МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА СОҲАВӢ БА СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ сурат гирифт, ки дар он Ализода Зариф Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Абдулҳафиз – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоназаров С.А. – Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,  муовини Раиси Суди конститутсионӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд ширкат варзиданд. 

Нахуст Ализода Зариф ҳозиринро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати кормандои мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо арзёбӣ мегардад.

Сипас, дар фазои тантанавӣ аз ном Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ашурзода Абдулҳафиз – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд.

Ба роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзода Абдумаҷид  медали – «Хизмати шоиста» супорида шуд.

Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021, №228 ба Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо судяи Суди конститутсинии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи якуми тахассус дода шуд.