Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки 21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироти дахлдор ворид гардида, 26 октябр расман ҳамчун – Рўзи касбии кормандони мақомоти судӣ эълон карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик  27 – солагии қабули онро ҷашн мегирем, амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ намудааст. Дар асоси ин принсип шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври мустақил ва дар ҳамкории байниҳамдигарӣ фаъолият мекунанд.

Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз ҷумлаи даст­овард­ҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад.

Имрўз барои пешбурди фаъолияти он ҳамаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Дар ин Рўзи муборак – Иди касбии кормандони мақомоти судӣ, ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи Судро барои онҳо хонаободиву сарбаландӣ ва ба кишвари азизамон тинҷиву оромӣ ва фазои сулҳу беғубор таманно намуд.

Судя Абдураҳимзода Д. бахшида ба ин рӯз ёдовар шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа торафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳоро таъмин менамояд.

Абдураҳимзода Д. қайд кард, ки судяҳо дар фаъолоияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст.

Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо  ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя мекунад ва дар сурати вайрон шудани онҳо ҳуқуқу озодиҳои худро барқарор менамоянд.

Дар фарҷоми маҷлис ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд ифтихорномаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Yandex.Metrica