Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҷамшедзода  Ҷамшед 11 июли соли 2019  бо пешниҳоди Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­­ҳу­рии Тоҷикистон ба вазифаи Судяи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
 Ҷамшед Ҷамшедзода  Назаршо 18 ноябри соли 1973 дар деҳаи Шод, ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олӣ бу­да, соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.  
    Фаъолияти меҳнатиашро соли 2000 аз вазифаи ходими хурди илмии Институти   фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамчунин то соли 2017   ходими калони илмии Институти   давлат ва  хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи давлатшиносӣ ва хуқуқи байналхалқии  Донишкадаи андоз ва хуқуқ, котиби илмии Институти давлат ва  хуқуқи Академияи   илмњои Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби илмии Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва  хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон   дотсенти кафедраи  хуқуқи конститусионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, иҷрокунандаи вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва  хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. 
      Аз соли 2017 то 10 июли соли 2019 фаъоляти   меҳнатиашро дар вазифаи  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва   робитаҳои байналмилалии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
     Аз соли 2011 то соли 2019 ба ҳайси  узви   Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
   Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (самти ҳуқуқӣ -конститутсионӣ)» соли 2011 дар шӯрои диссертатсионии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Россия дифоъ намудааст.      
        
 Соли 2016 бо мукофоти давлатии «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. 
 Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад 
Yandex.Metrica