«Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ»
25 июни соли 2021 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 24-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳамчун санади таърихӣ барои таҳкими пояҳои ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар мусоидат кард, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода ҳусни оѓоз бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки 24 сол қабл миллати тоҷик бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ санадеро қабул намуд, ки сулҳи тоҷиконро оѓоз ва Истиқлоли давлатиро таҳким бахшид, ин санади таърихӣ Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон буд.
Танҳо ба шарофати заҳматҳои пайгирона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шавад ва миллати тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳо ёфта, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ватану манзили худ баргардонида шуданд ва кишвари мо ба маҷрои рушду инкишоф дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардид.
Мавсуф зикр кард, ки пойдории сулҳу субот барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи давлатдории навини демократию ҳуқуқбунёд, сарҷамъию иттиҳоди миллат, амалисозии ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, татбиқи вазифаҳои стратегии давлат мусоидат карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ сазовори мавқеи хосса гардид.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин арзиши муқаддас, яъне Ваҳдати миллӣ, ки намунаи ибратбахши ҷаҳониён мебошад, расем ва онро ҳамеша эмин нигоҳ дошта, барои тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш намоем.
Баъдан Хусрав Ҳусейнзода – Ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионӣ бо маърӯза дар мавзӯи «Ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҷанон мебошад» баромад намуда, зикр кард, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар як давраи вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат ба имзо расонида шуд, дар таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин падидаи нодири ба миён овардани сулҳу оромӣ ба шумор рафта, аз нигоҳи ҳуқуқӣ падидаест, ки омили муҳими пешрафту ташаккули давлати адолатпарварро тақвият мебахшад.
Дар бораи нақши таърихии сулҳи тоҷикон Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд, ки «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Ҳамзамон, зикр кард, ки мақсад аз ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза ин ҳушдор сохтани мардуми кишвар аз ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву ватандӯстӣ, садоқат ба ватан, ҳифзи ватан, расидан ба қадри сулҳу субот, оромӣ ва таъмини пойдории Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсатгузориҳои огоҳона, ваҳдатмеҳвар ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ эътироф гардидааст. Чунин эътирофу эътимод ва эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди бедордил ва худшинос, алалхусус ҷавононро водор менамояд, ки дар роҳи ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ, арзишҳои муқаддаси миллӣ, Истиқлоли сиёсӣ ва тамомияти арзии давлати худ бештар талош намояд.
Дар рафти ҳамоиш андешаҳои судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ шунида шуданд, ки маърӯзачиён оид ба нақши ваҳдати миллӣ дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.