Президент Ҳомии конститутсия ва кафили истиқлолияти миллӣ
Имрӯз дар Суди конститутсионӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент ҳомии Конститутсия ва кафили истиқлолияти миллӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода кушода, иштирокчиёнро ба муносибати ин иди пуршукӯҳ табрик намуд ва иброз дошт, ки 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи XXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд ва ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан, 16 ноябр ҳамчун иди расмӣ «Рӯзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон» пазируфта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Гузашти солҳо собит сохт, ки роҳи интихобкардаи халқи тамаддунсозу фарҳангии мо бо роҳбарии Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими шакли идоракунии президентӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Конститутсия таҷассум гардидааст, ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Дар интиҳои суханронӣ А. Ашурзода зикр намуд, ки ҷињати тањкими минбаъдаи арзишњои конститутсионӣ аз қабили шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ, моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдиии давлат ва тамомияти арзии он ба истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ҳар як фарди бонагу номуси миллат бояд раванди корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони мамлакат саҳми худро гузорад.
Дар ҷаласаи тантанавӣ ҳамчунин муовини Раиси Суди конститутсионӣ К. Каримзода ва судяи Суди конститутсионӣ Ҷ. Ҷамшедзода дар мавзӯҳои «Президент ҳомии конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Заминаҳои конститутсионии ташаккул ва рушди шакли идоракунии Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гардониданд.
Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди Конститутсионӣ А. Ашурзода ҷамъбаст намуд.