ТАНЗИМ. АЗ МАСЪУЛИЯТ ТО КАМОЛОТ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳияву пешниҳод ва 2 августи соли 2011 қабул гардид.

Вобаста ба муҳокимаи лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ду вохӯрии Сарвари давлат (14 декабри соли 2010 ва 8 апрели соли 2011) баргузор гардида, барои такмил додани он фикру андешаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тамоми ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчунин, муассисаҳои таълимӣ, ҳар як оила ва худи ҷавонон тавассути мақомоти дахлдор ба инобат гирифта шуд.

Қонуни мазкур аз дигар қонунҳои кишвар куллан тафовут дошта, мақсади асосии он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзандон ва пойдории оила мебошад. Қабули чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ мебошад, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак”, ки 20 ноябри соли 1989 ба тасвиб расидааст, ҳамроҳ шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ пазируфта шудааст, ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар, давлат дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон зикр гардидаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин меъёрҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон равона шудааст. Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.

Қобили зикр аст, ки муқаррароти Конститутсия оид ба уҳдадориҳои фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модарон хусусияти хоси анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба шумор меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии тоҷикон асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад. Тавассути қонуни мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд.

Шоҳин ВАЛИЗОДА,

мутахассис – коргузори шуъбаи 

корҳои умумӣ ва хизмати давлатии

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Yandex.Metrica