Шарифзода Асрор 11 июли соли 2019 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Асрор Шарифзода 1 январи соли1967 дар деҳаи Варзоби ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1992 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1984 дар вазифаҳои гуногуни оғоз шуда, аз соли 1994 ба кор ба мақомоти судӣ гузаштааст ва дар вазифаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти судӣ кор намудааст, аз ҷумла:
солҳои 1994 – 1996 котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Варзоб;
солҳои 1996 – 2008 раиси суди ноҳияи Варзоб;
аз соли 2008 то 11 июли соли 2019 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Судяи дараҷаи олии тахассус, оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.