Маҷлиси тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангии шаҳри Истаравшан

Бо мақсади иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангии шаҳри Истаравшан, расонидани табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳр, инчунин назорати рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯхи корӣ – Ашурзода А. 25 – 27 июни соли 2021 ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом доданнд.

Зимни сафари корӣ 25 июн баҳри тарғиби ҳаёти солим дар мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба намуди Дзю-до барои дарёфти ҷоми раиси шаҳри Истаравшан байни наврасону ҷавонон иштирок намуда, ғолибони мусобиқаро бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.

Инчунин, иброз доштанд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пос доштани анъанаҳои аҷдодиамон нақши назаррас дорад.

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар Қасри Фарҳанги шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он табрикоти Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Истаравшани бостонӣ расонида шуд.

Зимни сафар вобаста ба масъалаҳои иҷрои «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сарфакоронаву самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳо, сари вақт ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо масъулин ва сокинони шаҳрро ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуданд.

Инчунин зимни сафар аз рафти корҳои азнавсозии парки марказии шаҳр ва бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дидан намуда, ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Yandex.Metrica