Роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гулзода Абдумаҷид Абдуҳамид 20 августи соли 1981 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоташ олӣ. Соли 2003 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ хатм намудааст.

Солҳои 2003-2009 дар Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар вазифаҳои муҳандис-декларант, муҳандиси маҷмааи техникӣ ва муҳандис оид ба тартиб даровардани борҳои гумрукӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2009-2010 дар вазифаи ҳуқуқшинос-машваратчии ташкилоти ҷамъиятии «Њуқуқ ва Парастор» кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2015 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансабҳои мутахассиси пешбар оид ба робитаҳои беруна ва сардори шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатиро ба уҳда дошт.

Мушовири адлияи дараҷаи якум.

Yandex.Metrica