Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 октябри соли 2020 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки ҳамасола 5 октябр бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
А.А. Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон љаласаро бо сухани ифтитоҳӣ кушода, ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддас табрик намуда, аҳамияти забонро дар давлати тоҷикон зикр кард.
Сипас муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва ёрдамчии муовини Раис Ҳусензода Х.Ҳ., ки дар он оид ба таърихи забон ва хусусан рушди он дар давраи истиқлол суҳбат карданд.
Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ бузургтарин рамзи давлатдории халқи тоҷик мебошад, ки ба шарофати он халқи тоҷик истиқлолияти давлатӣ ба даст овард.
Гузаштагони мо ҳатто дар як давраи душвори таърихи худ забони худро аз даст надода, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, истиқлолияти давлатии моро ба даст оварданд ва дар рушди он саҳми назаррас гузоштанд.
Адабиёти маъруфи мо аз нерӯ ва зебоии забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
Таъкид гардид, ки рушду нумӯи забон бо нерӯ ва нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат нақши забони давлатӣ дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи қонунгузорӣ ва қабули қонунҳо ба таври назаррас ташаккул ёфт.
Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бевосита бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат 5 октябри соли 2009 қабул карда шуд, иборат аз 7 боб ва 28 модда ба рушди минбаъдаи забони давлатӣ таъсир расонд.
Ҳамин тариқ, давраи истиқлолият давраи рушду такомули арзишҳои ҳақиқии маънавӣ ва суннатҳо ва урфу одатҳои неки мардуми тоҷик, аз ҷумла забони модарӣ мебошад, қайд карданд баромадкунандагон.
Сипас хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ шеърњои шоирони маъруфи тоҷикро дар бораи забони давлатӣ қироат карданд.
Дар охири маҷлис Ашурзода А.А. бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки эҳтиром ба забон омӯзиш ва рушди забон аст ва ҳозиринро ба омӯхтан ва аз худ кардани забони давлатӣ даъват намуд.