Санаи 24 сентябри соли 2021 дар бинои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Бобохонов Сайдалӣ муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзоев Ҳасан сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ–иттилоотӣ ва таҳлилии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ лексия–суҳбат дар мавзӯи «Омӯзиши санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳифзи кӯдак дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Чорабиниро судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ифтитоҳ намуда суханро ба Бобохонов С. дод.
Бобохонов С. қайд кард, ки 20 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 44/25 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.
Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдакро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонд ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон ба монанди давлатҳои дигари иштирокчии Конвенсия уҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои дар Конвенсия таҳкимбахшидашудаи кӯдакоро таъмин намояд ва ҳифз кунад. Бо мақсади таъмини ҳифзи кӯдакон дар сатҳи давлатӣ сохторҳои дахлдор бо мушкилиҳои кӯдакон машғул шуда, ба татбиқи муқаррароти Конвенсия дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Он мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст.
Бинобар ин бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Таъсис додани чунин механизми махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мебошад.
Дар охир саволу ҷавоб доир ба амалияи Конвенсияи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.