Санаи 30 сентябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ғафорзода Нигорахон – муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ дар мавзӯи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», лексия–суҳбат гузаронида шуд.
Чорабиниро судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ифтитоҳ намуда суханро ба Н. Ғафорзода дод.
Нигорахон Ғафорзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардидааст ва “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, № 158 қабул шудааст, маҳз идомаи мантиқии иқдоми мазкур аст.
Кайд гардид, ки дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва беҳдошти вазъи иҷтимоии занону бонувон зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, аз ҷумла:
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, № 5;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2005 № 89 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ;
- Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №548 аз 29-уми августи соли 2015);
- Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158);
- Фармони Президенти ҶТ “Оид ба низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ”, 10.03.2016, №647 (се холи иловагӣ барои занон – довталабон, ки маротибаи аввал ба хизмати давлатӣ қабул мешаванд);
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, 1.12.2016 (масъалаи гендерӣ ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардид);
Дар охир иштирокчиёни чорабинӣ оид ба татбиқи амалии Барномаи мазкур табодули афкор намуданд.