ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иш­тироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба – Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлат ва низоми қонунгузории миллӣ” маҷлиси тан­танавӣ доир гардид.

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии ТоҶикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардида мувофиқи он ҳамасола 16 ноябр, ки барои миллати тоҷик рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз аст, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон таҶлил карда мешавад.

Раиси Суди конститутсионӣ иброз дошт, ки  тӯли чанд сол боз  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирем, ки ин бевосита бо фаъолияти пурсамар ва нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣї Раҳмон алоқамандии калидӣ дорад. Аз Ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент — ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки бањри ободиву созандагї ва сулњу суботи Ватани азизамон  софдилона хизмат намуда истодаанд.

Таъкид гардид, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори дав­латдории навини тоҷикон беҳамто мебошад.

Дар тӯли сӣ соли Истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди душвориҳо ва монеаҳои зиёд, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар  таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошта, дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти мардуми кишварамон ба дастовардҳои намоён ноил гардидем.

Мардуми сарбаланди тоҷик дастовардҳои замони Истиқлолро ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт алоқаманд медонанд.

Гузашти солҳо собит сохт, ки роҳи интихобкардаи халқи тамаддунсозу фарҳангии мо бо роҳбарии Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими шакли идоракунии президентӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Конститутсия таҷассум гардидааст, ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Аз рӯзи эълони Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамаги се даҳсола сипарӣ шудааст. Аз рўи ченаки таърих ин басо муҳлати кўтоҳ аст. Вале дар ин солҳо корҳои зиёде ба анҷом расиданд, таҳкурсии корнамоиҳои ояндаи халқи тоҷик, гузошта шуд.

Дар хотимаи суханрониаш А. Ашурзода қайд намуд, ки бо таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Перзиденти кишвар дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем ва баҳри рушду нумӯъи Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.

Ҳамзамон, муовини Раиси Суди конститутсиоӣ Каримзода Карим дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия” ва судяи Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Дилором баромад намуда, оид ба корнамоиҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин, ёрдамчии судя Вализода Шоҳин дар мавзӯи “Пайдоиши низоми Президенти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.

Маҷлиси тантанивиро Раиси Суди конститутсионӣ хотима бахшида, ҳамагонро бори дигар ба ин Ҷашини фархунда табрик намуд.

Yandex.Metrica