Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа 17 декабри соли 2021 бо пешниҳоди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа 29 октябри соли 1979 дар ноҳияи Комсомолобод ҳоло Нуробод дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Соли 1997 мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами №1-и ҳамин ноҳияро бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хатм намудааст.
Соли 2002 Колеҷи муҳандисию омўзгории Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бо дипломи аъло ва соли 2007 факултаи ҳуқуқи ДДМТ-ро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 ба ҳайси ёрдамчии ленатипчии Иттиҳодияи таъбу нашри ноҳияи Нуробод оғоз намуда, аз соли 2002 то соли 2006 дар вазифаи ҷонишини директори Омӯзишгоҳи Омӯзгории ноҳияи Нуробод ҳамзамон муаллими фанҳои таърих ва ҳуқуқ; аз соли 2006 то соли 2009 дар вазифаи котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Нуробод; аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи Иҷрочии калони суд дар суди ноҳияи Нуробод; аз моҳи июн соли 2013 то июни соли 2014 ҳамчун коромӯз-судя дар назди Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз феврали соли 2015 то декабри соли 2021 дар мансаби судяи суди ноҳияи Тоҷикобод кору фаъолият кардааст.
Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳо дар мавзуъҳои ҳуқуқ ва сиёсати давлатӣ мебошад.
Оиладор соҳиби 5 фарзанд мебошад