Натиҷаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан аз 7 то 9 сентябри соли 2020
Бо мақсади расонидани табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 то 9 сентябри соли ҷорӣ ба шаҳри Истаравшан сафари кории Абдулҳафиз Ашурзода – Раиси Суди конститусионӣ доир гардид.
Зимни сафари корӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки фаъолону зиёиён бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он табрикоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри Истаравшан қироат карда шуд.
Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба Нуруллозода Ғайратҷон – раиси кумитаи идораи замини шаҳри Истаравшан Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатӣ” аз 14 июли соли 2020, №1571 сарфароз гардонида шуда буд, супорида шуд.
Инчунин, ба фаъолону соҳибкороне, ки дар корҳои ободониву созандагии шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштаанд ифтихорномаву сипосномаҳои Суди конститутсионӣ, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Истаравшан супорида шуданд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, собиқадорону маъюбон ва оилаҳои кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуда, дар шаш адад қисмҳои ҳарбӣ, хонаи кӯдакон, мактаб-интернат, собиқадорони ҷангу меҳнат дастурхони идона ороста шуданд.
Дар рафти сафари корӣ тибқи «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор объектҳои соҳаи фарҳанг, тандурустӣ, сехи дўзандагӣ ва мумфаршкунии роҳ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, бо шароити хубу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосир сохта шудаанд, ба истифода дода шуданд. Мардуми шаҳри Истаравшан аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳбаланд гардида, барои дастгирӣ ва идома додани иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои худ камари ҳиммат бастаанд.