ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
Имрӯз дар толори Суди конститутсионӣ вобаста ба омӯзиши нуктаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои рушди босуботи кишвар» ҷамъомад баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода кушода, зикр намуд, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст ва аз нуктаҳои асосии паём бармеояд, ки бо вуҷуди мушкилоти пешомада дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шудаанд.
Таъкид гардид, ки дар паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои кишвар дар соли сипаришударо баён дошта, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба бењтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1- уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.
Роҷеъ ба нишондињандањои иқтисодии кишвар баён гардид, ки дар соли 2020-ум иќтисодиёти ватанӣ 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Зикр гардид, ки бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамзамон пешнињод намуданд, ки нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.
Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.
Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.
Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.
Ҷиҳати дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Роҳбари давлат пешнињод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.
Ҳамчунин судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷ. Ҷамшедзода, Д. Абдураҳимзода ва ёрдамчии муовини Раиси суди конститутсионӣ Х. Ҳусензода вобаста ба пањлуњои мухталифи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ва суханронӣ намуданд.
Ҷамомади расмиро Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода ҷамъбаст намуд.