Натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022
5 июни соли 2022 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маљлиси ҷамъбастии натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 бо иштироки мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А., судяҳо ва кормандони дастгоҳи он доир гардид.
Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, ҷиҳати манзур намудани ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 суханро ба муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. дод.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ фаъолияти худро аз рӯи 22 адад нақшаи чорабиниҳои ба тасвибрасонидаи Раиси Суди конститутсионӣ барои соли 2022, ки ба фаъолияти он ва равандҳои сиёсии мамлакат алоқаманданд, амалї менамоянд.
Таъкид шуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти Суди конститутсионӣ ин баррасии саривақтӣ ва қонунии мурољиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин фаъолияте мебошад, ки татбиқи салоҳияти конститутсионии Суд ба он вобаста буда, дар ин маврид нақши субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба Суди конститутсионӣ 137 муроҷиатҳо ворид гардидаанд, ки аз онҳо 18 ададаш мурољиати хаттӣ ва электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва 119 ададаш мурољиатҳои шифоҳии шахсони воқеӣ мебошанд.
Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Суди конститутсионӣ ду дархости шаҳрвандонро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо таъиноти дахлдор қабул намуд:
1.Таъинот дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конс-титутсионӣ оид ба дархости намояндагони ваколатдор, адвокатҳои кабинети адвокатӣ Шарипов А.П., Шозодаева Г.Ш. ва намоянда Каримова Т.Д. ҷиҳати ҳимояи манфиати шаҳрванд Зайдуллоев С.Н. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 марти соли 2022;
2.Таъинот дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конс-титутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Набиев Н.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18 марти соли 2022.
Дар ҷамъбасти ҳисобот мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ дар ҳифзи меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи он нақши муҳим дорад ва азбаски касбият ва салоҳиятнокии субъектҳои ҳуқуқэъљодкунанда хеле боло рафтааст, теъдоди дархосту пешниҳодҳо ба Суди конститутсионӣ камтар шудааст.
Дар маҷмуъ, фаъолияти Суди конститутсионӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Раиси Суди конститутсионӣ дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ як бори дигар натиҷаҳои асосии фаъолияти судяҳо ва дастгоҳи Суди конститутсиониро дар нимсолаи якуми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати аз байн бурдани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидани фаъолияти он ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, қарор қабул карда шуд.