ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Таҳти ин унвон, санаи 8-уми декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо иштироки муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суд ва дигар кормандони он ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Раиси Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Каримзода К.М. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон шодбош намуд. Мавсуф нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст ва дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.

Сипас, ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сафарзода Н.Ф. дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳуқуқи инсон дар масири давлатдории тоҷикон» баромад намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он корҳои арзишмандро анҷом дода, дар саргаҳи халқу миллатҳое қарор дорад, ки ба инсоният ҳуқуқ, озодӣ ва адолатро инъом намудааст. Дар сарчашмаҳои нодири таърихӣ-ҳуқуқӣ, ба мисли Авасто, Эъломияи Куруши Кабир, Қонунномаи Сосониён ва ғ. арзишҳои бунёдӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфтаанд, ки башорат аз эҳтироми ҳуқуқи инсон дар сарзамини таърихии тоҷикон мекунанд. Миллати тоҷик мероси гаронбаҳои таърихии худро, ки ҷавҳари аслии онро шинохти ҳуқуқи инсон ташкил медиҳад, чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳатто масъулияти худро дар назди наслҳои гузашта дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам намудааст. Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо ҳангоми эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зарур аст, ки арзишҳои миллӣ, манфиатҳои халқи тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар дар мадди аввал қарор дода шаванд.

Баъдан, муовини Раиси Суди конститутсионӣ ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, табрику шодбош намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи абадиро орзу намуда, ба кори ҷаласа ҳусни интиҳо бахшиданд.