Ҷамшедзода Ҷамшед 11 июли соли 2019 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Ҷамшед Ҷамшедзода Назаршо 18 ноябри соли 1973 дар деҳаи Шод, ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олӣ буда, соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2000 аз вазифаи ходими хурди илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамчунин то соли 2017 ходими калони илмии Институти давлат ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи давлатшиносӣ ва хуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва хуқуқ, котиби илмии Институти давлат ва хуқуқи Академияи илмњои Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби илмии Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дотсенти кафедраи хуқуқи конститусионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, иҷрокунандаи вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2017 то 10 июли соли 2019 фаъоляти меҳнатиашро дар вазифаи муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
Аз соли 2011 то соли 2019 ба ҳайси узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (самти ҳуқуқӣ -конститутсионӣ)» соли 2011 дар шӯрои диссертатсионии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Россия дифоъ намудааст.
Соли 2016 бо мукофоти давлатии «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад