Маводхои Конфронси байналмилали бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон дар мавзўи: «Адолати судии конститутсиони – кафолати таъмини волоияти Конститутсия» (Душанбе, 17-18 сентябри соли 2015)

Маводҳои
Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи: «Адолати судии конститутсионӣ – кафолати таъмини волоияти Конститутсия»

(Душанбе, 17-18 сентябри соли 2015)

Таҳти назари

Маҳмудзода М.А. – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя

Каримзода К.М., – муовини Раис ва судяи Суди конститутсионии

Ҳошимзода Д.Д. Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗЎИ: «АДОЛАТИ СУДИи КОНСТИТУТСИОНЇ – КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ»

17-18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи: «Адолати судии конститутсионӣ – кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

Дар кори ин ҳамоиши байналмилалӣ сараввал Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ташаккули мақомоти назорати конститутсионӣ ёдоварӣ карда, сипас барои оғоз бахшидан ба кори ин чорабинӣ суханро ба Роҳбари давлат дод.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳкими давлатдорӣ, дигар рукнҳо ва ниҳод­ҳои давлатӣ, қабули нахустин Конститутсияи мамлакати соҳиб­истиқлол ва дар асоси прин­сипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ташкил кардани ҳокимияти дав­латӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ ибрози андеша намуд. Ҳамчунин Роҳбари давлат дар низоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ таъсис ёфтани мақомоти назорати конститутсиониро дар шакли Суди конститутсионӣ аз волоият Конститутсия ва меъёрҳои он дар давлатдорӣ ва зарурати ҳифзи онҳо маънидод намуда, ба нақш ва мавқеи Суди конститутсионӣ баҳои баланд дод.

Дар кори Конфронси байналмилалӣ ноиби Президенти Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо хонум Хердис Кжерулф, Раиси Конфронси ма­қомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Ару­тюнян Гагик Гарушивич, раисон ва судяҳои судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Белорус, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Латвия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ўзбекистон, роҳбар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», ходимони давлатӣ ва олимони намоёни соҳаи ҳуқуқи конститутсионии давлатҳои хориҷи кишвар иштирок карданд.

Дар кори Конфронси байнамилалӣ, инчунин Роҳбар ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳо ва вакилони парлумони мамлакат, роҳбарон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, олимони варзидаи илми ҳуқуқ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ва воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия масъалаҳои муҳими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати консти­тутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мав­қеи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ, таъ­мини кафолатҳои ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода шуданд.

СУХАНИ ИФТИТОҲИИ РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
М. МАҲМУДЗОДА дар КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ
БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАНОБИ ОЛЇ, МУҲТАРАМ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!


ИШТИРОКДОРОНИ ГИРОМИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ! ХОНУМОН ВА ҶАНОБОН!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҷаласаи имрўза Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доранд ва қу­думи мубораки Ҷаноби Олиро дар чорабинии имрўзаи сатҳи бай­налмилалӣ шодбош мегўем.

Зимнан, дар чунин фазои озод баргу­зории чорабинии имрўза, ки ба ифтихори 20-умин сол­гарди таъсиси Суди конс­титут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бах­шида шудааст, бо дастгирии ҳама­ҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон муяссар гардид.

Бинобар ин, бо самимияти беандоза ва камоли эҳтиром ба Ҷаноби Олӣ барои дастгирии баргузории ин Конференсияи байналмилалӣ ва ҷиҳати иштирок дар кори он изҳори сипос ва минатдории беандозаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро изҳор медорам.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Роҳбари муаззами миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсию ҳамгироии ҷомеа, пойдориву барда­вомии давлати демокративу ҳуқуқ­бунёд, қабули аввалин Конститут­сияи давлати мустақил, такмили заминаҳои ҳуқуқии киш­вар ва таъсиси низоми самар­бахши мақо­моти ҳоки­мияти давлатӣ саҳми беандоза дошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ муар­рифӣ намуданд.

Бо ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҷаноби Олӣ, ки асосгузори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошанд, ғояи дар давлати демократӣ мавҷуд будани падидаи назорати консти­тутсионӣ бори аввал дар сатҳи Консти­тутсияи Тоҷикис­тони озоду мустақил ҳукми конститут­сиониро касб намуд ва ин ниҳод дар фазои демократии кишвар ба фаъолияти худ оғоз бахшид.

Такмил ёфтани заминаи ҳуқуқии фаъо­лияти Суди консти­тутсионӣ ба он мусоидат кард, ки дар муддати кўтоҳи фаъолияти худ, ин мақомот барои таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар кишвар, таъмини во­лоияти қонун кўшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, роҳу усулҳои самара­бахши ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар муайян намуд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба узвияти комил­ҳуқуқи Кон­фронси умумиҷаҳонии адолати судии конститут­сионӣ, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии дав­латҳои демократияи нав ва Ассотсиатсияи судҳои конститутсионӣ ва институтҳои муодили кишварҳои Осиё, ки дар худ беш аз сад мақомоти назорати конститутсионии дав­лат­ҳои мухталифи ҷаҳонро муттаҳид кардаанд, пазируфта шудааст ва дар чора­биниҳои сатҳи байналмилалии ин созмонҳо иштироки фаъол дорад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз таваҷ­ҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, минбаъд низ тавассути иҷрои вазифаю уҳдадориҳои қонунӣ ва рисолати касбиаш фаъолияти муттасилу самарабахши хешро ба нафъи таҳкими пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд пеш мебарад ва дар ин ҷода донишу малакаи касбӣ ва имкониятҳои воқеии худро сафарбар менамояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси хурсандист, ки дар ҳамоиши имрўза ноиби Президенти Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавас­сути ҳуқуқи Шўрои Аврупо хонум Хердис Кжерулф, Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав – Раиси Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушивич, раисон ва судяҳои судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Бе­лорус, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷум­ҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Латвия, Ҷумҳурии Фе­деролии Олмон, Фе­дератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ўзбекистон, роҳбар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», ходимони давлатӣ ва олимони намоёни соҳаи ҳуқуқи конститутсионии давлатҳои хориҷи кишвар иштирок доранд.

Дар кори Конфронси байнамилалӣ, инчунин Роҳбар ва дигар кор­мандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Пре­зиденти Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон, раисони кумитаҳо ва вакилони пар­лумони мамлакат, роҳбарон ва суд­яҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Проку­ратураи генералӣ, роҳбарон ва намояндагони вазо­рату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, олимони варзидаи илми ҳуқуқ, роҳбарон ва намо­яндагони созмонҳои бай­нал­ми­лалии муқи­ми кишвар ва воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иштирок менамоянд, ки ба онҳо барои пазируфтани даъвати мо ва ҳам­кориҳои судманд минатдорӣ баён мекунем.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло бо камоли эҳтиром аз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмо­ма­лӣ Раҳмон хоҳиш менамоем, ки ба конфе­ренсияи байналмилалии имрўза ҳусни оғоз бахшанд.

Марҳамат, Ҷаноби Олӣ.

СУХАНРОНИИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУҲТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗЎИ «АДОЛАТИ СУДиИ КОНСТИТУТСИОНЇ – КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ»

Ҳозирини гиромӣ!

Меҳмонони арҷманд!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Қабл аз ҳама, меҳмонони азизу арҷмандро, ки барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф овардаанд, хайра мақдам мегўям.

Итминон дорам, ки меҳмонони азизи мо баъди боздид аз То­ҷи­кистони ҳамешабаҳор ва шиносоӣ бо таърихи бою фар­ҳанги пур­ғановати миллати қадимаи тоҷик ба кишварҳои худ бо таассуроти нек бармегарданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳарчанд ки ойину суннатҳои давлату давлатдории халқи соҳибта­маддуни тоҷик ҳанўз аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод сарчашма мегиранд, аммо истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, ки ба мардуми мо дар охири асри ХХ муяссар шуд, дар сарнавишти тоҷикон таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллие гардид.

Таърихи ҷомеаи башарӣ собит месозад, ки қабул кардани санад ва эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин ҳанўз анҷоми кор нест.

Ин марҳала оғози дигаргуниҳои азими ҳаёти сиёсиву иқ­тисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқиро тақозо дорад, ки бояд таърих, фарҳанг, забон, урфу одат, анъана ва арзишҳои пурға­новати ҳар халқу миллатро дар ҳамбастагӣ ва алоқамандӣ бо арзишҳои умумиинсонӣ дар худ инъикос карда тавонад.

Азми қавӣ ва садоқати мардуми Тоҷикистон ба сарзамини аҷдодӣ ва истиқлолияти давлатӣ буд, ки ин марҳалаи таърихӣ хусусияти созан­дагӣ ва бунёдкорӣ касб намуда, пойдевори устувори давлати миллӣ дар мамлакат гузошта шуд.

Ислоҳоти конститутсионӣ ва дар ин замина бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки ин иқдоми бузург 6-уми ноябри соли 1994 амалӣ карда шуд.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки дар таҷрибаи конститутсионализми Тоҷикистон бори нахуст тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ифодаи азму иродаи халқи Тоҷикистон буда, хусусияти асосии ин санад миллӣ будани он ба шумор меравад.

Дар Конститутсия худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардани халқи Тоҷикистон низ аз куҳанбунёд ва фарҳангӣ будани ин халқ маншаъ гирифта, дар баробари ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ, инчунин садоқати давлат ва миллати тоҷикро ба арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ инъикос менамояд.

Конститутсия ҳамчун мафкураи сабтгардидаи давлатӣ, ки дар он самтҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ, масъулияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои ҳамаи табақаву гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикос ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Конститутсияи мо ба ташкил ва бунёди ҳокимияти дав­латӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ аҳаммияти махсус дода, тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ тибқи принсипи боздориву мувозинати байниҳамдигарии онҳо ба танзим дароварда шудааст.

Назарияи таҷзияи ҳокимият, ҳарчанд ки ҳанўз дар замони салтанати Рими қадим маълум буда, минбаъд ҳамчун принсипи асосии давлатдорӣ дар конститутсияи аксар давлатҳои демок­ратӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, вале он дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар самти идораи давлат ва низоми ҳуқуқии он ҳатто дар даврони Шўравӣ бегона буд.

Дўстони азиз!

Дар Конститутсия зоҳир намудани диққати ҷиддӣ ба нақш ва мав­қеи ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон, алалхусус Суди конститут­сионӣ бе сабаб нест.

Аввалан, мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳоки­мияти давлатӣ ва судии ҳамаи давлатҳои мутамаддин мав­қеи муҳим дошта, бе мавҷудияти чунин мақом дар бораи принсипи солими боздориву мувозинати байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтан бармаҳал аст.

Баъдан, таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷи­кистон мебошад, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи амалии ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Дар навбати худ, бунёди ҷомеаи адолатпарварро бе ҳоки­мияти судии мустақил, салоҳиятдор ва дар асоси қонун ташкилшуда, алалхусус мақомоти назорати конститутсионӣ, тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Илова бар ин, дар Конститутсия арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў зарурати дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ таъсис додани мақоми назорати конститутсиониро ба миён овард.

Суди конститутсионӣ бо функсияи пешгирикунандаи худ фаъолияти аз ҳама муҳимми давлат ва мақомоти он, яъне фаъолияти меъёрэҷодкунии онҳоро назорат карда, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.

Вобаста ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститут­сиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд.

Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун Роҳбари давлат ба таъсис ва мав­ҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститут­сионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт.

Чунончи, бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 ба миён­омада, аз ҷумла беэътиноӣ ба конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду Президент ва панҷ Ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд.

Бинобар ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда – Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ эътироф карда шуданд.

Такмили минбаъдаи салоҳият ва ваколатҳои Суди конс­титутсионӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 20-уми апрели соли 2006 ва дар заминаи он қабул гардидани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 вобастагии мустақим дорад.

Дар барномаи зикршуда, аз ҷумла пешбинӣ гардид, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лои­ҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад, то ки лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд, ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд.

Санадҳои Суди конститутсионӣ дар ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният, адолати иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши арзанда доранд.

Фаъолияти Суди конститутсионӣ бо фаъолияти меъёр­эҷодкунии мақомоти давлатӣ, махсусан мақомоти қонунгузор робитаи ногусас­танӣ дорад. Ҳамин аст, ки дар асоси қарору таъиноти Суди консти­тутсионӣ даҳҳо санадҳои қонунгузорӣ ба мақсадҳои олии Конститутсия – дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мувофиқ гардонида шуданд.

Тибқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010 қонунгузорӣ номгўи васеи субъектҳоеро, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, муайян кардааст, ки чунин номгўй ҳатто дар мамлакатҳои пешқадами дунё вуҷуд надорад.

Мақсад аз ин иқдом, аввалан, пурра аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузорӣ ва мувофиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи мамлакат ва баъдан, ба меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баробар кардани сатҳи қонунгузории миллӣ мебошад.

Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки давлат аз субъектҳои ҳу­қуқи муроҷиат ба Суди конститутсионидошта ҷиҳати ҳарчи бештар такмил додани раванди қонунгузории мамлакат муносибати боз ҳам ҷиддиву фаъолонаро тақозо дорад.

Ҳамчунин зарур аст, ки фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори консти­тутсионӣ, боло рафтани аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд боз ҳам беҳбудӣ бахшида шавад.

Дўстони гиромӣ!

Дар раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонии фаъолияти ин мақомот дар таҳрири нав таҳия гардида, соли гузашта аз ҷониби парламент қабул карда шуд.

Дар қонуни зикршуда меъёрҳои наве инъикос гардидаанд, ки онҳо ба такмили салоҳияти Суди конститутсионӣ ва фаъолияти мурофиавиии он, дастрасии субъектҳои ҳуқуқ, пеш аз ҳама, шаҳрвандон ба адолати судии конститутсионӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шудаанд ва итминон дорем, ки дар асоси ин санад фаъолияти Суди конститутсионӣ боз ҳам такмил меёбад ва он вазифаҳои аслии худ, яъне таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияро ба хотири таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ босамар иҷро мекунад.

Имрўзҳо дар мамлакат ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бомаром идома дорад. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 5-уми январи соли 2015 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои ин барнома ба имзо расиданд.

Шубҳае нест, ки бо татбиқи ин барнома амалӣ гардидани вазифа­ҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар гардида, ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу нерўманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд ва бо ҳуқуқ­шиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин гардида, ҷиҳати такмил бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, заминаҳои моддиву техникии судҳо ва судяҳои мамлакат, аз ҷумла вазъи иҷтимоии онҳо низ сол аз сол беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Дўстони арҷманд!

Солҳои сипаришуда дурустии сиёсати давлатро оид ба рушди ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионии мамлакат дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои олии ҷомеа ва давлат дар хусуси бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиву адолатпарвар собит намуданд.

Тавассути сиёсати бомароми роҳбарияти давлат ва Ҳуку­мати мам­лакат, таҳкими қонунгузорӣ дар бораи ҳокимияти судӣ, қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ ва татбиқи амалии онҳо, беҳтар шудани заминаҳои моддиву иҷтимоии судҳо ва судя­ҳо ҳокимияти судӣ камол ёфта, имрўз дар рушди инсти­тут­ҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас дорад.

Замона тақозо дорад, ки фаъолияти мақомоти судӣ бояд ба ман­фиатҳои шаҳрванд ва ҷомеаву давлат мувофиқ бошад.

Давлати Тоҷикистон аз ҷониби худ барои боз ҳам рушду таҳким ёфтани ҳокимияти судӣ ва нақши он дар ҷомеа тамоми чораҳои дахлдорро амалӣ мегардонад.

Дар навбати худ ба бовару эътимоди ҷомеа ноил гардидани судҳо аз тамоми кормандони мақомоти судӣ заҳмати софдилона, фаъолияти созанда ва поквиҷдононаро тақозо мекунад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20-солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барори кор мехоҳам.

Инчунин ба кори конфронс муваффақият ва ба меҳмонони арҷ­манди сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Шермуҳаммад Шоҳиён,

Раиси Суди Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў яке аз аломатҳои асосии кишварҳои демократӣ ба ҳисоб рафта, санадҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳз масъалаҳои вобаста ба эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба танзим медароранд.

Қобили қайд аст, ки аксарияти кулли санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ва онҳо бевосита дар ҷумҳурии мо амалӣ шуда истодаанд.

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рохи бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифта, дар ин самт қадамҳои хеле ҷиддӣ ва устувор гузошта истодааст.

Аз ҷумла, дар фазои ҳуқуқии кишвар аз рўзҳои аввали соҳибих­тиёрӣ сар карда, падидаҳои нави хоси чунин давлату ҷомеа руйи кор оварда шуданд.

Яке аз дастовардҳои бузург ва муҳими Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ – ин бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи кишвари мустақили мо ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Тоҷикистон бо дарназардошти суннату одатҳои таърихии миллати тоҷик ва таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддини дунё қабул гардида, дурнамои инкишофу пешрафти ҷумҳурии мо, ҳадафҳои неки бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ғояҳои асосии давлатдории миллӣ ва тартиби таъсису фаъолияти сохторҳои давлатиро муқаррар намудааст.

Бо итмонони комил метавон гуфт, ки нақши Конститутсия дар таҳ­кими институтҳои давлатдории навин, фаъолияти бонизоми мақо­моти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва муҳайё­созии фазои мусоид барои пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи хеле назаррас мебошад.

Ҳамчунин, бо қабули Конститутсияи нав дар низоми ҳуқу­қии кишвар ислоҳоти ҷиддӣ ва дар мақомоти давлатӣ дигар­гу­ниҳои сохторӣ амалӣ карда шуданд, ки таъсиси Суди консти­тутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волояти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Аз ҷумла, дар муқаддимаи Конститутсияи мо омадааст, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробар­ҳуқуқии тамоми миллату халқиятхоро эътироф мекунад.

Ҳамчунин, дар сатҳи Конститутсия муқарар гардидааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Ин муқаррароти конститутсионӣ таҷассумгари он аст, ки дар То­ҷикистон ҳеҷ як мавҷудот ва сарвату манфиат аз инсон ва ҳуқуқу озо­диҳои ў боло буда наметавонад.

Дар ин замина аввалин маротиба дар боби алоҳидаи Конститутсия масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд пешбинӣ гардида, кафолатҳои амалишавии онҳо муқаррар карда шуданд.

Моддаи 14-уми Конститутсия бошад, муайян намудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз карда мешаванд.

Аз меъёрҳои дар боло зикргардидаи Конститутсия бармеояд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд на фақат вазифаи мақомоти давлатӣ, балки мақсад ва мазмуни фаъолияти ин сохторҳоро ташкил медиҳад.

Ин муқаррароти Конститутсия, далели равшани дар меҳ­вари Конститутсияи Тоҷикистон макону мавқеъ асосӣ доштани Инсон мебошад.

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд танҳо замоне амалӣ мегарданд, ки агар механизмҳои таъмин ва ҳифзи онҳо мавҷуд бошад.

Барои дар амал татбиқ шудани ҳуқуқу озодиҳои конститут­сионии шаҳрвандон, дар Тоҷикистон маҷмўи шароитҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки воқеъӣ гаштани ҳуқуқҳои инсонро таъмин менамоянд ва барои дар амал татбиқ гаштани онҳо мусоидат мекунанд.

Қонунгузории Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ҳар кас ҳақ дорад, ҳуқуқ ва манфиатҳои худро бо тамоми тарзҳои манънакардаи қонун ҳимоя намояд; аз рўйи ҳаракат ва беҳара­катии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ашхоси мансабдор ва таш­килотҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва суд муроҷиат намояд.

Бояд қайд кард, ки пеш аз ҳама шакли муҳими назорати давлатии риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон – ин амалӣ гаштани ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тибқи моддаи 64-и Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад.

Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсону шаҳрванд бевосита бо мардум вохўриҳо гузаронида, арзу шикояти онҳоро мешунавад, баҳри амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳо медиҳад.

Шакли дигари маъмурӣ-ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон – ин назорати прокурорӣ мебошад.

Тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти про­кура­тураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратураро назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба риоя ва иҷрои қонун аз тарафи мақомоте, ки ба му­қо­били ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвай­ронкуниҳо мубориза мебаранд, инчунин мақомоте, ки ба фаъолияти оперативию ҷустуҷўӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд, ташкил медиҳад. Яъне дар байни самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура самти назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле муҳим ва назаррас аст.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озоди­ҳои инсону шаҳрванд, мусоидати риоя ва эҳтироми ин арзиш­ҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва расонидани ёрии амалӣ оид ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳр­вандон дар ҷумҳурии мо, ниҳоди алоҳидаи мустақил – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии ин сохтор тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Тибқи Қонун, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон салоҳияту имкониятҳои хеле васеъ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд дода шудаст, ки имрўзҳо мардум аз фаъолияти самараноки ин сохтор хуб баҳравар шуда истодаанд.

Пушида нест, ки бунёди давлати демократӣ ва рушди ҷоме­аи шаҳрвандӣ, маданияту маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрван­донро тақозо менамояд.

Аз ин рў, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт кор­ҳои хеле ҷиддиро амалӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 Барномаи «Системаи давлатии омўзишӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки мақсади асосии амалишавии ин Барнома аз тақвият бахшидан ба раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарханги ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо иборат буд.

Инчунин, бо мақсади марҳила ба марҳила идома додани раванди низоми маърифатӣ, иттилоотӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Ҳу­кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2012 «Барномаи таъ­лим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020»-ро қабул кард, ки айни замон чорабиниҳои ба нақшагирифташуда аз ҷониби Вако­латдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва муас­сисаҳои таълимӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Мехоҳам чанд нуқтаеро доир ба ҳифзи судии ҳуқуқу озо­диҳои конститутсионии инсону шаҳрванд иброз намоям.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ҷодаи таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ба ҳокимияти судӣ мавқеи муҳим дода шудааст.

Аз ҷумла, дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст, ки ҳоки­мияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Вазифаҳои асосии мақомоти судӣ – ин ҳифзи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муас­сисаҳо, таъмини қо­нуният ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.

Тибқи моддаи 19-и Конститутсия ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди боса­лоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҳамин тариқ, фаъолияти мақомоти судӣ яке аз механизмҳои муҳимтарини ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конс­титут­сионии инсон ва шаҳрванд мебошад, ки дар ин самт принсипҳои конститутсионии мустақилият ва беғаразии судяҳо, итоати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд кафолатҳои муҳими таъминкунандаи адлу адолат дар ҷомеа мебошад.

Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки муҳимтарин масъала ва баҳсҳои ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иртибот доранд, бояд аз ҷониби суд ҳал карда шаванд.

Аз ин рў, яке аз мавзўҳои марказии Паёмҳои Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷ­лиси Олиро масъалаи сол аз сол тақвият бахшидани фаъ­олияти ҳокимияти судӣ ва дар ин замина қабул ва амалӣ намудани Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.

Аз ин рў, ба хотири таҳким бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуда, амалӣ гардида истодаанд.

Дар ин ҷо мехоҳам як нуқтаро махсус қайд намоям, ки маҳз ба хотири таъмини воқеъии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳр­ван­дон дар доираи Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ кодексу қонунҳои соҳавӣ дар таҳрири нав қабул карда шуданд ва баррасии масъалаҳои вобаста ба маҳдудкунии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ аз қабили: ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани гунаҳгорон, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, гўш кардану сабт кардани гуфтугуӣ телефонӣ ба салоҳияти суд гузаронида шудааст, ки ин тартиб мутобиқ ба талаботи санадҳои байналмилалӣ мебошад.

Умуман, таҳлили вазъи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистонро эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Чунин таҷриба бори дигар нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевору асосҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, роҳи бебозгашти чунин шакли давлатдориро интихоб намудааст.

Зеро дар ин навъи давлатдорӣ олитарин арзиш инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў буда, механизмҳои зиёд ва мукаммали ҳифзи ҳу­қуқу озо­диҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумоёнро ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Ташаккур, ба диққататон!

Раҳимзода Рамазон Ҳамро,

Вазири корҳои дохилиии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ,

Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия

ТАЪМИНИ КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ШАҲРВАНДОН
ҲАНГОМИ АМАЛЇ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ
ОПЕРАТИВЇ-ҶУСТУҶЎЇ

Муҳтарам иштирокчиёни конференсия!

Арзишнокӣ ва аҳамиятнокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ки асосан фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро амалӣ мегардонанд, беандоза аст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи иҷрои вазифаҳои ба души худ доштаашон ҷиҳати таъмин намудани истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, орому осоиштагии тамоми сокинони кишвар бо як қуввату тавоноӣ ва руҳияю илҳоми баланд кору фаъолият намуда истодаанд.

Қайд кардан муҳим аст, ки аз он сабабе, ки бисёр ҷиноятҳо ноаён ва пардапўшона содир мешаванд, бинобар ин, пешгирӣ ва кушодани онҳо низ тарз ва усулҳои ғайриошкороро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, қонунгузор фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро ташаккул (бунёд) додааст.

Вобаста ба ин, савол ба миён меояд: магар зарурият ба фаъ­олияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ вуҷуд дорад?

Албатта. Чунки на ҳамеша миқдори бисёри ҷиноятҳои муосир бо роҳи гузаронидани ҳаракатҳои (амалҳои) расмии тафтишотӣ, ки хусусияти ошкорои мурофиавӣ доранд, кушода мешаванд.

Яъне, вазъияти муосир боисрор аз он шаҳодат медиҳад, ки ошкор намудани бисёр ҷиноятҳо бо роҳи тафтиши пешакӣ бениҳоят душвор аст. Ба таври дигар гўем, бо роҳи мурофиавӣ (яъне, ошкоро) кушодани ҷиноятҳои ноаён ва пардапўшона баъзан амри маҳол буда, дар бисёр ҳолатҳо умуман ғайриимкон мебошад.

Аз ин сабаб, нақши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷусту­ҷўӣ» бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ амалӣ гардонида мешавад.

Чӣ тавре мебинем, бесабаб нест, ки дар байни объектҳои ҳифз­шаванда қонунгузор дар мадди аввал манфиатҳои инсон ва шаҳр­вандонро гузоштааст.

Воқеан дар ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ инсон ва ҳу­қуқу озодиҳои он арзиши олӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар моддаи 5 Конститутсияи Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст.

Муқаррароти мазкури конститутсионӣ мушаххасан дар Қонуни «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» дар моддаи 5 (Кафолати риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ) ифодаи худро ёфтааст.

Дар натиҷаи гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ, мо ба чунин хулоса омадем: шаҳрвандоне, ки ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бояд таъмин карда шавад, ба якчанд категория тақсим мешаванд.

1. Шаҳрвандоне, ки бо сабаби ба роҳи ҷиноятӣ қадам монданашон, ба доираи диққати мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ афтодаанд (яъне, гумонбаршудагон ва айборшавандагон);

2. Шаҳрвандоне, ки дар роҳи ҷиноятӣ қарор надоранд, ва­лекин дорои маълумоти боэътимод дар бораи тайёр ё содир намудани ҷиноят мебошанд;

3. Шаҳрвандоне, ки бо мақсади ҳал намудани вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба муҳити ҷиноятӣ ворид карда шудаанд;

4. Шаҳрвандоне, ки ба таври махфиёна ба мақомоти опе­ративӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат менамоянд (ё мусоидат намудаанд);

5. Шаҳрвандоне, ки нисбаташон вобаста ба ҳамкорӣ намудан бо мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти онҳо ҷой дорад.

Дар ҳама ҳолатҳои номбаршуда, агар шахс чунин шуморад, ки ҳаракати мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ боиси вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои ў гардидааст, ҳуқуқ дорад нисбати ин ҳаракатҳо ба мақомоти болоии оперативӣ-ҷустуҷўӣ ё ба прокурор ва ё ба суд (ё судя) шикоят кунад.

Чӣ тавре, ки маълум аст, ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки асосан ғайриошкоро амалӣ карда мешавад ва хусусияти махфию пинҳонӣ дорад, он хоҳу нохоҳ ба маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон оварда мерасонад.

Бинобар ин, қонунгузор ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд як қатор талаботҳои ҳуқуқиро муқаррар кардааст, ки онҳо инҳоянд:

1. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бояд танҳо баҳри ҳалли ва­зифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ равона шуда бошанд (масалан, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба манфиати дилхоҳ ҳизбҳои сиёсӣ, созмони ҷамъиятӣ ё динӣ иҷозат дода намешавад (м.5 Қонуни ФОҶ);

2. дар рафти амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷусту­ҷўӣ истифода бурдани танҳо он воси­таҳои техникӣ ё дигар воси­таҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар намерасонанд, иҷозат дода мешавад (м.6 Қонуни ФОҶ);

3. натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бояд ҳуҷ­ҷатнок карда шаванд, яъне, номгўи чорабиниҳо ва ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, асосҳои гузаронидани онҳо, ҷараёни амалигардонии онҳо, тартиби пешбурди онҳо дар ҳуҷҷатҳои дахлдор инъикос бояд карда шаванд (м.10 Қонуни ФОҶ).

Дар моддаи 8 Қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷусту­ҷўӣ» муқаррар карда шудааст, ки гузаронидани чораби­ниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро маҳдуд мекунанд, фақат тибқи қарори асосноки мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва бо дархости прокурори ваколатдор ва иҷозати судяи ба он ваколатдодашуда роҳ дода мешавад.

Дар навбати худ, ҳуҷҷатноккунии натиҷаҳои чорабиниҳои опе­ра­тивӣ-ҷустуҷўӣ имкон медиҳад, ки қонунӣ ва асоснок будани онҳо таҳти назорат ва назоратбарӣ қарор дода шаванд.

Бояд қайд кард, ки таъмини қонуният ҳангоми амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷиҳати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути се намуд фишангҳои ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад:

1. назоратбарии идоравӣ;

2. назорати прокурорӣ;

3. назоратбарии судӣ.

Агар дар рафти амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон вайрон карда шаванд, мақомоти болоии оперативӣ-ҷустуҷўӣ, прокурор ё суд (судя) вазифадоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии вайроншударо барқарор намуда, ҷуброн намудани зарари моддӣ ва маънавиро таъмин намоянд (қ.қ.3 ва 8 м.5 Қонуни ФОҶ).

Яке аз проблемаҳои шадид дар таҷ­рибаи ҳуқуқтатбиқкунии дастгоҳҳои оперативӣ – ин тартиби пешниҳод ва истифодабарии на­тиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ ба шу­мор меравад, ки бевосита ба масъалаи кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муносибат дорад.

Чӣ тавре маълум аст, натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷус­туҷўӣ метавонанд барои самтҳои зерин васеъ истифода бурда шаванд:

барои тайёр ва амалӣ гардонидани ҳаракатҳои тафти­шотӣ ва судӣ;

барои тайёр ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ;

ба сифати сабаб ва асос барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ;

ба сифати далел дар парвандаҳои ҷиноятӣ истифода карда шаванд, яъне барои исбот намудан аз рўи пар­вандаҳои ҷиноятӣ ба ма­қомоти таҳқиқ, тафтишот ва ё судӣ пешниҳод гарданд.

Ҳангоми пешниҳод намудан ва истифодабарии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷўӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ ҳатман бояд ба назар гирифт, ки бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, қонунгузор маводи зеринро, ки ба шахсияти инсон дахл дорад, ба сирри давлатӣ мансуб донистааст:

1. маълумот дар бораи шахсоне, ки ба муҳити ҷиноятӣ во­рид карда шудаанд;

2. маълумот дар бораи кормандони штатии ғайри­ошкоро;

3. маълумот дар бораи шахсоне, ки ба таври махфиёна ба мақомоти оперативӣ–ҷустуҷўӣ мусоидат менамоянд (ё мусоидат намудаанд),

Ба хотири таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони номбаршуда, бояд қайд намуд, ки дар ҳолатҳои зерин натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷўие ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор, судя ё суд пешниҳод карда намешавад:

1. агар таъмин намудани амнияти субъектҳои (иштирокчиёни) фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷўӣ, ки дар боло номбар намудем, ғайриимкон бошад;

2. агар истифодабарии онҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ эҳти­молияти амалан фошгардии (ифшои) маълумотҳо дар бораи онҳо оварда расонад.

Ҳатто бо талаби прокурори ваколатдор ё судяи ба он ваколатдодашуда маълумот дар бораи шахсони ба муҳити ҷиноятӣ воридкардашуда, маълумот дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти оперативӣ–ҷустуҷў ва маълумот дар бораи шахсоне, ки ба таври махфиёна ба онҳо мусоидат менамоянд, пешниҳод карда намешаванд.

Дигар масъалае, ки барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим мебошад, ин масъалаи мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ.

Ҳангоми ҷалби шаҳрвандон барои мусоидат ба мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ байни мақомот ва шаҳрванд якчанд муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ўҳдадориҳои дуҷониба ба миён меоянд (аз ҷумла, масалаҳои маблағгузорӣ, ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шахсони мусоидаткунанда ва аҳли оилаи онҳо, таъмини нафақа ва ғайра). Бинобар ин, шахсоне, ки ба мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат менамоянд, мувофиқи Қонун ва дигар қонунҳои ин самтро ба танзимдароваранда таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

Аммо, мутаассифона, таҳлили вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки бо мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба таври махфиёна мусоидат менамоянд, ва хусусан ба ҳайати дастгоҳи ғайриошкоро дохил карда шудаанд, нишон медиҳад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар самти мазкур ба таври дахлдор таҳти ҳимояи дахлдор қарор гирифта нашудааст.

Аз ин ҷост, ки баҳри пурзўр кардани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чунин пешниҳод дорем:

Дар воқеъ самти мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ чун як самти фаъолияти касбӣ, кори тахас­сусӣ, чун ҳунар, чун пеша, мисли ихтисос ва шуғл эътироф шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, вақти он расидааст, ки ин самти фаъолият чун самти алоҳида ва мустақили шуғли аҳолӣ арзёбӣ гардида, ҳамаи кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоие, ки барои тамоми кормандони соҳаҳои ҳаёти давлатӣ пешбинӣ шудаанд, паҳн карда шавад.

Чӣ қадаре, ки шахси мусоидаткунанда чунин ҳимояро дар худ ҳис намояд, ҳамон қадар ў кўшиш менамояд, ки саҳми худро дар мубориза бо ҷинояткорӣ зиёдтар гузорад.

Чунки фақат ба шарофати меҳнати пинҳонкоронаи кормандони ғайриошкоро имконияти гирифтани иттилооти аҳамияти оперативидошта барои ошкор намудани ҷиноят ва шахси дар ҷустуҷў қарордошта пайдо мешавад. Албатта барои амалишавии ин андешаҳо зарурияти ба қонунгузории меҳнатӣ ворид намудани тағйиротҳои дахлдор лозим мебошад.

Дигар масъалае, ки мо онро ниҳоят муҳим мешуморем, ин зарурияти таҳия намудани санади судӣ, ки маънидодкунии меъёрҳои ҳуқуқиро ба роҳ мемонад.

Сухан дар бораи он меравад, ки айни замон бо мақсади так­мил додани фаъолияти ма­қомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, ки дар он фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамояд, зарурияти қабул намудани қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлили амалияи судӣ оид ба баҳо додан ва истифода бурдани натиҷаҳои фаъо­лияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ба миён омадааст.

Фикр дорам, ки чораҳои пешниҳодшуда барои боз ҳам пурқувват кардани кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон нақши муҳимро хоҳад бозид.

Ташаккур ба диққататон.

Ватанзода Маҳмадалӣ,

Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ
ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА АДОЛАТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ

Ҳозирини муҳтарам,

Хонумон ва Ҷанобон!

Қабл аз ҳама собиқадорони Суди конститутсионӣ, Раис, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистонро бо ҷашни 20-солагии Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатию бурдборӣ ва ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори бо­муваффақиятро таманно менамоям.

Ташкили Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолият аст, маҳз бо қабули Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ дорад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳу­қуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳимояи онҳоро вазифаи муқаддаси давлат эътироф намуда, ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор иҷроия ва судӣ таҷзия намуд. Боби алоҳида ба мақомоти судӣ ва моддаи алоҳида ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 3 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» қабул гар­дид ва фаъолияти ниҳоде ба танзим дароварда шуд, ки минбаъд ба­рои рушди ҷомеа тавонист хизматҳои сазовор намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъ­мини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Падидаи назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ҳанўз соли 1990 пайдо гардида буд. Бо Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин як ниҳоди нав дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод. Вале вақт нишон дод, ки ин ниҳод ҳамаи талаботҳоро қонеъ намегардонад. Аз ин рў, таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қадами ҷиддӣ дар роҳи мустаҳкам намудани қонунияти конститутсионӣ ва ҷорӣ намудани назорати конститутсионӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба салоҳияте, ки мувофиқи Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ ба ин мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ дода шудааст, Суди конститутсионӣ мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон. Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд. Ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо, инчунин яке аз салоҳияти дигари Суди конститутсионӣ маҳсуб меёбад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ташкил ва ба фаъолият оғоз намудни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузошт. Дар рафти татбиқи амалӣ ҷиҳати такмили он дар тўли солҳои 1997, 1998, 2000, 2001, 2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011 ва 2013 ба он 13 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ин тағйиру иловаҳо салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил ва доираи субъектони муроҷиат ба Суди конститутсиониро васеъ гардонид. Аз ҷумла ба доираи салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба он воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, вогузор карда шуд.

Ҳамзамон тибқи ин тағйиру иловаҳо шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки оид ба вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои конститут­сиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии нисбаташон татбиқшуда ё татбиқшаванда, инчунин барои муайян кардани мувофиқати қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи судҳо ва дигар мақомот нисбаташон татбиқ шудааст, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Дар баробари ин ба судҳо ва судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ дода шуд, ки дар хусуси ба Конститутсия мувофиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикитсон пазируфта шуд.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» воридкардашуда, аз мавқеи намоёни Суди конс­титутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, садоқат ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, инчунин рушду нумўи институтҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Вале рушди ҷомеа тақозо менамуд, ки Қонуни конститутсионии мазкур боз ҳам такмил дода шавад. Ин буд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, таҳти № 768 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», тасдиқ карда шуд, ки дар он қабули Қонуни нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» пешбинӣ гардид. Ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур, лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар вақти баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур дар Парламент иштироки васеи судяҳои Суди консти­тутсионӣ, Комиссияи венетсиягии Шўрои Аврупо ва аҳли ҷомеа таъмин карда шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 4 июни соли 2014 Қонуни конститутсионии мазкурро қабул намуд, ки он 26 июли соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар он тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин­тихоб, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиаи судии конститутсионӣ, инчунин дигар муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда шудаанд.

Хурсандиовар аст, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд.

Аз қабули Қонуни конститутсионии мазкур гарчанде ҳамагӣ зиёда аз як сол гузашта бошад ҳам, алакай ба он 2 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 25 феврали соли 2015, таҳти № 1787 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки ба моддаҳои 6, 8, 11, 14, 15, 20, 34 ва 57 Қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуд. Мутобиқи қисми 2 моддаи 8 Қонуни мазкур ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта, синнаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, интихоб мешавад. Ҳамчунин ба моддаи 14 сархати ҳаштум илова карда шуд, ки минбаъд барои истиқомати доимӣ баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегардад.

Дар иҷлосияи навбатии худ рўзи 29 апрели соли 2015, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади ба ҳисоб гирифтани собиқаи кории судяҳои дигар судҳо ҳангоми интихоб гардидан ба ҳайси судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 20 соли фаъолияти худ мавқеи намоёнро дар миёни дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ касб намуда, бо қабул кардани санадҳои судии худ дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, қонуният ва тартиботи конститутсионӣ нақши муҳим бозид.

Ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон доимӣ ва пайваста ба роҳ монда шудааст. Ба таври доимӣ намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикис­тон интихоб карда мешавад, ки натанҳо мавқеи мақо­моти қонунгузорро дар мурофиаи Суди конститутсионӣ муайян мекунад, балки ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои Суди конс­титутсионӣ мусоидат мекунад.

Пешниҳодҳое, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии То­ҷикистон аз ҷониби Суди конститутсионӣ ирсол мегарданд, бо ташаббуси вакилони Маҷлиси намояндагон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Аз ҷумла ҷиҳати иҷрои қарори Суди конститутсионӣ оид ба парванда бо дархости Саидова Н. А. дар бораи муайян наму­дани муто­биқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофи­авии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикитстон ба Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин номутобиқатӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд. Мутобиқи ин тағйирот аз қисми 2 моддаи 363 калимаҳои «интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ» хориҷ карда шуданд.

Ба ман муяссар гардид, ки як давраи муайян намояндагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намоям ва аз кори ин ниҳоди муҳими ҷомеа, хуб ошно ҳастам. Ҳар як мурофиаи Суди конститутсионӣ новобаста аз қарори қабулгардида барои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти хосса дорад.

Дар ин замина бо итминони комил гуфта метавонем, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси мустақили ҳокимиятӣ судӣ баҳри ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоёнро ба сомон расонида истодааст.

Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.

Муродзода Д.Ҳ.,

Раиси Шўрои адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАВҚЕИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР
НИЗОМИ ҲОКИМИЯТИ СУДЇ

Ҳозирини гиромӣ,

Меҳмонони муҳтарам,

Қабл аз ҳама мехостам ҳамаи ҳозирин, хусусан судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсиониро ба муносибати таҷлили ин ҷашнвораи муборак, яъне 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба онҳо умри дарози пурбаракат, хушбахтиҳои оилавӣ ва дар фаъолияти бошарафу пурмасъулияташон комёбиҳои беназирро таманно намоям.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам­чун маҳсули Истиқлолияти давлатӣ, инсон, ҳуқуқ ва озоди­ҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, ҳоки­мияти судиро ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ-таъ­минкунандаи ин ҳуқуқҳо ва волоияти қонун муқаррар намуд.

Боиси тазаккур аст, ки нақши Суди конститутсионӣ дар таъмин намудани волоият ва амали бевоситаи Конститутсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург мебошад. Суди конс­титутсионӣ дар навбати худ қарори қатъӣ ва ниҳоиро дар бораи номувофиқатии қонунҳо, дигар санадҳои ҳуқуқӣ, қарор­ҳои шахсони мансабдор ва ғайраҳо бо Конститутсия қа­бул менамояд.

Имрўз аз он сарфарозем, ки маҳз ба туфайли ин падидаи даврони соҳибистиқлол ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ҳокимияти судӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме дар арсаи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, шинохти ҷавҳари таърихи Ватан, пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ноил гашта, зина ба зина бо низом ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми судии Тоҷикистон муайян карда шуда, дар он низом дар мақоми аввал Суди конститутсионӣ эътироф шуд. Ин худ нишони таваҷҷуҳи махсус ба ин мақом аст, зеро мувозинатро дар низоми ҳокимияти давлатӣ ба таври воқеӣ маҳз ҳамин мақом таъмин карда метавонад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади риоя ва ҳифзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Таъсиси Суди конститутсионӣ ва фаъолияти бо қонун муқарраргар­дидаи он, ки дастовардҳои истиқлолият, рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мебошад, болоравии нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мус­таҳкаму устувор гардонид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ ба масъалаи таҳким бахшидан ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ аҳамияти пайваста ва хоса дода мешавад.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў пайванди ногусастанӣ дорад».

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардидааст. Татбиқи Барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтор ва фаъолияти ҳокимияти судӣ, такмил ва таҳкими он, пурсамар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардидани фаъолияти он, таҳкими ҳамкориҳои ҳокимияти судӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва ғайраҳо мусоидат хоҳад намуд.

Судяҳо ва судҳои ҷумҳурӣ дар навбати худ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ ва таъмини волоияти қонун вазифаи конститутсионии хешро сарбаландона иҷро менамоянд.

Бори дигар 20-солагии таъсиси фаъолияти Суди конститутсиониро ба ҳамагон табрик намуда, ба ҳамаи Шумо осмони соф, сарбаландиву бахту саодат тансиҳативу хонаободӣ хоҳонам.

Ташакур.

ХУЛОСА ВА ТАВСИЯҲОИ АСОСИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ ДАР МАВЗЎИ «АДОЛАТИ СУДИИ КОНСТИТУТСИОНЇ – КАФОЛАТИ
ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ САРҚОНУН»
17-18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015 Ш. ДУШАНБЕ

Хулоса ва тавсияҳои асосии Конфронси байналмилалӣ чунинанд:

1. Ҳуқуқшиносии глобалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин буҳронҳои сершумори конститутсионӣ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон муттаҳидии минбаъдаи фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар тамоми олам дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон, манфиатҳои ҷомеа ва давлатҳои миллӣ, коркарди мавқеи ягонаро оид ба масоили волоияти сарқонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тақозо дорад.

Аз ин рў, мулоқоти намояндагони мақомоти назорати конститут­сионӣ дар конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари минтақавию байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба байни онҳо ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами фаъолияти судҳо, рушди минбаъдаи адолати судии конститутсионӣ ва истеҳсолоти судӣ аҳамияти хосаро касб менамояд.

Бо назардошти васеъ гардидани робита миёни мақомоти назорати консти­тутсионӣ ва такмили ҳамаҷонибаи анъанаҳои истеҳсолоти судии конститутсионӣ, ногузир заминаи зарурӣ барои таҳаввулот ба миён меояд. Ин ба таври объективӣ барои ба миён гузоштан ва муҳокимаи масоил оид ба ояндаи ҳуқуқшиносии глобалӣ дар самти ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳад намуд.

2. Волоият – яке аз хусусиятҳои муҳимтарини ҳуқуқии сарқонун мебошад. Он меҳварест, ки дар заминааш устувории тамоми низоми ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Бе ин хусусияти сарқонун наметавон ташаккули конститутсионализм ҳамчун зуҳуроти ҳуқуқӣ таъмин карда шавад. Аз ин рў, дар ҳама давлатҳо Сарқонун ҳамчун қувваи олии ҳуқуқӣ ва амали бевосита дошта арзёбӣ гардида, дар саросари давлат татбиқ мегардад.

3. Принсипи волоияти Конститутсия на танҳо мақоми онро дар низоми ҳуқуқии мамлакат, балки афзалияти конститутсиониро дар ҷомеа ва давлат, ки ба эҳтиром, эътироф ва риояи муқаррароти Сарқонун аз ҷониби тамоми иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоӣ равона гардидааст, имконпазир мегардонад. Фаъолияти судҳои конститутсионӣ ҳамчунин ба таъмини кафолати волоияти Сарқонун мусоидат менамояд.

4. Баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисон ва судяҳои мақомоти назорати конститутсионӣ, сиёсатмадорон, олимон ва мута­хассисони соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат нишон дод, ки адолати судии конститутсионӣ дар кори тақвият ва рушди арзишҳои асосӣ, ки дар Сарқонун инъикоси худро ёфта, асоси фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро ташкил медиҳанд, омили асосӣ ба шумор меравад.

5. Судҳои конститутсионӣ кафили боэътимоди раванди бебозгашти муқаррар намудани демократияи конститутсионӣ дар ҷаҳон мегарданд, қарорҳои он қувваи меъёрӣ касб карда, хусусият ва тамоюли рушди демократии мамлакатҳоро муайян намуда, сарчашмаи бебаҳс ва муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ мебошанд.

6. Кафили боэътимоди татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд арзёбӣ гардида, вазифаҳои асосии судҳои конститутсионӣ, инчунин аз муайян намудани самтҳои конститутсионӣ барои мақомоти қонунгузор ва фароҳам овардани шароит барои рушди пайгиронаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳамоҳангсозии манфиатҳои шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат иборат мебошад.

7. Амалияи фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ аз боло рафтани нақш ва таъсири судҳои конститутсионӣ, ки аз демокра­тикунонии минбаъдаи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа вобастагӣ дорад, шаҳодат медиҳад.

Қарорҳои судҳои конститутсионӣ самтҳои рушди консти­тутсионӣ – ҳуқуқиро муайян намуда, дар ташкили принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд нақши махсусан муҳимро иҷро менамоянд. Онҳо ба рушди низоми ҳуқуқии кишвар, бартараф намудани камбудиҳо ва ихтилофи қонунгузорӣ, ташаккули устувори қонунгузории миллӣ ва тартиботи конститутсионӣ таъсир мерасонанд.

8. Хусусияти мунтазами назорати конститутсионӣ, ҳамкории он бо дигар институтҳои конститутсионӣ ҷиҳати таъмини волоияти Конститутсия, иҷрои қарорҳои судҳои конститутсионӣ, инчунин таъмин намудани самаранокии фаъолияти он ба тақвият, ки бе он таъмини ягонагӣ ва самаранокии назорати конститутсионӣ ғайриимкон аст, ниёз дорад. Дар ин раванд, ҷойи махсусро фарҳанги конститутсионӣ, сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва паст кардани зуҳуроти нигилизми ҳуқуқӣ ишғол менамояд.

9. Факти ҳуқуқӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ гаштани адолати судии конс­титутсионӣ, идомаи раванди таҳкими функсионалӣ ва институтсиона­лии механизмҳои назорати конститутсионии судӣ, инчунин мус­таҳкам намудани тавозуни байни вазифаҳои конститутсионӣ ва ваколатҳои мушаххаси ин судҳо аз дарк кардани нақш, функсия ва вазифаҳои мақомоти назорати конститутсионӣ дар рушди демократия, давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Ин равандҳо бояд тасдиқи худро дар конститутсияҳои мамлакатҳо ва қо­нун­гузории миллӣ оид ба судҳои конститутсионӣ дарёбанд.

10. Ваколатҳои суди конститутсионӣ дар маҷмўъ ба таъмини волоият ва амали мустақими Конститутсия дар тамоми қаламрави мам­лакат, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд. Сарфи назар аз боло рафтани нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар давлати ҳуқуқбунёд, инчунин дар таъмини қонунияти конститутсионӣ дар кишвар ҳанўз ҳам масъалаҳои вобаста ба таъмини пурраи мустақилияти мақомоти назорати конститутсионӣ вуҷуд доранд.

Бо ин назардошт, мустақилияти мақомоти назорати консти­тут­сионӣ ба таҳкими доимӣ ва кафолатҳои устувор ниёз дорад. Дар ин ҷо низоми арзишҳо ва сатҳи демократикунонии ҷомеа, тавозуни функсионалии шохаҳои алоҳидаи ҳокимият, хусусияти муҳити иҷтимоӣ ва талаботи ҷомеа дар таъмини ҳуқуқии волоияти ҳуқуқ, мавҷудият ва камолоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.

11. Моҳияти назорати конститутсионӣ, дар он ифода меёбад, ки он вазифаи муҳими давлатро иҷро мекунад ва амалӣ гаштани меъёрҳои конститутсиониро кафолат медиҳад.

Назорати қатъӣ ва мустақили конститутсионӣ – ин гарави риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва таҳкими боварии мардум ба давлат, кафили сулҳу ризоияти шаҳрвандӣ, пайдоиш ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини волоияти қонун ва волоияти ҳуқуқ, тантанаи адолат ва рушди давлат арзёбӣ мегардад.

Yandex.Metrica