25 сол дар Ҳифзи конститутсия ва қонунияти конститутсионӣ
Дар ҳаёт ва саҳифаҳои таърихи сиёсии халқу миллатҳо рӯйдодҳои муҳиме мавҷуданд, ки бинобар аҳамияти калидӣ доштанашон барои онҳо тақдирсоз арзёбӣ мегарданд. Чунин рӯйдодҳо фаҳмиш, андеша ва тафаккури ҷомеаро нисбати сарнавишт ва тақдири гузашта, имрӯза ва ояндаи худ дигар намуда, ба низоми мавҷудаи давлатдорӣ ва ҷомеадорӣ ислоҳи ҷиддӣ ворид менамоянд. Дар натиҷа ғоя ва арзишҳои миллӣ бо мазмуну мундариҷаи сифатан нав мавриди истифода ва баҳрабардории ҷомеа қарор мегиранд.
Истиқлолияти давлатӣ, ки аз зумраи чунин руйдодҳои муқаддасу тақдирсоз ба шумор меравад, барои халқу миллатҳо ҳамчун марҳилаи сифатан нави давлатдорӣ ва инкишофи он, шакли бесобиқаи худмуайянкунӣ ва ташкили давлат дар ҳудуди муайяни бо ин халқу миллат таърихан пайванд, эҳёи хислату хусусиятҳои этникию миллӣ, фарҳан-гӣ ва забон, дар маҷмӯъ эҳёи раванди таърихии ташаккул ва зинда кардани хислат, симо ва арзишҳои миллии халқу миллатҳо арзёбӣ мегардад. Он ҳамчун рамзи саодати мил-лат дар давлатсозиву давлатдории миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар, таҳкими худогоҳиву худшиносии ҳар як фарди ҷомеа ва ташкили ҳокимияти давлатӣ ва системаи сиёсии мамлакат заминаи воқеӣ гузошт.
Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҚарориШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон» нахустин санадҳои сиёсӣ ва меъёрии ҳуқуқие мебош-анд, ки дар онҳо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ин санадҳои таърихӣ ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бахшида, барои рушд ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон фазои мусоиди бунёдкориву созандагиро фароҳам оварданд.
Дар Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки Шӯрои Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон:
бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷикистон ва давлати миллии он,
…ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон иродаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намуда, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард.
Дар Эъломияи мазкур бори аввал дар қатори дигар масъалаҳои муҳими давлату давлатдорӣ, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид, ки тибқи банди 3-и ин санад: «Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад».
Татбиқи назария ва амалияи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар фаъолияти давлатдорӣ ва таърихи ташаккул ва рушди ҳокимияти давлатӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд, бе гузаронидани ислоҳоти амиқи конститутсионӣ ва қабули Конститутсия ғайриимкон буд.
6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии халқи тоҷик тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯз дар таърихи ҳаёти халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳамчун «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-тон» навишта шуд.
Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро инъикос менамояд, сарчашма гирифта, дар он асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ, демократияи намояндагӣ бо истифода аз унсурҳои демократияи бевосита ҳамчун арзишҳои дар сатҳи байналмилалӣ пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷаҳони имрӯзаро ташкил менамоянд, мав-риди танзим қарор гирифтанд.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, эълон намудааст, ки давлат барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҳамчунин инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир мебошанд.
Конститутсия ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ заминаи воқеӣ гузошта, барои таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр шароити зарурӣ фароҳам овард.
Конститутсия ба давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ба фаъолияти созандагӣ ва бунёдкорӣ даст зада, дар муддати хеле кӯтоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Халқи тоҷик бо такя ба мероси фарҳангӣ ва маънавии миллат ба кишваре табдил ёфт, ки дар он ҳувияти миллӣ боло рафта, мардуми шарафманди он аз захираи маънавии хеш баҳра гирифта, побарҷо ва устувортар гардид.
Фарҳанге, ки аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, мева ба бор овард, ки ин меваҳо–озодӣ, соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ, расидан ба баркамолии маънавӣ ва сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Дар мамлакат институтҳои демократӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷти-моӣ ва маориф таъмин карда шуданд.
Баҳри шаффофу самаранок ва дар фазои боздориву мувозинат иҷро гардидани салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бори нахуст дар Конститутсия ғояи ҳокимиятдорӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардид.
Дар баробари танзими ҳуқуқӣ, вазъ ва фаъолияти дигар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, дар боби алоҳида: боби ҳаштуми Конститутсия мавқеъ ва моҳияти ҳокимияти судӣ бо номи «Суд» мавриди танзим қарор дода шуд.
Дар моддаи 84-и Конститутсия эълон гардид, ки: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар пайдоиш ва ташаккули як қатор падида ва ниҳодҳои нави ҷомеаи демократӣ, аз қабили таъсиси Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми махсуси назорати конститутсионӣ шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Дар моддаи 89-и боби зикрёфтаи Конститутсия моҳият ва салоҳияти Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид, ки тибқи он Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз судяҳои онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Ҳайати Суди конститутсионӣ (майи соли 2020)
Конститутсия вазъи ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди масъулияти судяи Суди конститутсиониро ба эътибор гирифта, нисбат ба шахсоне, ки ба мансаби судя интихоб мешаванд, талаботи дахлдорро пешбинӣ намуд. Чунончи, номзаде ба мансаби судяи Суди конститутсионӣ пешбарӣ карда мешавад, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бошад, синну солаш аз 30 кам ва аз 65 боло набошад ва на камтар аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.
Конститутсия салоҳияти Суди конститутсиониро чунин муайян кардааст:
1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;
2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;
3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Баъдан бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба моддаи 89 Конститутсия ворид карда шуда, талабот нисбат ба шахсоне, ки ба мансаби судяи Суди конститутсионӣ интихоб мешаванд, тағйир ёфтанд. Аз ҷумла:
«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. …
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад».
Дар Конститутсия санадҳои Суди конститутсионӣ қатъӣ эълон карда шуданд, ки ин аз эътибори олии ин мақоми ваколатдор дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ дарак медиҳад.
Чунин муқаррароти Конститутсия тақозо менамояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба Конститутсия мутобиқ бошанд.
Ҳамин тариқ, таърихи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи навини давлатдории халқи тоҷик алоқаи ногусастанӣ дошта, таъсиси он аз Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.
Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад, ки таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин падида ва ниҳод дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод. Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияро амалӣ менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститут-сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид.
Барои оғоз бахшидан ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1995, №238 «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995, №84 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳусни оғоз бах-шида, барои фаъолияти минбаъдаи он шароити зарурӣ фароҳам оварданд.
Баъдан як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили: қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 26 майи соли 1997, № 234 «Дар бораи тасдиқ намудани тасвир ва намунаи либоси махсус ва муқаррар намудани намунаи нишони сарисинагӣ барои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, № 30 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои суд-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2008 № 551 тасдиқ шудааст, дар ташкили фаъолияти Суди конститутсионӣ ва таъминоти иҷтимоию маишии судяҳои он муҳим арзёбӣ мегарданд.
Дар ин замина, бо қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 бори нахуст Шарипов Х.Ҳ. – Раис ва Алиев З. М.- муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гарди-данд. Бо қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 ва аз 3 феврали соли 1996 Назаров М.Н., Абдуллоев А.А., Сафарова Н.Д., Муқбилшоев Б.М. ва Эмомов Н.Ю. судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Мурофиаи аввалини судии Суди конститутсионӣ, 26 марти соли 1996
Минбаъд, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Смеянова Л.А. (2000), Абдуллоев Л. И. (2002), Комилова Х.Р. (2003), Каримзода К.М. (2008), Гулзор М.А. (2009), Ҳошимзода Д.Д. (2015), Абдураҳимзода Д.Р. (2018), Шарифзода А.Н. ва Ҷамшедзода Ҷ.Н. (2019) аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ба вазифаи судяҳои Суди конститутсионӣ интихоб гардида, баъзе аз онҳо то ба имрӯз (1.08.2020) бо муваффақият фаъолият доранд.
Дар солҳои минбаъда як қатор ҳуқуқшиносони шинохтаи мамлакат Абдуллоев Ф.А. (1996-2000), Солеҳов М.С. (2000-2003), Ализода З. (2003-2006), Хоҷаев И. (2006 -2009), Маҳмудзода М.А. (2009-2019) вазифаи Раиси Суди конститутсионӣ, Мустафоқулов Ш.М. (2000-2005), Фатҳиллоев С. (2005-2006) ва Назаров М.Н. (2006-2012) вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис-тонро ба уҳда доштанд.
Аз 17 майи соли 2015 К. Каримзода ба вазифаи муовини Раиси Суди конститутсионӣ интихоб гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми фаъолияти Суди конститутсионӣ чандин нафар судяҳо, ба монанди: Хоҷаев И.Ҳ. (2006-2009), Мустафоқулов Ш.М. (2000-2005), Эмомов Н.Э. (1996-2001), Сафарова Н.Д. (1995-2000), Смеянова Л.А. (2000-2003), Комилова Х.Р. (2003-2007), Муқбилшоев Б.М. (1995-2009), Абдуллоев А.А. (1996-2003, 2005-2015), Гулзор М.А. (2009-2019) аз вазифа боифтихор ба истеъфо ва ба нафақа баромаданд.
Аксари судяҳои дар истеъфо ва нафақабуда аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва таҷрибаи бойи кории онҳо дар фаъолияти амалии Суди конститутсионӣ оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва қонунияти конститутсионӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Айни ҳол Шарипов Х.Ҳ., Солеҳов М.С., Смеянова Л.А., Фатҳиллоев С., Назаров М.Н., Зоирзода Ш.Ю. ва Муқбилшоев Б.М. дар қайди ҳаёт нестанд (рӯҳашон шод бод).
Аз 29 марти соли 2019 инҷониб вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ашурзода А.А.–ҳуқуқшиноси варзида ва шинохтаи мамлакат, ки пештар дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба уҳда дорад.
Бо дарназардошти моддаи 89-и Конститутсия, дар моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳияти ин мақоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ инъикоси худро ёфтааст, ки тибқи он:
«Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст».
Чунин муқаррарот аз талаботи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки тибқи он «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».
Ҳифзи Конститутсия, таъмини волоияти он дар қаламрави давлат, инчунин ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақозо намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси босалоҳият, мустақил ва беғарази назорати конститутсионӣ таъсис дода шуда, вазифаи муҳим ва муқаддас ба уҳдааш вогузор карда шавад.
Дар баробари ин, дар Конститутсия муҳимтарин масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, ҳу-қуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис ва салоҳияти мақомоти олии давлатӣ, сохтори маъмурӣ-ҳудудии давлат, салоҳияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда шудаанд. Бо ин хусусияти худ Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси меъёрҳои он ва баҳри амалишавии он қабул карда шаванд.
Принсипи мазкур имконият медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ба ҳам алоқаманд ва ихтилофнопазири ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароити заруриро муҳайё месозад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи муҳими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати конститутсионӣ дар давраи фаъолияти начандон тӯлониаш зарурат ва аҳамияти худро собит намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши намоёни худро гузошт.
Чунончи, Суди конститутсионӣ ба навтаъсис будани худ нигоҳ накарда, бо нахустин қарори худ аз 26 марти соли 1996 Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 №134 «Дар бораи боздоштани амали моддаҳои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки онҳо шикоят карданро аз болои асоснокии ҳабс ё дароз намудани муҳлати нигаҳдорӣ дар ҳабс ба суд манъ мекарданд, ғайриконститутсионӣ дониста, онро беэътибор эътироф намуд.
Ин қарори Суди конститутсионӣ ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба ҳифзи судӣ амалӣ намуда, аз рӯйи масъалаҳои номбурда ба суд бемамониат муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин, бо қарори Суди конститутсионӣ аз 16-уми октябри соли 2001 «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 303 ва қисми 1 моддаи 337 Кодекси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаҳои зикршудаи Кодекс, ки ба тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда ҳуқуқи овардани шикояту эътирозро нисбати таъиноту ҳалномаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда буданд, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-тон мухолиф дониста шуда, беэътибор гардиданд.
Қарори номбурда ба тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда ҳуқуқ дод, ки онҳо аз болои таъиноту ҳалномаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ шикояту эътироз пешниҳод намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 31 майи соли 2002 ба масъалаҳои вобаста ба рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ дахл карда, дар машварат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо иброз доштанд, ки: «Имрӯз барои ҷамъият ҳимояи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан нерӯманд ва дахл-нопазир бошад».
Рафти минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дурустии андешаҳои роҳбари давлатро собит намуданд.
Фаъолияти 25–солаи Суди конститутсионӣ оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шаҳодати онанд, ки ташаккули инсти-тути назорати конститутсионӣ ба инкишофи давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол иртиботи ногусастанӣ дошта, фаъолияташ ба мақсаду вазифаҳои афзалиятноки ҷомеа тавъам мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсия, ба мақоми Суди конститутсионӣ дахл карда, иброз доштанд, ки: «Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад».
Масъалаҳои вобаста ба рушди ҳокимияти судӣ дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар тақвияти худро ёфтанд.
Аз ҷумла, роҳбари давлат зикр намуданд, ки «… бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморам:
Якум. Барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ такмил дода шавад.
Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии мамлакат Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрӯзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд…».[1]
Дар заминаи паёми мазкури Роҳбари давлат, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 мавриди тасдиқ қарор дода шуд.
Дар Барнома омадааст, ки «яке аз арзиши муҳими Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол волоият ва амали мустақими меъёрҳои он мебошад. Бо мақсади таъмини арзишҳо ва ҳифзи Конститутсия Суди конститутсионӣ таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 солаи ин мақом зарурат ва аҳамияти онро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад.
Бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти сифатан куллие, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар рух доданд, зарур аст, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умуми-халқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад.
Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешниҳодҳо ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд».[2]
Дар асоси Барномаи мазкур, бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ–ҳуқуқӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуданд, ки онҳо дар рушду таҳкими ҳокимияти судӣ нақши арзанда гузоштанд.
Чунончи, барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда, пурра ва самаранок ба амал баровардани назорати кон-ститутсионӣ дар мамлакат, 20 марти соли 2008 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Тибқи тағйиру иловаҳои зикршуда салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, доираи субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ васеъ гардид. Аз ҷумла, ба доираи салоҳияти Суди конститутсионӣ масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба он воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, вогузор карда шуд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии нисбаташон татбиқшуда ё татбиқшаванда, инчунин бобати муайян намудани мувофиқ-ати қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба Конститутсия, ки аз тарафи судҳо ва дигар мақомот нисбаташон татбиқ шудааст, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намо-янд.
Ба судҳо ва судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ дода шуд, ки дар хусуси ба Конститутсия мувофиқ будани қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ки онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат кунанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба сифати субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пазируфта шуд.
Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионӣ воридкардашуда аз мавқеи намоёни Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, садоқати давлати Тоҷикистон ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, инчунин рушду нумӯи институтҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Бо даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шумораи арзу шикоят ва пешниҳоду дархостҳои мақомот ва шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Санадҳои Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бози-данд.
Чунончи, бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2005 «Дар бораи муайян кардани мувофиқати моддаи 181 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17, 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 181 Кодекси мазкур, ки ҳуқуқи тарафҳо ва дигар иштирок-чиёни мурофиаро оид ба овардани шикоят нисбати ҳалнома ва қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ маҳдуд мекард, ба Конститутсия номувофиқ дониста шуд.
Минбаъд, тарафҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиа ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аз болои ҳалномаю қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ шикоят намуда, ҳуқуқҳои конститутсионии худро ҳифз намоянд.
Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ.-ро дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати ҳаштуми қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, дар қарори худ аз 15 майи соли 2012 диққати Вазорати корҳои дохилии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба риояи бечунучарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад» ҷалб намуд.
Ҳамчунин, мақомоти зикршуда вазифадор карда шу-данд, ки ҷинояти содиршудаи шиканҷаро ошкор карда, нисбати шахсони онро содирнамуда чораҳои дахлдор, то ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, андешида шавад.
Бояд тазаккур дод, ки гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа, ҷазо ва навъҳои дигари рафтори бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда ҷаноби Хуан Е. Мендез зимни сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва во-хӯрӣ бо роҳбарияти Суди конститутсионӣ, ки 11 майи соли 2012 доир гардид, ба шиканҷа, ҷазо ва навъҳои дигари рафтори бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда дахл карда, ба саҳми Суди конститутсионӣ ва қарори зикршудаи он дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои зикршуда баҳои баланд дод.
Ҳамчунин, дигар санадҳои судӣ қабул карда шуданд, ки онҳо дар қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мувофиқ ба меъёрҳои Қонуни асоcии кишвар ва ба ин васила таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бозиданд.
Чунонки, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рӯи дархости шаҳрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ба қисми дуюми моддаи 12, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 28 марти соли 2013 банди 4 Қоидаҳоро ҳамчун омили маҳдудкунандаи ҳуқуқи конститутсионии шахс ба фаъ-олияти озоди соҳибкорӣ, меҳнат ва интихоби касбу кор ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номутобиқ ҳисоб намуд.
Суди конститутсионӣ, инчунин парвандаро аз рӯи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18, 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-тон» баррасӣ намуда, қайд кард, ки ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафо-лати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ бо қарори худ аз 27 сентябри соли 2013 қисми 2 моддаи 363 Кодексро ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номутобиқ ҳисоб намуд.
Масъалаи таъминоти иҷтимоии инсон ва шаҳрванд яке аз кафолатҳои муҳими конститутсионӣ ба ҳисоб мера-вад ва давлат ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии халқ аҳамияти ҷиддӣ дода, пайваста сатҳи иҷтимоии онро баланд мебардорад. Зеро тибқи талаботи моддаи 39 Конститутсия «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ до-рад».
Чунончи, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рӯи дархости шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. «Дар хусу-си муайян намудани мувофиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 8 декабри соли 2017 сархати зикршудаи қонунро ба Конститутсия мутобиқ арзёбӣ намуд.
Новобаста аз ин, Суди конститутсионӣ дар асосҳои ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақаи касбии пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» дар масъалаи пардохтҳои нафақаи касбӣ мушкилиҳо ошкор намуд, ки мебоист онҳо аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни зикршуда то 1 январи соли 2017 ҳалли дурусти худро меёфтанд.
Дар сурати ҳалли дурусти худро пайдо накардани ин масъала, теъдоди шахсони ба нафақаи касбӣ ҳуқуқдор рӯ ба афзоиш ниҳода, ин ҳолат метавонад ба саросар поймол гаштани кафолати таъминоти иҷтимоии шахсони дорои ҳуқуқ ба нафақаи касбӣ оварда расонад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Суди конститутсионӣ зарур шуморид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти вобаста ба ҳолати татбиқи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», ки дар масъалаи андухтҳои нафақаи касбӣ ба миён омадаанд, чораҳои таъхирнопазирро амалӣ намоянд.
Суди конститутсионӣ ҳамчунин Агентии суғуртаи иҷ-тимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки фармоишро «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ намуда, якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати таъмини кафолати конститутсионии шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. ва дигар кормандони соҳа ба нафақаи касбӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар ин давра дар фаъолияти Суди конститутсионӣ масъалаи таъмини кафолати конститутсионии шаҳрвандони мамлакат ба соҳибкорӣ мавқеи хоссаро касб намуд ва Суд ҷиҳати ҳифзи кафолатҳои зикршудаи шаҳрвандон дар баробари парвандаи конститутсионӣ оид ба дархости Тураев М.М. (Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ба қисми дуюми моддаи 12, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаҳои дигарро баррасӣ намуда, дар татбиқи кафолати зикршудаи конститутсионӣ нақши худро гузошт.
Чунонки, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, иброз дошт, ки давлат ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ ҳамчун воситаи муҳими рушду таҳкими иқтисодиёти кишвар, мусоидат ба вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии халқ, ташкили ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани истеҳсолот муносибат дошта, тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд кардан ва халалдор сохтани фаъ-олияти қонунии субъектҳои ҳуқуқро, ки ҷузъи муҳими рушди муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ маҳсуб меёбад, қатъиян манъ кардааст.
Аз ин рӯ, Суди конститутсионӣ дар қарори худ махсус ишора намуд, ки бо қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дар он пешбинӣ намудани тартиб, шароит ва ҳолатҳо, инчунин ваколатҳои ба қонунгузорӣ номутобиқ, ки онҳо метавонанд монеаи рушди фаъолияти озоди соҳибкорӣ гарданд, инчунин мустақилияти субъектҳои хоҷагидориро халалдор сохта, ба маҳдуд гаштани рақобат бурда расонанд, бояд роҳ дода нашавад.
Бинобар ин, бо қарори Суди конститутсионӣ аз 26 сентябри соли 2016 сархатҳои бандҳои номбурдаи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ дониста шуданд.
Чунонки зикр рафт, 20 марти соли 2008 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, ба доираи салоҳияти Суди конститутсионӣ масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба он воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, вогузор карда шуд.
Бо назардошти ин тағйиру иловаҳо, моҳи январи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд намуд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешбинигардида тавсеа ва тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар мамлакат, рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва боло рафтани авзои иқтисодию иҷтимоии онро инъикос карда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон арзёбӣ мегардад.
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, аз мушаххас намудани меъёрҳои он, аз ҷумла шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба шаҳрвандӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, масъу-лияти падару модар, интихоб ва таъин шудани аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тафсири Конститутсия, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулияти аъзои Ҳукумат ва судяҳо иборат буда, онҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳким ёфтани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чил ададро ташкил медоданд.
Суди конститутсионӣ дар таърихи худ бори нахуст пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 4 феврали соли 2016 лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститут-сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститут-сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ эълон намуд.
Ин қарор, минбаъд барои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон таъин намудани раъйпурсӣ асос гардида, дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ нақши муҳим бозид.
Бояд зикр кард, ки таъинотҳои Суди конститутсионӣ низ дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Таъинотҳои судҳои конститутсионӣ оид ба рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ аз зумраи зиёдтарин ва фаъолтарин санадҳои судии мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо дар баробари рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ, яъне ифода намудани мавқеи ҳуқуқии судҳо, инчунин аз дастуру супоришҳои мушаххаси судҳои конститутсионӣ иборат мебошанд, ки иҷрои ин дастуру супоришҳо низ барои тамоми мақомоти дахлдор ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунин, онҳо муҳимтарин василаи ба муроҷиаткунандагон нишон додани роҳи ҳалли баҳсҳо ва мусоидат дар ҳалли онҳо ба шумор мераванд.
Масалан, Суди конститутсионӣ дар таъинот аз 7 январи соли 2013 дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷураев Н.Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ӯ-адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба дархостдиҳанда тартиби бар-тараф намудани мухолифати байни санадҳои ҳуқуқиро фаҳмонида, қайд кард, ки ягон моддаи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми 1 моддаи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари принсипи тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи кор пешбининамудаи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда шавад. Дар акси ҳол, иштирок-чиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд, ки чунин амалҳои мақомоти ваколатдорро тибқи тартиби муқарраркардашуда мавриди баҳс қарор диҳанд.
Дар таъинот аз 4 марти соли 2013 дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси муро-фиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муроҷиатку-нанда тартиби тафсири расмии қонунҳо фаҳмонида шуда, роҳҳои ҳаллу фасли баҳси ӯ нишон дода шудааст.
Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ бо таъиноти худ аз 22 майи соли 2018 оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Ҷӯраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бекор кардани он» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани муқаррароти қонуни мавриди баҳс қарордодашуда ва ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани масъ-алаи муайян намудани мутобиқати байни муқаррароти зикршудаи Кодекси гражданӣ ва қонун рад намуд.
Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ қайд кард, ки зимни омӯзиши дархост носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии муқаррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражданиро дар иртибот бо қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» аз ҷониби шаҳрвандон-пасандозгузорон муайян намуд, ки ин ҳолат дар таҷриба барои ба таври дахлдор амалӣ шудани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шахс ба моликият монеа гардидааст.
Бинобар ин, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки муқаррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражданӣ ва қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо дарнарзардошти таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандон-пасандозгузорон ба моликият мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад.
Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ дар инкишоф ва такмили низоми ҳуқуқии мамлакат бевосита иштирок намуда, дар қарору таъиноти худ меъёрҳои ҳуқуқи моддиро баҳо дода, ба таҳкими меъёрҳои мурофиавӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва қайд менамояд, ки набудани тартиби татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ барои иҷро накардани муқаррароти Конститутсия, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, асос ва сабаб шуда наметавонад. Бо ин роҳ принсипҳои умумӣ ва соҳавии ҳуқуқ, волоияти Конститут-сия ва амали бевоситаи меъёрҳои он, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқи шахс ба ҳифзи судӣ равона карда шудаанд, татбиқи воқеӣ ва таъиноти аслии худро меёбанд.
Зеро дар Тоҷикистон танҳо суд ҳуқуқи баррасии парвандаҳо ва ҳаллу фасли баҳсҳои гуногунро дошта, аз номи давлат ҳукм, ҳалнома ва қарор мебарорад. Дар доираи адлу инсоф ҳақро ба ҳақдор мерасонад, кафолати ҳифзи судӣ доштани ҳар як шахс, адолату баробариро беғаразона таъмин месозад, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро сама-ранок ҳифз менамояд. Мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия муайян карда, ба ин васила волоияти Конститутсия ва қонунҳоро таъмин месозад ва ба рушди босубот ва бонизоми ҷомеа мусоидат менамояд.
Бо мақсади идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар кишвар, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ карда шуд.
Дар барномаи мазкур дар баробари дигар масъалаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, инчунин дар таҳрири нав қабул шу-дани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш-бинӣ гардид. Зеро Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон низ қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ маҳсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳами-яти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд ба беҳбудӣ ва таҳким бахшидан ниёз дошт.
Аввалин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1995, № 21, м.223) қабул гардид, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалию ҳуқуқии замони қабулаш пурра мувофиқат дошт.
Баъд аз қабули Қонуни конститутсионии мазкур, бо қонунҳои конститутсионӣ (с.1997, №9, м.110; с.1998, №10, м. 111,115; с. 2000, №6, м. 349; с. 2001, №4, м.200; с. 2004, №2, м. 43; с. 2006, №3, м. 142; с. 2007, №7, м. 650; с. 2008, №3, м.180; с. 2008, №10, м. 794; с. 2009, №7-8, м.489; с. 2011, №6, м. 427; ҚҶТ. 19.03.2013, №935) ба матни Қонуни амалкунандаи конститутсионӣ аз 3 ноябри соли 1995 12 маротиба 112 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо инъикоси демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон, раванди ислоҳоти конститутсионӣ, рушду таҳкими институтҳои демократӣ ва ҳокимияти давлатӣ, таҳ-кими салоҳият ва танзими фаъолияти мурофиавии Суди конститутсионӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии суд-яҳо, инчунин боло рафтани сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалии мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионии мамлакат ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба шумор мераванд.
Қонуни конститутсионии мазкур бо дастгирии тамоми ҳуқуқшиносони мақомоти давлатӣ, олимону мутахассисони муассисаҳои олии мамлакат, олимону коршиносони хориҷӣ аз Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо ва Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ аз 15 боб ва 86 модда иборат буда, сохтори он нисбат ба Қонуни конститутсионӣ аз 3 ноябри соли 1995, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат буд, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад. Он давоми мантиқии татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва табдил додани ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба механизми эътимодноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститут-сионии инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектони ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.
Қонуни мазкур 26 июли соли 2014 мавриди амал қарор дода шуд.
Барномаҳои минбаъдаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва 2019-2021 қабулшуда низ, барои боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи судҳо дар ҷомеа нақши муҳим бозиданд.
Дар Барномаҳои зикршуда қайд гардидааст, ки «мақсад аз таҳияи онҳо таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо мебошад».[3]
Вазифаҳои асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ вобаста аз мақсадҳои он аз такмилу тавсеаи сохтори мақомоти судӣ ва салоҳияти онҳо, мушаххас ва шаффоф гардонидани вазифаҳои онҳо, баланд бардоштани талаботи тахассусӣ ҳангоми таъин ва интихоби судяҳо, маърифати ҳуқуқии онҳо, поквиҷдонӣ, ҳисси эҳтиром ба халқу Ватан, инчунин баланд бардоштани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи онҳо иборат аст.
Суди конститутсионӣ дар баробари ба амал баровардани салоҳияти конститутсионии худ тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, инчунин дар боло рафтани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими қонунияти конститутсиоинӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми намоёни худро мегузорад.
Суди конститутсионӣ соли 2009-ро ҳамчун соли бузургдошти фарзанди барӯманди миллати тоҷик ва олами ислом ва фақеҳи бузург Абӯҳанифа Имоми Аъзам ботантана истиқбол намуд. Олимони Суд оид ба нақши Имоми Аъзам ҳамчун асосгузору мураттиби илми фиқҳ, аввалин мутакаллим, татбиқкунандаи усули фиқҳи исломӣ дар асоси Қуръон, суннати набавӣ ва иҷмову қиёс бо мақолаву маърӯзаҳо баромад намуда, одобу рафтори ҳамидаи инсонии ӯро қобили дастгириву пайравӣ эътироф намуданд.
Ҳодисаи муҳими таърихие, ки аллакай дар хусуси он сухан рондем ва таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе он тасаввур кардан мумкин нест, ин қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро Конститутсия – ин ифодаи иродаи халқи тоҷик буда, орзуву омоли ҳазорсолаҳои гузаштагони халқи мо дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили давлатдорӣ, бо андеша ва арзишҳои миллӣ ва арзишҳои пазируфта-шудаи байналмилалӣ бунёд намудани давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.
Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, мақсади таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар эълон намуд.
Бе сабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми соли 2014-и худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақши созанда ва офарандаи Конститутсияи мамлакат оғоз намуда, иброз доштанд, ки:
«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлат-дории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунандабозид».[4]
Суди конститутсионӣ ҷашнвораҳои вобаста ба солҳои қабули Конститутсияи мамлакат (солҳои 2010-15 солагӣ, соли 2014 -20 солагӣ ва соли 2019 – 25 солагӣ)-ро ҳамчун ҷашнвораи касбии худ эҳсос намуда, ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии ин санади муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ заҳмати худро дареғ намедорад. Бинобар ин, солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳама вақт бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Чунонки, Суди конститутсионӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 15-солагии қабули Конститутсия чорабиниҳои зиёди нақшавӣ тарҳрезӣ ва ба амал баровард.
20 октябри соли 2009 дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» дар Суди конститутсионӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар рафти кори он маърӯзаҳо шунида ва мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Маводи конфронс иборат аз суханронию мақолаҳои илмии иштирокчиёни он дар шакли китоби алоҳида дастраси алоқа-мандони илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардонда шуд.
Дар ҳамин сол, вобаста ба ҷашнгири 15-солагии Конститутсияи кишвар, бори аввал маҷаллаи илмию иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид, ки мундариҷаи он аз суханронии Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, мақолаҳои судяҳои Суди конститутсионӣ ва дигар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, олимону мутахассисон ва ҳуқуқшиносони мамлакат, инчунин аз санадҳои Суди конститутсионӣ ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат аст.
То якуми августи соли 2020 33 шумораи маҷаллаи мазкур рӯйи нашрро дида, дар он 10 паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, 301 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавии олимону мута-хассисони соҳаи ҳуқуқ ва сиёсати ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, аз онҳо 154 мақола бо забони тоҷикӣ ва 147 мақола бо забони русӣ, инчунин 20 қарор ва 51 таъиноти Суди конститутсионӣ нашр гардиданд. Маҷаллаи мазкур дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳокими-яти судӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамчунин, 4-уми ноябри 2009 муаррифии сомонаи интернетии Суди конститутсионӣ баргузор гардид, ки аввалин сомона дар низоми мақомоти ҳокимияти судии мамлакат ба ҳисоб меравад. Сомонаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва пеш бурда мешавад. Дар соли 2020 он аз нав таҳия карда шуда, барои дастрасӣ ба санадҳои Суди конститутсионӣ ва фаъолияти он ба ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар алоқамандони ҳуқуқ ва қонунгузорӣ равона карда шудааст.
[1]Ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон . 20 апрели соли 2006. URL: http:/ /www. president. tj/node/198
[2]Барномаи ислоњоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, № 271. С.3.
[3]Барномаи ислоњоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2011-2013. С.1.
[4]Ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон . ш. Душанбе, 23 апрели соли 2014. Саҳ.3.
Аз лаҳзаи ташкили сомона (4-уми ноябри 2009) то 1 августи соли 2019 (то оғози кор оид ба нав кардани сомона) 853111 нафар бо иттилоот ва мавод бо забони тоҷикӣ ва 341443 нафар бо иттилоот ва мавод бо забони русӣ шиносоӣ пайдо карданд, ки бо шарофати ин Суди конститутсионӣ дар мамлакат ва берун аз он маъруфият пайдо намуд.
Аз замони нав карда шудани сомона (1.01.2020) то ба 1 августи соли 2020 онро зиёда аз 39 ҳазор шахсон дидан намуданд.
Ба мақсади таҳия ва омода намудани тавсияҳои илман асосноки масъалаҳои ҳуқуқӣ, 2 июли соли 2009 дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 17 нафар аз ҳисоби судяҳои дар истеъфобудаи Суди конститутсионӣ, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмӣ-машваратӣ таъсис дода шуд.
Дар солҳои 2010, 2012, 2015 ва 2018 китобҳои Маҷмӯаи қарорҳои Суди конститутсионӣ, 1996-2015, 584 саҳифа, Маҷмӯаи таъинотҳои Суди конститутсионӣ, 1996-2015, 552 саҳ. ва Маҷмӯаи санадҳои Суди конститутсионӣ, 2015-2018, 312 саҳ. бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва нашр гардиданд. Ин маҷмӯаҳо барои доираи васеи хонандагон олимон, аспирантҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва дигарон аҳамияти калони илмиву амалӣ пайдо намуданд.
20-умин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ гузошт, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, аз манфиатдории ҷомеа ва давлат ба суботи конститутсионӣ шаҳодат медиҳад.
Суди конститутсионӣ низ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон корҳои назаррасеро ба сомон расонида, фаъолияти худро чун ҳарвақта ба таҳкими заминаҳои адолати конститутсионӣ дар кишвар равона намуд.
Аз ин рӯ, барои Суди конститутсионӣ, ки он баҳри таъмини волоият ва амали бевоситаи Қонуни асосии кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфтааст, соли 2014 ҳамчун соли таърихӣ арзёбӣ мегардад.
Суди конститутсионӣ чун дигар солҳои қаблӣ фаъ- олияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, пеш-ниҳоду дархостҳои субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ дошта ва дигар муроҷиатҳои субъектони ҳуқуқро дар доираи талаботи пешбининамудаи санадҳои зикргардида мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дод.
Китоби «Конститутсия заминаи ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ» ва дигар мақолаҳои илмӣ-оммавии Маҳмуд-зода М.А.–Раиси Суди конститутсионӣ барои хонандагон ва ҳаводорони илмҳои ҳуқуқ ва сиёсати мамлакат маълумоти арзишмандро пешкаш намуда, дар таъмини фарҳанги конститутсионии ҷомеа нақши муҳим хоҳанд бозид. Ҳамчунин, мақолаи судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода К.М. бо номи «Конститутсия маҷмӯи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният аст» дар озмуни ҷумҳуриявии мақола ва рисолаи беҳтарин бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол намуда, бо диплом қадрдонӣ карда шуд.
Тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия миёни аҳолии кишвар иқдоми ҳамешагии Суди конститутсионӣ мебо-шад. Раис, муовин, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди конститутсионӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронсҳои зиёди ил-мӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, мудофиа, Хадамоти гумрук, Агентии назо-рати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи ҳисоб, донишгоҳҳои славянии Тоҷикистону Россия, тиббӣ, тиҷорат, техникӣ, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллӣ, Саридораи бойгонӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан», Иттифоқи касаба, мақомоти иҷро-ияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, И. Сомонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва дигар мақомоти давлатӣ (дар маҷмӯъ 53 вазорату идораҳо) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, ба муносибати таҷлили 20-солагии Конститутсия дар нашрияҳои даврии рӯзномаи «Ҷумҳурият» зери таҳрири Раиси Суди конститутсионӣ тафсири илмию омма-вии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чоп карда шуд, ки нақши он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муфид арзёбӣ гардид.
Соли 2019 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шукуфоӣ ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ дар ҷомеа, бар-гузории руйдодҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва боло рафтани эътибори байналмилалииҶумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Дар фазои бошукӯҳ ва идона таҷлил гардидани солгарди идҳои миллӣ, аз ҷумла Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати дар роҳи рушди устувору бомаром қарор доштани давлати навини тоҷикон мебошад.
Пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019, инчунин боз ҳам боло рафтани обрӯ ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бетаъсир намемонад.
Ҳамин аст, ки моҳи январи соли 2020 аз рӯйи раддабандии маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шудани Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2020 аз тарафи Маркази таҳлилии амрикоии «Gallup» дар пайи як назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додани Тоҷикистон, натиҷаи фаъолияти самаранок ва муназзами роҳбарияти давлат, мақомоти давлатӣ, суботи бардавоми сиёсӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии ҷомеа ба шумор меравад.
Бо иштироки беш аз 500 ҳайат аз 50 давлати ҷаҳон, 28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ баргузор гардидани Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухад-дир ва ҷинояткории муташаккил»; сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон; бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ аз 27 давлати аъзо, 8 давлат ва 5 созмони байналмилалии нозир баргузор гардидани Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе; сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва имзои 18 санади ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ бо иштироки роҳбарияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд.
9 сентябрдар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонба кор шурӯъ кардани чархи дуюми НБО-и «Роғун», амалан оғози истиқлолияти энергетикии мамлакат ва ба зинаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид гар-дидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин бора аз хурсандиву фараҳмандии беканори халқи кишварамон ёдовар нашудан мумкин нест.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо баргузории вохӯрӣ бо Пешвои миллат хотирмон ва дар сатҳи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, пешравию гулгулшукуфоӣ ва татбиқи бомароми қонуни асосӣ доир гардида, бори дигар дар натиҷаи таҳлили ҷуқури илмӣ-оммавӣ мавқеи Конститутсия дар бунёди давлати миллӣ ва давлатсозиву давлатдорӣ нишон дода шуд.
25 октябри соли 2019 дар заминаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Пешвои миллат ба хотири ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи авф қабул гардид. Ин накукориҳо нисбат ба зиёда аз 20000 маҳбус, шахсони парвандаи онҳо дар тафти-шоти пешакӣ ва баррасии судӣ буда тақбиқ гардида, дар ба ҳам омадани оилаҳои аз ҳам ҷудо, ифтихормандӣ аз амалҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат, дарки гуноҳ ва моҳияти иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ мегардад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар вохӯрӣ бо судяҳои мамлакат 21 ноябри соли 2019 ироа гардиданд, моро водор месозанд, ки ба нақши ҳокимияти судӣ ва судяҳо дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аҳамияти ҷиддӣ дода, дар баланд бардоштани мавқеи ин ҳокимият дар ҷомеа кӯшишҳое зиёде ба харҷ диҳем.
Равандҳои бомаром ва муназзами сиёсии мамлакат, фаъолияти бузурги созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати сазовор бахшида ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Суди конститутсионӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он тақозо дорад, ки ҳамқадами замон буда, барои дар сатҳи баланди касбӣ ба амал баровардани салоҳияти Суди конститутсионӣ нақши муассири худро бозанд.
Бо ин назардошт, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, № 74-ф «Оид ба ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муа-ссисаҳо» 5 майи соли 2018 дар кӯчаи Маяковский ноҳияи Сино-и ш. Душанбе майдончаи варзиширо сохта ба истифо-да доданд. Майдонча аз майдончаи бозиҳои варзишӣ ҳаҷми 30 х 18 м. (барои футболи хурд, баскетбол ва волейбол) ва аз майдонча барои бозии кӯдакон иборат мебошад.
Қисмати дигари майдони варзиширо боғчаи сабз дар майдони 1550 м2 ташкил медиҳад, ки аз ду айвонча (беседка) ва даҳ адад курсиҳои чӯбин барои нишаст ва истироҳат иборат мебошад. Дар замини он 28 адад дарахти кипарис, 10 адад дарахти арча, 11 адад гули юка, 1400 адад гулҳои рангаи садбарг шинонида шудаанд. 1550 м2 сабзкорӣ (газон) карда шудааст.
Ин саҳми назарраси судҳои зикршуда дар ободии пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе мебошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобилаи худро бо Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, бо мақсади ҳифз ва таъмини волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва мустаҳкам намудани қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ҳамкориҳои судмандро роҳ-андозӣ менамояд.
Намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои Суди конститутсионӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ иштирок мекунанд. Барои иштирок дар маҷлисҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ даъват карда мешаванд.
Маҷлисҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш дода шуда, қарорҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи он дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои расмии давлатии «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народ-ная газета» нашр гардида, дастраси омма гардонида мешаванд.
Дар дувоздаҳ соли охир (2009-1 августи соли 2020) дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз тарафи судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ зиёда аз 3643 адад муроҷиатҳо, аз онҳо 812 муроҷиатҳои хаттӣ ва 2801 шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии худ масъалаҳои вобаста ба замин ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои оилавӣ (муносибатҳои алиментӣ, тақсимоти молу мулк, манзили истиқоматӣ, норозигӣ аз маскун кардан ва ғ.), нафақаи паст, масъалаҳои соҳибкорӣ, масъала-ҳои бонкӣ, андоз, норозигӣ аз санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ, шарҳу тавзеҳи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғ. маълумот дода, ислоҳи камбудиҳоро талаб менамоянд.
Суди конститутсионӣ ҳамасола ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ир-сол менамояд.
Дар нома фаъолияти солонаи Суди конститутсионӣ ва натиҷаи омӯзиши асноди ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатии ваколатдор оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат таҳлил гардида, диққати мақомоти мазкур ба ҳаллу фасли проблемаю масъалаҳои ҷойдошта равона карда мешавад. Пешниҳодҳои Суди конститутсионӣ, минбаъд, дар фаъолияти мақомоти қонунгузор ва иҷроияи мамлакат татбиқи амалии худро меёбанд ва дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озо-диҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.
Дар даҳ соли охир дар номаҳои солонаи ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, зиёда аз 130 пешниҳодҳо дар хусуси таҳкими қонунияти конститутсионӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, қабули санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ-ҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, тағйири таҷрибаи мавҷуда бо назардошти амалияи ҷаҳонӣ ва ғ. ирсол карда шуданд, ки аксари онҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.
Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти зиёда аз 24 солаи худ (марти соли 1996 – 1 августи соли 2020) 140 дархосту пешниҳодҳои субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ доштаро баррасӣ намуда, тибқи Қо-нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати он-ҳо 39 қарор ва 101 таъинот (санадҳои судӣ) қабул кардааст, ки аз ин миқдор 50 фоизаш (23 ва 67) ба дувоздаҳ соли охир (2009-2020) рост меояд.
Дар давоми 10 соли охир, судяҳо ва кормандони масъули Суди конститутсионӣ, чи дар ҳайати гурӯҳҳои ҳуку-матӣ, ки дар аксар ҳолатҳо роҳбарии гурӯҳҳои ҳукуматиро ба уҳда доштанд ва чи дар асоси нақшаҳои ҳукуматӣ ва нақшаҳои худи Суд 176 сафарҳои хизматиро ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат анҷом доданд.
Мақсади 72 сафар аз фаҳмондани аҳамияти таърихиву сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ша-рҳу тафсири меъёрҳои он, нақши он дар бунёди давлати миллӣ ва мавқеи инсон ва шаҳрванд дар давлат ва ҷомеа ва ғ.; 35 сафарҳои хизматӣ, дар аксар ҳолатҳо ҳамчун роҳ-барони гурӯҳҳои ҳукуматӣ оид ба паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар; 37 сафарҳои хизматӣ оид ба расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ дар ҷойҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи санадҳои меёърии ҳуқуқӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, омӯ-зиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷойҳо; 6 сафари хизматӣ аз ҷониби Раис ва муовини Раис дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашнгирии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ; 17 сафари хизматӣ оид ба иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз он 2 сафар барои иштирок дар маҷлисҳои ҷамъбастии семоҳа ва шашмоҳа оид ба натиҷаи фаъолияти созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Истаравшан мебошанд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ қисмати ҷудонашавандаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онҳо сол ба сол бо судҳои конститутсионии дигар давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои аъзои ИДМ рушд ва тавсеа меёбанд. Онҳо майдонеро мемонанд, ки дар рафти онҳо оид ба таҷрибаи фаъолияти судҳои конститутсионӣ, қабули санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мурофиаи назорати конститутсионӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.
Чунончи, рӯзи 26 октябри соли 2009 дар Суди конститутсионӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони Дастгоҳи он, судяҳои суди маъмурӣ ва молиявии Ҷумҳурии Феде-ралии Олмон Р. Кристиан, В. Франсеска ва Роҳбари Бар-номаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои техникӣ Й. Пуделька дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конс-титутсионӣ ва мурофиаи судии конститутсионӣ» семинари байналмилалӣ доир гардид, ки баргузории чорабиниҳои зи-кршуда аз тарафи иштирокчиёни он муфид арзёбӣ гардид.
Аз 14-24 ноябри соли 2009 судяҳои Суди конститутсионӣ дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои техникӣ аз 27 марти соли 2003, дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ», ҳамчунин тибқи дастури Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба роҳ мондани такмили ихтисоси судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар дохил ва хориҷи кишвар, ки рӯзи 13-сентябри соли 2009 зимни ба вазифаҳои судягӣ таъин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъкид ёфта буд, аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон сафари хизматӣ анҷом доданд.
Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ, Идораи марказии Маркази техникии Олмон, Суди федералии конститутсионӣ, Суди федералии маъмурӣ ва Суди конститутсионии замини шаҳри Берлин шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар мизҳои мудаввар, ки дар судҳои зикршуда бо иштироки судяҳои Суди Аврупо, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо, судяҳои Олмон ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардиданд, аз ҷониби судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқ-бунёд, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва дигар сохторҳои муҳими давлатдорӣ, аз қабили Суди конститутсионии дорои салоҳияти муосир мавриди муаррифӣ қарор гирифтанд.
Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо Котиби генералии Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо) ҷаноби Джиани Букикио вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии низомҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон», ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, нақши калидӣ бозид.
Иштирокчиёни Конфронсро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, дар мавзӯи «Конститутсия давлати навини тоҷиконро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд» суханронӣ карданд.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳам-чунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлат-дории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. Ғояҳои башар-дӯстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эъти-рофгардидаи мо сарчашма мегиранд».[1]
Бо сухани табрикӣ, инчунин Президенти Комиссияи Венетсианӣ Джианни Букикио, Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав – Раиси Суди конститутсионии Арманистон Г. Г. Арутюнян баромад намуда, ҳайати Суди конститутсионӣ ва дигар иштирокчиёни он, инчунин тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни Рӯзи Конститутсия ва 15-солагии Суди консти-тутсионӣ табрик намуданд.
Дар кори Конфронс раисони Судҳои конститутсионии Латвия, Литва, Молдова, Муғулистон, Раиси Шӯрои консти-тутсионии Қазоқистон, Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳайати судяҳо аз Олмон, Федератсияи Россия, Эстония, Туркия, Украина, Озарбойҷон, коршино-сони Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо, инчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони давлатӣ, ёрдамчиёни Президент ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваки-лони парлумони мамлакат, роҳбарон ва судяҳои Суди косститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокура-тураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти адлия, Мар-кази миллии қонунгузорӣ, мактабҳои олӣ, олимони варзи-даи илми ҳуқуқ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 15- солагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар рафти Конференсия фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии системаҳои ҳуқуқи муосир, наздикшавии қонунгузо-рии миллии давлатҳо ва ташаккули фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалию минтақавӣ, нақши ин раванд дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба муро-фиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷии соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ қарор дода шуд.
Аз натиҷаи Конференсияи мазкур нашрияи махсуси Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010, № 4) рӯйи чоп омад, ки дар он тамоми маърӯзаву баромадҳои иштирокчиёни он гирд оварда шудааст. Ҳамчу-нин, соли 2011 як нашри Ахбори Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав пурра ба Конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар ш. Душанбе бахшида шуд. Ахбори мазкур бо ду забон, русӣ ва англисӣ нашр гардида, он ба давлатҳои аъзои Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав фиристода мешавад.
17-18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси бай-налмилалӣ дар мавзӯи: «Адолати судии конститутсионӣ – кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.
М. Маҳмудзода–Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ташаккули мақомоти назорати конститутсионӣ ёдоварӣ карда, сипас барои оғоз бахшидан ба кори ин чорабинӣ суханро ба Роҳбари давлат дод.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳкими давлатдорӣ, дигар рукнҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва дар асоси принсипи таҷзия ташкил кардани ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокими-яти судӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат дар хусуси дар низоми ҳокимияти судӣ таъсис ёфтани мақомоти назорати консти-тутсионӣ дар шакли Суди конститутсионӣ сухан гуфта, онро аз волоияти Конститутсия ва меъёрҳои он дар давлатдорӣ ва зарурати ҳифзи онҳо маънидод намуда, ба нақш ва мавқеи Суди конститутсионӣ баҳои баланд дод.
Дар кори Конфронси байналмилалӣ хонум Хердис Кжерулф– ноиби Президенти Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шӯрои Аврупо, Арутюнян Г.Г.– Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон– Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав, раисон ва судяҳои судҳои конститутсионӣ ва институтҳои муодил аз ҷумҳуриҳои Белорус, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Латвия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ӯзбекистон, роҳ-бар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», ходимони давлатӣ ва олимони намоёни соҳаи ҳуқуқи конститутсионии давлат-ҳои хориҷи кишвар иштирок карданд.
Дар кори Конфронси байнамилалӣ, инчунин роҳбар ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, раисони кумитаҳо ва вакилони парлумони мамлакат, роҳбарон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, олимони варзидаи илми ҳуқуқ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ва воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.
Дар рафти Конференсия масъалаҳои муҳими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақо-моти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, ҷойи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутаха-ссисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии мазкур изҳор доштанд, ки «Ҳарчанд ки ойину суннатҳои давлату давлатдории халқи соҳибтамаддуни тоҷик ҳанӯз аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод сарчашма мегиранд, аммо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мардуми мо дар охири асри ХХ муяссар шуд, дар сарнавишти тоҷикон таҳавулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллие гардид. Дар Конститутсия худро қисми ҷудонаша-вандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон кардани халқи Тоҷикистон низ аз куҳанбунёд ва фарҳангӣ будани ин халқ маншаъ гирифта, дар баробари ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ, инчунин садоқати давлат ва миллати тоҷикро ба арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ инъикос менамояд.
Конститутсия ҳамчун мафкураи сабтгардидаи давлатӣ, ки дар он самтҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ, масъулияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои ҳамаи табақаву гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикос ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад».
Бояд зикр кард, ки Конфронси мазкур дар фаъолияти минбаъдаи Суди конститутсионӣ ва муаррифии он нақши арзанда бозид.
Намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 то 24 январи соли 2009 дар Конгресси 1-уми умумиҷаҳонии адолати судии конститутсионӣ (Кейптаун, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ); аз 28 сентябр то 1 октябри соли 2014 дар Конгресси 3-уми умумиҷаҳонии адолати судии конститутсионӣ (Сеул, Ҷумҳурии Корея); аз 11 то 14 сентябри соли 2017 дар Конгресси 4-уми умумиҷаҳонии адолати судии конститутсионӣ (Вилнюс, Ҷумҳурии Литва) иштирок ва бо маърӯза баромад намуданд.
Онҳо, инчунин дар муҳокимаи лоиҳа ва қабули Оинномаи Конгресси мазкур фаъолона ширкат варзиданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон узв ва иштирокчии фаъоли Конфронси мақомоти назорати кон-ститутсионии давлатҳои демократияи нав мебошад, ки аз соли 2019 инҷониб Конфронси мақомоти назорати консти-тутсионии давлатҳои Авруосиё ном гирифтааст. Санадҳои судӣ, мақолаҳои судяҳо ва дигар маводи иттилоотии он дар маҷаллаи Конфронси мазкур, ки дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ва ҳоло дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба чоп мерасанд, нашр мегарданд.
Солҳои охир Раис, муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ дар як қатор конфронсҳои байналмилалӣ дар мавзӯи: «Арзишҳои конститутсионӣ-омилҳои асосии таҳкимбахши сохти демократӣ» бахшида ба 15-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Молдова (Кишинёв, 22-23 июли соли 2009); Конфронси XIV-и мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи ҷавон дар мавзӯи: «Таҷрибаи байналмилалии ҳамкории судҳои конститут-сионӣ ва парлумонҳо дар таъмини волоияти Конститутсия» (Ереван, 1 октябри соли 2009 ); Конгресси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионӣ ва муассисаҳои ҳамшабеҳи Осиё дар мавзӯи: «Имрӯз ва ояндаи адолати судии конститут-сионӣ дар Осиё» (Сеул, Ҷумҳурии Корея, 20-22 майи соли 2012); Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи: «Конститутсия-асоси дурнамои рушди ҷомеа ва давлат» (Остона, Ҷумҳурии Қазоқистон, 29-30 августа 2013); Кон-фронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ ҳамчун кафолати самара-нокии адолати судии конститутсионӣ» (Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон, 21-23 майи соли 2014); Конфронси минтақавӣ дар мавзӯи: «Ҳуқуқи конститутсионӣ», дар доираи Ташаббуси волоияти ҳуқуқ дар ИА барои Осиёи Марказӣ. (Хелсинки, Финляндия, 17-18 сентябри соли 2014); Конгресси 3-юми Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил (Индонезия, 8 – 12 августи соли 2016); Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи: «Адлияи муосири конститутсионӣ: хатарҳо ва дурнамо» ва Форуми шашуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург, бахшида ба 25-солагии Суди конститутсионии Федератсияи Россия (Санкт-Петербург, 16-20 майи 2017); Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи: «Нақш ва аҳамияти Конститутсия дар эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд» (Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 29 ноябр – 2 декабр 2017); Саммити 4-уми байналмилалии судяҳо (Истамбул, Ҷумҳурии Туркия 11-12 октябри соли 2018); Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Конститутсионализми ҳазораи нав» (Ереван, Ҷумҳурии Арманистон 1-2 ноябри соли 2018) ва ғ. иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуда, оид ба проблемаю масъалаҳои мубрами назорати конститутсионӣ ибрози назар намуданд.
Дар рафти конференсияҳои мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дж. Букикио – Президенти Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо, Арутюнян Г.Г.-Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, бо ҳайати намояндагии судҳои конститут-сионии Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Олмон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Фарон-са, Федератсияи Россия ва Чехия баргузор гардиданд.
Дар рафти ин вохӯриҳо оид ба доираи васеи масъалаҳо ва таҷрибаи адолати суди конститутсионӣ табодули назар карда шуд.
12 январи соли 2010 зимни вохӯрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ва Сафири фавқуллодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фабиани тарафҳо оид ба мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва рушди минбаъдаи ин ниҳоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ибрози андеша намуданд.
Бо вазифа, салоҳият ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ҷаноби сафир дар бораи Шӯрои конститутсионии Фаронса маълумоти муфасал дод.
Мавсуф зикр намуд, ки чунин ниҳоде, ки он ҳифзи Конститутсия ва таъмини волоияти онро ба уҳда дорад, дар низоми давлатҳои демократӣ, аз ҷумла дар Фаронса ҷойи махсусро ишғол менамояд ва онро «дили демократия» номид.
Сафарҳои кории ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор давлатҳои пешрафта, иштирок дар конгрессу конфронсҳо ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои зикршуда, табодули иттилоот оид ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсир намемонанд.
Сафарҳои хизматӣ, омӯзиш ва табодули андеша бо ҳамкасбони худ дар таҳияи Қонуни конститутсионии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум-ҳуриии Тоҷикистон» дар таҳрири нав (2014) ва Дастури Суди конститутсионӣ (2015, 2019) нақши арзанда бозиданд.
Ҳамкориҳои пайвастаи Суди конститутсионӣ бо мақомоти назорати конститутсионӣ боиси он гардид, ки эъти-бори ин мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ ҳамчун пади-даи нодири давлати демократӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо дар дохили кишвар, ҳамчунин берун аз он низ боло гардида истодааст.
Баҳри тақвият бахшидани муносибаҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Кон-фронси ҳафтуми раисони судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё, ки моҳи июли соли 2010 дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардид, аҳамияти хосса касб кард. Дар кори он М. Маҳмудзода ширкат варзида, бо маърӯза баромад намуд.
Дар ин Конфронс бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мутақобила байни судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил, ки назорати конститутсиониро ба амал мебароранд, Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил таъсис дода шуд.
Вазифаҳои асосии Ассотсиатсия аз густариши ҳамкориҳои байналмилалии аъзои судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти меъёрҳои Конститутсия, мустақилияти ҳокимияти судӣ, мубодилаи таҷриба ва иттилоот байни аъзои он иборат мебошад.
Соли 2011 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои комилҳуқуқи Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил ба сифати аъзои комилҳуқуқ пазируфта шуд. Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар Конгрессҳои Ассотсиатсияи судҳои конститутсионӣ ва Институтҳои муодил дар Ҷакарта, Индонезия (2011),
[1]Эмомалӣ Раҳмон. Конститутсия давлати навини тоҷиконро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд. Суханронӣ дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии низомҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон». Душанбе, 4 ноябри соли 2010 // Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2010. № 4. С.8.
Сеул (2012); Ҷумҳурии Туркия (2014), шаҳри Нур-Султон-и Ҷумҳурии Қазоқистон (2020) дар мавзӯъҳои гуногун оид ба конститутсионализм, конститутсия ва нақши он дар давлат, низоми сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва амалияи назорати конститутсионӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуда, диққати онҳоро ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи конститутсионӣ ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, иштирокдорони конгрессҳои Ассотсиатсияро бо назария ва амалияи давлатдорӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, масъалаҳои вобаста ба конститутсионализм, асосҳои сохтори конститутсионӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат, нақши инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ва дар амалияи давлатдорӣ дар Тоҷикистон шинос намуданд.
Дар таҷрибаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба бо мақомоти ҳамшабеҳи худ ва дар ин замина дар санадҳои ҳуқуқи байналмилалии дуҷониба мавриди танзим қарор додани самтҳои афзалият-ноки ҳамкориҳо нақши муҳим касб кардааст. Ин шаҳодати муҳим будани ҳамкории байналмилалӣ дар фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани чунин ҳамкориҳо мебошад.
Дар ин замина, аз 4 то 10-ум апрели соли 2011 ҳайати Суди конститутсионӣ аз шаҳри Санкт-Петербурги Федерат-сияи Россия боздид ба амал оварда, ба фаъолияти касбии Суди конститутсионии Федератсияи Россия аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни вохӯриҳо бо Раиси Суди конститутсионии Федератсияи Россия В.Зоркин, муовинон, судяҳо ва кормандони масъули Дастгоҳи Суди конститутсионии Федератсияи Россия ба доираи салоҳият, масъалаҳо оид ба танзим ва раванди мурофиаи судии конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии субъектони муроҷиат ба суд, рушди ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавии фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд.
Дар рафти боздид Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Федератсияи Россия ба имзо расид, ки он аввалин санади байналмилалӣ мебошад, ки байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тасвиб расидааст.
Тарафҳо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муҳимияти онро қайд карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам инкишоф ёфтани муносибатҳои байни мақомоти назорати конститутсионӣ мусоидат мекунад.
Ҳуҷҷати мазкур ба тарафҳо имконият медиҳад, ки мутобиқи қонунгузории миллии давлати худ ҳамкориро тавассути мубодилаи таҷриба, маълумот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ, ки ба фаъолияти судҳои конститутсионӣ вобаста мебошад, ба роҳ монанд.
15-16 декабри соли 2011 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Украина, ки ба ҳайати намояндагии сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмуд-зода низ шомил буд, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина ба имзо расид.
Аз 23 то 29 апрели соли 2012 ҷиҳати иштирок дар кори Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 50-солагии таъ-сиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия сафари ҳай-ати Суди конститутсионӣ ба Туркия доир гардид.
Ба ҳайати Суди конститутсионӣ М. Маҳмудзода роҳ-барӣ мекард, ки дар доираи кори конфронс Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия ба тасвиб расид.
Ёддошти тафоҳум ба принсипҳои истиқлолияти давлатӣ, масъулияти тарафайн дар бобати ҳифз, таъмини волоият, амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба тавассути андешидани чо-раҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳо ва мусоидат кардан ба ҳалли саривақтии масъалаҳои ҳамкории ба ҳамдигар му-фид равона гардидааст.
Ҷонибҳо зимни ба имзо расонидани санади мазкур муҳимияти қабули онро қайд карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам мустаҳкам ва рушд ёфтани муносибатҳои байни мақомоти назорати конститутсионии давлатҳо мусо-идат мекунад.
14 майи соли 2013 дар заминаи семинари байналмилалӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо иштироки Г. Г. Арутюнян собиқ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон – Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои демократияи нав баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арма-нистон ба имзо расид.
Аз 4 то 7 декабри соли 2014 ҳайати, Суди конститутсионӣ, ки ба он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Давлатзода Ҷ.М. низ шомил буд, бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо фаъолияти Суди конститутсионии Руминия аз шаҳри Бухарест дидан ба амал овард. Зимни сафари кории мазкур, ҳайати корӣ бо фаъолияти мақомоти назорати конститут-сионии Руминия шиносоӣ пайдо намуда, ба намояндагони ин ниҳоди судӣ оид ба фаъолияти густурдаи Суди кон-ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар доираи сафари корӣ бобати густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни судҳои конститутсионии давлатҳои зикршуда ба имзо расонида шуд.
Чунин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, минбаъд, бо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қирғизистон (2015) ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ (2018) ба имзо расиданд.
Имрӯзҳо, ду Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додгоҳи қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср таҳия ва мувофиқа гардида, омодаи имзо мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки 18-22 октябри соли 2019 дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср бахшида ба ҷашни тиллоии Додгоҳи қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронси мазкур, Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н. иштирок намуданд.
Ашурзода А.А. бо маърӯза оид ба фаъолияти Суди конститутсионӣ баромад намуда, вохӯрии расмии ӯ бо Раиси Додгоҳи қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср ҷаноби Абдулваҳҳоб Абдурозиқ ва роҳбарони мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон, Озорбойҷон, Қирғизистон ва дигарҳо баргузор гардиданд.
Зимни вохурӣ Ашурзода А.А. иброз намуд, ки барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки ба таҳкими институти назорати конститутсионии ду давлат нигаронида шудааст, манфиатдор буда, ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни мақомоти назорати конститутсионӣ дар ҳифзи қонунҳои асосии давлатҳо, аз ҷумла асосҳои сохтори конститутсионӣ ва таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзанда мебозад.
Тарафҳо дар хусуси ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додгоҳи қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср ба мувофиқа расиданд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи Аврупо оид ба демо-кратия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо), махсусан робитаҳои кории судманд бо Президент ва корманони он назаррас ва дар ҳоли густариш қарор доранд.
Саҳми Комиссияи мазкур дар гузаронидани Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ, ки 4-5-уми ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи: «Адолати судии конститутсионӣ–кафолати таъмини волоияти Конститутсия», ки 17-18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, назаррас мебошад.
Коршиносони Комиссия, алалхусус профессори Донишгоҳи Гамбурги Республикаи Федеролии Олмон Отто Лухтерхандт лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири навро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, нисбати он хулосаи муфид пешниҳод намуданд.
Судяҳо ва кормандони Дастгоҳ дар конференсия ва семинарҳое, ки аз тарафи Комиссия гузаронида мешаванд, иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуда, бо ҳуқуқи Аврупо, ниҳодҳои аврупоӣ ба монанди Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва дигарҳо шиносоӣ пайдо мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи ҳамкориҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бай-налмилалӣ, аз қабили Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди мадад ва GIZ (Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ) дар бобати таъминоти техникии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини китоб-хонаи Суди конститутсионӣ бо адабиётҳои зарурӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Дар натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ, теъдоди китобҳо ва дигар нашрҳои китобхона то ба 5000 адад расонида шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бомаром идома дорад. Дар заминаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 қабул гардид, ки он идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буда, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатиро пешбинӣ мена-мояд.
Мақсад ва вазифаҳои Барнома аз такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қону-нияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт иборат мебошад.
Дар Барнома барои мустаҳкам намудани салоҳияти Суди конститутсионӣ чорабиниҳои саривақтӣ пешбинӣ шуда, дар банди 3 боби 2 –он (Такмили қонунгузорӣ) зикр гардидааст, ки: «Ҷиҳати муайян кардани тартиби дар Суди конститутсионӣ баррасӣ намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод-шаванда ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани тағйиру иловаҳо зарур дониста мешавад».
Корҳо оид ба татбиқи Барнома идома дошта, уммед аст, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ дар бораи Суди конститутсионӣ, дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба дигар қонунҳои мамлакат воридгардида, ки дар Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидаанд, барои дастрасии бештари шаҳрвандон ба адолати судӣ ва таҳким ёфтани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо нақши муҳим бозида, судҳо ва судяҳо мавқеи намоёни худро дар ҷомеа пайдо карда, ба боварии шаҳрвандони мамлакат ноил мегарданд.
Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, чун дигар ниҳодҳои муҳими давлатдории демократӣ нақши худро дар таъмини адолати судии конститутсионӣ, рушди асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегузорад. Зеро дар давлати демократию ҳуқуқбунёд суботи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат ва фаъолияти бонизом ва муназзами ҳокимияти давлатиро бе таҳкими қонунияти конститутсионӣ, фарҳанги конститутсионӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар ин раванд, мавқеи Суди конститутсионӣ рӯз аз рӯз аҳамияти хоса пайдо карда, он дар амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими давлату давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи деморативу ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар нақши арзандаи худро мегузорад.