Ҳамоиши тантанавӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 23 феврал дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникию хизматрасон бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
А. Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро ҳусфни ифтитоҳ бахшида, кормандони Суд ва аъзои оилаи онҳоро ба фарорасии ин иди муҳими давлатӣ табрик намуд.
Номбурда ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат назар карда, зикр намуданд, ки ташкили артиши миллӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии амиқ дошта, он дар рӯзҳои басо вазнини таърихи навини давлатдории Тоҷикон ташкил карда шудааст. Ташкили ин ниҳоди муҳимро, ки имрӯз ба қувваи пуриқтидор ва боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, марзу буми кишвар, амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат табдил ёфтааст, ки бе заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан мумкин нест.
Қувваҳои Мусаллаҳ аз санҷиши мудҳиши давраи вазнини аввали соҳибистиқлолии мамлакат гузашта, бо шуҷоату мардонагии афсарону сарбозони худ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт.
Имрӯзҳо ин ниҳоди давлатӣ рамзи ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, ба садоқату эҳтиром ва боварии ҷавонон ноил гардидааст, ки ҳамасола ҳазорон ҷавонон сафи онро пурра намуда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳаёти осоиштаи халқамон саҳми босазои худро мегузоранд.
Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва шарафу номуси миллии ҳар як Тоҷикистонӣ мебошад.
Дар ҳамоиш Абдуллозода Л.И., Абдурахимзхода Д.Р., Сангова Г. ва дигарон баромад намуда, ҳозиринро ба ин ҷашн табрику таҳният гуфта, ҷавононро барои хизмати садоқатмандона ба халқу Ватан даъват намуданд.