ТАДБИРҲОИ БЕСОБИҚАВУ БОИСИ ТАҲСИН ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

 
 
 Даврон Ҳошимзода
 Судяи Суди конститутсионии 
 Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
 номзади илмҳои ҳуқуқ 

Ҷомеаи ҷаҳонро имрӯз дар радифи хавфи содиршавии ҷиноятҳои терро­рис­тиву ифротгароӣ, хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва оқибатҳои мудҳишу вазнини он нигарон намуда, тансиҳатии минбаъдаи сокинони сайёра ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои олам, аз қабили иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату ҳуқуқ ва фарҳангу маориф аз тадбирҳои фаврии роҳандозӣ гардида дар самти табобат ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин вабои қарни XXI вобастагии амиқ дорад.   

Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ки мақо­мои ваколатдори сатҳи байнал­милалӣ дар соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад, бо дарки воқеии хатари бесобиқаи глобалӣ доштани бемории сироятии COVID-19 ба инсоният, онро моҳи марти соли ҷорӣ пандемияи ҷаҳонӣ эълон дошт ва давлатҳоро ҳушдор намуд, ки бобати мубориза бо ин беморӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ созанд.

Таҳлилҳои ин созмони байналмилалии тандурустӣ аз замони хуруҷи ин беморӣ то ба имрӯз, ки қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта­аст, нишон медиҳад, ки то ба ҳол ба ягон низоми пешрафтаи тандуру­стии давлатҳои ҷаҳон муяссар нашудааст, ки доруеро (ваксина) ихтироъ ва пешниҳод намояд, ки гирифторони ин бемориро пурра табобат намуда,  садди роҳи паҳншавии минбаъдаи он гардад.  

Дар давлатҳои алоҳида, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бархе кишварҳои Аврупо, аллакай давраи озмоишии навҳои мухталифи вакси­наи бемории сироятии  COVID-19 оғоз гардида, бомаром идома дорад ва тибқи пеш­гӯиҳои мутахассисону коршиносон дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани озмоишҳо, эҳтимол аст, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ исти­фодаи клинникии доруворӣ ва истеҳсоли маҷмӯии он ба роҳ монда шавад.     

 Имрӯз вазъи геосиёсии ҷаҳон нишон нишон медиҳад, ки ҳатто тамоми масъалаҳои сиёсии байналмилаливу минтақавӣ аҳамияти дуюмдараҷа касб намуда, кӯшишу талошҳои давлатҳо ва сиёсати дохиливу хориҷии онҳо танҳо ба як ҳадаф, яъне ҳарчи зудтар бо ҷалби тамоми манбаҳои иқтисодию молиявӣ дарёфти роҳҳои самараноки табобат ва мубориза бо паҳншавии ин беморӣ равона гардиданд. 

Ҳоло низ дар ҷаҳон паҳншавии ин беморӣ бо шиддат идома дошта, беш аз 188 кишвар ва зиёда аз 10 миллион 500 ҳазор нафарро дар ҷаҳон сироят намудааст ва ин ҳолат аҳолии сайёраро ба таш­виш оварда ба ҳолати ҷисмонию руҳии инсонҳо таъсири манфӣ расо­нида истодааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯшиши дар алоҳидагӣ мубориза бурдани давлатҳо бо ин беморӣ чандон натиҷаи дилхоҳ наовард ва аз ин рӯ, хулоса кардан мумкин аст, ки танҳо дар заминаи ҳамкорию ҳамоҳангӣ роҳандозӣ гардидани муборизаи муштараки давлатҳо бо ин вабо, мумкин аст, ки дар ин самт натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад. 

Ҷомеаи Тоҷикистон, ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳо аз сироятии ин беморӣ эмин намонд ва ин беморӣ ба зиндагии муътадили сокинон ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии  кишвар таъсири манфии худро расонд.

Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти ҷиддӣ оид ба хатари ҷойдошта, аз рӯзҳои нахустини пайдоиши нишонаҳои бемории сироятии  COVID-19 дар кишвар, бобати пешгирии интиқолу паҳншавии он ва паст кардани таъсири пайомадҳои ин бемории сироятӣ ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, тадбирҳои заруриро роҳан­дозӣ намуд ва тамоми воситаҳои мавҷудаи иқтисодию молиявиро дар ин самт сафарбар кард.

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини пайдоиши нишонаҳои ин беморӣ, дар паҳлуи мардуми кишвар истода, вазъиятро таҳти назорати шахсӣ қарор доданд ва бо таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятӣ ва ситодҳои алоҳида дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳия то сатҳи ҷамоат­ҳои шаҳраку деҳот, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муваззаф гардониданд, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, табобати гирифторони ин бемориро ройгон таъмин намоянд ва ҳамаҷониба садди роҳи паҳншавии минбаъдаи он гарданд.

Роҳбари давлат ҳамарӯза аз вазъи паҳншавӣ ва мубориза бо ин беморӣ воқиф буда, дар асоси хулосаи мутахассисон дастовардҳои муосири илми тибро дар самти табо­бати бемории сироятӣ мавриди омӯзиш қарор дода, то чи андоза муфид будани истифодаи онро дар Тоҷикистон таҳлил менамоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ бобати анҷоми корҳои зиддиэпидемикӣ ва пешги­ри­кунандаи паҳн­ша­вии бемории сироятӣ, тадбирҳои бесобиқа анде­шида шуда, муасси­саҳои тандурустии ҷумҳурӣ барои қабул ва табобати гирифто­рони бемо­рии сироятӣ ҳамаҷониба омода гардида, бо миқдори зарурии маводи тиббӣ, аз ҷумла дору­ворӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ, маҳлулҳои кимёвии безарар­кунанда ва хӯрока барои табибону бемрон таъмин карда шуданд. 

Беморхонаҳои сироятии нав бо шароити муосири муолиҷавӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба истифода дода шуда, беморон пурра ба табобати ройгон фаро гирифта шуданд. 

Аъзои Ҳукумати кишвар, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти давлатӣ, табибон, гурӯҳҳои ташаб­бускор аз ҳисоби ҷавонон, валантёрон, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва дигарон корҳои фаҳмонда­диҳиро байни аҳолӣ бобати пешгирии бемории сироятӣ ба таври муназзам ба роҳ монданд.

Тавассути воситаҳои ахбори омма, аз қабили телевизиону радио ҳамарӯза аз ҷониби мутахассисон баромадҳо ташкил гардида, мунтазам барномаҳои махсус омодашуда пахш карда шуданд, инчунин дар рӯзномаву маҷал­­лаҳои мухталиф мақо­лаҳои соҳавии пешгирикунанда аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб нашр гардид ва дигар корҳои пешгири­кунанда анҷом дода шуданд. 

Бо мақсади ҳавасманд­гардонӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва беҳтар кардани сифати хизмат­расонии тиббӣ, кӯмаки наҷибу ғамхоронаи Пешвои миллат дар намуди маводи хӯрока ва кӯмакҳои моддӣ ба табибону дигар корман­дони беморхонаҳо расонида шуд. Инчунин бобати ба таври ройгон саривақт табобат намудани беморон маводи дору­ворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба тамоми муас­сисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Дар партави сиёсати инсонпарварона ва ғамхоронаи Пешвои муаз­зами миллат, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ташаб­бускорӣ нишон дода, ба муассисаҳои тандурустӣ, кормандони он ва шахсони ниёзманд  маво­­ди хӯрокаю доруворӣ дастрас намуданд.

Дигар тадбири муҳиму бесобиқа, ки назир надорад ин бо мақсади дастгирии аҳолӣ, инчунин соҳибкорон ва бахши хусусӣ дар шароити таъсири паёмадҳои ин беморӣ, 5 июни соли ҷорӣ ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъ­сири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор мера­вад, ки он ҳамовозии тамоми ҷомеаро ба миён овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон бо ин санади меъёрии ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф гардониданд, ки тадбирҳои таъхирнопазирро дар ин самт амалӣ намуда, аз ҷумла, нигоҳу­бини шаҳр­ван­дони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрван­донеро, ки ба бемо­рии СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбини­шудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад.

Чунончи, тибқи Фармон аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осеб­пазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯда­кони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳо­ҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шуда истодааст.  

Ҳамчунин то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда мешавад.

Ин иқдоми муҳиму ғамхоронаи Роҳбари давлат барои дастгирии бемо­рон, нафақахӯрон, маъюбон, дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ ва корман­дони муассисаҳои тандурустӣ равона гардида, барои амалишавии ҳадаф­ҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, ки мақсади он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона ба ҳар як шахс мебошад,  заминаи муҳим ба шумор меравад.

Яъне, дар ин вазъияти мураккаб табақаи ниёзманди аҳолӣ бори дигар ба ғамхории инсон­дӯстона ва пуштибонии Роҳбари давлат фаро гирифта шуда, вазъи зиндагии худро беҳтар карданд.  

Ҳамзамон бобати дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, онҳо аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар нуқтаҳои дахлдор фаъолият менамоянд аз 1 май то 1 августи соли 2020, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.

Ташаббуси мазкур дастгирии навбатии рушди бахши хусусӣ, яъне соҳибкорӣ дар кишвар ба шумор рафта, воситаи муҳими пешгирии муф­лис­шавии соҳибкорон мебошад ва онҳоро барои фаъолияти минбаъда ҳавасманд мегардонад. Тоҷикистон аз аввали солҳои соҳиб­­ис­тиқ­­лолӣ роҳи рушди иқтисоди бозоргониро пеша намуда, дар сатҳи Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, яъне соҳибкориро кафолат дод ва дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои муфид ноил гардид.

Имрӯз дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ зери таваҷ­ҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, тавассути қабулу такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва пешбини намудани имтиёзҳои мухталиф ба соҳаи соҳибкорӣ, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Ҳамасола Роҳбари давлат бо соҳибкорони ватанӣ мулоқоту вохӯрӣ анҷом дода, дар асоси таклифу пешниҳодҳои соҳибкорон бобати рафъи муш­киливу монеаҳои фаъолияти соҳибкорӣ мақомоти давлатиро вазифа­дор карда мешаванд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ такмил меёбанд. Дар ҳамин робита таваҷҷуҳи мардуми кишвар ҳамасола ба фаъолияти соҳибкорӣ бештар гардида, тавассути таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ё ҳамчун соҳибкори инфиродӣ онҳо вориди муносибатҳои муомилотӣ гардида, тавассути ба даст овардани даромад сатҳу сифати зиндагии худро беҳтару хубтар мекунанд. Имрӯз теъдоди субъект­ҳои фаъолияти соҳиб­кории бақайд­гирифташуда ба беш аз 320 ҳазор расида, аксарияти онҳо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисо­диёти мамлакат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бунёду ба истифода додани объектҳои таъиноти мухталиф саҳми босазои худро мегузоранд.    

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июн  инчунин воридоти мавод барои истеҳсоли маҳлулҳои безарар­гардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоиш­гоҳ­ҳои тиббӣ ва мавод барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 зарурӣ, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод карда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки баландшавии нарху наво ва норасогии маводҳои зикршуда пеш­гирӣ карда шуда, эҳтиёҷмандон бидуни ягон мамониат ва бо миқдори зарурӣ онҳоро дастрас намоянд ва ба мақсади профилактикию табобатӣ истифода кунанд. 

Дигар иқдоми муҳим, ин дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июн пешбинӣ шудани муқаррарот дар хусуси  аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ паст намудани меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз, инчунин мавриди танзим қарор додани нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисеп­тик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишворӣ мебошад. 

Омили мазкур бевосита ба ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаи сокинони киш­вар таъсири мусбӣ расонида, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи  иқтисодии шаҳрвандон, пардохтпазирии онҳо, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар, пешгирии баландшавии беасоси нарху наво ба маҳсулоти истеъмолии ниёзи аввалия, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти вата­нӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои дастрасии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон ба молу маҳсулоти зарурӣ ва қонеъ намудани талаботи маишии онҳо мусоидат мекунад.

 Иҷрои муқаррароти Фармони зикршуда, инчунин барои ҳалли мушки­лиҳои шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷа қарор доранд ҳама­ҷониба мусоидат кард. Дар иртибот ба ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат парвозҳои махсуси ҳавопаймо ташкил карда шуда, тавассути онҳо шаҳрван­дони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат қарор дошта, бинобар паҳншавии бемории сироятӣ ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо аз ҷониби кишварҳо дар масъалаи вуруду судури шаҳрвандон ба қаламрави кишва­рашон, наметавонистанд аз он хориҷ шаванд, ба Ватан баргар­донида шуданд.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, Пешвои миллат ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои консти­тут­сионии шаҳрван­дон бо ин ташаббуси наҷиби худ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони кишварро дар хориҷа таъмин намуда, онҳоро ба Тоҷикис­тон  баргардо­ниданд.     

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар шароити муосир, ки паёмадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба ҳаёти ҳамрӯзаи мардум ва вазъи иқтисо­диву иҷтимоӣ кишвар таъсири манфии худро расонида истодааст, аз ҷониби Роҳбари давлат роҳандозӣ намудани чунин ташаббуси инсонпарварона ва ғамхорона дар заминаи қабули Фармони алоҳида боиси ҳамагуна эҳтирому қадрдонист. 

Умуман тадбирҳои саривақт роҳандозишуда натиҷаи муфид ба бор оварда, ба он мусоидат кард, ки теъдоди гирифторони ин навъи беморӣ ба маротиб коҳиш ёбад ва шиддати паҳншавии он пешгирӣ гардад.