Ҷамъбастии натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
5 январи соли 2022 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маљлиси ҷамъбастии натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 бо иштироки мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А., судяҳо ва кормандони дастгоҳи он доир гардид.
Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки соли 2021 дар таърихи давлатдории мо ҳамчун соли баргузории рўйдодҳои муҳими сиёсию иљтимоӣ ва дар сатҳи баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ ботантана ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҷиҳати шунидани ҳисоботи натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 сухан ба муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. дода шуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2021 судяҳо, дастгоҳ ва шуъбаҳои он фаъолияти худро аз рӯи 22 адад нақшаи чорабиниҳои ба тасвибрасонидаи Раиси Суди конститутсионӣ барои соли 2021, ки ба фаъолияти он ва равандҳои сиёсии мамлакат алоқаманданд, пеш бурданд.
Таъкид шуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти Суди конститутсионӣ ин баррасии саривақтӣ ва қонунии мурољиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин фаъолияте мебошад, ки татбиқи салоҳияти конститутсионии Суд ба он вобаста буда, дар ин маврид нақши субъектҳои мурољиат ба Суди конститутсионӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар соли 2021 ба Суди конститутсионӣ 211 муроҷиатҳо ворид гардидаанд, ки аз онҳо 46 ададаш мурољиати хаттӣ ва (электронӣ)-и шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва 165 ададаш мурољиатҳои шифоҳии шахсони воқеӣ мебошанд.
Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Суди конститутсионӣ чор дархости шаҳрвандонро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо таъиноти дахлдор қабул намуд:
- дархости шаҳрванд Садридинзода С.С. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати банди «а», қисми сеюми моддаи 346 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф» ва моддаҳои 27, 28, қисми сеюми моддаи 52 ва моддаи 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати якуми қисми сеюми моддаи 339 ва сархати якуми моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- дархости Сониев Ҷ. Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 121 – 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 № 506 ба моддаҳои 5, 14 қисми дуюм, 22 қисми якум, 32, 36 ва 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Дар ҷамъбасти ҳисобот мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ дар ҳифзи меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи он нақши муҳим дорад ва азбаски касбият ва салоҳиятнокии субъектҳои ҳуқуқэъљодкунанда хеле боло рафтааст, дархосту пешниҳодҳо ба Суди конститутсионӣ камтар аст.
Дар маљмуъ, фаъолияти Суди конститутсионӣ дар соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Раиси Суди конститутсионӣ дар фарљоми маљлиси ҷамъбастӣ як бори дигар натиҷаҳои асосии фаъолияти судяҳо ва дастгоҳи Суди конститутсиониро дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати аз байн бурдани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидани фаъолияти он ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, қарор қабул карда шуд.