Рафти корҳои созандагӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи васеъ доир ба масъалаҳои омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, иҷрои нақшаи андоз, омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, ярмаркаи фурўши ниҳолҳо, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи қувваи барқ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, аъзоёни гурӯҳи кории шаҳрӣ, масъулони шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Сардори шабакаҳои барқи минтақаи Истаравшан дар машварати корӣ роҷеъ ба вазъи соҳаи энергетикаи шаҳр, ҷараёни корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва ҳолати пардохти маблағи барқи истифодашуда дар шаҳр маълумот дод.
Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешидани тадбирҳо бобати пардохти саривақтии маблағи нерӯи барқ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф ва кам намудани талафоти барқ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, алалхусус соҳаи саноат ва аҳолиро дар ин давра пурра бо барқ таъмин намудан вазифаҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, вобаста ба ҳар як ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо гурӯҳҳои кории алоҳида бо салоҳияти таъсиси зергурӯҳҳо ташкил карда шуданд.
Дар кори ҷаласа ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо доир ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Истаравшан, иҷроиши нақшаи андоз ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин самтҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.