Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он ҳамоиш доир ба омӯзиши нуктаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21 декабри соли 2021 баргузор гардид.
Маҷлисро муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К. ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки рӯзи 21 декабри соли 2021 паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки њамасола онро зиёиёну хизматчиёни давлатї, табаќањо ва намояндагони касбу кори гуногуни љомеаи Тољикистон бесаброна интизорї мекашанд, доир гардид.
Чунин таваљљўњ ба паёми роњбари давлат бесабаб нест. Он аз як тараф, агар аз ањамияти хоса касб намудани паём њамчун њуљљати муњими барномавї, сиёсию њуќуќї, иќтисодию ичтимої ва фарњангї шањодат дињад, аз љониби дигар он ифодакунандаи нуќтаи назари роњбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди самтњои стратегии давлат дар ояндаи наздику дур арзёбї мегардад.
Паём бо диди масъалањо, тањлил ва тартиби гузориш, тањлилу пешгўињои рушди иќтисодию иљтимоии мамлакат, барнома ё дурнамои мукаммали фаъолияти давлатро дар давраи кутоњмуддат ва оянда мемонад ва он бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, азму талош барои муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва таъкиди афзалиятҳо пешниҳод мегардад.
Њамчунин, паём дар соли ҷашнгирии чорабинии муњими сиёсию давлатї – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки он новобаста аз нобасомониҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи ташаккули давлати миллӣ, халқ ва миллати тоҷик, фарҳанги давлатдорӣ, фарҳанги сиёсӣ, ташакули сифатан нави андешаи миллӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ нақши мондагори худро боқӣ гузошт.
Аз ин рӯ, табиист, ки паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бори нахуст дар он ифшо мегардад, аз маркази диќќати ањолии мамлакат дур буда наметавонад.
Масъалаи муҳиме, ки пайваста дар маърӯзаҳо ва паёмҳои Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон садо медиҳанд ва роҳбари давлат нисбати он бо як эҳтироми хоса ва беандоза ҳарф мезанад ва нақши онро пайваста дар таърихи навини давлатдориамон ва бунёди давлати миллӣ ва дастовардҳои халқу миллатамон таъкид менамояд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин бори дигар аз садоқати Пешвои миллат ба ин санади тақдирсози давлат ва миллат гувоҳӣ дода, эҳтиром ва арҷгузории роҳбари давлат ба Конститутсия барои роҳбарону шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва ҳар фарди мамлакат намунаи ибрат ба шумор меравад.
Зикр карда шуд, ки Пешвои миллат дар паёми худ перомуни файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст. Дар ин давра мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ бартараф гардида, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққӣ бунёд гардид.
Ҷамшедзода Ҷ.Н. судяи Суди конститутсионӣ паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки Пешвои миллат дар паём нақши бонувону занонро дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург арзёбӣ намуда, хотирнишон сохтанд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳатто дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар софдилонаву содиқона ва мардонавор хизмат кардани занону бонувони матиниродаи тоҷикро махсус зикр намуданд.
Мазмуну муњтавои паёми Пешвои миллат ба парлумони кишвар, ки бањри амалисозии њадафњои созандаи давлату Њукумат, њифзи суботу оромї, вањдати миллї, тањкими арзишњои демократї, рушди муназзами соњањои сиёсию њуќуќї, иќтисодиву иљтимоии љомеа, иљрои барномаву стратегияњои мухталиф, амалишавии бомароми њадафњои конститутсионии давлати иљтимої, инчунин тањкими муносибатњои байналмилалии кишвар, фањмонда шуд.
Дар хусуси рушди муназзами соњаи иќтисодии мамлакат ва афзудани маљмўи мањсулоти дохилї ибрози андеша карда шуда, ќайд гардид, ки рушди соњаи иќтисодии мамлакат зери таваљљуњи доимии Роњбарияти олии сиёсии кишвар ќарор доранд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.
Баъдан, судя Қувватзода Ф.Ҷ. доир ба паҳлуҳои рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ сухан карда, корҳои дар ин самт дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ба анҷомрасида, ки аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд, таъкид намуд.
Қайд карда шуд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.
Дар 30 соли Иистиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз бахшҳои муҳим мебошад. Дар ин давра 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ назаррас арёбӣ гардида, онҳо ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар бар мегиранд ва барои некӯаҳволии халқи Тоҷикистон шароити заруриро фароҳам оварда истодаанд.