Шарифзода Асрор Нор


            Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Шарифзода Асрор 11 июли соли 2019 бо пешниҳоди Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­­ҳу­рии Тоҷикистон ба вазифаи Судяи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
 Асрор Шарифзода 1 январи соли1967 дар деҳаи Варзоби ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ бу­да, соли 1992 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.
 Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1984 дар вазифаҳои гуногуни оғоз шуда, аз соли 1994 ба кор ба мақомоти су­дӣ гузаштааст ва дар вазифаҳои гу­­но­гуни мақомоти ҳокимияти судӣ кор намуда­аст, аз ҷумла:
 солҳои 1994 – 1996 котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Варзоб;
 солҳои 1996 – 2008 раиси суди ноҳияи Варзоб;
 аз соли 2008 то 11 июли соли 2019 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 Судяи дараҷаи олии тахассус, оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад. 
Yandex.Metrica