2 октябри соли равон дар майдони “Нишони давлатӣ”-и шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини роҳбари гурўҳи корӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Истаравшан Ҷамшедзода Ҷамшед, комиссари ҳарбии шаҳр, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр, намояндагони сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидони онҳо, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, маросими сафарбаркунии 130 нафар ҷавонон – даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан даъватшудагонро ба муносибати сафарбар намуданашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, онҳоро барои сарбаландона хизмат намудан ва ҳимояи Ватан – Модар роҳнамоӣ намуданд. Раиси шаҳр аз ҷумла иброз доштанд, ки имрўз дар шароити сулҳу субот ва Ваҳдати пойдори миллӣ 130 нафар ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоён ва гузаштагони худ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардида, баҳри ҳифзи Ватани азизи хеш камари ҳиммат бастаанд, ки ин боиси ифтихор ва қаноатмандист.

Зимни суханорнии худ Ҷамшед Ҷамшедзода изҳор намуд, ки имрўз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои хизмати ҳарбӣ рӯз то рӯз хубтару беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин ба ҳамаи падарону модарон барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар намудани фарзадонашон аз номи роҳбарияти олии сиёсии кишвар миннатдорӣ изҳор намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони аҳли фарҳанги шаҳри Истравашан бо барномаи рангини худ хотири иштирокчиён ва даъватшудагон  болида гардониданд.

Yandex.Metrica