ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 31-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Шоми 9 сентябри соли ҷорӣ дар майдони “Нишони давлатӣ” -и шаҳри Истаравшан ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар чорабинӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, намояндаи вилояти Суғд, роҳбарияти шаҳр, зиёиён, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорон, ҷавонону наврасон ва фаъолон ширкат варзиданд.

Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, сокинони шаҳри Истаравшани бостонро ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош гуфтанд ва ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба Ватани соҳибистиқлоламон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуданд.

Дар идома кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорону фаъолон бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва бо ифтихорномаҳои раиси шаҳри Истаравшан сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан барномаи пурмуҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ ки саршор аз васфи диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.