсати назоратӣ-тафтишотии Вазорати хоҷагии қишлоқи  Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷ­ли­си Олӣ, ёвари Раиси Маҷлиси Олӣ ва мушовири  калони Кумитаи Маҷ­­лиси Олӣ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият намудааст.
 Аз моҳи сентябри соли 1998 то моҳи июли соли 2000 шу­навандаи Ака­демияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии  Фе­дератсияи Руссия  буд.
  Аз моҳи июли соли 2000 то моҳи июни соли 2008 дар ва­зифаи ко­тиби дуюми Раёсати ҳуқуқу шартномавии Вазорати корҳои хориҷӣ, му­овини мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва мудири шуъ­баи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
 5 июни соли 2008 дар асоси пеш­ниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи Маҷлиси миллӣ судяи Суди конс­титутсионӣ ва 17 апрели соли 2015 муо­вини Раиси Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон интихоб гар­дид.
 Каримзода К.М. ҳамчун ҳуқуқшинос ва олими варзида шинохта шу­дааст. Махсусан наќши ӯ дар рушду инкишофи соҳаи хизмати дав­ла­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду таҳкими конститутсионализм дар То­ҷикистон назаррас буда, муаллифи аввалин китобҳои дарсӣ, ри­со­лаҳои илмӣ ва дастуру мақолаҳои соҳаи хизмати давлатӣ мебошад ва соли 2008 дар мавзўи «Ислоҳоти хизмати давлатӣ дар қаринаи беҳ­дошти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Айни ҳол дар мавзўи конститутсионализм машғули навиш­тани рисолаи докторӣ мебошад.
 Каримзода К.М. ба фаъолияти омўзгорӣ машғул шуда, солҳои да­роз ба толиб­илмон дар Донишкадаи ан­­­доз ва ҳуқуқ (ҳо­зира Дониш­кадаи молия ва  иқтисоди Тоҷи­кис­тон), Донишгоҳи слав­янии Тоҷи­кистону Рус­сия аз фанни ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуќуќи дипломатӣ ва консулӣ; аз соли 2001 то соли 2008 дар Дониш­ка­даи так­мили их­тисоси хиз­матчиёни дав­латӣ, аз соли 2008 то соли 20­17 дар Мар­кази таъ­лимии суд­­яҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни дав­латӣ, судя­ҳо ва судя-коромўзон аз  фанҳои ҳуќуќи конститутсионӣ ва бай­нал­милалӣ дарс гуфтааст.
 Солҳои охир дар Фи­лиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломаносов дар шаҳри Душанбе аз фанни ҳуқуқи бай­нал­милалӣ дарс ме­гўяд. Аз ҷониби ў китобҳои «Современная государ­ст­вен­ная служ­ба Тад­жи­кистана, проблемы и тенденция раз­вития. Ду­шанбе, соли 2005, 128 саҳ., китоби дарсии «Хиз­мати давлатии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон» ҷилди 1. Ду­шанбе, соли 2006, 496 саҳ., «Хиз­мати дав­латии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон, моҳият ва принсипҳои ташкил». Ду­шанбе, соли 2006, 128 саҳ., дар ҳаммуаллифӣ бо дигар олимони мамлакат Фарҳанги истилоҳоти ҳу­қуқ. Нашри сеюм. (ҳаммуалиф) Ду­шанбе, «ЭР-граф». 2012, 612 саҳ ва ди­гарҳо навиш­та шудаанд.
 Дар маҷмўъ муаллифи зиёда аз 100 китоб, маќолаҳои илмӣ ва ил­мӣ-оммавӣ мебошад.
  Дар даҳҳо конференсияҳои байналмилалӣ оид ба масъа­лаҳои ин­кишофи конститутсионализм дар замони муосир ва рушду дур­намои ма­қомоти назорати конститутсионӣ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Ар­ма­нистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Ҷум­ҳурии Қазоқистон, дав­латҳои Польша, Фаронса, Италия, Ҷумҳурии Қир­ғизистон, Финландия  ва ди­гар­ҳо иш­тирок ва бо маърў­за­ҳои илмӣ баромад намудааст.
 Бо маќолаҳои сиёсӣ-оммавӣ ва ҳуқуқӣ пайваста дар мат­буоти дав­рӣ баромад намуда, дар тарбияи ахлоќию ва­тан­дўстӣ, худшиносиву худ­огоҳии Ҷавонони мамлакат ва ба­ланд бар­доштани маърифати ҳуќуќии шаҳрвандон саҳми худро ме­гузорад.
 Бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла Аълочии фахрии мао­рифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Бо фармонҳои Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рут­баи дараҷавии «Мушовири дав­латии дараҷаи якум» (2007) ва дараҷаи тахасусии «Судяи да­раҷаи олии та­хас­сус» (2019) мушараф гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби се фар­занд.
  Аз соли 1997 Аъзои Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии То­ҷи­кистон мебошад.
        
  
  
  
  
  
   
Yandex.Metrica