ИШТИРОКИ МУОВИНИ РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИИ “ЗАНОН ДАР НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ: МУКОЛАМА, РУШД ВА АДОЛАТ”

15 июли соли 2026 бо ташаббуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Занон дар низоми адолати судӣ: муколама, рушд ва адолат» баргузор гардид. Ҳадафи баргузории конференсия баррасии нақши занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ, муҳокимаи масъалаҳои марбут ба таъмини баробарии гендерӣ дар низоми судӣ ва муайян намудани роҳҳои такмили иштироки занон дар фаъолияти мақомоти судӣ буд.

Дар кори конференсия роҳбарону намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии иштироки онҳо дар низоми адолати судӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар конференсияи мазкур муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Д. Р. иштирок намуда, дар мавзуи «Нақши занон дар рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сиёсати давлатии дастгирии занон ва оила барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ва ҷалби занон ба идоракунии давлатӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд. Қайд карда шуд, ки фароҳам овардани шароити воқеии ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои истифодаи баробари иқтидори касбӣ, илмӣ ва роҳбарии занон, таъмини рақобати одилона ҳангоми интихоб ва пешбарии кадрҳо, инчунин ҷалби бештари занон ба қабули қарорҳои муҳими судӣ ва маъмурӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди низоми судӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи занон дар фаъолияти мақомоти судӣ ба баланд гардидани сатҳи касбият, таҳкими адолати судӣ ва афзоиши эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ мусоидат менамояд.

Дар идомаи конференсия намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти судӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор вобаста ба паҳлуҳои гуногуни иштироки занон дар низоми адолати судӣ, масъалаҳои рушди иқтидори кадрӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадам маърӯзаҳо ироа намуданд. Иштирокчиён инчунин оид ба роҳҳои такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои таъмини иштироки фаъоли занон дар низоми адолати судӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар анҷоми конференсия аҳамияти идомаи ҳамкориҳои судманд байни мақомоти давлатӣ, мақомоти судӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони рушд дар самти таҳкими нақши занон дар низоми адолати судӣ ва татбиқи иқдомҳои муштарак барои рушди минбаъдаи ин соҳа таъкид карда шуд.