ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР СОЛИ 2020 ВА МУАЙЯН КАРДАНИ ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2021
14 январи соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҷлиси васеи фаъолони шаҳр оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар соли 2020 ва муайян кардани вазифаҳо барои соли 2021 доир гардид.
Дар маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Ашурзода Абдулҳафиз, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, и.в. Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Нахуст муовини якуми Раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар соли 2020 ҳисобот дод. Дар баррасӣ ва музокираи масъала муовинони Раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, нозироти андоз ва дигар масъулин баромад карданд.
Сипас, вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардиданд, аз баромадкунандагон ва масъулони соҳаҳои дахлдор пурсида шуданд.
Аз ҷумла, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Ашурзода Абдулҳафиз ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд дар назди ҳозирин баромад карда, роҷеъ ба бартараф кардани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуданд.
Дар ҷамъбасти маҷлис, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои дахлдор дар соли 2021 дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар охир ба 13 нафар намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки дар соли 2020 фаъолияти назаррас доштанд, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадршиносӣ карда шуданд.