НАМУНАИ МУРОҶИАТ БА CK

                                НАМУНАИ МУРОҶИАТ БА CK

Ба Суди конститутсионии
Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Аз намояндагони ваколатдор адвокатони кабинети адвокати Шарипов А.П ва Шозодаева Т.Д. ба ҳимояи манфиати шаҳрванд Зайдуллоев Саидҷон Насирович соҳибмулки хонаи №93 воқеъ дар шаҳри Душанбе, кучаи Панҷруд

Телефон:903 03 36 25



                                ДА Р Х О С Т
«Дар хусуси муайян намудани мутобиқати  меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»


         Ба Суди Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум менамоем, ки соли 2018 намояндагони Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе” ба соҳибмулк Зайдуллоев Саидҷон Насирович эълон карданд, ки хонаи шахсиаш №93 воқеъ дар кӯчаи Панҷруди шаҳри Душанбе бо сабаби барои эҳтиёҷоти давлати ва ҷамъияти гирифташудани қитъаи замин бинобар “Сохтмони роҳи автомобилгарди кучаи Маяковский шаҳри Душанбе аз хиёбони Н.Махсум то кучаи Карамов” бартараф карда мешавад. Соҳибмулк Зайдуллоев С.Н. бо талаби намояндагони Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе” нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи хонаи шахсиашро ба Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе” барои ҳалли масъалаи пардохти ҷуброни зарар бинобар бартарафи манзили истиқоматиаш, пешниҳод кард.

         Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе” соҳибмулк Зайдуллоев С.Н.-ро хабардор накарда, бо мактуби аз 06.10.2021, №1-570, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” бо бастани шартнома аз 07.10.2021, №74 ҳамчун фармоишгар ба иҷрокунанда КВД “Баҳодиҳи(нархгузори)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оиди нархгузории молу мулки хусусии хонаи №93 воқеъ дар кучаи Панҷруди шаҳри Душанбе, фармоиш доданд.

         Бо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” дода шудани иттилоот ба соҳибмулк оиди баста шудани шартнома байни фармоишгар ва иҷрокунанда барои гузаронидани баҳодиҳии объекти баҳодиҳӣ молу мулки ғайриманқули хусуси, пешбини шудааст. Инчунин бо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” гирифтани розигии соҳибмулк барои гузаронидани баҳодиҳии объекти баҳодиҳии молу мулки ғайриманқули хусусӣ, пешбини нашудааст. Меҳисобем, ки чунин ҳолат боиси дағалона вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба моликият мебошад ва номутобиқатии Қонуни номбаршударо ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

         Тибқи муқаррароти моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шудааст, ки : “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.”

         Бо моддаи 32  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки “Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақатдар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат метавонад.”

    Дар асоси моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори њуќуќї надоранд.

Давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд.

Санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд. Агар ќонунњои љумњурї ба санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофшуда мутобиќат накунанд, меъёрњои санадњои байналмилалї амал мекунанд.

Ќонунњо ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмї амал мекунанд”.

Дар ҳолати ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” ворид кардани меъёр, ки розигии соҳибмулкро оиди гирифта шудани молу мулки шахсиаш барои эҳтиёҷоти ҷамъият бо пардохти арзиши пуррааш пешбини кунад, он гоҳ ҳуқуқи ҳар як фард ба сатҳи кофии зиндаги барои худи ӯ ва оилаи ӯ, ки инчунин манзилро дар бар мегирад, риоя шуда, ҳуқуқи инсонро ба беҳбуди мунтазами шароити зист, муқаррар мекунад.

    Мувофиқи моддаи 17 Паймони байналхалқи доир ба ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёсӣ муқаррар карда шудааст, ки “Ба ҳаёти шахси ва оилавии ҳеҷ кас дахолати худсарона ва ғайриқонуни намудан, ба дахлнопазирии манзил ё сирри мукотиботи ӯ худсарона ё ғайриқонунии суиқаст намудан мумкин нест.

    Диққати ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба он ҷалб карданием, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ”  мавҷуд набудани меъёр оид ба бо розигии соҳибмулк барои эҳтиёҷоти ҷамъият аз тарафи давлат гирифтани молу мулки шахси бо гузаронидани баҳодиҳии объекти баҳодиҳи молу мулки ғайриманқули хусуси барои пардохти арзиши пуррааш, метавонад омилҳои коррупсиониро ба амал оварад. Зеро, ғайр аз соҳибмулк дигар шахсон барои пардохти арзиши пурраи молу мулки ғайриманқули хусуси вобаста ба бартарафи манзили шахси – манфиат надоранд.

Дар таҷрибаи самти фаъолияти сохтмони хонаҳои  навбунёд ва бартарафи манзилҳои шахсии шаҳрвандон, аз ҷониби мутазассисони баҳодиҳи дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ”  арзиши хонаҳои бартарафшавандаи хусуси бе хабарошт ва бе розигии соҳибмулкон ҳисобида мешавад, ки боиси ба амал омадани баҳсҳои тулонии суди шуда, барои дар муҳлати муҷаррар шуда ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои навбунёд монеа мебошанд.

Мувофиқи меъёрҳои дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқии моликӣ ба амволи ғайриманқул муқарар карда шудааст, ки ба моддаи 32  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

Мувофиқи қисми 2 моддаи 237 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки: “Ба моликияти хусусӣ метавонад ҳама гуна амвол ба ғайр аз шаклҳои алоҳидаи амвол, ки мутобиқи санади қонунӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ бошанд, дохил шавад. Теъдод ва арзиши молу мулке,ки моликияти хусусӣ мебошад, маҳдуд карда намешавад.

Дар асосӣ моддаи 263 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шудааст, ки: “Ҳуқуқи молики ба амволи ғайриманқул вобаста ба қарори мақомоти давлатӣ, ки мақсади бевосита гирифтани молу мулкро аз молик надорад,  аз ҷумла қарори гирифтани замин, ки дар он хонаи молик, дигар иморату иншоот ва дарахтзор воқеъ аст, танҳо тибқи ҳолати тартиби муқаррар намудаи санади қонунӣ қатъ гардида, ба молик амволи баробарарзиш дода,дигар хароҷоти ӯ ҷуброн карда ё тамоми зиёне, ки вобаста ба қатъаи ҳуқуи моликиаш ба ӯ расидааст пурра баргардонида мешавад.

         Меҳисобем, ки барои аз байн бурдани ҳамагуна баҳсҳо вобаста ба баҳодиҳи ва бартарафи монеагиҳо дар муҳлат ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои навбунёд, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” меъёри нав, ки розигии соҳибмулкро оиди гирифта шудани молу мулки шахсиаш барои эҳтиёҷоти ҷамъият бо пардохти арзиши пуррааш пешбини мекунад, таҳия гардида, ворид карда шавад.

         Дар асосӣ гуфтаҳои боло зикр шуда, бо дастрасии моддаи 6 ва 14-и Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                      ДАРХОСТ МЕКУНЕМ:

         Оид ба дархост мурофиаи судии конститутсиони оғоз карда шуда, мутобиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда шавад.

         Ба дархост ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шудааанд:

         1.Нусхаи мактуби МД “Раёсати сохтмон, азнавсози ва таъмири роҳу купрукҳои шаҳри Душанбе” бо №1/588 аз 20.10.2021;

         2.Нусхаи мактуби МД “Раёсати сохтмон, азнавсози ва таъмири роҳу купрукҳои шаҳри Душанбе” бо №1/629 аз 09.11.2021;

         3.Нусхаи мактуби КВД “Баҳодиҳи (нархгузори)” бо №270 аз 11.11.2021;

    4.Нусхаи мактуби КВД “Баҳодиҳи (нархгузори)” бо №6 аз 13.01.2022;

         5.Нусхаи мактуби КВД “Баҳодиҳи (нархгузори)” бо №12 аз 17.01.2022;

         6.Нусхаи мактуби МД “Раёсати сохтмон, азнавсози ва таъмири роҳу купрукҳои шаҳри Душанбе” бо №1/52 аз 21.01.2022;

         7.Нусхаи шиносномаи Зайдуллоев С.Н;

         8.Нусхаи маълумотномаи ҷойи зисти Зайдуллоев С.Н;

         9.Нусхаи шартномаи хариду фуруш;

         10.Нусхаи шаҳодатномаи қонунигардонии манзил;

         11.Нусхаи шиносномаи техникии хонаи истиқоматӣ;

12.Нусхаи шиносномаҳои намояндагони ваколатдор;

13.Нусхаи ордерҳои фаъолияти адвокатии А.Шарипов ва Г.Шозодаева;

14.Нусхаи дархост ба Суди конститусионӣ ҳамаги 10 насха;

15.Расиди пардохти боҷи давлатӣ.

Намояндагони ваколатдор:       (имзо)            А.Шарипов

                                                                             Г.Шозодаева

                                                                                 Т.Каримова

Yandex.Metrica