Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Маҷлисро муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К. ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки рӯзи 5 октябр бо ду санаи таърихӣ барои мо азиз ва муқаддас мебошад. Якум, дар ин рӯз, яъне 69 сол пеш аз ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чашм ба ҳастӣ кушода, дар солҳои 90 уми асри ХХ дар иҷлосии таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синни чил солагӣ ба ҳайси сарвари давлат пазируфта шуд. Дар рӯзҳои вазнинтарин ва сиёҳи халқу миллат онро сарварӣ намуда, мамлакатро аз ҳалокат ва халқу миллатро аз нобудӣ ва парокандагӣ раҳо бахшид. Минбаъд халқу миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи ӯ ба фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ даст зада, мамлакат ба як диёри ободу зебо ва як сарзамини воҳид ва иқтисоди рушдкунанда мубадал гардид. Эътибори байналмилалии Тоҷикистон боло рафта, Тоҷикистон хонаи уммеди тамоми тоҷкони ҷаҳон гардид.
Бинобар ин, ба Пешвои миллат тансиҳатӣ, умри дароз ва дар фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ комёбиҳои беназир тамонно намуд.
Халқу миллати тоҷик ҳазорсолаҳо ба чунин сиёсатмадори ватандӯсту ватанпарвар, далеру шуҷо ва фидоии давлату миллати худ ниёз дорад, зикр кард Каримзода К.
Каримзода К. қайд кард, ки санаи дигари таърихи рӯзгори мо – ин ҷашнгирии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола 5 октябр дар тамоми гӯшаву канори ватаномон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Қайд карда шуд, ки забон муҳимтарин, арҷмандтарин рукн ва унсури миллӣ, нишонаи безаволии миллат ва давлатдорӣ мебошад. Он ягона унсури миллӣ аст, ки абармандони миллати мо онро чун гаҳвараки чашм ҳифз намуда, то замони мо бегазанд нигоҳ доштанд.
Ҳамин аст, ки халқу миллати мо тайи ҳазорсолаи бедавлатӣ на танҳо нест нагардид, симо ва хусусияти миллии худро аз даст надод, балки рушду таҳким ёфта, бо ҳама нобасомониҳои таърихӣ ва беадолатӣ нигоҳ накарда, соли 1924 соҳиби давлати худмухтор, соли 1929 соҳиби ҷумҳурии мустақил ва соли 1991 соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардид.
22 июли соли 1989 бори аввал дар Ҷумҳури Тоҷикистон Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз 8 боб ва 37 модда иборат буд, ки моддаи 1 Қонун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро забони тоҷикӣ (форсӣ) эълон намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми телевизионии худ аз 21 июли соли 2009 бахшида ба 20-солагии қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки “Бо гузашти бист сол мо амиқан дарк намудем, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад. Ва имрӯз бо шукронаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар иброз медорем, ки аз баракати он барои рушду такомули арзишҳои асили маънавӣ ва анъанаву суннатҳои неки мардуми тоҷик заминаи мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фароҳам оварда шуд”.
Бинобар зарурати рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ дар ҷомеа, эҳтиёҷ ба қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён омад.
5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он аз 7 боб ва 28 модда иборат аст.
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодабарии онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Дар замони муосир дар ҷаҳон 6 ҳазор забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо 300–тои он 96 % мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд.
Беш аз 100 забони дунё,аз ҷумла забони тоҷикии мо низ ба ҳайси забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудааст.
Баъдан, судя Абдураҳимзода Д. ба сухан баромада, бахшида ба ин санаҳо ҳамагонро табрик гуфта, аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ, рушду такомули он, фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ ва асари ӯ “Забони миллат – ҳастии миллат”ёдовар гардид.