НАМУНАИ МУРОҶИАТ БА CK

 НАМУНАИ МУРОҶИАТ БА CK

     Ба  Суди конститутсионии  
     Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиаткунанда:      Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42



ПЕ Ш Н И Ҳ О Д

Оид ба муайян намудани мутобиқати лоиҳаи тағйиру

иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Лоиҳаи “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мод­даҳои 9 ва 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади такмили меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон С.Аминҷонова, М.Бобобекова, С.Дадаҷонова, М.Имомзода, Қ.Лоиқзода, А.Матобшоева, А.Насимов, Қ.Неъматзода, Н.Раҳмонова, Х.Сафарзода, А.Хайрулло, М.Чошбаев, Г.Ҷабборӣ, И.Шафеиён, Н.Шоев, Р.Шо­раҳматов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон Т.Азимзода, Х.Асозода, Ҷ.Ахмедов, Г.Бобоева, М.Ватанзода, А.Ғаф­форов, Х.Суфиев, С.Усмонзода, К.Салимзода, Р.Қудратов, Ҳ.Қурбонзода, Р.Ла­тифзода, Ҷ.Маҷидзода, Ҷ.Муртазоқулов, Г.Ашурова, М.Шарофиддинова, М.Рӯ­задор, М.Сабурзода, Б.Сафаров, Фелалиев, А.Холиқзода, А.Холмуҳаммадзода, С.Шарипов, М.Қаландарзода, Ш.Сироҷов, Б.Садриддинов ва А.Раҳмонзода пеш­ниҳод гардидааст.

         Мутобиқи моддаи 101 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид­шударо месанҷад.

         Аз ин рӯ, бо назардошти моддаи 10 ва  101 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мод­даҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки вобаста ба пешниҳоди мазкур парвандаи конститутсионӣ оғоз карда, мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.муайян намояд.      

Замима: Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, тавзеҳнома, нусхаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2017 дар 10 нусха

  Раиси Маҷлиси намояндагони

       Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          (имзо)                 Ш.Зуҳуров.